Тавсеъаи дастрасӣ ба интернет дар навоҳии Бадахшон

Бисёре аз навоҳии дуруфтодаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон барои бори аввал дар таърих ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ пайдо кардаанд.

Дар ин бора ба Би-би-сӣ Латиф Окимбеков, як масъули бахши тавсеаи интернет дар Бадахшон аз «Тоҷиктелеком», ширкати давлатии фароҳамгари интернет, иттилоъ дод.

Оқои Окимбеков гуфт, ки ҳамакнун дар қаламрави вилояти Бадахшон ба иловаи шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят, сокинони навоҳии Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз ва Ишкошим низ имкони истифода аз интернетро пайдо кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, қабл аз ҳама, кофеҳои интернетӣ дар марокизи ин навоҳӣ ифтитоҳ шудаанд. Вай мегӯяд ҳоло сокинони деҳоти дурдаст имкон доранд ҳам аз тариқи телефуни хонагӣ ва ҳам тавассути иртиботи бесим бо флэш-кортҳо аз интернет истифода кунанд.

[b]Хутути фибернурӣ[/b]

Латиф Окимбеков мегӯяд чунин дастрасӣ тавассути кашидани хутути фибернурӣ (оптико-волоконная линия) аз шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ба навоҳии мухталифи Бадахшон имконпазир шудааст.

Агар дар Ишкошим сим канда шавад, мо маҷбурем рӯзҳо мунтазири мутахассисон ва таҷхизот аз Душанбе бимонем.

Ба гуфтаи вай, тобистони гузашта кашидани ин хутут аз Душанбе то бисёре аз нуқоти дурдаст анҷом шудааст. Ҳадафи аслӣ аз интихоби хатти фибернурӣ таъмини иртиботи телефунии бокайфият ва интернет барои сокинон дар саросари вилоят будааст.

Носиралӣ Алибердиев, як масъули бахши «Амонатбонк» дар ноҳияи Роштқалъа, мегӯяд бо арзи вуҷуд кардани интернет дар минтақа теъдоди муштариёни ин бонк афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло бештари сокинони ин ноҳия барои гирифтани пуле, ки наздиконашон ҳар моҳ аз Русия ва дигар кишварҳо интиқол медиҳанд, фарсахҳо фосиларо барои рафтан ба шаҳри Хоруғ тай намекунанд.

Онҳо имкон пайдо кардаанд тавассути шабакаҳои интернетии интиқоли пул ин маблағҳоро баъди як соъат дар ноҳияи худ дастрас кунанд.

Аммо Шарифа Паҳлавонова, як шогирди мактабе ҳамагонӣ аз ноҳияи Ишкошим, гуфт интернете, ки дар ҳоли ҳозир аз тариқи телефун ироа мешавад, кайфияти хуб надорад ва кор бо он мушкил аст. Ӯ гуфт лаҳзаҳои тӯлонӣ мунтазир бояд буд, то сафҳаҳои интернетӣ боз шаванд.

Хонуми Паҳлавонова мегӯяд ба иловаи ин, иртибот бо интернет зуд-зуд қатъ мешавад ва имкон намедиҳад, ки сокинон аз шабакаи ҷаҳонӣ ба таври муносибе баҳра баранд.

[b]Иртиботи бидуни сим[/b]

Ба гуфтаи Латиф Окимбеков, мушкили аслие, ки имрӯз вуҷуд дорад, ин зуд-зуд канда шудани сими фибернурист. Вай мегӯяд: «Ин сим дар фосилаи беш аз 500 килуметр аз Душанбе ба Хоруғ, маркази вилоят, ва аз Хоруғ дар тӯли садҳо килуметр ба ноҳияҳо кашида шудааст.»

Дар ин масир ин хат аксаран аз дараҳо, шахҳо ва роҳҳои душворгузар мегузарад. То ба ҳол чандин маротиба канда шудани ин сим бар асари сангчарх, тарма ё ярч ба мушоҳида расидааст.

«Барои дубора пайваст кардани ин хутути фибернурӣ таҷҳизоти махсус лозим аст, ки дар Бадахшон то ҳол вуҷуд надорад. Агар дар Ишкошим сим канда шавад, мо маҷбурем рӯзҳо мунтазири мутахассисон ва таҷхизот аз Душанбе бимонем.»

Ба андешаи Раҳимбек Бобоев, як муҳандиси иртибототи телефунии бесим аз ширкати «Tcell», дар Помир ё Бадахшон кашидани сими фибернурӣ, ки дар чорчӯби як барномаи давлатӣ иҷро мешавад, ҳадафи хубест.

Вале бо назардошти он ки Бадахшон минтақае кӯхистонист, иҷрои чунин барномаҳо хеле гарон меуфтад. Ба андешаи оқои Бобоев, дар замони ҳозир дар манотиқи кӯҳистонӣ бояд иртиботи рақамӣ ё диҷитолии бесим бештар тавсеъа дода шавад, зеро он орӣ аз бисёр масрафот аст.

Вале аз сӯйи дигар, масъулони ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» дар сӯҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки анқариб хатти фибернурӣ то кӯтал ё гарданаи Кулма, нуқтаи охирини марзи Тоҷикистон бо Чин дар қаламрави Мурғоб, ноҳияи дурдасттарини Бадахшон, бурда шудааст.

Онҳо мегӯянд дар ҳоли ҳозир дар сатҳи баланд бо давлати Чин дар мавриди минбаъд аз ин кишвар ворид кардани трофик ё манбаъи интернет ба Тоҷикистон гуфтушунид идома дорад. Масъулони ин ширкат нисбат ба ҳалли ин масъала хушбинанд ва мегӯянд, ки шояд соли оянда ин масъала ҳалли худро пайдо кунад.

Масъулони «Тоҷиктелеком» гуфтанд ҳамакнун давлати Тоҷикистон ба интернет аслан тавассути ширкатҳои миёнарави Русия, Ӯзбекистон ва баъзе аз давлатҳои Урупо пайванд мешавад.

Мустақиман гирифтани интернет аз Чин, ба ақидаи масъулини «Тоҷиктелеком», мӯҷиби бамаротиб паст рафтани нархи истифода аз интернет ва хеле боло рафтани кайфияти он хоҳад шуд.

[b]Суръати пойин[/b]

Ба гуфтаи Раёсати иртибототи вилояти Бадахшон, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин вилоят як ширкати давлатӣ, яъне «Тоҷиктелеком» ва чаҳор ширкати саҳомиву хусусии «Tcell», «MLT», «Babilon-T», «Telecom Technology» хадамоти интернетӣ фароҳам мекунанд.

Панҷ моҳ аст, ки мо аз хадамоти ин ширкат бархӯрдорем. Вале мо ягон рӯз бо он суръате, ки дар қарордод зикр шудааст, кор накардаем
Бархе аз ширкатҳои бузург ва созмонҳои имдоди байналмилалӣ барои дарёфти интернет аз онтенҳои хусусӣ истифода мекунанд. Мардум имкон дорад дар хонаҳояшон ҳам аз тариқи сими телефун ва ҳам бо роҳи насби флэш-корт ба интернет дастрасӣ пайдо кунанд.

Аммо то ба ҳол дар бораи кайфияти ироаи интернет дар Бадахшон муштариён суолҳои зиёде доранд. Дилафрӯз Қушбегӣ, масъули як нашрияи мустақил дар Бадахшон, мегӯяд ин нашрия барои дарёфти интернет бо намояндаи ширкати «Babilon-T» дар Тоҷикистон қарордод бастааст.

Вай афзуд: «Панҷ моҳ аст, ки мо аз хадамоти ин ширкат бархӯрдорем. Вале мо ягон рӯз бо он суръате, ки дар қарордод зикр шудааст, кор накардаем. Суръати воқеъии интернет нисбат ба он шуморае, ки дар қарордод сабт шудааст, бамаротиб пойинтар аст.»

Мавҷуд набудани кунтрул ё назорат бар кайфият ва суръати интернет дар Бадахшон яке аз мушкилоти аслӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамроҳ Саъдоншоев, як донишҷӯйи Донишгоҳи шаҳри Хоруғ, мегӯяд: «Ман дар ҳоли ҳозир дар як сабқати интернетии ҷаҳонии донишҷӯён ширкат мекунам. Ман ба маркази интернет омада, соъатҳо мешинам ва пули зиёде сарф мекунам. Вале кореро, ки аз тариқи интернет иҷро карда метавонам, маро қонеъ намекунад.»

Бисёре аз муштариёни интернет дар Бадахшон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар тӯли чанд соли ахир нархи истифода аз ин шабака паст намешавад ва кайфияти он ҳам боло намеравад.

Бар асоси иттилоъи масъулони Раёсати иртибототи Бадахшон, дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Хоруғ панҷ марказ ё кофеи интернетӣ вуҷуд дорад. Теъдоди ин марокиз дар тӯли чанд соли ахир тақрибан зиёд нашудааст.

[b]Нархи гарон[/b]

Орзу, як сокини шаҳри Хоруғ, гуфт, ки соле пеш бо даҳ компютер як маркази ироаи интернетро ифтитоҳ кард. Вале ба сабаби хеле пойин будани суръат ӯ тамоми муштариёнашро аз даст додааст.

Ӯ мегӯяд тамоми трофики вурудӣ ба Бадахшон аз марказҳои интернетӣ дар пойтахт кунтрул мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ин марокиз бештари вақт суръати дар қарордод зикршударо кам мекунанд ва то ба ҳол меконисми дуруст ва мустақилли назорат бар суръати интернет ба вуҷуд наомадааст.

Латиф Окимбеков, намояндаи ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» дар Бадахшон, мегӯяд аксари марокизи интернетӣ дар Бадахшон барои наёвардани суд зуд баста мешаванд.

Қимати истифода аз интернет дар шаҳри Хоруғ дар ҳоли ҳозир аз 3 то 4 сомонӣ дар соъат аст. Ин дар ҳолест, ки Бадахшон, тибқи омори расмӣ ва созмонҳои имдодӣ, фақиртарин вилояти Тоҷикистон маҳсуб шуда, мизони бекорӣ дар ин минтақа ҳудуди 80 дарсадро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи масъулони марокизи интернетӣ дар Бадахшон, қисмати аслии корбарони интернет дар минтақаро афроди аз 15 то 45-сола ташкил медиҳанд. Инҳо аслан ҷавононе ҳастанд, ки донишҷӯ ё корҷӯянд ва нархи интернет барояшон гарон аст.

Нахустин бор дар вилояти мухтори кӯҳистонии Бадахшон шабакаи ҷаҳонии интернет дар соли 1995 пайдо шуд. Интернет дар ин минтақаро созмонии имдодии мавсум ба «CADA» ташкил дод. Вале тавассути он фақат аз почтаи электрунӣ мешуд истифода кард.

Соли 1998 якумин фароҳамгари интернет дар Бадахшон ширкати «Телеком Текнулужӣ» буд. Аз соли 2000 бад-ин сӯ ширкатҳои дигар низ ба фаъолият шурӯъ кардаанд.
Вале кайфият ва суръати интернет дар Бадахшон ба бозсозиву бознигариҳои ҷиддие ниёз дорад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101224_ea_qa_badakhshan_internet.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *