Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ», «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи боҷи давлатӣ»-ро имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба имзо расонид.
Ин қонунҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст.
Дар ин бора аз Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» дар таҷрибаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти иттифоқҳои қарзӣ ва тартиби махсуси қарздиҳии онҳоро танзим менамояд.
Манбаъ афзуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкилу назорати савдо ва хизматрасонии маишӣ танзим намуда, барои сифатнок ва ба таври васеъ қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон дар ин соҳаҳо шароити зарурӣ фароҳам меорад.
Гуфта мешавад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» дар таҳрири нав бо назардошти талаботи замони муосир қабул гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии матбуотро муқаррар карда, муносибатҳоро дар ин соҳа танзим менамояд.
Инчунин, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо мақсади густариши муносибатҳо дар соҳаҳои танзими харидуфурӯши маҳсулоти тамоку ва беҳдошти вазъи саломатии аҳолӣ қабул гардидаанд.
Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсону шаҳрванд, давлату ҷамъият, беҳдошти тандурустии аҳолӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нигаронида шудаанд.
Матни пурраи қонунҳои баимзорасида рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии кишвар интишор карда мешаванд.