Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори Радиои «Озодӣ», ки ахиран, ин расонаи хориҷиро барои нақзи ҳуқуқаш ба суд кашид, сирри аҷиберо дар бораи шартномаи ҳамкориаш бо он ошкор кард.
Бино ба гуфтаи Абдуқаюми Қаюмзод, дар шартномаи меҳнатии хабарнигорон бо Радиои «Озодӣ» банде ҷой доштааст, ки аввалиро ба ҷалби манбаи худӣ аз мақомоти интизомии кишвар муваззаф мекардааст.
Дар ҳамин ҳол, Абдуқаюми Қаюмзод мегӯяд, вай ин қарордодро имзо карда будааст, аммо он вақт ба маънии ин нуктаи шартнома сарфаҳм нарафта будааст.
Дар нишасти матбуотии Абдуқаюми Қаюмзод, ки ин сирри ҳамкории хабарнигорон бо Радиои «Озодӣ» фош шуд, Раҳматкарими Давлат, хабарнигори дигари собиқи Радиои «Озодӣ», гуфт, вай зимни имзои ин қарордод махсус андешаи худро навиштааст, ки бо ин банди он розӣ нест.
Вай, ҳамчунин, гуфт, ки ӯро аз Радиои «Озодӣ» касе аз кор озод накардааст, балки худ бо хоҳиши худ ариза навишта, барои муддати номуайян фаъолияташро дар ин расона қатъ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Сайёфи Мизроб, яке аз хабарнигорони маъруфи тоҷик, ки бо шеваи эътироз аз зиддиҳукуматӣ ва мухолифи манфиатҳои миллӣ будани сиёсати кории Радиои «Озодӣ» ин расонаро тарк кард, мегӯяд, дар шартномаи меҳнатии ӯ бо Радиои «Озодӣ» ин банд, умуман, вуҷуд надоштааст.
— Дар шартномаи ҳамкории ман бо Радиои “Озодӣ” ин гуна банде, ки бояд дар сохторҳои қудратӣ манобеъ дошта бошӣ ё рафта манбаъ ёбӣ бо ҳар роҳ, набуд. Агар дар шартномаи Қаюмзод бошад, метавонад пешниҳод кунад, — мегӯяд Сайёфи Мизроб.
Аммо Хуршеди Ҳамдам, роҳбари Дафтари Радиои «Озодӣ» дар Душанбе тасдиқ кард, банде, ки журналистро ба «вербовка»-и манбаъҳо водор мекунад, вуҷуд доштааст. Аммо ба гуфтаи вай, ин банди шартнома на мақомоти интизомии кишвар, балки тамоми сохторҳои давлатиро дар бар гирифтааст.
— Дар шартномаи мо омадааст, ки ҳар хабарнигор дар ҷараёни фаъолияташ манбаи хабарии худро дар тамоми сохторҳои давлатӣ дошта бошад, то хабарнигор иттилои бадастомадаи худро саҳеҳ ва дар такя бо манбааш дилпурона дастрас ва пешкаши хонанда ва шунавандааш намояд.
Дар доираҳои журналистӣ бар онанд, ки Абдуқаюми Қаюмзод сирри пайдо шудани маълумоте, ки ҳатто барои котибони матбуотии сохторҳои қудратии Тоҷикистон дастрас нест, фош кардааст.
Эраҷи Амон, журналисти ҳафтаномаи «Нигоҳ», мегӯяд: — Дар ҳоле Хадамоти матбуотии мақомоти қудратии Тоҷикистон ба мо аз иттилоъ ва шарҳи хабарҳо худдорӣ меварзанд, маълумоте, ки ҳанӯз ба дасти котиби матбуотии ин ниҳод нарасидааст, дар саҳифаҳои «Озодӣ» ҷилва мекунанд. Акнун ин сир фош шуд, ки ин маълумот бо кадом роҳҳо ба даст оварда мешавад.
Ёдрас мешавем, шаш созмони журналистии Тоҷикистон Радиои «Озодӣ»-ро таҳрим карда, аз журналистон ва коршиносон дархост ба амал оварданд, ки то ҳал шудани қазияи Қаюмзод аз ҳамкорӣ бо ин расона худдорӣ варзанд.
Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои васоити ахбори омма, Медиа-Алянси Тоҷикистон, Созмонҳои ҷамъиятии «Индем», «Журналист» ва Хазинаи гиромидошти дифоъ аз ҳуқуқи журналистон ба ин таҳрим пайваста, мегӯянд, ҳадафи ягона — дифоъ аз ҳуқуқи Абдуқаюми Қаюмзодро доранд.
Бино ба гуфтаи роҳбарони созмонҳои журналистӣ, роҳбарияти Радиои «Озодӣ» ҳуқуқҳои хабарнигорашро поймол кардаанд.
Абдуқаюми Қаюмзод нисбати Намояндагии корпоратсияи Радиои Аврупои Озод дар Тоҷикистон, маъруф ба Радиои «Озодӣ», ба Суди Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи даъвогӣ бурдааст.
Бино ба гуфтаи хабарнигор, феълан вай ба Суд аризаи даъвогиро барои барқарор намудан ба кори собиқ ва ситонидани музди меҳнат дар давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ироа кардааст.
— Фармони рақами 1 аз 22-юми апрел, ки оид ба қатъи қарордоди меҳнатӣ миёни ман ва ин Радиои «Озодӣ» ҳаст, ғайриқонунӣ мебошад. Аз соли 2001 ман дар бахши тоҷикии ин радио дар асоси қарордод фаъолият мекунам. Азбаски қарордоди меҳнатии ман бо корфармо баста шудааст, дар ҳолати тамдид накардани аккредитатсияи фаъолияти хабарнигорӣ, корфармо ӯҳдадор аст, ки кормандро бо кор таъмин намуда, ҷиҳати бақайдгирии фаъолияти касбӣ ба зиммаи корфармо гузошта шудааст, — гуфт рўзноманигор.
Ҳарчанд Соҷидаи Мирзо, мудири бахши тоҷикии Радиои «Озодӣ», ваъда кард, ки масъалаи аккредитатсияи ман ба зудӣ роҳи ҳалли худро меёбад, аммо хилофи гуфтаҳо, маро 31-уми декабр бидуни огоҳии ман аз кор озод кардааст.
Аммо фармони расмӣ танҳо 22-юми апрел ба дасти ман расид, — мегӯяд Абдуқаюми Қаюмзод.
Хуршеди Ҳамдам, роҳбари Дафтари душанбегии Радиои «Озодӣ», ба TojNews гуфт: — Мо мушкиле бо Абдуқаюми Қаюмзод надоштем ва надорем. Шартномаи меҳнатӣ бо ӯ дар ин асос, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ аккредитатсия нашуд, ба таври автоматӣ қатъ карда шудааст. Ҳарчанд мо ҳудуди як сол барои ҳалли ин мушкил кӯшишҳо кардем, аммо ин талошҳои мо натиҷа надоданд ва мо хеле мутаассифем, ки хабарнигори хуби мо — Абдуқаюми Қаюмзод дигар бо мо кор намекунад.
Абдуқаюми Қаюмзод сабаби бо ин шева ронда шуданашро аз Радиои «Озодӣ» шарҳ дода, гуфт, қурбони маҳалгароии роҳбарияти Радиои «Озодӣ» шудааст.