ХАТЛОН: ҚАДРДОНӢ АЗ ЖУРНАЛИСТОН ДАР РӮЗИ МАТБУОТ

Cубҳи имрӯз, 11-уми март, Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик хабарнигоронро ба ҳузур пазируфт.

Ғайбулло Афзалов нахуст дар ҳузури аҳли қалам суханронӣ карда, хизмати матбуоти кишварро арзанда хонд ва гуфт, ки қисме аз пешравиҳои кишвар маҳз бо муборизаҳои беамони рӯзноманигорон бар зидди ноадолатию нотавонбиниҳо ба даст омадааст, ки ин боиси таҳсин мебошад.

«Вақти он расидааст, ки мо хизматҳои матбуоти кишварро эътироф намоем, чунки агар ҳамин озодбаёнию муборизаҳои рӯзноманигорон намебуд, шояд, мо дар ин муддати кӯтоҳ то ба ин дараҷа рушд намекардем», — изҳор дошт дар идомаи суханрониаш Ғайбулло Афзалов.

Сипас, раиси вилояти Хатлон 8 рӯзноманигор: Рустам Амиров, мухбири пешбари ҳафтаномаи «Субҳи Меҳнат»-и ноҳияи Муъминобод, Илҳомҷон Султонов, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав, Саодат Қурбонова, мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи Носири Хусрав, Шарифалӣ Давлатов, машинист — таъмиргари матбааи ноҳияи Ёвон, Собир Носиров, муҳаррири ҳафтаномаи «Шараф»-и ноҳияи Қубодиён, Адолат Сайфуллоева, рӯзноманигори ҳафтаномаи «Шараф»-и ноҳияи Қубодиён, Сурайё Самиева, муҳаррири телевизиони мустақили шаҳри Қӯрғонтеппа, Хайрулло Мирзоназаров, мухбири ҷамъоатии ҳафтаномаи «Навиди дӯстӣ»-и ноҳияи Қумсангир — нишони аълочии матбуот ва ба 4 нафари дигар: Асалмо Сафарова, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Хатлон», Наҷот Сафаров, муҳаррири ҳафтаномаи «Гулхани Восеъ», Мурод Сотиев, хабарнигори АМИТ «Ховар» ва Шоиназар Амонов, муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи вилоятии узбекзабони «Дӯстлик» Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон ва ба як идда рӯзноманигорони дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ супурд.

Аз онҳое, ки ба гирифтани унвони аълочии матбуот сазовор дониста шудаанд, танҳо як нафар аз расонаи ғайридавлатӣ — Сурайё Самиева, муҳаррири телевизиони мустақили шаҳри Қӯрғонтеппа буд.

Рӯзноманигорони расонаҳои мустақил чун ҳамешагӣ аз ин ҳавасмандкунии ҳукумати вилоят дар Рӯзи матбуот бенасиб монданд.

http://tojnews.tj/kadrdoni-az-journalistoni-hukumati-dar-xatlon

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *