Рӯзи 11 март дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай мо – журналистони тоҷик солгарди навбатии ҷашни касбиамонро таҷлил менамоем. Ҳарчанд он рӯзи таъсисёбии рӯзномаи нахустини тоҷикӣ «Бухорои шариф» аст, вале имрӯз намояндагони ҳамаи намудҳои воситаҳои ахбори омма – коркунони телевизиону радио, агентиҳои иттилоотӣ, коркунони соҳаи интишори китоб, хабарнигорони сомонаҳои интернетӣ низ онро ҳамчун рӯзи касбиашон таҷлил менамоянд.
Дар ин рӯзи барои рӯзноманигорон муборак аз таърихи ташаккулёбӣ ва рушди воситаҳои ахбор дар кишварамон, барору комёбиҳо ва нокомиҳои он ёдовар гаштан бамаврид аст. Таърихи матбуоти даврони соҳибистиқлолии кишварамон ҳамеша ҳамвору суфта ва яксон набуд. Мо шоҳиди таъсисёбии аввалин рӯзномаҳо, телевизион ва радиоҳои мустақил ҳастем. Мо шоҳиди дар давраи моҷароҳои дохилӣ қурбон гаштани як зумра рӯзноманигоронамон низ ҳастем. Мо инчунин шоҳидем, ки ба аввалин рӯзноманигорони мустақил мардум дар ибтидо як навъ боэҳтиётона муносибат менамуданд. Вале журналистикаи тоҷик тибқи талаби замони истиқлол, новобаста ба нобарорию мушкилоти мухталифи рӯзгорамон рушд кард ва имрӯз, бешубҳа, рисолати аслии ба зиммааш гузоштаи таърихро боифтихор иҷро менамояд.
Журналистика вазифаи пайвандгари оммаи мардум ва ҳукуматро иҷро менамояд, аз ин рӯ онро ҳукумати чорум меноманд ва дар муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ, фархангию иқтисодӣ ба ин рисолати муҳими он арҷ мегузоранд, ба сухани воқеъбинонаю ҳаққи рӯзноманигор гӯш фаро медиҳанд ва гоҳо ӯро саркӯб менамоянд. Дар судҳо баррасӣ гаштани парвандаҳо бо иштироки рӯзномаҳо ва журналистон бори дигар нишон медиҳад, ки масъулияти мо дар назди ҷомеа боз ҳам бештар мегардад. Ба ҳамин хотир мо – рӯзноманигоронро зарур аст, ки ба сатҳи касбии фаъолиятамон бештар аҳамият дода, маводи журналистиамонро тавре омода созем, ки ашхоси мавриди интиқодамон сабаби ба суд муроҷиат намудан пайдо накунанд. Дар баробари он, мо бояд аз ҳуқуқҳои қонуниамон оид ба озодии сухан ва матбуот, оид ба дастрасӣ ба ахбори аҳамияти иҷтимоидошта огоҳ бошем ва манфиатхои хешро тавассути фаъолияти пурсамар ва сухани нишонраси худ муҳофизат намоем.
Имсол барои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон соли ҳассос ва пурмасъулият аст. Моро лозим меояд, ки бо риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии фаъолияти рӯзноманигорӣ рисолати аслии хеш – амалӣ кардани ҳуку қи дастрасии мардумро ба иттилооти сареҳ ва воқебинона бо сари баланд ичро намоем.
Дар Рӯзи матбуоти тоҷик бори дигар ҳамаи шумо — ҳамкасбонро табрик гуфта, бароятон барору комёбӣ ва саодати рӯзгор таманно дорам.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон.