11 март, Рузи матбуоти Тоҷикистон ба мо имконият медиҳад то дар бораи чолишҳое, ки рӯзноманигорони саросари ҷаҳон рӯ ба рӯ мешаванд, андеша кунем. Рӯзноманигорони мустақили Тоҷикистон бо майлу рағбати худ ба рӯшани андохтан ба масъалаҳои мубрами ҷомеа фарқ мекунанд. Дар тӯли 20 соли истиқлолияти Тоҷикистон хабарнигорони тоҷик лаҳзаҳои ҷангу сулҳро мустанад карданд, масоили иҷтимоию иқтисодиро таҳқиқ мекарданд ва аҳли ҷомеаро аз ҳодисаҳои сиёсӣ воқиф менамуданд. Аксари онҳо ҷасурона мавзӯъҳоеро бардоштанд, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон аҳамияти калон доштанд.
Кори хабарнигорони мустақили Тоҷикистон ба мо аз нақши муҳими воситаҳои ахбори умум дар рушди ҷомеаҳои солиму огоҳ, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки воситаҳои ахбори умуми он ба шаҳрвандон ва масъулини ҳукумат минбарерро барои мубодилаи иттилоот ва афкор фароҳам меоранд ва онҳоро ба мунозираи солим ҷалб менамоянд, ёдовар мешавад. Ислоҳоти Якуми Конститутсияи Иёлоти Муттаҳида қонунҳоеро, ки озодии суханро маҳдуд мекунанд, манъ мекунад ва ҳамин тариқ рӯзноманигорони амрикоиеро, ки роҳбарони сиёсии моро, аз ҷумла то ба сатҳи Президент ва худи онро зери танқид мегиранд, ҳимоя мекунад. Гузоришдиҳии ҷасурона ва мустақил ҳукумати моро бо ҷомеаи мо мепайвандад. Рӯзноманигороне, ки масъалаҳоро ошкор мекунанд ва афкори аҳли ҷомеаро нисбати онҳо пешкаш менамоянд, ба роҳбарони мо иттилоотеро дастрас менамоянд, ки онҳо метавонанд барои ҳалли беҳтари масъалаҳои мубрами интихобкунандагони худ истифода баранд.
Рӯзноманигорони ИМА дар рушди давлати мо нақши марказиро мебозанд. Онҳо фасоди ҳукумати моро фош мекунанд, сӯйъистеъмолҳо аз мансабро мустанад мекунанд ва ба сиёсати давлатӣ таъсир мерасонанд. Гузоришҳои мустақими хабарнигорони амрикоӣ аҳли ҷомеаро аз ҷанги Ветнам ва Ҳаракати ҳуқуқҳои гражданӣ воқиф намуда онро ба фишороварӣ ба ҳукумат ҷиҳати тағйир додани сиёсати худ ҳидоят намуданд. Дар солҳои 1970 хабарнигорони ҷасур сӯйъистеъмолҳо аз мансабро дар Қасри сафед ошкор намуданд, ки ин боиси истеъфои Президент Никсон гардид. Мансабдорон танқидро дӯст намедоранд, аммо додгоҳҳои мо мунтазам аз ҳуқуқҳои хабарнигорон ба гузоришдиҳӣ ва танқиди амалҳои ҳукумат пуштибонӣ мекунанд. Хабарнигорони амрикоӣ кори масъулини давлатӣ ва ходимони ҷамъиятиро мунтазам бе ҳарос аз даъвоҳои судӣ ва таъқибкунӣ зери танқид мегиранд. Мо мутмаинем, ки чунин фазои озод барои мунозираҳои озод муҳити солимеро фароҳам меорад ва барои ибрози манфиатҳои ҷомеа манбаъи созандагиро таъмин мекунад.
Тибқи таҷрибаи мо хабарнигорон дар назорат, пурсиш ва гузоришдиҳӣ дар бораи фаъолияти ҳукумат, фошкунии қонуншиканиҳои эҳтимолӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани мансабдорон барои амалҳои онҳо нақши муҳим мебозанд. Соли 1997 хабарнигорони шаҳри Ню-Йорк ҳодисаи зишти ваҳшонияти кормандони пулисро нисбати муҳоҷири Ҳаитии Абнер Луима сабт карда буданд. Рӯзноманигоре, ки дар ин бора мақолае ба табъ расонд барои шарҳи мумтози ҳамлаи мазкур ба Ҷоизаи Пулитсер ноил шуд. Кормандони гунаҳкори полис боздошт шуда барои амалҳои худ маҳкум шуда буданд. Асосан ба шарофати кори хабарнигороне, ки аҳли ҷомеаро аз рӯйдод воқиф сохтанд, сардори кормандони полис ба 30 соли маҳбас маҳкум шуда буд. Аммо якчанд мавридҳое низ ҷой дошта буданд, ки масъалаҳое, ки дар воситаҳои ахбори умум пахш шуда буданд аз ҷониби мақомоти давлатӣ рад шуданд ва расонаҳои хабарӣ гузоришҳои пештараи худро ислоҳ карданд. Ин гуна ҳодисаҳо дар мавридҳои кам то додгоҳ расонида мешаванд. Ҳукумати мо дарк кардааст, ки барқарор намудани робитаҳои зичи мақомоти давлатӣ бо воситаҳои ахбори умум ва доштани кормандони мутахассиси робитҳо бо ҷомеа, ки хабарнигоронро бо иттилоот дар бораи фаъолияти онҳо таъмин мекунанд, ҳам ба манфиати аҳли ҷомеа ва ҳам ба манфиати худи он аст.
Кори хабарнигорон ҳеҷ гоҳ осон нест. Чун соли 2010 Котиби давлатӣ Клинтон ба муносибати Рӯзи байналмиллалии озодии воситаҳои ахбори умум қайд кардааст, «хабарнигорони ҷасури саросари ҷаҳон баҳри таъминнамоии иттилооти озод дар бораи амалҳои ҳукумат ва оқибатҳои онҳо, гузоришдиҳӣ аз минтақаҳои зимни низоъ қарор дошта, фошкунии ҷиноёт, фасод ва қонуншиканиҳо ва ошкоркунии мавридҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон – ин ҳама дар мавридҳои алоҳида бо вуҷуди кӯшишҳои ҳукуматҳо ва ҷонибҳои дигар ҷиҳати назорат аз болои он чизе ки одамон мехонанд, мешунаванд ва фикр мекунанд, озодӣ ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.»
Дар Тоҷикистон, хабарнигорони мустақил сарфи назар аз рӯ ба рӯшавӣ бо аксари ин чолишҳо дар бораи масъалаҳои муҳим гузориш медиҳанд. Ба расонаҳои чопӣ хадамотҳои хабарии электронӣ, блогҳо ва форумҳои интернетӣ ҳамроҳ шуданд. Фишороварӣ ба хабарнигорон фазои тарсу ваҳмро ба вучуд меорад, ки боиси худдории онҳо аз интишори маводҳои муҳим аз тарси он мешавад, ки онҳо ё расонаҳои хабарии онҳо мавриди ҷазо қарор мегиранд. Ба аҳли ҷомеа он вақт хизмати беҳтар расонида мешавад, ки мансабдорон дар мавриди асоснокии масъалаҳои дар расонаҳои хабарӣ бардошташуда тадбирҳои ислоҳӣ андешанд то онҳоро ҳал намоянд. Ин беҳтар аз истифодаи системаи судӣ барои тарсонидани хабарнигорон ва фурӯ нишондани паҳншавии иттилоот аст.
Мо итминон дорем, ки барои тақвияти расонаҳои мустақили хабарӣ ҳукумат бояд ба масъулин ва шаҳрвандони худ паёми возеҳ фиристад, ки фишороварӣ ба хабарнигорон ва расонаҳои хабарӣ номақбул аст ва таҳаммул карда намешавад. Таҷрибаи мо нишон медиҳад, ки воситаҳои ахбори умуми мустақили нерӯманд, ки дар гузоришдиҳӣ дар бораи фаъолияти ҳукумат озоданд, қисми таркибии ҳаётан муҳими пешбарии инкишофи ҷомеаи солим, демократӣ, боадолат ва аз ҷиҳати иқтисодӣ нерӯманд мебошад. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо ҳукумат, ҷомеаи воситаҳои ахбори умум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри таҳкими воситаҳои мустақили ахбори умум дар Тоҷикистон астем.
[b]Кен Гросс
Сафири ИМА дар Тоҷикистон[/b]
Источник: