Мақомот: Кори «Звезда» қонунӣ нест

Мақомот мегӯянд, пахши «Звезда», радиои ширкати радиотелевизионии нерӯҳои мусаллаҳои Русия хилофи қонунҳои Тоҷикистон аст.

Радиои ҳарбии як кишвари хориҷӣ, дар ҳоле ки бояд хоси маҳдудаи пойгоҳи низомии ин кишвар бошад, бидуни иҷозаи фаъолият ва сабти ном дар шаҳри Душанбе, қисме аз навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон барнома пахш мекунад. Ҳарчанд Маркази радио ва телевизиони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон иҷозаи таҳия ва пахши чунин барномаҳоро дар мавҷи 103.6 FM дорад, бо бозпахши барномаҳои радиои маскавии «Звезда» зидди муқаррароти манъи пахши маҳсулоти тарафи сеюм амал кардааст. Қаблан нашри намоишҳои Телевизиони ҷамъиятии Русия ё ОРТ аз тариқи ин маркази марбут ба пойгоҳ ихтилофоту баҳсҳоеро ба миён оварда буд.

http://www.ozodi.org/content/officlas-say-broadcasing-of-russian-military-radio-is-illegal/24967273.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *