«ИМРӮЗНЮС»-РО ДАР РӮЗИ МАТБУОТ СУД МЕКУНАНД

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе мурофиаи судии рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва адвокат Файзинисо Воҳидоваро бо шикояти ҶДММ «Тоҷирон» ба 11-уми марти соли ҷорӣба Рӯзи матбуоти тоҷик таъйин кардаастДар суд мегӯянд, ба Рӯзи матбуоти тоҷик вогузор шудани мурофиаи аввали судии ин нашрия тасодуфе беш нест. 

Матлаби ин рӯзнома аз 17-уми январи соли ҷорӣ таҳти унвони «Мурдафурӯшӣ дар Ширкати «Тоҷирон», ки аз ҳодисаи садамаи автомашинаи боркашонии ҶДММ «Тоҷирон» ва автомашинаи сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нақл мекард, боиси шикояти ин ширкат ба Суди иқтисодӣ шуд.

ҶДММ «Тоҷирон» талаб дорад, ки Файзинисо Воҳидова ва рўзномаи «ИмрўзNews»  ўҳдадор карда шаванд,  то дар бораи бардурўғ ва ба ҳақиқат номувофиқ будани ҳамаи маълумоти  дар  рўзномаи номбурда нашргардида раддия нашр намоянд.

Аз ҳисоби Файзинисо Воҳидова маблағи расонидани зиён ба эътибори кории шахси ҳуқуқӣ  ба  андозаи  50.000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ рўёнида шуда, ба яке аз фондҳои хайрия ва ё хонаи маъюбон гузаронида шавад.

Аз  ҳисоби рўзномаи «ИмрўзNews» маблағи расонидани зиён ба эътибори кории шахси ҳуқуқӣ ба андозаи 1 (як) сомонӣ ҳамчун маблағи рамзӣ барои исботи ҳақиқат рўёнида шавад.

Дар ин матлаб гуфта мешуд, гӯё ронандаи мошини боркашонии ин ширкат барои ҷуброн кардани зарари расонида дар натиҷаи садама, ҷасади ронандаи сабукравро ба ивази 20 ҳазор доллари ИМА ба наздиконаш фурӯхтааст.

ҶДММ «Тоҷирон мегӯяд, натиҷаи санҷиши садамаи нақлиётиро бо иштироки ронандаи мошини боркаши ин ширкат аз Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Прокуратураи ноҳияи Шаҳристон ба даст овардааст, ки дар он мавқеи айбдори садама муайян карда шудааст. Ҳоло «Тоҷирон» ба Суди иқтисодии пойтахт аз рӯзномаи «ИмрӯзNews» шикоят бурдааст, ки дар мақолаи «Мурдафурӯшӣ дар «Тоҷирон»» нисбати ин қазия маълумоти бардурӯғ нашр карда, эътибори ширкатро паст задааст.

Дар Ширкати «Тоҷирон» мегӯянд, мувофиқи хабари расмии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳристон ва маводҳои санҷишӣ оиди садамаи аз ҷониби БДА ва Прократураи ин ноҳия садамаи рухдодаро пурра тафтиш карда, мавқеи айбдорро муайян сохтааст.

Бинобар ин тибқи муқаррароти Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ ва Кодекси граждании ҶумҳурииТоҷикистон Ширкати «Тоҷирон» аз суд хоҳиш мекунад, ки ҳамаи  хабару  маълумотҳои дар мусоҳибаи хабарнигори рўзномаи «ИмрўзNews» Ф. Аъзамзод бо Ф. Воҳидова нашр гардида, паҳн карда шудаанд,  бардурӯғ ва ба ҳақиқат номувофиқ дониста шаванд. Аризаи шикоятии “Тоҷирон” аз болои ҳуқуқшинос ба Суди иқтисодӣ ирсол шудааст.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос ва адвокати маъруфи тоҷик, ба TojNews чунин шарҳ дода буд:

— Ҳодиса ин тавр буд, ки дар натиҷаи садама 5 ё 6 литр бензин аз автомашинаи боркашонии «Тоҷирон» мерезад ва ронанда ҳамчун зарари ба вай расида ҷасади ронандаи автомашинаи сабукравро нигоҳ медорад ва аз пайвандони марҳум 25 ҳазор доллар ҷуброни зарар талаб мекунад.

Зараре, ки автомашинаи сабукрав ба автомашинаи боркашонии «Тоҷирон» расонидааст, агар 6 литр бензин буд, бояд аз рӯйи нархи бензин ҳисоб ва пардохт мешуд, на 25 ҳазор доллар. Талаби 25 ҳазор доллари ИМА-ро пайвандони марҳум аз Ғончӣ ба ман гуфта буданд.

Пайвандони марҳум, ки корманди милитсия будааст, бо пардохти 20 ҳазор доллар ҷасадро мегиранд… Дар мурофиа, ҳатман, шоҳидон шоҳидӣ хоҳанд дод. Ҳоло барои ман маълум нест, ки Ширкати «Тоҷирон» ронандаи худро ҳимоя мекунад ё худро, -мегӯяд Файзинисо Воҳидова.

“Ман аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ба суоли хабарнигор ҷавоб дода будам, ки агар ронандаи автомашинаи боркашонии “Тоҷирон” ҷасади ронандаи автомашинаи сабукравро ба ивази пардохти 25 ҳазор доллар ба пайвандонаш доданӣ бошад, инро бояд ки тахшис кунад ва ҳисобу китоби зарарро таъйин намояд.

Фоидабардорони ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишвории «Тоҷирон» ва «Фароз», тибқи иттилои ғайрирасмӣ, оилаҳои наздик ба президент Эмомалӣ Раҳмон — Соҳибовҳо ва Ғуломовҳо маҳсуб мешаванд.

Шамсулло Соҳибов, намояндаи расмии тиҷоратии Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир, домоди  Эмомалӣ Раҳмон аст ва Файзулло Ғуломов тағои Шамсулло Соҳибов мебошад.

Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҳамчунин, бо писари Амонуллоҳи Ҳукуматулло — роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» — Рустам Ҳукумов рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва сармуҳаррири ин рӯзнома Назири Нусратро дар робита бо як матлабе, ки дар бораи ӯ моҳи октябри соли гузашта дар рўзномаи мазкур чоп шудааст, ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Ба иддаои Рустам Ҳукумов, «ИмрӯзNews» бо интишори матлабе зери сарлавҳаи «Боқиев ва Ҳукумов: фарзандоне, ки «дарди сар»-и падар шуданд» ба шаъну шарафи инсонии ӯ иснод овардаасту бояд товони зарари маънавӣ диҳад.

Бояд гуфт, Амонуллоҳи Ҳукуматулло, ҳамчунин, аз хешовандони роҳбари давлат маҳсуб мешавад ва аз нуфузи зиёде дар оилаи Соҳибовҳо, ки ду домоди роҳбари давлат — Маҳмадзоир Соҳибов ва писари бародараш Маҳмадулло — Шамсулло Соҳибов ба он тааллуқ доранд, бархӯрдор аст.

Рӯзномаи «ИмрӯзNews» бошад, ҳарчанд мустақил эълон шудааст, нашрияи наздик ба  «Ориёно — Медиа» мебошад, ки ҳамчунин, бинобар иттилои ғайрирасмӣ, аз ҷониби Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ мешавад.

Ҳамин тариқ, дуюмин мурофиаи судӣ ва даъвои товони зарар дар як моҳ рӯи кор зад, ки аз вазъи муҳити равонӣ миёни элитаҳои ҳукмрон далолат мекунад, вале алҳол сабабу омилҳои аслӣ ва мантиқии ин даргириҳо номаълум aмемонад.

http://www.tojnews.org/sudi-imruznews-dar-ruzi-matbuot

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *