Телевизиони муштараки “Форс” Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон дуҷониба, бе иштироки Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба фаъолият шуруъ хоҳад кард.
Дар ин бора Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бинобар иттилои манбаъ, Маркази телевизиони муштараки Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолият хзоҳад кард. Аммо замони оғози фаъолияти ин шабакаи телевизиони мушатаракро раиси кумита нагуфт.
-Телевизиони «Форс» аз ҷониби Тоҷикистону Эрон таъсис дода мешавад ва айни ҳол таҷҳизоти лозима аз кишвари Эрон оварда шудааст ва корҳо барои фаъолияти шабакаи мазкур низ рафта истодааст, -гуфт Асадулло Раҳмонов.
Ва илова карод, ки Шабакаи “Форс” мебоист аз ҷониби се кишвари ҳамзабон — Тоҷикистон, Афғонистону Эрон таъсис дода мешуд. Дар якчанд ҷаласаҳои охире, ки вобаста ба фаъолияти шабакаи мазкур равона шуда буд, ҷониби Афғонистон иштирок накард ва мо — ҷонибҳо тасмим гирифтем, ки шабакаи мазкур дуҷониба таъсис дода шавад.
Ёдрас мешавем, ки тасмими таъсиси як шабакаи муштараки телевизионӣ бо номи “Форс” соли 2005 аз ҷониби роҳбарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон гирифта шуд.
Ба таъхир афтодани оғози фаъолияти ин шабака борҳо мавриди сарусадо шуда, бино ба гуфтаи коршиносон, танаффуси чандинсола дар таъсиси ин шабака ангезаи сиёсӣ доранд.