Душанбе. 1-уми сентябр. TojNews — Хуршеди Атовулло — сардабири хафтаномаи «Фараж» дирӯз аз ҷониби як гурӯҳи иборат аз ҳафт тан афроди ношинос дар маҳаллаи Зарафшон мавриди латукӯб қарор гирифт. Худи Хуршеди Атовуло дар ин бора ба TojNews хабар дод.Мавсуф гуфт: «Мошине, ки пеш-пеши мо мерафт, пеши роҳи моро гирифт ва якбора ба мо ҳуҷум карданд. Дар натиҷа ду нафар аз ҳамроҳони ман ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд ва ангушти як нафари дигарро шикастанд. Айни замон ҳеҷ баҳогузорӣ карда наметавонам, ки ба чи сабаб ба мо ҳамла карданд, зеро он нафарон ба мо чизе нагуфтанд. Ҳоло тафтишот идома дорад ва ман фикр мекунам, ки ин қазия ошкор мешавад, зеро саривақтӣ ин масъаларо аз ҷониби ШКД-и Сино-2 пайгирӣ карданд. Аз ин хотир, бо умед натиҷаи тафтишотро интизор мешавам».
Қазияи латукӯби рӯзноманигор Хуршеди Атовулло, ки дар ин шабу рӯзи иди Фитр ва 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба амал омад, метавонад гумонҳоеро ба бор орад, ки озодии сухан ва ВАО дар Тоҷикистон зери суол қарор дорад. Зеро чанд моҳ пеш чунин як ҳодиса нисбати сардабири нашрияи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода низ ба амал омада буд, ҳарчанд то имрӯз гунаҳкорон ва ашхоси ба ин ҳодиса дастдошта таҳқиқ нашудаанд.
Нуриддин Қаршибоев — раиси АМВАОМТ мегӯяд, ки мавриди латукӯб қарор гирифтани на танҳо як журналист, балки як шаҳрванд дар рӯзи равшан боиси нигаронӣ аст. «Мо аз ҷониби созмони худ ва дигар шариконамон хостори онем, ки ин ҳодисаҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамаҷониба ва фавран мавриди тафтишот қарор гиранд ва гунаҳкорон бояд ҷазои худро бинанд. Худи ҳамин рӯз тасмим дорем якҷоя бо Иттифоки журналистони Тоҷикистон ва дигар созмонҳои журналистӣ як изҳороте пахш кунем ва аз ВКД тафтиши ҳамаҷонибаи ин қазияро талаб намоем. Ҳамчунин дар сурати зарурат Анҷумани мо барои Хуршеди Атовулло хизмати ҳукқуқӣ ва адвокат пешниҳод карда метавонад. Ман таъкид мекунам, ки бояд на фақат журналист, балки хама гуна шаҳрванд амнияташ таъмин бошад. Дар ҳоле, ки имрӯзҳо 20-солагии Истиқлолият аст, дар рӯзи равшан мавриди латукӯб қарор гирифтани як шаҳрванд оқибатҳои ногувор дорад».
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳодисаи латукӯб нисбати Хуршеди Атовулло якум бор нест. Худи ӯ дар ин маврид мегӯяд: «Намедонам дар 20 соли фаъолият чанд ҳолат бошад. Ҳисобашро ҳам гум кардаам. Бисёр мехостам донам, ки ба кадом хотир буд. Ҳамлаи пештар соли 1998 тавассути туфангча сурат гирифта буд. Соли 1993 низ чунин ҳамла ба ман рӯй дода буд».
Ба ҳамин сурат, озодии ВАО-ро дар Тоҷикистон имрӯзҳо бо далели ин ҳодисот наметавон мусбат арзёбӣ намуд. Ба назар мерасад, ки агар ин ҳодисаҳо ба як анъана табдил ёбанд, барои озодии сухан ва озодии ВАО хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад.
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=17545&Itemid=30