Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ эъломи ҳукми “Чархи гардун”-ро то замони судури ҳукми додгоҳи ноҳияи Бохтар дар қиболи Сайвалӣ Нуров, вакили собиқи порлумон ва шокии аслии парванда алайҳи «Чархи гардун» ба таъвиқ гузошт.Қозии парвандаи “Чархи гардун” дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гуфтааст, ки то замони эъломи ҳукми додгоҳи истинофии ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон дар қиболи Сайвалӣ Нуров, имкони эъломи ҳукми «Чархи гардун» вуҷуд надоштааст.
Муҳокимаи парвандаи “Чархи гардун” бар асоси шикояти Сайвалӣ Нуров дар тобистони соли 2010 оғоз ёфта ва шокии парванда, нашрияро дар чопи матолиби тӯҳматомез ва таҳқиркунанда муттаҳам мекунад.
Ин ҳафтанома ба ҳангоми пӯшиши хабарии муттаҳам шудани Сайвалӣ Нуров дар авбошӣ дар он замон, матлабе бо номи «Депутати авбош»-ро говсуд мекунанд?» чоп карда буд, ки унвони ин матлаб боиси хашми оқои Норов шуда буд.
Ҳарчанд Муҳаммадалии Мақсадуллоҳ, сардабири ҳафтаномаи «Чархи Гардун» мегӯяд, ки онҳо «танҳо як иштибоҳи фаннӣ» кардаанд, ки калимаи «авбош»-ро дар унвони матлаб дар дохили нохунак нагирифтаанд, «зеро он модае, ки оқои Нуров тибқи он муттаҳам шудааст, дар қонуни кайфарӣ «авбошӣ» ном гирифтааст.»
Аз сӯйи дигар Иноят Иноятов, вакили мудофеъи нашрияи “Чархи гардун” мегӯяд, ки ин қазия бояд дар чаҳорчӯби додгоҳи шаҳрвандӣ, на ҷиноӣ баррасӣ шавад.
Таърихи даъво бо «Чархи гардун»
Дар соли 2010 кормандони интизомӣ бар асоси се моддаи 237, 150 ва 112, яъне ба иттиҳоми авбошӣ, мамонеъат аз кори кумисиюни интихоботӣ ва расондани зарари ҷисмонӣ ба фарди дигар алайҳи Сайвалӣ Нуров, намояндаи қаблии порлумон, парванда боз кардаанд.
Ин парванда бар асоси шикоятии Толиб Ҳӯҷаназаров, раиси ҳавзаи интихоботӣ дар ноҳияи Бохтар, боз шуда буд. Сипас, додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ин парвандаро бидуни оғози муҳокима мутаваққиф кард.
Вале дар пойизи соли 2010 додгоҳи ноҳияи Бохтари ин вилоят, муҳокимаи ин қазияро дубора оғоз карда ва Сайвалӣ Нуровро дар авбошӣ муҷрим шинохт ва ӯро ба пардохти 17 ҳазор сомонӣ ғаромат ба суди оқои Ҳӯҷаназаров маҳкум кард.
Сайвали Нуров аз ин ҳукми додгоҳ ба додгоҳи истинофӣ шикоят бурд ва ин додгоҳ ҳанӯз ҳукми худро содир накардааст. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ эъломи ҳукми ин додгоҳро дар қиболи Сайвалӣ Нуров мунтазир ,будааст.
Дар соли 2010 шаш ҳафтанома ба додгоҳ кашида шуд ва аксари ин нашрияҳо бар асоси моддаҳои 135 ва 136 ба иттиҳоми чопи туҳмат ва тавҳин муттаҳм шуда буданд.
Дар моҳи феврали соли равон додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ нашрияи “Миллат”-ро ба чопи раддияи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва пардохти ғаромат ба ин вазорат муваззаф кард.
Бар асоси ҳукми ин додгоҳ ин ҳафтанома бояд ба Вазорати кишоварзӣ ба миқдори 1500 сомонӣ ё беш аз 300 дулори омрикоӣ пардохт кунад.
Ҳамчунин дар ин додгоҳ муҳокимаи қазияи байни нашрияи “ASIA-Plus” ва бахши ҷароими созмонёфтаи пулиси Тоҷикистон низ идома дорад.
Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва мудофеъони озодии баён зимни интиқод аз давлати Тоҷикистон борҳо хоста буданд, ки моддаҳои марбут ба «туҳмат» ва «таҳқир»-ро аз қонуни ҷиноӣ ҳазф кунанд ва ин гуна қазияҳо тибқи қонуни шаҳрвандӣ ё маданӣ баррасӣ шаванд.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/04/110426_zkh_court_massmedia.shtml