Абдуқодир Абдуқаҳҳор, раиси шабакаи телевизионии «Пойтахт» сабаби қатъи пахши барномаи ин шабака дар ду рӯзи ахирро, мушкили фаннӣ хонд.
Вай рӯзи 26-уми феврал дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ки фиристандаи телевизиони «Пойтахт» дар ҳавлии Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ҷойгир аст ва масъулини ширкати «Телерадиоком» гуфтаанд, ки мавҷпаҳнкунанда сӯхтаааст ва онро бояд иваз кард.
Абдулқодри Абдуқаҳҳор мегӯяд, дар пайи рафъи ин мушкил мебошанд ва умедвор аст, ки тамошобинон ва ҳаводорони шабакаи «Пойтахт» сар аз шоми имрӯз дубора имкони дидани барномаҳои ҷолиби ин шабакаро пайдо кунанд.
Пахши барномаҳои телевизиони «Пойтахт» сар аз соати 8.40 дақиқаи рӯзи якшанбеи 24-уми феврал ба ин тараф комилан қатъ шудааст.
Телевизиони пойтахт «Пойтахт» шабакаи мустақиле аст, ки ба шаҳрдории Душанбе тааллуқ дорад ва барномаҳои худро аз тирамоҳи соли гузашта ба таври шабонарӯзи роҳандозӣ кард ва тасмим тасмим дорад, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи имсол, мавҷи онро ба моҳвора ҳамроҳ кунад.
Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир чаҳор Шабакаи сартосарии давлатӣ: Шабакаи Якум, ТВ «Сафина», ТВ «Баҳористон» ва ТВ «Ҷаҳоннамо» фаъолият мекунанд. Ин Шабакаҳо аз тариқи моҳвораҳо низ барномаҳои худро дар саросари олам пахш мекунанд. Аммо бештари сокинони Тоҷикистон ахбору иттилоъро аз шабакаҳои хусусӣ ё хориҷӣ дастрас мекунанд, чун гуфта мешавад Шабакаҳои расмии Тоҷикистон барномаҳои ҷолиб ва диданӣ таҳияву нашр намекунанд.
Аммо дар ин авохир ТВ Пойтахт, Шабакаи марбут ба шаҳрдории Душанбе ба нашру пахши барномаҳое шурӯъ кардааст, ки нашру пахши чунин барномаҳо дар Шабакаҳои дигар тақрибан номумкин аст.