Ширкати «Тоҷирон» барои паст задани эътибори корӣ аз адвокати маъруф Файзинисо Воҳидова 50 ҳазор ва аз нашрияи «ИмрӯзNews» 1 сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб кардааст. Ин дуюмин талаби товон аз ҷониби элитаҳои ҳукмрони Тоҷикистон дар як моҳи ахир мебошад, ки ишораҳое ба муҳити равонӣ миёни онҳо дораду бидуни шубҳа муҳимтарин интригаи рӯз аст…
Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъ, ба ТоjNews гуфт, ки бо ҳамин мӯҳтаво аз Суди иқтисодии Тоҷикистон мактуб гирифтааст.
Бино ба гуфтаи бону Воҳидова, охири соли гузашта дар матлабе, дар рӯзномаи “ИмрӯзNews” аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ҳодисаи садамаи шоҳроҳи Шаҳристон рухдодаро шарҳ додааст.
“Ман аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ба суоли хабарнигор ҷавоб дода будам, ки агар ронандаи автомашинаи боркашонии“Тоҷирон” ҷасади ронандаи автомашинаи сабукравро ба ивази пардохти 25 ҳазор доллар ба пайвандонаш доданӣ бошад, инро бояд ки тахшис кунад ва ҳисобу китоби зарарро таъйин намояд.
Ҳодиса ин тавр буд, ки дар натиҷаи садама 5 ё 6 литр бензин аз автомашинаи боркашонии «Тоҷирон» мерезад ва ронанда ҳамчун зарари ба вай расида ҷасади ронандаи автомашинаи сабукравро нигоҳ медорад ва аз пайвандони марҳум 25 ҳазор доллар ҷуброни зарар талаб мекунад.
Зараре, ки автомашинаи сабукрав ба автомашинаи боркашонии «Тоҷирон» расонидааст, агар 6 литр бензин буд, бояд аз рӯйи нархи бензин ҳисоб ва пардохт мешуд, на 25 ҳазор доллар. Талаби 25 ҳазор доллари ИМА-ро пайвандони марҳум аз Ғончӣ ба ман гуфта буданд.
Пайвандони марҳум, ки корманди милиса будааст, бо пардохти 20 ҳазор доллар ҷасадро мегиранд… Дар мурофиа, ҳатман, шоҳидон шоҳидӣ хоҳанд дод. Ҳоло барои ман маълум нест, ки Ширкати «Тоҷирон» ронандаи худро ҳимоя мекунад ё худро, -мегӯяд Файзинисо Воҳидова.
Дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тоҷирон», ҳамчунин, талаби зарари маънавиро аз ҳуқуқшинос тасдиқ карданд.
Дар мактуби расмии ин ширкат ба саволи хабарнигори TojNews гуфта мешавад: «Ширкати «Тоҷирон» барои инкор намудани мақолаи тӯҳматангезу фитнаовар ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз болои рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова бо аризаи даъвогӣ дар бораи ҳимоя намудани эътибори кории шахси ҳуқуқӣ муроҷиат намуд.
Ширкати мазкур талаб дорад, ки аз Файзинисо Воҳидова маблағи расонидани зиён ба эътибори кории шахси ҳуқуқӣ ба андозаи 50 000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ рӯёнида шуда, ба яке аз фондҳои хайрия ва ё хонаи маъюбон гузаронида шавад.
Аз рӯзномаи «ИмрӯзNews» маблағи расонидани зиён ба эътибори кории шахси ҳуқуқӣ ба андозаи 1 (як) сомонӣ ҳамчун маблағи рамзӣ барои исботи ҳақиқат рўёнида шавад. Зеро Ширкати «Тоҷирон» яке аз ширкатҳои бонуфузу шинохтаи ҷумҳурӣ ба шумор рафта, фаъолият ва хизматрасонии хешро барои мардуми ҷумҳурӣ наметавонад бо ченаки пулӣ муайян созад ва инчунин, ҳастии Ширкати «Тоҷирон» бебаҳост».
Хотиррасон менамоем, ки 17-уми январи соли ҷорӣ дар рӯзномаи «ИмрўзNews» таҳти унвони «Мурдафурӯшӣ дар Ширкати «Тоҷирон» нашр шуд, ки дар ин матлаб аз ҳодисаи садамаи автомашинаи боркашонии ҶДММ «Тоҷирон» ва автомашинаи сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нақл шуда буд.
Гуфта мешуд, ронандаи автомашинаи боркашонии «Тоҷирон» ҷасади ронандаи автомашинаи сабукравро, ки ҳар ду бо ҳам бархӯрда буданд, гарав гирифта, баъди пардохти 20 ҳазор доллари ИМА ба наздиконаш супурдаанд.
Ин дар ҳолест, ки фоидабардорони ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишвории «Тоҷирон» ва «Фароз», тибқи иттилои ғайрирасмӣ, оилаҳои наздик ба президент Эмомалӣ Раҳмон — Соҳибовҳо ва Ғуломовҳо маҳсуб мешаванд.
Шамсулло Соҳибов, намояндаи расмии тиҷоратии Тоҷикистон дар Британияи Кабир, домоди Эмомалӣ Раҳмонаст ва Файзулло Ғуломов тағои Шамсулло Соҳибов мебошад.
Ҳамчунин, писари Амонуллоҳи Ҳукуматулло — роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» — Рустам Ҳукумов аз болои рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва сармуҳаррири ин рӯзнома Назири Нусрат дар робита бо як матлабе, ки дар бораи ӯ моҳи октябри соли гузашта дар рўзномаи мазкур чоп шудааст, ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят бурдааст.
Ӯ даъво дорад, ки «ИмрӯзNews» бо интишори матлабе зери сарлавҳаи «Боқиев ва Ҳукумов: фарзандоне, ки «дарди сар»-и падар шуданд» ба шаъну шарафи инсонии ӯ иснод овардаасту бояд тавони зарари маънавӣ диҳад.
Рустам Ҳукумов, ҳамчунин, дар ин аризаи шикоятиаш 50 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ талаб кардааст. Амонуллоҳи Ҳукуматулло, ҳамчунин, аз хешовандони роҳбари давлат маҳсуб мешавад ва аз нуфузи зиёде дар оилаи Соҳибовҳо, ки ду домоди роҳбари давлат — Маҳмадзоир Соҳибов ва писари бародараш Маҳмадулло -Шамсулло Соҳибов ба он тааллуқ доранд, бархӯрдор аст.
Рӯзномаи «ИмрӯзNews» бошад, ҳарчанд мустақил эълон шудааст, нашрияи наздик ба «Ориёно Медиа» мебошад, ки ҳамчунин, бинобар иттилои ғайрирасмӣ, аз ҷониби Ҳасан Асадуллозода, хусурбачаи президент Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ мешавад.
Ҳамин тариқ, дуюмин мурофиаи судӣ ва даъвои товони зарар дар як моҳ рӯи кор зад, ки аз вазъи муҳити равонӣ миёни элитаҳои ҳукмрон далолат мекунад, вале алҳол сабабу омилҳои аслӣ ва мантиқи ин даргириҳо номаълум мемонад.
http://tojnews.tj/intrigai-ruz-faiziniso-vohidova-ro-ba-sud-kashidaast