Имрӯз мо, журналистон, онҳое, ки барои ҳам дохил ва ҳам барои хориҷи мамлакат чигунагии ҳақиқати Тоҷикистонро ҷилвагар месозем, иди касбӣ дорем. Сафҳаи навбатии таърихи журналистикаи муосири ватаниро баргардонида, ба ҳукми анъана, аз муваффақияту пешравиҳо ва инчунин мушкилоту нокомиҳои соҳа дар соли сипаришуда ёд кардан ба маврид аст.
Бояд эътироф кард, ки ҷодаи рӯзноманигорӣ имрӯз бӯҳрони ҷиддиеро рӯбарӯст, ки онро метавон бӯҳрони эътимоди хонанда, шунаванда ва тамошобин ном гирифт. Воқеан ҳам сатҳи боварию эътиқоди онҳое, ки барояшон рӯзномаву маҷалла ва барномаҳои радиову телевизион омода мешаванд, нисбати ин сарчашмаҳои ахборотӣ тадриҷан коста мегардад, ки сабаби асосии ин, агар аз ҷонибе, ба дарди рӯзмарраи аҳли ҷомеа ҷавобгӯ набудани мӯҳтавои аксар матолиби интишор ва пахшшаванда бошад, аз ҷониби дигар, ба мушкилоти зиёди маишиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудани худи рӯзноманигорон ва васоити ахбори омма мебошад.
Дар асоси ҳолату мартабаи иҷтимоии рӯзноманигорон, имконияти озодона инъикос карда тавонистани воқеаҳои муҳими хориҷиву дохилӣ ба дараҷаи маърифатнокиву маданиятнокии ҳама гуна ҷамъияти мутамаддину воқеан демократӣ баҳо дода мешавад.
Аз ин ҷиҳат, бояд бо афсӯс эътироф кард, ки озодии сухан дар ҷомеаи мо имрӯз ба дараҷаи зарурӣ нарасидааст. Ин нукта, алалхусус, ба васоити ахбори оммаи мустақил дахл дорад. Бесабаб нест, ки тибқи хулосаи коршиносони созмони байнулмилалии «Freedom House», ки ҳамасола вазъи озодии матбуотро дар саросари мамлакатҳои дунё таҳқиқ менамоянд, чумҳурии мо нисбат ба як соли қаблӣ се зина боло рафта бо 79 хол дар мақоми 171-ум ҷой дода шуд. Ба ин як қатор қазияҳое сабаб гардиданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун фишор ба фаъолияти озодонаи рӯзноманигорон баҳо дода шуданд. Мутаассифона, тамоюли мазкур дар соли ҷорӣ низ идома дорад. Ҳамзамон боз шудани ду парвандаи судӣ муқобили ягона рӯзномаи умумиҷумҳуриявии «Имрӯз нюс», ки моро ба эҳё гардидани нашрияҳои ҳаррӯза умедвор карда буду дар натиҷаи ҳукми ноодилонаи суд имрӯз онро хатари басташавӣ таҳдид мекунад, мурофиаи идомадоштаи судӣ алайҳи Агентии иттилоотии «Тоҷнюс», бе ифшои сабаб пайваста баста шудани чандин сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, монеагузорӣ ба фаъолияти рӯзноманигорони номатлуб ва ғайра мисоли возеҳи гуфтаи боло мебошанд.
Ҳол он ки эҳсоси бехатарии шахсии рӯзноманигор яке аз рукнҳои таркибии озодии матбуотро ташкил мекунад ва давлатҳои мутараққии ҷаҳон таъмин кардани амнияти журналистонро, ки пайи ба даст овардану дастраси умум намудани маълумот оид ба амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳу нафарони беинсоф ҳаёти худро зери хатар мегузоранд, аз ҷумлаи вазифаи муҳимтарини худ меҳисобанд, зеро дарк кардаанд, ки ниҳон мондани ҳақиқат барои ҷомеа ва давлат оқибатҳои ҷиддӣ ба бор оварда метавонад. Аз ин ҷост, ки ҳар як ҳодисаи таҳдиду таъқиби рӯзноманигорон дар он кишварҳо боиси эътирози ҷиддии одамон мегардад. Боз ҳам бо таассуф бояд иқрор шуд, ки чунин муносибат дар ҷомеаи мо мақоми устувор пайдо накардааст. Рӯзноманигорро наҳ мезананд, ки ҳақиқати ҳолро ҷасурона ифшо намекунад, вале дар сурати таҳти таъқибу фишор қарор гирифтани рӯзномаву рӯзноманигор аксариятро парвое нест. Мавридҳои латукӯб шудани рӯзноманигорон, ки барои ҷомеаи мо ҳукми анъана пайдо намудааст, ғайр аз худи ҷомеаи журналистӣ дигар касеву мақомоте садои эътироз баланд намекунад. Ҷунончи, ҳодисаи навбатии аз ҷониби шахсони номаълум латукӯб шудани Абдураҳим Умариён, раиси дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки Вазорати корҳои дохилӣ ба таҳқиқи ин воқеа шурӯъ кардааст, нигаронкунанда буда, баргумон аст, ки ҷинояткорон ба ин наздикӣ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, зеро ки тақдири чандин ҳодисаҳои дигари ба ин монанд, моро ба чунин хулоса водор мекунад.
Мехоҳам бовар кунам, ки дар соли нави таърихи матбуоти кишвар, ки аз ин рӯз ибтидо мегирад, ба чунин тамоюлҳои манфию таассуфовар қотеона хотима дода мешавад ва рӯзноманигорони мо низ мақоми арзандаву сазовори худро дар ҷомеаи рӯ ба тараққиниҳодаи тоҷик соҳиб мегарданд. Сиёсати иттилоотии пешгирифтаи ҳукумати ҷумҳурӣ, ки пайки хурсандиовари он қабул шудани Қонуни нав «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» мебошад, бар ин шаҳодат медиҳад.
Ҳамкасбони гиромӣ! Танҳо бо донишу малака, хулқу атвори шоиста ва эҳтироми арзишҳои волои касбӣ мо, рӯзноманигорон, метавонем эътимоди хонандагонамонро нисбат ба самараи кори худ устувор намуда, бадин сон ояндаи касби худро таъмин кунем. Набояд фаромӯш созем, ки мо на танҳо дастраскунандаву таҳвилдиҳандаи иттилоот, балки муҳимтар аз он, тарбиятгар, ташкилотчӣ ва тарғибгари ҳама гуна падидаҳои накӯ дар рӯзгори ҷомеа мебошем.
Идатон муборак бод, дӯстон! Ба ҳамагон тансиҳативу осудаҳолӣ ва комёбиҳои эҷодӣ таманно мекунам. Бо истифода аз мавриди муносиб, тамоми кормандони соҳаи матбуот, рӯзноманигорони собиқадору нафақахӯр ва алоқамандони ҷодаро ба маъракаи тантанавии таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик, ки 11-уми март дар Театри Лоҳутии пойтахт баргузор мешавад, даъват менамоям.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов