ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БА ЖУРНАЛИСТОН НЕТБУК ТӮҲФА КАРД

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик журналистони вилояти Суғд бо тӯҳфа ва Сипосномаи раиси вилоят Қоҳир Расулзода қадрдонӣ гардиданд. Ба бархе аз журналистони мустақил ва мухбирони расонаҳои ғайридавлатӣ Қоҳир Расулзода нетбук тӯҳфа кард.  

Дар ин бора аз Ҳукумати вилояти Суғд ба TojNews иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, субҳи имрӯз, 11-уми март бо иштироки раиси вилоят Қоҳир Расулзода адибон, рӯзноманигорон, намояндагии расонаҳои хабарии вилоят дар Корхонаи воҳиди давлатии «Кохи матбуот» 101-солагии матбуоти тоҷик таҷлил гардид.

Дар оғози чорабинӣ раиси  вилоят Қоҳир Расулзода рӯзноманигорон, аҳли эҷоду сухан ва ноширони матбааҳои вилоятиро ба муносибати иди касбӣ — Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11-уми март — рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» таҷлил мешавад, табрик намуд.

Дар бораи нақши расонаҳои хабарӣ ва электронӣ дар рушду нумӯи ҷомеа изҳори ақида намуда, раиси вилоят гуфт, воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеоти рӯзгор нақши муассир доранд…

Дар ин чорабинӣ ба журналистони вилоят унвони Аълочии матбуот ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Аз ҷумла, Акрамҷон Урунов, директори Ширкати телевизионӣ ва радиошунавонии СМ1 ва Саъдулло Файзиев бо унвони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва Ҷовид Ниёзӣ бо унвони Аълочии Телевизион ва радио қадрдонӣ шуданд.

Тӯҳфаи раиси вилояти Суғд — нетбукҳо ба мухбирони ҳафтаномаҳои «СССР», Раҳим Ҳасанов, «Фараж», Қамари Аҳрор ва журналистони мустақил — Тилав Расулзода, Илҳом Ҳошимов, Абдусабури Абдуваҳҳоб ва Нуъмон Раҷабов супурда шудааст.

Маврид ба зикр аст, дар маркази вилояти Суғд 12 шабакаи телевизионӣ, 48 рӯзнома ва 6 маҷаллаи давлативу хусусӣ фаъолият мебаранд.

http://tojnews.tj/netbook-ba-journalistoni-mustakil-az-rasulzoda

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *