ҲУКУМАТ САФИАЛЛО ДЕВОНАЕВРО БА РИОЯИ ҚОНУН ДАЪВАТ КАРД

Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон қазияи ба нишасти матбуотии Хадамоти муҳоҷират роҳ надодани хабарнигоронро баррасӣ карда, ба Сафиалло Девонаев, раиси ин хадамот, огоҳӣ додааст, то минбаъд ба ин амали ғайриқонунӣ роҳ надиҳад.

Дар ин бора ба TojNews аз Дастгоҳи президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бинобар иттилои манбаъ, дар рафти машварати Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии Дастгоҳи иҷроияи президент, Сафиалло Девонаев амали масъулини Хадамоти муҳоҷиратро камбудӣ унвон кардааст.

— Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии Дастгоҳи иҷроияи президент Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистонро ба иҷро кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи матбуот ва воситаҳои ахбори омма даъват карданд.

Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират, вазифадор карда шуд, ки минбаъд ба чунин муносибат роҳ надиҳад ва ҳамкориро бо тамоми воситаҳои ахбори омма тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монад. Дирӯз роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират аз натиҷаи ин машварат ба Дастгоҳи иҷроияи президент маълумот пешниҳод кард, — қайд кард манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки 31-уми январи соли ҷорӣ Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабарнигоронро ба нишасти матбуотиаш тибқи рӯйхат роҳ дода, журналистони рӯзномаи “ИмрӯзNews” ва ҳафтаномаҳои ”Озодагон”, ”Фараж” ва нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон — “Наҷот” ба ин нишаст роҳ наёфтанд.

Сабаби ба «рӯйхати сиёҳ» афтодани ин хабарнигорон, бино ба гуфтаи намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, матолиби интиқодии нашрияҳои мавриди зикр будааст.

Ҳоло дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, барои ин кирдор Абдулло Қодирӣ, сухангӯйи ин ниҳод муҷозот шудааст.

Дар Дастгоҳи иҷроияи президент мегӯянд, ки машварати мазкур дар асоси муроҷиати расмии рӯзномаи “ИмрӯзNews” нисбати ин рафтори Хадамоти муҳоҷират сурат гирифтааст.

http://tojnews.tj/hukumat-safialloh-devonaevro-ba-rioyai-konun-davat-kard

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *