Субҳи рӯзи душанбеи 4-уми март, ҳайати эҷодии рӯзномаи «ИмрӯзNews» нисбат ба ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо даъвои Ҳукумов Рустам изҳорот пахш намуд. Дар ин баёния, ки ба унвонии Судии Олии Тоҷикистон, Вазорати адлия, созмонҳои журналистии Тоҷикистон ва сафоратҳои як иддаи кишварҳои ҷаҳон низ равон шудааст, аз ҷумла, омадааст:
«Рӯзномаи «ИмрӯзNews» ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо аз 25-уми феврали соли 2013 комилан ғайриқонунӣ ва ғайриодилона номида, тасмимгирии якҷонибаи судро оид ба қонеъ кардани даъвои Ҳукумов Рустам маҳкум мекунад.
Дар ҷараёни баргузории ин мурофиа, ки охири моҳи январ шурӯъ шуд, дар чанд ҳолат мо бо судяи баррасикунандаи ин парванда ба мушкил рӯ ба рӯ шудем.
ҳолати аввал ҳангоми супоридани ордер рӯй дод. Судя ба он ки адвокати мо Холматова Г. манфиатҳои моро ҳимоя мекунад, бовар накард ва ҳатто тариқи занги телефонӣ инро аз Раёсати мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсон шуд.
Дар ҳоле ки адвокати мо аллакай ба судя ордер барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва Назири Нусрат супорида буд. Ин баҳси судя бо адвокат, ки далели нобоварии ӯ буд, боиси шубҳаи мо гардид.
Ҳолати дувум замоне буд, ки судя талаботи моро оид ба баргузории шакли кушодаи мурофиаи судӣ ба инобат нагирифт. Мо аз ин амали судя дархости расмӣ ҳам кардем, аммо боз ҳам талаби мо ба эътибор гирифта нашуд.
Ҳолати савум ба дастраскунии қарори Суди вилояти Маскав иртибот дорад, ки онро ҷониби даъвогар ҳамчун замима ба аризаи даъвогӣ ворид кардааст. Бояд бигӯем, ки дар замима матни қарор на ба пуррагӣ, балки танҳо саҳифаи аввал ва саҳифаи охири он ворид карда шудааст.
Ин дар ҳолест, ки матни қарори Суди вилояти Маскав дар ҳаҷми 10 (даҳ) саҳифаи андозаи А4 мебошад. Мо танҳо саҳифаи 1 ва саҳифаи 10-и қарорро дастрас кардем. Аз рӯйи талаботи қонунгузории Тоҷикистон, даъвогар ӯҳдадор аст, ки қарори замимашударо дар шакли пурра ба ҷониби даъвогар дастрас кунад.
Дар навбати худ, судя ин талаби моро ҳам барои дастрас кардани матни пурраи қарори Суди вилояти Маскав қонеъ накард.
Ҳолати дигар, рад карда шудани ду дархост оид ба ташхиси лингвистикии мақола ва супориши судӣ мебошад.
Дархости аввал, дар аризаи мазкур ҷониби даъвогар даъво дорад, ки матни мақолаи дар рӯзномаи «ИмрӯзNews» нашршуда ба шаъну шарафи ӯ таъсир расонидааст. Асоси даъвои ӯ ҳамин аст. Азбаски мавҷуд будани калимаҳои дорои хусусияти пастзанандаи шаъну шарафро дар матни мақолаи мазкур танҳо ташхиси забонӣ-лингвистикӣ муайян мекунад, мо зарур донистем, ки мақолаи мавриди баҳс ба ташхиси забонӣ-лингвистикӣ супорида шавад.
Тибқи талаботи моддаи 82-и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати тавзеҳи масъалаҳои ҳангоми баррасии парванда бамиёномада, ки донишҳои махсусро дар соҳаи илм, санъат, техника ё касбҳои мухталиф тақозо мекунад, суд бо ташаббуси худ ё тибқи дархости тарафҳо ё дигар шахсони иштирокчии парванда экспертиза ва барои гузаронидани он коршиносони судиро таъин намуда, дар ин бора таъинот қабул мекунад.
Гузаронидани экспертиза метавонад ба зиммаи як коршиноси судӣ, гурӯҳи коршиносони судӣ ё муассисаи судии экспертӣ гузошта шавад.
Дар робита ба ин, мо зарур шуморидем, ки мақолаи мавриди баҳс ташхиси лингвистикӣ карда шавад.
Дархости дигар ин буд, ки дар рӯзи 9 январи соли 2012, яъне баъд аз 15 рӯзи қарори №597-и Президиуми Суди вилояти Маскав оиди ба озодӣ баромадани Ҳукумов Р.А., рӯзномаи «Известия»-и чопи Маскав аз қавли кормандони Хадамоти федеролии назорати маводи нашъадори Федератсияи Русия навишт, ки онҳо аз қарори суд оид ба озод шудани Ҳукумов Р.А. изҳори ҳайронӣ карда, гуфтаанд, дар ояндаи наздик бори дигар тамоми маводашонро аз нав бардошта, кори чорсолаашонро бори дигар тафтиш мегузаронанд.
Ҳамчунин, даъвогар Ҳукумов Р.А. дар аризаи даъвогияш навиштааст, ки «Асоси гунаҳкориям дар ҳукм танҳо нишондоди хушкухолии шоҳидони ба кор манфиатдорбудаи кормандони Хадамоти федеролии назорати маводи нашъадори Федератсияи Русия Меркулев Д.В. ва Хлопков И.А. гардидааст, ки маҳз худашон ташкилкунандаи ҳамин кор буданд ва он бо далели дигаре тасдиқ нашудааст».
Тибқи талаботи моддаи 65-и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, суде, ки парвандаро баррасӣ мекунад, ҳангоми зарурати гирифтани далели дар дигар шаҳр ё ноҳия мавҷудбуда ба суди дахлдор супориши судӣ медиҳад, ки амали дахлдори мурофиавиро анҷом медиҳад.
Ин дархост ҳам, ки иҷро нашудани он далели саросемвор баррасӣ шудани парванда мебошад, аз ҷониби судяи баррасикунандаи ин парванда ба эътибор гирифта нашуд.
Бо далелҳои дар боло зикршуда, аз судяи баррасикунандаи ин мурофиаи судӣ дархост кардем, ки барои муайян кардани мавқеи расмии Хадамоти федеролии мубориза назорати маводи нашъадори Федератсияи Русия оид ба «шоҳидони ба кор манфиатдорбудаи кормандони Хадамоти федеролии назорати маводи нашъадори Федератсияи Русия Меркулев Д.В. ва Хлопков И.А.» ва натиҷаи бадастовардаи кормандони ин хадамот баъди нашри мақола дар рӯзномаи «Известия» аз 9 январи соли 2012 ба Хадамоти федеролии назорати маводи нашъадори Федератсияи Русия супориши судӣ ирсол кунад.
Судяи баррасикунандаи ин парванда бо баровардани таъинот дар рӯзи 19 феврали соли 2013 ин дархостҳоро рад кард.
Тибқи талаботи моддаи 18-и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз асосҳои рад кардани судя метавонад ин бошад, ки бевосита ё бавосита ба натиҷаи ҳалли парванда манфиатдор бошад ё дигар ҳолатҳое мавҷуд бошанд, ки беғаразӣ ва холисии ӯро зери шубҳа гузоранд.
Бо далелҳои дар боло овардашуда, ин рафторҳои судя боиси шакку шубҳаи мо шуд ва мо ба объективона ва ҳаматарафа баррасӣ шудани идомаи парванда бовар накардем. Бинобар асосҳои гуфташуда, хоҳиш намудем, ки раисикунандаи парвандаи мазкур Низамов Ш. А. аз баррасии парвандаи гражданӣ бо даъвои шаҳрванд Ҳукумов Р.А. нисбат ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва хабарнигори рӯзнома Назири Нусрат оид ба барқарор кардани шаъну шараф ва рӯёнидани 50 000 сомонӣ зарари маънавӣ дур карда шавад.
Дар маҷлиси судии рӯзи 22 феврал ин дархост ҳам ба инобат гирифта нашуд ва судя аз идомаи баррасии ин парванда даст накашид.
Ҳамаи ин дар ҳоле буд, ки ҷониби даъвогар дар тамоми ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ далеле барои собит кардани даъвои худ пеш наовард. Ҳатто ягона замимаи нокомил (саҳифаи аввал ва саҳифаи охири қарори Суди вилояти Маскав, бидуни 8 саҳифаи мобайн), ки ҳамчун далел дар аризаи даъвогӣ оварда шудааст, ба ҳеч ваҷҳ, наметавонад далел ҳисобида шавад.
Зеро мақолаи дар рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар санаи 16 октябри соли равон нашршуда ҳеч иртиботе ба ин қарори суд надорад. Дар мақолаи мазкур ҷинояткор будани Рустам Ҳукумов таъкид нашудааст, балки ба унвони далел ҳаводиси охири соли 2011 оварда шудааст.
Аз ин рӯ, мо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо баёнгари адолату инсоф намедонем, балки онро ғайриодилона ва ғайриқонунӣ меҳисобем. Ин ҳукм сад дар сад адолати судиро дар Тоҷикистон зери суол бурд.
Гузашта аз ин, судяи баррасикунандаи ин парванда хуб медонист, ки ҷониби даъвогар ҳеч асосе барои даъво кардан надорад. Ҳатто аризаи даъвогие, ки аз номи Рустам Ҳукумов адвокати ӯ пешниҳод кардааст, ба куллӣ, ғайриқонунист. Дар аризаи даъвогӣ ягон далеле оварда нашудааст, ки даъвои ҷониби Ҳукумовро асоснок кунад. Илова ба ин, ҳеч сохторе дар Тоҷикистон тасдиқ накардаанд, ки дарвоқеъ, Ҳукумов аз мақолаи мазкур зарари маънавӣ дидааст. Яъне ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандае мавҷуд нест, ки аризаи даъвогиро воқеӣ нишон диҳад.
Дар ҷараёни мурофиа адвокати даъвогар хеле ҳам кӯшид, ки сохтакорона қарори Суди вилояти Маскавро (ки он ҳам танҳо саҳифаи аввал ва саҳифаи даҳум ҳаст) ба унвони далел ба суд пешниҳод кард. Даъвогар, ба ҳеч ваҷҳ, хостори бо муҳтавои асосии парванда шинос шудани ҷониби ҷавобгарон набуд, чун дар дохили ин парванда бисёр чизҳое ҳастанд, ки ба маърази ом гузоштани онҳо воқеиятро ошкор мекунад.
Мо на дар мурофиаи додгоҳӣ ва на дар ин ҷо атрофи муҳтавои парвандаи марбут ба Ҳукумов чизе намегӯем, чун ин парванда ва ҳам қарори Суди вилояти Маскав ба мақолаи «Боқиев ва Ҳукумов: фарзандоне, ки «дарди сар»-и падар шуданд», комилан иртибот надорад. Дар ягон ҷойи ин мақола дар мавриди ин парванда ва ин қарор чизе гуфта нашудааст. Ин сохтакории ҷониби даъвогар аст, ки ба ин васила мехоҳад дар ҷомеаи Тоҷикистон худро сафедшуда муаррифӣ намояд.
Суд ана ҳамин нуктаро ҳам ба инобат нагирифт, ки мавзӯи асосии баҳс комилан чизи дигар аст. Баръакси ин, судя бо баровардани қарор муаллифи мақолаи мазкурро ба он муттаҳам кард, ки гӯё маълумоти носанҷидаро нашр кардааст. Аммо боз ҳам судя натавонист нишон диҳад, ки кадом далел ё маълумоти мо носаҳеҳ буд, дар ҳоле ки ҷониби даъвогар мақолаи мазкурро на ба унвони маълумот, балки ҳамчун андешаи шахсӣ эътироф дорад.
Ҳамзамон, судя ҳеч кадоме аз қонунҳои вобаста ба матбуот ва ВАО-ро дар Тоҷикистон ба инобат нагирифт. Намедонем, он вазни чӣ буд, ки паллаи тарозуро ҷониби Ҳукумов вазнин кард, аммо медонем, ки дар қиёс ба далели нимкора пешниҳодкардаи даъвогар, ки он ҳам ба куллӣ дур аз баҳси додгоҳии мазкур аст, далелҳои мо хеле боқувват ҳастанд.
Бо ин ҳама далелҳо, бори дигар ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо бо шикояти Рустам Ҳукумов нисбат ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва хабарнигори он комилан ғайриқонунӣ ва ғайриодилона меҳисобем. Умедворем, ки ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон, созмонҳои рӯзноманигорӣ, сафоратҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон нисбат ба ин ҳукм бетараф нестанд ва ба ин қазия холисона дахолат карда, адолати судӣ ва адолати иҷтимоиро дар кишвар барқарор мекунанд.
http://tojnews.tj/izhoroti-imruznews-dar-borai-sud-va-hukumov