Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) аз хабарнигорони тоҷик дархост ба амал овард, ки то замони ҳал шудани қазияи Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори бахши тоҷикии Радиои «Озодӣ», аз ҳамкорӣ бо ин радиои хориҷӣ худдорӣ кунанд.
Дар ин бора Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, зимни нишасти матбуотии Абдуқаюми Қаюмзод суханронӣ карда, гуфтааст, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои васоити ахбори омма ва Медиа-Алянси Тоҷикистон муваққатан ҳамкорӣ бо Радиои «Озодӣ»-ро қатъ карда, аз ҳамаи хабарнигорону созмонҳо ва коршиносони тоҷик мехоҳанд, аз ин тасмими онҳо ҳимоят кунанд. Ин дархост, ҳамчунин, ба коршиносон дахл дорад.
Худи Абдуқаюми Қаюмзод сабаби бо ин шева ронда шуданашро аз Радиои «Озодӣ» шарҳ дода гуфт, қурбони маҳалгароии роҳбарияти Радиои «Озодӣ» шудааст.
Абдулқаюми Қаюмзод, нисбати Намояндагии корпоратсияи Радиои Аврупои Озод дар Тоҷикистон, маъруф ба Радиои Озодӣ, ба Суди Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи даъвогӣ бурдааст.
Бино ба гуфтаи хабарнигор, феълан вай ба Суд аризаи даъвогиро барои барқарор намудан ба кори собиқ ва ситонидани музди меҳнат дар давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ироа кардааст.
-Фармони рақами 1, аз 22-юми апрел, ки оид ба қатъи қарордоди меҳнатӣ миёни ман ва ин радиои Озодӣ ҳаст, ғайриқонунӣ мебошад. Аз соли 2001 ман дар бахши тоҷикии ин радио дар асоси қарордод фаъолият мекунам. Азбаски қарордори меҳнатии ман бо корфармо баста шудааст, дар ҳолати тамдид накардани аккредитатсияи фаъолияти хабарнигорӣ, корфармо уҳдадор аст, ки кормандро бо кор таъмин намуда, ҷиҳати бақайдгирии фаъолияти касбӣ ба зимаи корфармо гузошта шудааст, — гуфт рўзноманигор.
Ҳарчанд Соҷидаи Мирзо, мудири бахши тоҷикии радиои Озодӣ ваъда кард, ки масъалаи аккредитатсияи ман ба зудӣ роҳи ҳалли худро меёбад, аммо хилофи гуфтаҳо маро 31-уми декабр аз кор бидуни огоҳии ман аз кор озод кардааст.
Аммо фармони расмӣ танҳо 22-юми апрел ба дасти ман расид, — мегӯяд Абдуқаюми Қаюмзод.
Радиои Озодӣ сабаби қатъи фаъолияти рўзноманигорро дар набудани аккредитатсия шарҳ додааст.
Радиои «Озодӣ», ки аз сӯи Конгресси ИМА маблағгузорӣ мешавад, ахиран, иттилоъ дод, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сабти ном кардани хабарнигораш Абдуқаюми Қаюмзод, ки аз соли 2001 дар ин радио кор мекунад, изҳорот дода, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз шеваи бархӯрди мақоми дипломати Тоҷикистон нигаронӣ карда буд.
Ҳоло Абдуқаюми Қаюмзод роҳбарияти бахши тоҷикии Радиои «Озодӣ»-ро ба суд кашида, изҳор медорад, ки новобаста ба хидмати тӯлонияш дар ин радио қурбони маҳалгароии роҳбарият шудааст.
Роҳбарияти бахши тоҷикии Радиои «Озодӣ» гуфта буд, тамоми кӯшишҳоро барои барқарор кардани фаъолияти қонунии хабарнигораш анҷом хоҳад дод.
Абдуқаюми Қаюмзод 10-уми сентябри соли 1967 дар деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод (Суғд) ба дунё омадааст. Соли 1984 мактаби миёна ва дар соли 1988 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кард. Фаъолияти кориро ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёна оғоз намудааст.
Соли 1990 дар «Тоҷикистони Шӯравӣ», нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон, ба сифати хабарнигор ба фаъолият мепардозад. Солҳои 1991-1992 дар нашрияҳои «Ҳафтганҷ» ба ҳайси мудири шӯъба ва дар «Чароғи рӯз» ҳамчун хабарнигор кор кардааст.
Баъди чанд соли муҳоҷират дар Русия соли 1995 ба унвони хабарнигори «Чароғи рӯз» дар Маскав барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҳеллман ва Ҷ. Ҳаммет мешавад.
Аз соли 2001 ба сифати хабарнигори бахши тоҷикии Радиои «Озодӣ» дар шаҳри Душанбе идома дода, соли 2010 Ассотсиатсияи «Медиа- Алянси» Тоҷикистон барои силсилаи матлабҳояш дар нашрияҳои даврӣ Қаюмзодро ба Ҷоизаи ин созмон «Барои ҷасорати журналистӣ»-и Мазҳабшо Муҳаббатшо сазовор медонад.
Соли 2012 барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон гашт. Ҳамон сол нашрияҳои мустақили «Нигоҳ» ва «Фараж» Абдуқаюми Қаюмзодро «Журналисти сол» эълон карданд.
Шаҳлои АБДУЛЛО