Бархӯрди нави ширкатҳои мобилӣ бо Бег Зуҳуров

Ахиран Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Интернет-провайдерони Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Президенти кишвар ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хоҳони хотима гузоштан ба дастури навбатии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Зуҳуров шуданд.Қабл аз ин сардори Хадамоти мазкур ба ҳамаи ширкатҳои таъминкунандаи алоқаи барқӣ Расонида буд, ки «бо сабаби таъмини бехатарии давлат ва ба танзим даровардани истифодабарии радиобасомадҳо ва воситаҳои радиоэлектронии ҳамаи намудҳои пайвастшавии интиқолшаванда аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз пайвастшавӣ тавассути оператори давлатӣ, набояд берун бароянд». Бо ҳамин далел Хадамот эълон дошт, ки аз 1-уми майи соли равон иҷозатҳои додашуда барои истифодабарии воситаҳои радиоэлектронии ҳамаи намудҳои пайвастшавӣ дар ноҳияҳои сарҳадӣ қатъ карда мешаванд.

Зимни муроҷиати худ намояндагони Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Интернет-провайдерони Тоҷикистон дастури навбатии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. С. Зуҳуровро, ки тибқи мактуби расмӣ аз 27-уми апрели соли 2011 таҳти №1-203 ба ширкатҳо-аъзоёни Ассотсиатсияҳо ирсол карда шуд, ғайриқонунӣ ва беасос мехонанд.

«Қарори мазкури мӯҳтарам Зуҳуров Б. С. бо вайрон намудани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Низомномаи комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо қабул шудааст, ки тибқи он чунин қарорҳо бояд дар мувофиқа бо мақомоти амнияти кишвар қабул карда шавад»,- омадааст дар муроҷиатнома.

Муроҷиаткунандагон мегӯянд, ки иқдомҳои нави Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бо сарварии Бег Зуҳуров садди роҳи инкишоф ва фаъолияти технологияи муосири амалкунанда шуда, сабаби коҳиш ёфтани буҷаи давлатӣ ва паст шудани обрӯю эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ мегардад. Онҳо бар ин назаранд, ки ҳамзамон, «пешниҳоди» Б. Зуҳуров оид ба амалӣ намудани пайвастшавӣ бо воситаи оператори давлатӣ ба он оварда мерасонад, ки дар натиҷаи зиёд шудани талаботи операторони дигар имкониятҳои техникии оператори давлатӣ кифоягӣ накарда, дар натиҷа тамоми алоқа метавонад аз кор монад ва боиси ба вуҷуд омадани зарари назаррас ба давлат ва тамоми сохторҳои он гардад.

«Чунин сиёсати Зуҳуров Б. С. ба он оварда расонд, ки имрӯз кишвари мо дар минтақа мавқеи пешсафро ҷиҳати ба маркази транзитии телекоммуникатсионӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз даст додааст. Дар натиҷа, ширкатҳои телекоммуникатсионии Афғонистон бо воситаи нахи нурӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваст шуда, кишвари мо аз фоидаи зиёди ин трафик маҳрум гардид»,- мегӯянд муроҷиаткунандагон ва хоҳиш мекунанд, ки барои дастгирии вазъи кунунии соҳаи алоқа ва инкишофи минбаъдаи он чора андешида шавад.

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14009&Itemid=30

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *