Қазияи додгоҳии “Фараж”, “Озодагон” ва “ASIA-Plus”, се нашрияи мустақилли Тоҷикистон, бо се додраси маҳаллӣ, пас аз беш аз як соли баррасӣ дар додгоҳ бо созиши тарафҳо анҷом шуд.Ҳафтаномаҳои «Озодагон», «Фараж» ва нашрияи русизабони «Asia-Plus» моҳи марти соли гузашта аз сӯйи се додрас ба тавҳин ва паст задани шаъну эътиборашон муттаҳам шуда буданд.
Он замон Нур Нуров, Улуғбек Мамадшоев ва Фахриддин Додометов, додрасҳои маҳаллӣ, пас аз чопи номае аз як вакили мудофеъ дар ин се нашрия алайҳи онҳо ба додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят бурда буданд.
Ин се додрас аз ин ҳафтаномаҳо пардохти 5,5 милюн сомонӣ ё беш аз як милюну 250 ҳазор дулор ғароматро тақозо карда буданд.
Аммо рӯзи сешанбе додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бар асоси баёноти шокиёни парванда дар бораи пас гирифтани даъвои худ ва мактуби таъаҳҳудоти тарафҳо баррасии парвандаро мутаваққиф кардааст.
Тибқи мактубе, ки шокиён ва муттаҳамони ин парванда ба имзо расонда ва ба қозии парванда пешниҳод кардаанд, тарафҳо таъаҳҳуд кардаанд, ки дигар дар оянда ҳаққи даъвои додгоҳӣ дар заминаи шикоёти парвандаи мазкурро надоранд.
Аммо ба гуфтаи Зафари Суфӣ, сардабири ҳафтаномаи “Озодагон”, яке аз нашрияҳое, ки ба тавҳин муттаҳам шуда буд, ин созиш пас аз даҳ рӯз аз эъломи он эътибори қонунӣ хоҳад ёфт.
Оқои Суфӣ аз шарҳи ин созиш дар ҳоли ҳозир худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки “ин як раванди табиъӣ буд, ки бояд сурат мегирифт”.
Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, дар вокуниш ба эъломи созиши тарафҳо дар ин парванда гуфт, ки аз анҷоми «мусолеҳаомези ин қазия мутмаин» будааст.
Вай гуфт, ки “ин танҳо роҳи боақлона ва солими анҷоми қазия ба назар мерасид” ва таъкид кард, ки баёния ва изҳори нигаронии мукаррари созмонҳои байналмилалӣ ва бархе аз сафоратхонаҳо дар мавриди ин қазия дар ҳалли ин қазия муассир воқеъ шудааст.
Вай афзуд: “Ман намегӯям, ки ин баёнияҳо ба хотири фишор овардан набуд, балки ба хотири ҳаққро ба ҳақдор расондан буд.”
Қазияи додгоҳии се нашрияи мустақилли “Озодагон”, “Фараж” ва “ASIA-Plus” танҳо яке аз парвандаҳои марбут ба расонаҳост, ки додгоҳҳои мухталифи Тоҷикистон машғули баррасии онҳо буданд.
Зимнан, гузоришҳои мухталифи кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар заминаи демукросӣ дар Тоҷикистон ҳокист, ки онҳо аз афзоиши ба додгоҳ кашидани нашрияҳои мустақил дар ин кишвар нигарон ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи сешанбеи 19 апрел ҷаласаи додгоҳи истинофӣ барои таҷдиди назар дар ҳукми додгоҳ алайҳи “Миллат”, нашрияи дигари мустақил, баргузор шуд.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар моҳи феврали соли ҷорӣ нашрияи “Миллат”-ро ба чопи раддияи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва пардохти ғаромат ба ин вазорат муваззаф карда буд.
Бар асоси ҳукми додгоҳ, ин ҳафтанома бояд ба вазорати кишоварзӣ ба миқдори 1500 сомонӣ ё беш аз 300 дулори омрикоӣ ғаромат мепардохт.
Аммо масъулони нашрияи “Миллат” ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар қиболи ин нашрияро ғайриқонунӣ арзёбӣ карда ва ба додгоҳи истинофии шаҳрӣ шикоят бурдаанд.
Аз сӯйи дигар, ҳоло қазияи дигари додгоҳии ҳафтаномаи «ASIA-Plus» низ дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе идома дорад.
Раиси собиқи бахши ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин нашрияро ба чопи матолиби таҳвиномез, ки ба эътибори ин ниҳоди интизомӣ латма зада, муттаҳам карда ва пардохти як милюн сомонӣ ғароматро аз ин нашрия тақозо кардааст.
Дар ҳамин ҳол, хабар мерасад, ки як маъмури Вазорати кишвари Тоҷикистон бо иттиҳоми “ворид кардани латма ба шаъну шараф” алайҳи нашрияи “ИмрӯзNews” ба додгоҳ шикоят бурдааст.
Ин нашрия дар истинод ба сӯҳбатҳои як ронандагон ин маъмури пулисро ба талош барои ситондани ришва муттаҳам кардааст.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/04/110419_sq_press_freedom_court.shtml