Дастрасӣ ба иттилоот: комёбиҳо ва дурнамо

(ҳисобот дар бораи кори «мизи мудаввар»)

17 декабр дар Душанбе маҷлиси «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот: комёбиҳо ва дурнамо» барпо гашт. Дар муҳокимаи масоили дастрасӣ ба Интернет ҳамчун сарчашмаи алтернативии ахбор 33 нафар намояндагони ВАО, Интернет-провайдерон, операторони хизматҳои мобилӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз он ҷумла 14 нафар занон иштирок доштанд. Дар кори мизи мудаввар намояндагони ВАО маҳаллӣ ва хориҷӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ иштирок карданд.

Аз ВАО маҳаллии ҷумҳурӣ 7 нафар – се намояндаи оҷонсиҳои иттилоотӣ (ОИ «Tоjnews», АМИТ «Ховар», ОИ «Помир-Медиа»), на намояндаи ҳафтаномаҳо («Фараж» ва «Озодагон»), интернет-рӯзномаи «Рӯзгор» ва телевизиони мутсақили ТВ «СМТ» ширкат доштанд. Расонаҳои хориҷиро радиоҳои ВВС, «Озодӣ», «Стан-ТВ» ва «СА-news» намояндагӣ карданд. Ходимони Фонди ҷамъиятии ГИПИ, Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон, инчунин коршиноси байналмилалӣ – директори Маркази рушди ВАО (Булғория) Огниан Златов ба ҳайси гурӯҳи коршиносон ширкат варзиданд.

Созмонҳои маҳаллии ҷамъиятиро ТҶ «Хома», Шӯрои ВАО, Дафтар ба ҳуқуқҳои башар ва риояи қонуният, Фонди ҷамъиятии ГИПИ ва АМВАОМТ намояндагӣ карданд. Дар кори «мизи мудаввар» инчунин 6 нафар намояндагони созмонҳои байналмилалӣ – САҲА, IWPR, ИҶК Фонди «Мадад»- Тоҷикистон ва Намояндагии «Internews Network» дар Тоҷикистон ширкат доштанд. Дар маҷлис инчунин намояндагони Маркази ВАО Булғория ва Анҷумани операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон ширкат карданд.

Маҷлисро раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев ифтитоҳ намуда, арз дошт, ки чорабиниро анҷуман дар чорчӯбаи лоиҳаи «Рушди дастрасӣ ба иттилоот дар Интернет», бо дастгирии Намояндагии «Internews Network» дар Тоҷикистон ва шарикии Фонди ҷамъиятии ГИПИ, Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар Тољикистон созмон дода шуд.

— Ҳадафи чорабинӣ вусъат додани дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттилоот бо роҳи оммавӣ гардондани истифодабарии манбаъҳои Интернет дар Тоҷикистон мебошад, — зикр намуд Н.Қаршибоев.

Ӯ инчунин афзуд, ки дар чорчӯбаи лоиҳа дар мавриди дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ахбор дар тӯли 10 соли охир тадқиқот амалї шуд. Дар заминаи тадқиқот таҳти сарлавҳаи «Нақши Интернет дар дастрасӣ ба иттилоот» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ китобча таҳия карда шудааст. Барои баррасӣ намудани масъалаҳои озодии баён, аз ҷумла, дастрасии шаҳрвандон ба Интернет, дар чорчӯбаи шабакаи навтаъсиси мусоидат намудан ба озодии сухан дар Тоҷикистон — TajFEN, майдончаи мубоҳисавӣ созмон дода шуд. Инчунин саҳифаи TajFEN таҳия шуда, дар ҳудуди сомонаи www.nansmit.tj ба фаъолият шурӯъ намуд, ки он дорои RSS-лента буда, ба воситаи он барои дастрас намудан ба ахбор обуна шудан мумкин аст. Илова бар ин, намунаи сомонаи АМВАОМТ бо забони тоҷикӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки он барои васеъ шудани доираи истифодабарандагони манбаи мазкури Интернет мусоидат менамояд.

— Мо ният дорем, ки ҳам фаъол будани сањифаи дузабонаи TajFEN, ҳам намунаи тоҷикии сомонаамонро бо қувваи худамон ва бо роҳи ҷалб намудани сарчашмаҳои маблағгузор таъмин намоем, — ба суханаш афзуд Нуриддин Қаршибоев. – Зеро ҳадафи асосии лоиҳа васеъ намудани дастрасии шаҳрвандони ҶТ ба иттилоот бо роҳи оммавӣ гардондани истифодабарии манбаъҳои Интернет дар мамлакатамон мебошад.

