Ахиран расонаҳо, созмонҳо ва давлатҳо бар аҳаммияти интернет дар кишварҳои дорои давлатҳои худкома ва, бахусус, дастрасии мардум ба шабакаҳои иҷтимоъӣ таваҷҷӯҳ мекунанд.Ба гуфтаи таҳлилгарон, мардуми Тунис ва Миср ба ҳангоми инқилоб ба ҳадди зиёде эътирозот ва тазоҳуротро тавассути шабакаҳои интернетӣ ҳамоҳанг кардаанд.
Суръати афзояндаи густариши интернет дар кишварҳои дар ҳоли тавсеъа дар Тоҷикистон низ маҳсус аст. Аммо оморе, ки дар ин замина аз сӯйи манобеъи мухталиф ироа мешавад, мутаноқиз аст.
Омори мутаноқиз
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳояш дар авосити соли гузашта гуфта буд, ки шумораи корбарони интернет дар ин кишвар ба беш аз якуним милюн нафар расидааст.
Пас аз ин, Вазорати нақлиёт ва иртиботот эълом карда буд, ки теъдоди нафароне, ки ба интернетӣ васл ҳастанд, ҳудуди 850 ҳазор аст. Вале ахиран ин вазорат рақами корбарони интернетӣ дар Тоҷикистонро беш аз 900 ҳазор хонд.
Аз сӯйи дигар, Вазорати хориҷаи Омрико барои тавсеъаи интернет ва густариши дастрасии мардум ба интернет дар кишварҳои дар ҳоли тавсеъа ва дорои режимҳои диктотурӣ 25 милюн дулор ихтисос додааст.
Алексей Семёнов, мудири омили ширкати «MLT» дар Тоҷикистон, мегӯяд, касе омори дақиқ дар бораи корбарони интернет дар ин кишварро наметавонад бигӯяд.
Аммо вай мӯътақид аст, ки шумори корбарони интернет дар ин кишвари дорои ҷамъияти беш аз ҳафт милюн нафар ҳанӯз зери як милюн нафар аст.
Вай мегӯяд: «Ба ақидаи ман, теъдоди корбарони интернет дар Тоҷикистон имрӯз аз як милюн фаротар нарафтааст. Теъдоди онҳо чизе байни 600 то 900 ҳазор нафар аст. Вале мусаллам ин аст, ки теъдодашон басуръат боло меравад. Зеро теъдоди корбарони интернет ва мизони трофики интернетии мо ҳар моҳ даҳҳо дарсад афзоиш пайдо мекунад.»
Нархи гарон
Барои истифода аз интернет сокинони Тоҷикистон бояд чизе ҳудуди 30 дулор дар моҳ пардохт кунанд. Дар кишваре, ки маъоши мутавассит дар он 40 дулор аст, пардохти 30 дулор барои истифода аз интернет барои бисёриҳо маҳол ба назар мерасад.
Аммо Карине Аскарова, ки дар яке аз нуқоти фурӯши модемҳои интернетӣ кор мекунад, мегӯяд, ки вай ҳар рӯз дар идорааш даҳҳо нафарро ба шабакаи интернетӣ васл мекунад.
Хонуми Аскарова мегӯяд: «Ширкати мо барои пайвастан ба интернет нархномаҳои мухталифе дорад. Масалан, ҷавонон ва донишҷӯён тарҷеҳ медиҳанд таъруфаи арзонтарин, яъне 15 дулор дар моҳро, интихоб кунанд. Ба ивази ин қадар пул, онҳо метавонанд фақат дар соъоти муъайяни рӯз ва аз миқдори муъайяни килубойт аз интернет истифода кунанд.»
Ҳаитмурод Шарипов, устоди яке аз донишгоҳҳои шаҳри Душанбе аст. Вай модем харидорӣ карда, то ки ба интернет васл шавад. Ӯ мегӯяд ҳарчанд интернет арзон нест, аммо ба кори ӯ хеле кумак мекунад.
Вай гуфт: «Ман ҳоло рисолаи илмӣ менависам ва раҳбари рисолаи ман дар Маскав аст. Интернет чизи хуб аст, ки ман метавонам маводдро ба ӯ аз ин тариқ ирсол кунам ва ӯ низ ба ман аз ин тариқ посух нависад, ки ҳам вақт ва ҳам пулро сарфаҷӯӣ мекунад. Умуман имконот ва таъсири хуби интернет дар зиндагии ҷаҳони имрӯз беандоза зиёд аст.»
Ҳоло дар бархе аз амокини умумӣ дар шаҳри Душанбе, яъне қаҳвахонаҳо ва ё ҳатто фурӯдгоҳи шаҳр, сокинон метавонанд лаптопи худро бидуни харидории модем ва ё хатти интернетӣ ба интернет васл кунанд.
«Ба ҷойи китобхона»
Дар як соли ахир вожаи хориҷии Вай-Фай (Wi-Fi), унвони як системи васли бесим ба интернет, аз истилоҳоти муъмул дар миёни сокинони шаҳри Душанбе шудааст.
Бахусус, ҷавонон медонанд, ки ҷое Вай-Фай навишта шуда, он ҷо метавонанд лаптопҳои худро биёранд ва рӯшан кунанд ва ба интернети бесим васл шаванд.
Бунафша ҳамарӯза барои истифода аз интернети бесим ба қаҳвахонаи «Сегафреда» меояд. Вай мегӯяд ҳарчанд қимати қаҳва дар ин қаҳвахона гаронтар аз ҷойи дигар аст, аммо шикоят намекунад, зеро инҷо метавонад аз интернет бепул истифода кунад.
Вай як устоди забони фаронсавӣ дар донишкадаи низомӣ аст ва интернет барояш манбаъи муфиде барои пайдо кардани дастрасӣ ба адабиёти марбут ба таълими забони хориҷӣ аст.
Вай мегӯяд: «Интернет бароям тақрибан ҷойи китобхонаро гирифтааст.»
Тоҷикистон дар соли 2007 нахустин кишвар дар миёни кишварҳои мустақилли ҳамсуд буд, ки системи насли севум ё 3G-ро роҳандозӣ кард.
Ахиран ширкати «MLT» дар Душанбе истифодаи озмоишӣ аз системи Насли чаҳорум ё 4G-ро ба намоиш гузошт, ки то ҳоло чунин озмоишҳо фақат дар Русия ва Ӯзбакистон баргузор шудаанд.
Вижагии ин систем суръати бамаротиб болотари интернет аст. Маълум нест, ки ин систем кай ба бозори Тоҷикистон ворид мешавад. То ҳол ин систем танҳо дар чаҳор кишвари пешрафтаи дунё, яъне Суед, Омрико, Нурвеж ва Жопун роҳандозӣ шудааст.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110218_sq_internet.shtml