Ба ҷонибдорони Озодии баён, муҳофизони Сарқонуни Тоҷикистон ва 101-солагии Матбуоти тоҷик бахшида мешавад!
Ин матлаб дар бораи як “ҳалқаи сегӯша” аст, ки байни ҳам чашмакиву гӯшакӣ карда, мехоҳанд матбуот — чашму гӯши халқро оҷизу нотавон бинанд. Дар бораи он ки чи хел кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва судяҳои тоҷик метавонанд ба гапи ҳар мансабдори дастдарозу корбудкун гӯш дода, ҳар касеро, ки фармон шудааст, говсуд кунанд.
Дар ин матлаб мо дар бораи тамоми қазияи рӯзноманигори Оҷонси иттилоотии “Тоҷнюс” Амруллоҳи Низом ва Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Тоҷикистон ва дахолати кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои мутташаккили ВКД ба ин қазия, ки таърихи на яксола дорад, нақл намекунем. Мо ин ҷо фақат дар бораи қарор ва таъйиноти Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нисбати хабарнигор ҳарф мезанем. Зеро:
1. Ин қазия борҳо расонаӣ шуда ва хонанда аз он огоҳӣ дорад.
2. Баёни ҳамаи он моҷарое, ки ин ҳалқаи сегӯша ба сари журналист овард, барои як саҳифа, аз ҳад гарон аст.
3. Мутолиаи қарор ва таъйиноти суд, барои баҳо додан ба он чӣ ки андаруни ин “деги сегӯша” ҷӯшидааст, барои ҳар одами солимақл кифоя аст.
Бо камтарин умед аз он ки, ин матлаб ба фаъолияти минбаъдаи судяҳои тоҷик таъсире гузорад, аммо бо итминони комил, ки дар баробари ин бесоҳибиву қонуннописандӣ хомӯш истодан, ноодамист ва холисан барои он ки ҳар касе ба доми ин тоифа афтид, бояд донад, ки қазову қадараш бо киҳо рӯбарӯ кардааст, навиштем.
Қарори ғайриоддӣ
1. Дар бораи Қарори судяи суди ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе Ҳакимова Р.А. аз 19.02.2013 оид ба баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Низомов Амрулло Наҷмуддинович бо моддаи 460 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
а) Дар қарори мазкур омадааст:
“Санаи 12.01.2013 сол шаҳрванд Низомов Н.А. ҳангоми ворид шудан ба бинои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Тоҷикистон ба суханони посбони Азизов А. ва навбатдор Абдуллоев Н.А. гӯш надода, нисбати охирин суханҳои қабеҳ гуфта, беэҳтиромӣ зоҳир кардааст, бо лагад ба замин зада, дағалӣ кардааст, оромии мардумро халалдор сохтааст, ки бо ин амалаш талаботи моддаи 460 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардааст…”
Дар қарори мазкур нишондоди шоҳидон оид ба “суханҳои қабеҳ” оварда нашудааст, бинобар ин саволи мантиқӣ ба миён меояд, ки судяи раисикунандаи мурофиа Ҳакимова Р.А. ин ҳолатро чӣ гуна муайян намудааст?
б) Муҳтарам раисикунанда, модоме зери ин қарори ғайриоддӣ имзову муҳри Шумои гиромӣ ҳаст, ба саволи дигар ҳам бояд шумо посух гӯед, ки аз кай ин ҷониб бо лагад ба замин задан дағалӣ шудааст? Агар пеш аз даромадан ба бино бо мақсади аз пойафзол дур кардани барф ва ё лой ба замин пой кӯбем, оё ин ҳолат ҳам бо моддаи зикркардаи Шумо бандубаст карда мешавад?
в) Саволи сеюм, мабодо ба иззати нафсатон нарасад, Шумои меҳрубон хабарнигор Амруллоҳи Низомро то замони тартиб додани қароратон боре дида будед, ё қарор пешакӣ омода шуда буд? Агар боре дида бошед, оё шумо воқеан бовар доред, ки Амруллоҳи Низом агар “бо лагад ба замин занад, оромии мардумро халалдор месозад”??? Мо баъд аз мутолиаи қароратон аз Амруллоҳи Низом хоҳиш кардем, ки вазнашро дар ҳузури мо бори дигар санҷад. Тарозу нишон дод, ки вай ҳамагӣ 53 килограмм вазн дорад. Бовар доред, ки аз лагад задани чунин шахс оромии мардум халалдор мешавад ва ё пинаки касе вайрон мегардад?
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки Шумо судя ҳастед, на паёмбар ва мардум назди шумо барои шунидани ваҳйи илоҳӣ ё ҳарзаҳои шоирона не, барои он меравад, ки баҳсашонро тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ҳал кунед.
Ҷаноби раисашон
Дар саҳифаи яки қарор мехонем: “… Аз сабабе ки рӯзи қабули раиси Кумита будааст, ӯ (хабарнигор – “Нигоҳ”)мегӯяд, ки дар ин ҳолат назди раис медарояд. Посбон ба тариқи телефонӣ хоҳиши ӯро расонида, пас ба ӯ мегӯяд, ки ҳоло раис дар наздаш шаҳрванд аст, интизор шавад, пас аз холӣ шудан қабул мекунад. Ӯ мехоҳад бо раис оиди донишҷӯе, ки барои дар ҷойи ҷамъиятӣ намоз хондан ҷарима карда шудааст, суҳбат кунад, аз ин рӯ дар ҳавлӣ 10 дақиқа интизор мешавад, ки дар ин ҳолат телефони посбон садо медиҳад. Пас аз ба занги телефон ҷавоб додан, посбон ба ӯ мегӯяд, ки Раисро ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кардаанд ва агар хоҳиш дошта бошад, метавонад интизор шавад, дар дигар ҳолат метавонад рӯзи душанбе ояд, раис қабул мекунанд.”
Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин — Абдураҳим Холиқов, новобаста ба ин ки рӯзи қабули шаҳрвандон будааст, хабарнигорро қабул накардааст. Аввал мегӯяд, ки дар наздаш шаҳрванд аст. Баъди он ки аз посбон мақсади омадани хабарнигорро мефаҳмад, сабаби раис “узрноктар” шудааст. Ӯро ба Дастгоҳи иҷроияи президент (!!!) даъват кардаанд. Магар худи президент мансабдоронро вазифадор накарда буд, ки дар рӯзи қабули шаҳрвандон масъулиятро дучанд эҳсос намоянд?! Касе аз уҳдадории қонунии раис — мансабдори давлатӣ намепурсад, аз ҷумла судя.
Нуктаи дигари ҷолиби қарори мазкур ин аст: “Ӯ (хабарнигор – “Нигоҳ”) ба посбон мегӯяд, ки шарм намедорӣ бо мӯйи сафед дурӯғ мегӯӣ, агар Раис баромада мерафт, ӯ раисро медид, зеро ӯ аз назди дарвоза дур нарафтааст. Посбон ба ӯ мегӯяд, ки мумкин раис аз дигар дарвоза баромада рафта бошанд. Ҳамон рӯз (12.01.2013) барфи зиёд борида будааст. Ӯ дар ҳол, ба сӯи дарвозаи дигари кумита рафта, хабар мегирад, ки дар барфи дар рӯи заминбуда изи пой вуҷуд надорад. Ва мошини Раис ҳам дар ҳамон ҷо мебошад… ”
Кадом дарвоза? Агар судяи гиромӣ дарвозаи дуюми ҳавлии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Тоҷикистонро дар назар дошта бошанд, ки аз тарафи чорроҳаи бозори Шоҳмансур, ки гоҳ –гоҳ кушода ва аксаран баста аст, савол пайдо мешавад, ки чаро раис аз “дигар дарвоза” баромада мерафтааст? Шояд барои он ки бо мардуми интизори дидори мубораки ҷаноби раисашон рӯ ба рӯ нашаванд? Пиёда, бемошини хизматӣ ва дар рӯи барфи навборида из нагузошта.
Содиқии посбон ва изи пои раис
Ин ба қарори суд не, ба афсонаи “Гилеми паррон” монанд аст. Хабарнигор ба замин по мезанад, оромии мардуми атроф халалдор мешавад, раис ҷойи корашонро чунон тарк мекунанд, ки дар рӯйи барф из намемонад, афсона барои хурдтаракон… Суд не, садик!
Азизов А. – посбони кумита, ки дар қарор “ҷабрдида” номида шудааст, шоҳидӣ додааст.
“…Ронандаи Раис Абдуллоев Н.А. навбатдор будааст ва ӯ (ронанда- “Нигоҳ”) аз посбон хоҳиш мекунанд, ки ба ҳоҷатхона меравад, 3 дақиқа дар ҷойи ӯ бошад ва шаҳрвандони омадаро назорат кунад…”
Дар Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон намедонем, дар корхонаҳои давлатӣ, то ҷое медонем, ронанда навбатдор таъйин карда намешуд. Ронанда корманди техникӣ аст. Навбатдор аз ҳисоби шахсони масъул таъйин карда мешавад. Бахусус дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон…
Дар давоми қарори мазкур оид ба Амруллоҳи Низом зикр шудааст: “…Бо овози дурушт пурсидааст, ки муовин дар ҳамин ҷо аст…”
Одамони зиёд овози дурушт доранд. Онҳо пеш аз ба қабули раиси кумита омадан бояд чӣ кор кунанд? Масалан, баъзе ҳофизон чурғот мехӯранд, ки овозашон маҳин гардад. “Бо овози дурушт пурсидан” ба фикри Шумо, судяи гиромӣ, чӣ маъно дорад?
“Дағалона мегӯяд, ки дар ин ҳолат ба қабули раис медарояд…” Дар ин ҷумла ҳам раисикунанда гӯё дағалии журналистро таъкид кардааст, аммо дар ҳақиқат чунин нест, зеро ки “Ба қабули раис медароям” гуфтан дағалӣ намебошад, балки талаби қонунии шаҳрванд дар рӯзи қабули раис аст.
“Пас аз тахминан даҳ дақиқа” аз котиботи раис ба ӯ занг зада мегӯянд, ки Раис бо кори таъҷилӣ ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтаанд…”
Поинтар: “Тахминан 30 дақиқа ӯ (хабарнигор-“Нигоҳ”) тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунад…”
Шоҳидон дар аввал 10 дақиқа мегӯянд, баъдан 30 дақиқа, боз поинтар 20-25 дақиқа мегӯянд. Чаро суд дақиқ накардааст, ки чанд дақиқа “тартиботи ҷамъиятӣ вайрон карда шудааст”?
Дар саҳифаи дуюми қарор, ҳанӯз қарор қабул нашуда, дар бораи хабарнигор “ҳуқуқвайронкунанда” гуфта мешавад. Пеш аз қабули қарор ҳукм шудааст. Ба мурофиаи судӣ чӣ ҳоҷат буд, модоме натиҷаи “говсуд” пешакӣ маълум будааст?
Дар идомаи қарор: “Аз суд (Азимов А.) хоҳиш кард, ки барои тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардани ҳуқуқвайронкунанда Низомов А.Н. ва суханони қабеҳ гуфтанаш мувофиқи қонун ҷазо дода шавад…”
Муҳтарам судя, Низомов А.Н. чи сухани қабеҳ гуфтааст? Кадом сухани қабеҳро истифода кардааст? Шумо умуман дар бораи Амруллоҳи Низом аз куҷо маълумот гирифтаед? Чаро суд хислатнома – характеристикаи Амруллоҳи Низомро талаб накардааст? Чаро касе аз ҳамкорон, ҳамкорони собиқи хабарнигор, ки бо ӯ кор кардаанд, дар бораи одоби Амруллоҳи Низом пурсида нашудааст? Ҳамин нест “говсуд” кардан?
Дар саҳифаи ду, суд пеш аз овардани нишондоди шоҳид Абдуллоев Н.А. хулосаи пешакӣ баровардааст: “Суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Низомов А.-ро бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, бандубаст менамояд.”
Ин бори дигар исбот мекунад, ки суд беғараз набуда, мурофиа беғаразона нагузаштааст. Ё судяи раисикунанда намедонад, ки хулоса пас аз овардани нишондоди тарафҳою шоҳидон ва зикри далелҳо бароварда мешавад?
Чунин шанс насиби ҳар судя намешавад, ки ақалан, як маротиба мустақилияти набудаи системаи судии кишварро аз мақомоти иҷроия, мансабдорони алоҳида ва мақомоти қудратӣ бо баррасии одилонаи қазия ба намоиш гузорад. Судя шояд гумон дорад, ки ин қазия ҳам мисли садҳо, ҳазорҳо баҳсҳои дигар паси сар хоҳад шуд? Шояд гумон мекунад, ки анҷоми ин қазия беҳтар аз он садҳо ҳазор, бо роҳхати ройгон ба Ҳаҷҷи Акбар анҷом хоҳад ёфт? Ва касе нахоҳад пурсид, ки Ҳакимова, ин чӣ гуна қарори беасоси бесарунӯг аст?
Дар бораи ҳоҷатхона, кабинети Холиқов ва ронанда
Дар ҳамин саҳифаи қарор “…ӯ (ронандаи раиси Кумита – “Нигоҳ”) ба ҳоҷатхона рафта, бармегардад, вақте утоқи кории раисро хабар мегирад ва ба тартиб медарорад, аз камера мебинад, ки бо овози баланд баҳс доранд… Ҳуқуқвайронкунанда ба сӯйи ӯ (ронанда-“Нигоҳ”) дод зада мегӯяд, ки ту ронанда ҳастӣ, ҳуқуқи гап задан надорӣ…”
Ба суд кадом далелҳо барои исботи ин нишондод пешниҳод шудааст? Абдуллоев Н.А. ба ҳоҷатхона рафтааст, ё ба кабинети раис?
Наход кабинети раиси Кумитаро ронанда ба тартиб дарорад? Абдуллоев Н.А. кист? Ронанда ё батартибдарорандаи кабинети раис, яъне фаррош ва ё навбатдор? Хеле одами даркорӣ будааст ва агар бо забони устод Турсунзода гӯем, “мушкилосонкун”, бинобар ин “мушкилосонкун касонро гум макун”. Вай боз чӣ вазифаҳоеро дар ин кумита иҷро мекунаду ба раиси кумита чӣ қаробат дорад?
Аз камераи назоратии кабинети Абдураҳим Холиқов, овози мардумро ҳам шунидан мумкин аст?
Пас Абдураҳим Холиқов дар кабинет шишта, рӯзи дароз овози мардумро сабт мекунаду мешунавад?
Дар саҳифаи сеюми қарор омадааст: “…Аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда Низомов А.Н. тартиботи ҷамъиятӣ тахминан 20-30 дақиқа вайрон карда шудааст….”
Инро суд бо кадом далел исбот мекунад? Дар навори видео, ки аз камераи назоратии Кумитаи оид ба корҳои дин сабт шудааст, чанд дақиқа бетартибӣ мушоҳида мешавад? 20, ё 30?! Агар ин навор ҳамчун далел пешниҳод шуда бошад, оё суд хулосаи экспертизаро дар бораи асолати навор талаб карда гирифтааст? Барои чӣ суд муайян намекунад, ки бетартибӣ (агар дар ҳақиқат ҷой дошта бошад!) дар воқеъ чанд муддат давом кардааст?
Журналист Амрулоҳи Низом — Қории мураттаби Қуръони Карим, ҳамеша бо пои таҳорат, ки то ин замон пишаки касеро пишт нагуфтааст, дар назди бинои Кумита бетартибӣ мекардаасту посбон ва ронанда (шояд фаррош, ё навбатдор?) худро мусичаи бегуноҳ вонамуд карда, рост меистодаанд? Дар ин вақт дигар шахсони холис, аз қабили роҳгузарон ва бақабуломадагон, дар куҷо будаанд? Чаро онҳо ба суд даъват карда нашудаанд?
“Шокиров З.Х…. (раиси Дастгоҳи Кумитаи оид ба корҳои дин) 12.01.2013 сол вақте ки ба рӯи ҳавлии Кумита мебарояд овози садои баланди одамонро шунида, мебинад, ки ҳуқуқвайронкунанда Низомов А. бо посбон ва ронанда бо овози баланд ҷанҷол мекунад. Аз тирезаҳои хона одамон онҳоро тамошо мекардаанд… ”.
Раиси дастгоҳ овози баланди одамонро шунидааст. Овози як нафарро не, овози чандин нафарро. Одамон бо овози баланд ҷанҷол кардаанд, аммо ба авбошӣ фақат хабарнигор гунаҳгор шудааст? Суд чаро муайян накардааст, ки он одамони овози баланддошта киҳо буданд? Ё танҳо журналист овози баланд дорад? Ё зарурати муайян кардани ин ҳолат набуд, чунки гунаҳгорро барвақт таъйин карда буданд?!
Раиси дастгоҳ Шокиров дидааст, ки аз тирезаҳои хона одамон тамошо мекарданд? Кадом хона? Кадом тиреза? Чаро суд муайян накардааст, ки дар шафати бинои Кумита боз кадом биноҳо ҷойгир шудаанд?
2. Дар бораи таъиноти судяи номбурда аз 19.02.2013
Ин таъинот дар асоси аризаи Амруллоҳи Низом қабул карда шудаст, ки ӯ аз суд беэътибор донистани Қарори Сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД аз 22.01.2013, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурии № 031081 ва қатъ кардани парвандаи ҳуқуқваронкуниро нисбати худ хоҳиш карда буд.
Дар таъинот Судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ҳакимова Р.А. рӯирост дар бораи ошкоро будани мурофиа дурӯғ менависад, ки “дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе аризаи Низомов Амрулло Наҷмудинович оиди беэътибор донистани Қарори Сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.01.2013 сол ва протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 22.01.2013 сол таҳти №031081 ва қатъ кардани истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар сабаби набудани ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намуда…”.
Журналистон, ҳамкорони Амруллоҳи Низом, ба суд роҳ дода нашуданд. Шояд барои шоҳидон – ронанда – “фаррош-навбатдор” ва посбони Кумита оид ба корҳои дин ин баррасӣ “ошкоро” буд? Барои журналистон, ки дар бораи Амруллоҳи Низом бисёр маълумот дода метавонистанд, ин баррасӣ пӯшида буд.
Дар таъйинот гуфта мешавад: “…ҳуқуқвайронкунанда даъвояшро чунин асоснок кардааст, ки роҳбарияти Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Тоҷикистон нисбати ӯ ғараз доранд…”.
Суд умуман ин иддаои хабарнигорро, ки роҳбарияти Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Тоҷикитон нисбаташ ғараз доранд, ба инобат нагирифтааст. Ҳол он ки ин иддао бояд санҷида мешуд.
Ин ҳолат ҳамчунин дар вақти баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ ва қабули қарор беэътибор монда аст, ки гӯё хабарнигор умуман чунин ариза пешниҳод накардааст. Агар суд ҳолати вуҷуд доштани ғаразро миёни ҷонибҳо месанҷид ва ин исбот мешуд, дар бораи авбошӣ ё майдаавбошӣ умуман ҳоҷати гап набуд. Балки қазия ранги дигар мегирифт ва бояд мансабдори давлатӣ барои монеъ шудан ба фаъолияти журналистӣ ба суд кашида мешуд.
Ҳамчунин, аз ин таъинот ҳолати хеле муҳим маълум намегардад, ки Амруллоҳи Низом нусхаи қарори мавриди баҳсро кай гирифтааст, зеро ки судя аризаи ӯро “бинобар гузаронидани муҳлати шикоят” рад кардааст. Судяи раисикунандаи мурофиа медонад, ки мутобиқи муқаррароти моддаи 813 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи супорида шудан ё гирифтани нусхаи қарор шикоят кардан мумкин аст, аммо судя ин меъёри қонунро сарфи назар намуда, ҳолати муҳимтарин – кай ба дасти Амруллоҳи Низом расидани қарори баҳсиро муайян накардааст. Судя ин ҳолатро муайян накарда, таъиноти мазкурро қабул карда наметавонист.
Ба ҷойи хулоса
Хулоса ва натиҷагирии ниҳоӣ ба ин матлаб, ба зинаҳои болоии суд ва албатта ба хонанда вогузор мешавад. Танҳо ҳаминро бояд гуфт, ки агар ҳадаф аз ин ҳама суистифода аз курсиву мансаб, беэътиноӣ ба қонун ва нақзи ҳуқуқи инсон, тарс додани журналистон бошад, беҳтар мебуд, қазияҳои монанд, ки усулан дар онҳо ба ҳар восита бояд журналист “доғдор” карда шавад, ба зиммаи судяҳои босаводтар вогузор карда шавад, то аз шармсории тамоми низоми судии кишвар, ки бе ин ҳам вақтҳои ахир нуфузаш хеле коста аст, пешгирӣ шавад.
Фаридун Раҳнавард