Абдуфаттоҳ Воҳидов – ҳамоҳангсози хадамоти мониторинги АМВАОМТ дар мавриди Интернет, ҳамчун сарчашмаи алтернативии ахбор суханронӣ намуд. Тавре ӯ гуфт, Интернет дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамсоягонамон акнун суръат мегирад. Сабаби асосии аз кишварҳои дигар қафо мондани мо дар он аст, ки солҳои 90 Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуд ва татбиқ намудани технологияҳои иттилоотӣ танҳо дар анҷоми солҳои 90 асри гузашта рост омад.

Имрӯз тибқи баъзе маълумот, дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 850 ҳазор нафар одамон ё 13 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ аз Интернет истифода мебаранд.

— Бо вуҷуди он, ҳатто дар мӯҳлати нисбатан кӯтоҳи таърихии рушди Интернет дар ҷумҳуриамон аллакай чанд маротиба кӯшиши мањдуд кардани сомонаҳои интернетӣ анҷом дода шудааст, — гуфт ӯ. – Масалан, дар арафаи интихоботи президентӣ дар соли 2006 дастрасӣ ба сомонаҳоиwww.centrasia.ruwww.ferghana.ruwww.arianastorm.сомwww.charogiruz.ru ваwww.tajikistantimes.ru қатъ карда шуда буданд.

Моҳи сентябри соли 2010, вақте ки дар шарқи мамлакат дар води Рашт амалиёти низомӣ бар зидди гурӯҳҳои террористӣ оғоз шуд, ба ҳамаи провайдерони асосии Интернет амр дода шуд, ки дастрасӣ ба чанд сомонаи иттилоотӣ www.avesta.tj, www.tojnews.tj, www.tjknews.com, www.centrasia.ru ваwww.ferghana.ru маҳдуд карда шавад. Сомонаҳои мазкур дар мавриди воқеаҳои қисмати шарқи мамлакат ахбори нисбатан мустақил интишор медоданд. Вале мақомоти ҳукуматӣ сабаби асосии баста шудани сомонаҳои мазкурро номбар накарданд. Овозаҳое паҳн гашт, ки гӯё фаъолияти сомонаҳои мазкур бо сабабҳои техникӣ маҳдуд карда шудааст.

Асомуддин Атоев, мушовири Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон аҳамияти технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсиониро дар ҳаёти ҷомеа қайд намуд. Ӯ аз ҷумла дар бораи бартариҳои Интернет ва технологияҳои мобилӣ дар рушди қобилиятҳои эҷодкорӣ суханронӣ намуд.

— Технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ ҳамчун платформа барои рушди мамлакати дар марҳилаи тараққӣ ва гузариш қарордошта як қатор бартариҳоро муҳайё мегардонад, — гуфт ӯ. – Масалан, онҳо ҷараёни мутобиқ гардондани технологияҳои мавҷудаи ҳалли вазифаҳои маҳаллӣ, инчунин ба вуҷуд овардани технологияҳои навро осон мегардонанд. Бозори технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ барои нишон додани аҳамияти истифодаи технологияҳои нав ҳам барои рушди инфрасохторҳои дастрасӣ ба Интернет, ҳам барои телефонияи мобилӣ мисоли хуб мебошад. Бо вуҷуди он, ки технологияи GSM алоқаи мобилӣ дар мамлакат танҳо дар соли 2000 шурӯъ шуда буд, вале афзоиши рақобат ба он оварда расонд, ки технологияҳои пешқадами амсоли 3G, 3.5G ва 4G мутобиқан дар солҳои 2005, 2008 ва 2010 татбиқ карда шуданд. Инчунин баъд аз он, ки яке аз ширкатҳои ватанӣ — Babilon-M технологияи 5G-ро таҳия намуда патент гирифт, Тоҷикистон ба ватани технологияи 5G табдил ёфт.

Иқтидори эҷодии истифодабарандагони бозори Технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ дар масъалаи истифодабарии бартариҳои технологияҳо барои ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нисбат ба бозори Технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ ва як қатор таъминкунандагони хизматҳо дар амал бештар зуҳур меёбад. Бо назардошти дастовардҳои бозори ватанӣ технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ ва маҳдудиятҳои мавҷуда дар он ду модели рушди минбаъдаи онро номбар намудан мумкин аст:

1. Модели ниёзмандӣ ба рушд, ки алоқмандии мамлакатро ҳамчун истифодабаранди мамлакатҳои истеҳсолкунандаи технологияҳо пурзӯр мегардонад. Истифодаи худсаронаи технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ ва танзими ношаффофи бозор ба чунин дурнамо мусоидат менамоянд.

2. Модели эҷодкоронаи рушд, ки ҳангоми он мамлакат ба хаби минтақавии тронзити сели иттилоот ва маълумот табдил меёбад. Дарки истифодабарии Технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ ва танзими шаффофи бозори технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ бо назардошти манфиатҳои муназзами давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон баро чунин рушд мусоидат мекунанд.

Дар суханронии худ ҳамоҳангсози барномаҳои тадқиқотии АМВАОМТ Нодира Раҳмонбердиева дар мавриди тадқиқоте суханронӣ намуд, ки он аз ҷониби Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон моҳҳои октябр-ноябри соли 2010 бо дастгирии Намояндагии «Internews Network» созмон дода шудааст. Мақсади тадқиқоти мазкур муайян намудани андешаи намояндагони ВАО оид ба манбаъҳои Интернет мебошад, ки дастраскунандагони гуногуни дар ҳудуди Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Қайд гардид, ки 79,6 фоизи пурсидашудагон Интернетро сарчашмаи алтернативии ахбор ҳисоб мекунанд. Вале як ҳиссаи пурсидашудагон қайд намудаанд, ки Интернет фақат ба табақаи алоҳидаи аҳолӣ дастрас мебошад. Сокинони пойтахт нисбат ба сокинони минтақаҳое, ки камбуди барқ эҳсос мегардад ва суръати Интернет суст асту аҳолӣ барои истифодаи хизматҳои шабака имконият надорад, дар вазъи нисбатан мусоид қарор доранд.

Дар бораи истифодабарии сомонаҳои мақомоти давлатӣ пурсидашудагон қайд намуданд, ки онҳо асосан барои худнамоӣ таҳия карда шудаанд ва ахбори дар чунин сомонаҳо гузошташуда кӯхна буда, рӯзмарра нест.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, директори Фонди ҷамъиятии ГИПИ зимни суханрониаш дар мавзӯи «Рушди ҳукумати электронӣ ҳамчун омили муҳими дастрасӣ ба сарчашмаи ахбор» дар бораи усули дастрас намудани ахбор ва расондани хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, бизнес ва дигар шохаҳои ҳокимият ва мансабдорони давлатӣ ба воситаи ҳукумати электронӣ гуфтугӯ намуд. Ӯ қайд намуд, ки робитаи байни давлат ва аризидиҳанда то ҳадди ниҳоӣ ночиз буда, имконияти истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ба таври максималӣ зиёд аст.

— Ҳукумати электронӣ илова ё намунаи ҳукумати анъанавӣ набуда, танҳо як усули ҳамкорӣ мебошад, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар заминаи фаъолона истифодабарии технологияҳои коммуникатсионӣ аст, — зикр кард ӯ.

Барои ба вуҷуд овардани бахшҳои ҳукумати электронӣ татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ намудани низоми бақайдгирии ашхони ҳуқуқї «Равзанаи ягона», бо мақсади ба ҳам пайваст намудани ҳамаи вазоратҳо ва идораҳо дар тањияи шабакаҳои нақлиётӣ дар ҳудуди Душанбе идома доранд.

Дар назди раёсати хизмати давлатӣ низоми иттилоотии оид ба сабти ном кардани хизматчиёни давлатӣ, дар назди Вазорати молия ва Хадамоти гумрук бошад системаҳои корпоративии иттилоотӣ барои автоматӣ кунондани ҷараёнҳои бизнес ва пайваст намудани ҳамаи сохторҳои дурдаст ва дар дурнамо муттамарказ гардондани муносибатҳои байниҳамдигарии идораҳо ба вуҷуд оварда мешавад.

Тибқи суханони Ибодуллоев, 60 фоизи мақомоти давлатии сатҳи ҷумҳурӣ сомонаҳои интернетӣ доранд, ки онҳо дар ибтидо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ таҳия карда мешаванд. Вале баъд аз гузаштани чанд муддат танҳо як забони онҳо боқӣ мемонад. Илова бар ин, ҳангоми анҷом додани таҳлил муайян гашт, ки ба ғайр аз дастрасии ахбор ва дилкашии ороиши сомонаҳо, инчунин ба масъалаҳои рӯзмаррагии иттилооти дар сомонаҳо гузошташаванда аҳамият додан зарур аст.

Парвина Ибодова – раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар бораи нақши Интернет-сервис провайдерон барои васеъ намудани дастрасӣ ба иттилоот сухан ронд. Вай таъкид намуд, ки Анҷуман созмони ғайритиҷоратии ҷамъиятӣ асту дастраскунандагони ватании хизматрасониҳои Интернетро барои ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсии онњо, инчунин рушди бозори шаффоф ва рақобатпазир муттањид менамояд. Онҳо ва бо мақсади ҳаллу фасл намудани мушкилоти соҳа ва нисбатан самаранок истифода бурдани имкониятҳои технологияҳои рақамии дар шабакаи ҷаҳонӣ љадал менамоянд.

— Анҷумани дастраскунандагони Интернет соли 2004 таъсис ёфта, имрӯз ба он ширкатҳои амсоли Вавилон-Т, Интерком, Истэра, анҷумани ТАРЕНА аъзо мебошанд, — гуфт П.Ибодова.- Ҳамаи ширкатҳо ва ташкилотҳои мазкури аъзои Анҷуман дар бозори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии фаъолият карда, ба ғайр аз фаъолияти тиҷоратӣ ба расондани хизматҳо ва амалї намудани лоиҳаҳои иҷтимоӣ фаъолона машғул мебошанд.

Ибодова қайд намуд, ки дар Тоҷикистон, бо мақсади рушди самарнок технологияҳои пешқадаме истифода мешаванд, ки аксарияти онҳоро худи ширкатҳои Тоҷикистон таҳия намуда, дар амал татбиқ кардаанд.

— Ҳамин чиз гувоҳ аст, ки мо аз сатҳи истеъмолкунандагон ба сатҳи истеҳсолкунандагон баромадаем, — қайд намуд раиси Анҷуман. — Анҷумани дастраскунандагони Интернет ҳамчун шабакаи шарики таъминкунандагон ва таҳиякунандагони хизматҳо ва технологияҳои шабакавӣ эътимод дорад, ки технологияҳои рақамӣ, ки Интернет ҳамчун сохтори ноқили онҳо хизмат мекунад, дорои иқтидори раҳондани мамлакат аз тангнои ҷуғрофӣ ва ба минтақаи транзитӣ табдил додани кишвар мебошад. Бо мақсади истифода бурдан ва бо ҳамин васила афзун гардондани иқтидори мазкур, ба иштирокчиёни бозор зарур аст, ки фаъол бошанд, — қайд намуд ӯ.

Коршиноси масоили расонаҳо аз Булғория Огниан Златев дар мавриди таҷрибаи Булғория барои вусъат додани дастрасӣ ба Интернет суханронӣ намуд. Вай дар бораи зарурати танзим кардани мӯҳтавои Интернет сухан гуфт. Ба андешаи Златев, масъалаи мазкур дар робита ба сомонаҳои самти фаҳши хусусан кӯдакона дошта рӯзмарра мебошад. Ӯ инчунин қайд намуд, ки дар байни коршиносони воситаҳои ахбор ва журналистони Булғория ҳанӯз ҳам дар бораи тарзи танзим намудани мӯҳтавои Интернет андешаи якхела мавҷуд нест. Ба андешаи ӯ, роҳи ҳалли кӯтоҳмуддати масъалаи мазкур худтанзимкунии ахлоқии амсоли дар воситаҳои чопии ахбор роиҷбуда, инчунин шаклҳои гуногуне буда метавонанд, ки дар баъзе давлатҳо, ба монанди Шӯрои оид ба ВАО дар Тоҷикистон, амал мекунанд.

— Худтанзимкунӣ дар Интернет барои саҳеҳӣ ва мӯҳтавои ахлоқии сомонаҳо, махсусан сомонаи рӯзномаҳо ва оҷонсиҳои иттилоотӣ аҳамият дорад, — қайд намуд О.Златев.

Дар хотимаи маҷлис ширкаткунандагони «мизи мудаввар» баъди муњокимаи вазъи татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба иттилоотро, ки моддаи 19 Эъломияи ҳуқуқи башар, Пакти Байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории ҶТ кафолат додаанд, платформаи ҳамкориашонро муайян намуда Ёддошти тафоҳум қабул карданд. Дар Ёддошти ҳусни тафоҳум масоили зарурати минбаъдаи вусъат додани дастрасӣ ба Интернет, муборизаи ҳамаҷониба бо ҳодисаҳои ғайриқонунӣ маҳдуд намудани дастрасӣ ба манбаъҳои Интернет, рушди он-лайнжурналистика, аз он ҷумла блогинг, васеъ намудани мундариҷаи ватанӣ дар Интернет ва дигар масоили муҳим қайд гаштааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *