Муҳокимаи додгоҳӣ: “Мушкили хабарнигорон ё ҷалби маҳбубият”

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо қабули ду дархости намояндагони «Asia Plus» дар кори додгоҳ то рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда танаффус эълом кард.Яке аз дархостҳои ҷониби шокӣ муъайян кардани мақоми бахши мубориза бо чароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки метавонад шикоят ба додгоҳро чун ниҳоди ҳуқуқии мустақил ироа кунад, будааст.Дар ҳамин ҳол ҷониби даъво дар муҳокимаи додгоҳӣ пешниҳоди мусолиҳатомези ҳалли ин қазияро карда ва ваъда додааст, ки шарти ин пешниҳодро ба таври хаттӣ ироа хоҳад кард.

Аз сӯйи дигар Анвар Тағоймуродов, муъовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон, мегӯяд, ки вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар робита ба баёнияи ду вакили мудофеъи нашрияи “Asia Plus”, оқоён Шарифов ва Қудратов, гурӯҳи бозрасиро таъсис карда ва ин гурӯҳ машғули таҳқиқот дар мавриди баёнияи намояндагони нашрия ҳастанд.

Ҳафтаи қабл вукалои мудофеъи «Asia Plus» бо интишори як баёния эълом карданд, ки Валихон Муллоев, муъовини раиси бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорат, ба онҳо таҳдид карда ва гуфтааст, ки «онҳоро нобуд хоҳад кард.» Аммо женерол Тағоймуродов мегӯяд, ки ба ин гуфтаҳои оқоён Қудратов ва Шарифов бовар надорад.

Ба гуфтаи муъовини вазири дохила, Абдураҳмон Шарифов ва Шӯҳрат Қудратов ду корманди қаблии вазорати корҳои дохила ҳастанд, ки ба сабабҳои мухталиф аз ҷумла нақзи қавонину фаъолияти пулис аз симатҳояшон барканор шудаанд. Ва аз ин рӯ ба гуфтаи вай ин ду нафар «хусумати шахсӣ» ба кормандони вазорат доштаанд.

Вале вукалои мудофеъи нашрияи «Asia Plus» мегӯянд, ки бо хоҳиши худ фаъолият дар суфуфи пулиси Тоҷикистонро тарк кардаанд.

Дар ҳамин ҳол женерол Тағоймуродов мегӯяд, ки ҳафтаномаи “Asia Plus” аз қазияи додгоҳӣ барои боло бурдани “ҷалби маҳбубият” ба нашрия истифода мекунад.

Оқои Тағоймуродов ҳамчунин гуфт, ки ҳудуди як сол боз қазияи додгоҳӣ идома дорад ва намояндагони нашрияи “Asia Plus” амдан кори додгоҳро бо интишор додани ҳар гуна баёнияҳо ба дарозо мекашанд.

Оқои Тағоймуродов, рӯзи душанбеи 24 август дар сӯҳбат ба Би-би-сӣ гуфт: “Як сол боз ин нашрия дар саҳафоти хеш матолиби мухталиф дар ин маврид нашр мекунад ва бо истифода аз қазияи додгоҳӣ маҳбубияти худро дар миёни мардум афзоиш медиҳад.”

“Ниёз ба ҷалби таваҷҷӯҳ надорем”

Ҷониби дигари қазияи додгоҳӣ, зимни такзиби ин суханони женерол мегӯянд, ки нашрияи “Asia Plus” ниёз ба ҷалби таваҷҷӯҳи хонандагон надоштааст, зеро ин ҳафтанома бидуни он ҳам дар миёни сокинони Тоҷикистон яке аз нашрияҳои пурхонанда будааст.

Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи “Asia-Plus”, ҳамчунин мегӯяд: “Вукалои мо ҷаласаи ҳафтаи гузаштаи додгоҳро ба сабаби “нобоварӣ ба қозӣ” тарк карданд, ки тибқи қонун ин амал дуруст аст. Мо то замоне, ки додгоҳ қозии ин парвандаро иваз накунад аз ширкат дар ҷаласаҳои он худдорӣ мекунем. Зеро Сайфуддин Камолов, қозии парванда, бидуни баррасии ду дархости ҷониби мо, чаласаи додгоҳро идома додааст.”

Қазияи додгоҳии ҳафтаноми “Asia Plus” ва Женерол Тағоймуродов, яке аз парвандаҳои тӯлонитарин миёни мақоми як вазорат ва як расонаи мустақил дар Тоҷикистон дар панҷ соли ахир арзёбӣ шудааст.

Ин қазия дар пайи шикояти женерол Анвар Тағоймуродов, раиси қаблии бахши ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон алайҳи ин ҳафтанома дар авоили моҳи феврали соли 2011 оғоз шуд.

Женерол Тағоймуродов алайҳи “Asia-Plus” баъд аз чопи матлабе зери унвони «Тафтиш ё инкивизитсия (истинтоқ)?», ки дар он мавзӯъи истифода аз шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ матраҳ шуда буд, шикоят бурд.

Ин масъули вазорати кишвар нашрияи “Asia-Plus” ва Рамзия Мирзобекова, муаллифи матлабро ба «тавҳину бӯҳтон» муттаҳам кардааст. Аммо Рамзия Мирзобекова мегӯяд, ки “онҳо дар навиштани матлаб ба ҳеҷ гуна иштибоҳ роҳ надодаанд.”

Ҳарчанд оқои Тағоймуродов дар сӯҳбати имрӯзи худ ба Би-би-сӣ, мавориди вуҷуд доштани шиканҷа дар миёни кормандони ниҳодҳои интизомиро комилан такзиб накард, вале ӯ изҳор кард, ки ҳолатҳое аз шиканҷа, ки ҳафтаномаи “Asia-Plus” дар матлаби мазкур дар мавриди он навиштааст, беасос будаанд. Аз ин рӯ оқои Тағоймуродов мегӯяд, ки ба пирӯзии ниҳоди худ дар қазияи додгоҳӣ бовар дорад.

Аммо вай афзуд, ки онҳо аз рӯзҳои аввали оғози муҳокимаи додгоҳӣ ба намояндагони “Asia-Plus” ба вижа ба хонум Мирзобекова, пешниҳоди ҳалли “мусолиҳатомези” ин қазияро кардаанд.

Женерол Тағоймуродов мегӯяд, ки ин пешниҳодро онҳо дар ҳоле қабул хоҳанд кард, ки агар “ҳафтанома раддияе нависад ва дар он ба иштибоҳоте, ки дар гузориши матруҳа вуҷуд дошт, иқрор шавад.”

“Озодбаёнӣ ё иштибоҳи хабарнигор”

Аммо масъулони ҳафтанома мегӯянд, ки ин шартро қабул надоранд, зеро дар матлаби онҳо ҳеҷ иштибоҳе наомадааст.

Аз сӯйи дигар бархе аз ҳуқуқдонҳо мегӯянд афзоиши мавориди ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои хабарии мустақил ва хабарнигорон аз сӯйи иддае аз мақомоти мухталифи Тоҷикистон дар солҳҳои ахир иқдомест барои таҳти фишор қарор додани расонаҳои гурӯҳӣ дар ин кишвар.

Иноят Иноятов, ҳуқуқдони тоҷик дар мавриди қазияи додгоҳии “Asia-Plus” ва вазорати умури дохила мегӯяд: “Аризаи даъвогӣ аз оғоз то ба охир беасос аст.»

Ба гуфтаи вай зеро даъво аз тарафи шахсе шудааст, ки ҳуқуқи пешниҳоди даъворо надорад. Дар мақола, ки характери танқидӣ дошта дар он фаъолияти як ниҳоди вазорат, мавриди интиқод қарор гирифтааст, вале даъво аз тарафи шахсе ироа шудаст, ки аз назари ҳуқуқӣ дар муҳокимаи шаҳрвандӣ нодуруст аст.”

Оқои Иноятов дар мавриди афзоиши ба додгоҳ кашида шудани расонаҳо мегӯяд, ки ду сабаби аслӣ дар ин маврид мавҷуд будааст.

Вай дар мавриди аввали он афзуд: “Дар ҷомеъа, ки гуногунандешӣ ба миён омад мутаносибан интиқоди фаъоляти бархе аз мақомот ба миён меояд ва бархе аз мансабдорон ба ҷои он, ки ба ин танқид бо далелҳои ҳуқуқӣ ҷавоби рад диҳанд, хабарнигоронро бо далелҳои беасос ба додгоҳҳо мекашанд, ки қисми зиёде аз даъвоҳо дар натиҷаи баррасии додгоҳҳо рад мешаванд.”

Ҳамчунин ба гуфтаи вай, бархе аз матолиби чоп шуда ба салиқа ва маърифати хабарнигорон бастагӣ дорад ва вай афзуд, ки дар бархе маворид хабарнигор иттилоъотро ба таври дақиқ насанҷида матолибро ба нашри мерасонанд, ки боъиси даъвоҳои додгоҳӣ мешавад.

Аз сӯйи дигар бисёре аз хабарнигорон бар ин ақидаанд, ки афзоиши мавориди ба додгоҳҳо кашида шудани расонаҳо ва хабарнигорон, ба афзоиши худсонсурӣ дар фаъолияти хабарнигорон дар Тоҷикистон мунҷар шудааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/08/110822_zkh_court_massmedia.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *