«Системи нокомили ҳимоят аз матбуъот ба афзоиши фишорҳо бар рӯзноманигорон дар Тоҷикистон мунҷар шудааст.»Ин матлаб дар баёнияи «Media Group & Mercy», як созмони ғайридавлатии рӯзноманигорон дар вилояти Суғд, ки рӯзи душанбеи 7 феврал мунташир шуд, зикр шудааст.
Ин созмон боло бурдани сатҳи тахассусии марокизи матбуъотии ниҳодҳои давлатиро аз роҳҳои ҳалли ин мушкил хонда ва гуфтааст, ки дар сурати вокуниши сареъи марокизи матбуъотӣ ба матолиби интиқодӣ мумкин аст аз ихтилофоти эҳтимолӣ ва даъвоҳои додгоҳӣ ҷилавгирӣ шавад.
Созмони «Media Group & Mercy» дар соли 2002 дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон таъсис шуда ва дар миёни созмонҳои рӯзноманигории ин кишвар то кунун чандон шинохташуда набудааст.
Зимнан, интизор мерафт рӯзи душанбеи 7 феврал дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии муқаддамотии қазияи нашрияи “ASIA-Plus” баргузор шавад. Аммо ба далели ҳозир нашудани намояндагони ҷониби муддаъӣ ин ҷаласа то ба як ҳафтаи дигар ба таъвиқ афтодааст.
Дар пайи чопи матлаби Рамзия Мирзобекова, хабарнигори “ASIA-Plus” таҳти унвони “Бозрасӣ ё истинтоқ?” дар 21 декабри соли гузашта дар мавриди истифодаи шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ Анвар Тағоймуродов, раиси Идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин нашрияро ба «таҳвину бӯҳтон» муттаҳам кардааст.
Ӯ нашрияи “ASIA-Plus”-ро ба яке аз додгоҳҳои шаҳри Душанбе кашида ва тақозои пардохти ғаромат ба миқдори 1 милюн сомонӣ ё муъодили 165.625 юруро кардааст.
Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон пештар зимни интиқод аз ин иқдоми оқои Тағоймуродов аз Додситонии кул ва ниҳодҳои дигари интизомӣ даъват карда буданд, ки ин ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор дода ва аз мавориди нақзи қавонин дар заминаи дастрасии мардум ба иттилоъот ва озодии баён ҷилавгирӣ кунанд.
Созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз низ пайгарди қазоии ин ҳафтаномаро аз ҷониби раиси Идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон маҳкум карда ва ин амалро нақзи муқаррароти байналмилалӣ ва қавонини кишвар дар бораи озодии баён талаққӣ кардааст.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110207_mm_media.shtml