[b]Сӯҳбати интернетии раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мутақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев бо хонандагон дар коргоҳи cомонаи интернетии «ТojNews.tj»[/b]
[b]#1 Nazir 04.03.2011 02:59[/b]
[b]Мухтарам раис! Чаро рузномахои мусаткилро хукуматдорон инкадар бад мебинанд? Охир ин нашрияхо набошанду кам-кам конунвайронкуни хои мансабдоронро ошкор накунанд, Точикистон дар дами фасод фуру меравад. Чаро рузномахои ошкорбаён умри кам доранд?[/b]
— Бад дидан ё нағз дидан аз ҷониби мансабдорони мақомоти давлатӣ ин кори шахсии онҳост, вале ҳамчун ашхосе, ки аз ҳисоби андозсупорандагон маош мехӯранд, бояд ба назари интиқодии нашрияҳои мустақил ботаҳаммул бошанд. Кӯтоҳумрии рӯзномаҳои ошкорбаён омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Як сабаби он инъикоси мавзӯҳои марбут ба мубориза алайҳи фасод дар ҷомеа мебошад.
[b]#2 Дилноза 04.03.2011 03:02 1.
Мегуфтед, ки мушкили асосии рузноманигорон айни замон чист?
2. Шумо барои машварату корхои анчомдодаатон аз журналистон маблаг мегиред?
3. Шумо журналисти варзида хастед. Чаро рузномаи хуро таъсис намедихед?[/b]
— Мушкили асосии рӯзноманигорон пайдо кардани ҷойи кори муносиб ва маоши арзандаю кофӣ аст. Дар сурати мавҷуд будани чунин имконот дигар мушкилоте аз қабили касбият, маърифати ҳуқуқӣ, таъмини амнияти фаъолияти касбӣ батадриҷ ҳалли худро меёбад.
Мо барои машварату кӯмак ба рӯзноманигорон аз онҳо маблағ намеситонем. Ин корҳо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаҳо ва фаъолияти Анҷуман анҷом дода мешаванд. Дар Анҷуман ҳаққулузвият ҷорӣ карда шудааст, ки аз даҳ як ҳиссаи хароҷоти созмонро мепӯшонад.
Ҳангоми ба Раёсати анҷуман пазируфта шуданам чунин тасмим гирифта будам, ки ба дигар аъзои анҷуман рақобат эҷод намекунам. Бинобар ин, ман нияти таъсиси ягон нашрияро надорам.
[b]#3 Шер 05.03.2011 14:29
Субх ба хайр!
Мухтарам Нуриддин Каршибоев! Ман пешниход доштам ки агар як журналисти рус ба кор даъват мекардед, онхо кори шуморо осон ва кушод мекарданд! Зеро онхо дар ин кор тачриба доранд ва аз хеч чиз наметарсанд ба гайр аз конун!
Мувафакият ба шумо![/b]
— Дар кишвари мо низ рӯзноманигорони варзида ҳастанд ва ҳоҷат ба даъват кардани журналисти рус нест.
[b]#4 BUZURGVOR 07.03.2011 06:24
Устод оё дар Точикистон озодии баёну андеша хаст? Агар бошад чи тавр? Агар набошад, пас Фишор овардан ба нашрияхои Фараж,Озодагон, Пайкон, Азия-плюсро чи метавон ном бурд?[/b]
— Дар Тоҷикистон озодии баёну андеша ҳаст, вале он бештар дар ҷомеа ва камтар дар ВАО ба назар мерасад. Ман орзу дорам, ки озодии баён дар ВАО бо назардошти ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон тавсеа ёбад. Фишор ба нашрияҳои мустақил кӯшиши маҳдуд намудани озодии ВАО аз ҷониби баъзе аз мансабдорон буда, он ба манфиати давлату ҷомеаи Тоҷикистон нест.
[b]#5 Фирдавс, Кулоб 07.03.2011 06:30
Акаи Нуриддин, барои чи рузхои охир фишор болои матбуоту расонахои гайридавлати бисёр шудааст? Метавон гуфт дар инчо Хукумат дахолат дорад? Худи Шумо оё газетхои Чумхурият,Садои мардум ва Минбари халкро мехонед?Оё дар хамин газетхо ягон маводе хаст, ки ба шумо писанд ояду онро дуборву себора бихонед? Шахсан Шумо кадом газетхоро мехонед ва дуст медоред хамчун раиси Анчумани расонахои хабарии мустакил?[/b]
— Сабаби асосии фишор ба матбуоту расонаҳои ғайридавлатӣ ба мавзӯҳои доғ даст задани онҳо ва рисолати аслии хешро иҷро кардани рӯзноманигорон мебошад. Зеро, чунин мақолаю гузоришҳо ба манфиатҳои шахсию гурӯҳии ашхосе, ки дар сари қудрат ҳастанд, дахл мекунанд. Аз ин лиҳоз, онҳо манфиатҳои давлату миллатро ниқоби худ намуда, ба нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва ВАО даст мезананд.
Газетаҳои ҳукуматиро аслан барои маълумот варақ мезанам, вале ҳамчун коршинос ҳамаи нашрияҳои мустақилро мутолиа мекунам. Барои тафриқа нагузоштан намехоҳам инҷо ҳафтаномаҳоро ном барам.
[b]#6 Хуршед,Душанбе 07.03.2011 07:08
Мухтарам Нуриддин Каршибоев, аз нигохи Шумо аз байни хамин кадар нашрияву хафтаномахои хам давлати ва хам шахси чопшаванда кадоми онхо ба имлои забони ширини точики диккат медиханд ва бехато менависанд? Чандтои онхоро номбар карда метавонед?[/b]
— Аслан барои ман на имло, балки мундариҷаи мақолаю гузоришҳо муҳим аст. Имрӯзҳо дар бораи риояи имлои забони тоҷикӣ баҳсҳо зиёданд. Ман низ ҷонибдори риояи имло ва забони адабӣ дар матбуоти тоҷик ҳастам.
Сухан дар бораи нашрияҳои алоҳида не, балки муаллифони мушаххас меравад, ки аз сарфу наҳв дур ҳастанд. Бино бар ба иззати нафси эшон нарасидан, аз ном гирифтани онҳо худдорӣ мекунам.
Таманно дорам, ки муаллифон тавре бинависанд, ки барои деҳқон фаҳмо ва барои олим шавқовар бошад.
[b]#7 Гурмагас 07.03.2011 21:20
Салом раис! Ба назари Шумо, аз аввали соли гузашта то имруз кадом фишоре болои расонахо бисёр чидди ва тунд буд, ки миёни рузноманигоронро то чойе тавонист шиканад?[/b]
— Миёни рӯзноманигоронро шикастан амри маҳол аст. Вале кӯшишҳои лаҷом задан ба нашрияҳои мустақил буданд. Қазияҳои судӣ нисбати ҳафтаномаҳои «Азия-плюс», «Фараж», «Озодагон», «Чархи гардун», монеаҳо дар чопи нашрияҳои «Нигоҳ», «Фараж», «Пайкон», ҳамчунин маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ аз қабили чунин кӯшишҳо аз ҷониби баъзе мақомти давлатӣ ва мансабдорони алоҳида буданд.
[b]#8 Tohiri Hhujandi 07.03.2011 21:24
Устоди азиз! Чаро вактхои ахир дар бахсхои суди хафтаномахои Точикистон харчанд далелхои раднашаванда хам пешниход кунанд, хак намебароянд? Ин далели он нест, ки судхои мо ба кадом як сохтори дигар ва ё шахсияте хизмат мекунанду «гуломи халкабаргуш»-и онхоянд?[/b]
— Мутаассифона, мақомоти судии Тоҷикистон на ҳама вақт меъёрҳои миллӣ ва ҳуқуқиро дар соҳаи иттилоот дуруст истифода мебаранд. Бинобар ин, нобоварӣ ба адолати судӣ ва нигилизми ҳуқуқӣ дар ҷомеа вуҷуд дорад. Бинобар зиёд шудани даъвоҳои судӣ нисбати нашрияҳои мустақил фарзияҳоеро мисли андешаи шумо афзун мегардонад. Зеро, ба андешаи ман, бештари он қазияҳои маълумро то марҳалаи суд бо роҳи қонунӣ ҳаллу фасл кардан имконпазир аст.
Ба назар чунин мерасад, ки он даъвоҳо на ба хотири ҳақро ба ҳақдор расонидан ё тантанаи адолат, балки барои ҷазо додан ба рӯзноманигор ва муфлис намудани нашрия пеш оварда шудаанд.
[b]#9 Ситабрандом 07.03.2011 21:30
Ман як чизро то хол намефахмам. Хамин мардум чи хел одате дорад, ки кораш буд шуд, дигар аз пайи дастгири кардани кумакрасонаш намеафтад. Масалан, як шахрванд бахсаш тарики рузнома хал мешаваду чун рузнома ё рузноманигори бечораро ба чавобгари кашанд, он шахрванд ба кавли Ташриф, «юз мемонад», яъне мегурезад. Ин гуна тарс аз вучуд надоштани озодии сухан ва вучуд доштани сензураи чидди ба матбуот гувохи намедихад?[/b]
— ВАО як ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандӣ аст ва албатта дар сурати дастгарӣ наёфтан аз ҷониби шаҳрвандон ва дигар қишрҳои ҷомеа озодии баён дар кишвар тавсеа намеёбад.
Мутаассифона, дар Тоҷикистон ҳодисаҳое ҳам рух додаанд, ки шаҳрванд барои истифода аз ҳуқуқи конститутсионияш мавриди таъқиботи судӣ қарор гирифтааст. Мисоли равшани чунин зуҳуротро дар қазияи Озодбек Хосабеков аз Кӯҳистони Бадахшон дидан мумкин аст.
Ҳамзамон, дар Тоҷикистон тибқи қонун сензура манъ аст, вале кӯшишҳои маҳдуд кардани озодии иттилоот аз ҷониби баъзе мақомот ва мансабдорони давлатӣ ба назар мерасад.
[b]#10 KOMRONCHIK 07.03.2011 22:08
Баъзе журналисто худшона ким-ки метарошанду хамкасбашона масхара мекунан бисёр вакт. Хатто пешпотийии хамкасб аз чониби хамкасб мушохида мешавад гохо. Пас вакте худи онхо муттахид нестанду паси сари якдигарро вачаб мекунанд, метавон мушкилашонро бо рохи додани маслихат осон кард? Ба фикри ман, не! Шумо чи мегуед чаноби раис?[/b]
— Мо бояд воқеияти рӯзноманигориро дар Тоҷикистон чӣ хеле, ки ҳаст, ҳамин хел қабул намоем. Албатта он зуҳуроти манфие, ки шумо хотиррасон кардед, дар ҷомеаи рӯзноманигорӣ ба назар мерасад. Вале, оқилон гуфтаанд, ки «адабро аз беадаб омӯз».
Мо бо онҳое ҳамкорӣ мекунем, ки барояшон меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ арзише дорад.
[b]#11 Олими хайрхох 07.03.2011 22:10
Хамин Шумо сардори як созмони бонуфузи журналисти шуда, ба журналисто кам-кам ягон китоб таксим намекунед, ки хонда хукукхошона фахманд?[/b]
— Як самти фаъолияти мо нашри китобу рисолаҳо мебошад. Мо ҳамеша миёни журналистон ва ҳам донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ маводи заруриро тақсим мекунем. Касе зарурат дошта бошад, метавонад ба дафтари кори Анҷуман муроҷиат намояд.
[b]#12 Ситамгар 07.03.2011 22:13
Мухтарам Каршибоев! Мехохам назари Шуморо донам, ки оё ситам кардан ба журналистони точик бо хар роху восита онхоро мачбур намекунад, ки тарки ватан намоянд ва овозаи ноозод будани матбуоти точикро берун аз кишвар баранд?[/b]
— Чунин хавф ҳаст, вале ман намехоҳам, ки ягон ҳамкасби худро дар ғурбат бинам. Ин на ба манфиати давлату миллат, на ба манфиати рӯзноманигории Тоҷикистон ва на ба манфиати худи журналист аст.
[b]#13 Каламфури булгори 07.03.2011 22:17
Вакте макомот ба ВАО-и мустакил фишор меоранд ва гунохи худро ба гардани онхо бор кардани мешаванд, гайр аз истодагариву мукобилият дигар рох надоранд журналистон? Намешавад, ки бо он макомоти фишоровар «сухбати дустона» кунанд ва дигар танкидашон накунанд? Ё нангашон меояд?[/b]
— ВАО ва созмонҳои рӯзноманигорӣ ҳамеша барои гуфтушунид ба хотири ҳаллу фасли мушкилот дар фазои иттилоот тайёранд. Вале, чунин ирода аз ҷониби масъулини ҳукумат ва мақомоти дигари давлатӣ эҳсос намешавад. Зеро, ба андешаи ман, тасмими пешгирифтаи онҳо асоси қонунӣ надорад.
[b]#14 Каламфури тезак 07.03.2011 22:21
Эха, ин бародар як тарсончаке будаст ки… Дар хакикатан каламфури балгарский будаст. Устод Каршибоев, хамихели тарсончакора як боб карда монед чи!? Охир, мешавад дар миёни чомеа зиндаги кардаву ранчи мардумро дида ва худро ба нодони задан? То кай тахти дудаки кадом як амалдор мераксем?[/b]
— Албатта дар ҷомеа зиндагӣ карда, аз он берун буда наметавонем. Вале тазаккур бояд диҳам, ки ВАО ва ҳукумат рисолати худро бояд софдилона иҷро намоянд. Ҳамзамон ҳукумат бояд шаффофияти фаъолияти худро таъмин намуда, дар назди ҷомеа ҳисобот бидиҳад.
Як чиз мусаллам аст, ки ҳукумат бояд ба халқ хизмат кунад, на ҷабре ба шаҳрвандон раво бинад.
[b]#15 Самеъчон 07.03.2011 22:31
Салом Устод! Шумо дар мавриди изхороти вазири мудофиа Ш. Хайруллоев чи назар доред, ки як вакт журналиcтхоро «ёрдамчии террористхо» ном бурда буд? Масалан маро хеч боварам намеояд, ки онхо ба террористон кумак карда бошанд. Баръакс дида будам, ки нашрияхои мустакили «Нигох», «Пайкон», «СССР», «Озодагон», Фараж», «Миллат» ва гайрахо хам рисолати худ ва хам рисолати нашрияхои расмии давлатиро ичро карда, аксхои фирориёнро пурра чоп карданд, то мардум онхоро шинохта ба Кумитаи амният хабар диханд. Пас чунин гунахкоркунии вазири як вазорати машхур гунахкоркунии беасос нест?[/b]
— Даъвоҳои вазири мудофиа асоси қонунӣ надоштанд. Мо ду маротиба ба унвони вазир мактуб ирсол дошта, талаб намудем, ки дар изҳороти худ кадом рӯзноманигорон ё нашрияҳоро дар назар дошт, бигӯяд, то мо ин қазияро баррасӣ намоем.
То имрӯз мо ба муроҷиати худ ҷавоб нагирифтем ва ният дорем, ки барои ҳалли ин масъала ба суд муроҷиат намоем.
[b]#16 Че Гевара 08.03.2011 01:06
Мухтарам раис! Сабаби худдори кардани чопхонахоро аз чопи чанд нашрияи мустакили кишвар, ки чанде пеш ба миён омада буд, дар чи мебинед?[/b]
— Ба андешаи ман, чопхонаҳои хусусӣ дар фаъолияти худ камбудиҳо доштанд ва мақомоти давлатӣ аз онҳо ҳамчун фишанг истифода бурданд. Бинобар ин фишор чопхонаҳо аз чопи нашрияҳои мустақил, ки ба табъи мансабдорони давлатӣ намефорид, худдорӣ намуданд.
[b]#17 Mohirabonu 08.03.2011 01:09
Лутфан мегуфтед, ки дар холати ягон нофахми хатар бештар ба журналисти мард тахдид мекунад ё ба журналисти зан? Ва химояи кадоме аз ин ду чинс осонтар аст?[/b]
— Барои мо ҳимоя аз ҳуқуқу манфиатҳои журналистон, новобаста аз ҷинсашон, баробар аст. Боиси ифтихор аст, ки дар сафи рӯзноманигорон занону духтарони боҷуръат зиёд ҳастанд. Ҳамзамон, бояд тазаккур диҳам, ки ҳимояи ҳуқуқӣ дар асоси муроҷиати ВАО ё худи журналистон ба роҳ монда мешавад.
[b]#18 Хучанди 09.03.2011 07:31
Салом чаноби Каршибоев! Аввалан бароятон сарбаланди ва муваффакият мехохам!
1. Чаро чанд хизби сиёси кудрати як рузнома ва ё кудрати бозкушоии сайти электрониро(хол он ки барои кушодани сайт маблаг то чое зарур нест) надоранд?
2.Ба фикри шумо кадоме аз хизбхо аз ВАО хуб истифода мебаранд?
3.Оё ислом барои рушди давлати милли мо зарурат дорад? Агар ха зарураташро дар чи мебинед?
4.Чаро дар интихоботхо хамчун номзад иштирок намекунед?
5. Пас аз нав шудани раиси КМИР дигаркунии чиддиро дар интихоботхо интизори доред?[/b]
— Суоли аввалатон ба роҳбарияти аҳзоби сиёсӣ дахл дорад, вале ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ташкили ҳизб ва ҷалби ҷонибдорон бидуни нашрияи ҳизбӣ амри маҳол аст. Дар Тоҷикистон ду ҳизб — ҲНИТ ва ҲХДТ аз ВАО хуб истифода мебаранд.
Тибқи конститутсия дин аз давлат ҷудо аст. Вале, қариб 99% шаҳрвандони Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом ҳастанд. Арзишҳои исломӣ ба рушди демократии ҷомеа набояд халал ворид созанд. Ҳама чиз ҳад дорад. Аз ҳад ки гузашт, паёмади номатлуб меорад. Ин мавзӯи баҳси алоҳида аст.
Ман дар интихобот иштирок намекунам, зеро ба шаффофияти он шӯбҳа дорам. Ба андешаи ман, аз нав таъин шудани раиси КМИР боиси тағйироти куллӣ намегардад, зеро низоми интихобот бетағйир мемонад.
[b]#19 Дарвеш 09.03.2011 12:49
Салом огои Н. Каршибоев. Аввалан аз шумо ва хама хамкоронатон, ки дар раванди озодии баён накши арзанда доред, сипосгузорам. Оё Шумо аз мухтаво ва холати феълии васоити ахбори мустакил розиед? Чаро як навъ хамкори байни васоити ахбори мустакил ва хизбхои сиёси ва хоссатан ХНИТ, ки максади хар ду чониб расидан ба як чомеаи шахрванди ва нишон додани камбудихои чомеа аст, вучуд надорад? Баръакс, мутаассифона, баъзе холатхо дар ивази хамкори якдигарро маломат мекунанд. Оё таквият ёфтани ахзоби сиёси дар сохаи васоити ахбор ба фоидаи чомеаи мадани нест? Ба фикри шумо кадом хизб дар ин соха рушди бештар кардааст? Ба фикри шумо, оё вакте нарасидааст, ки аксарияти нашрияхои расми ва хоссатан махалли ки то хадде фаслнома шудаанд мутаваккиф шаванд? Чаро хукумати «демократи»-и мо барои рушди амнияти иттилооти кишвар ба нашрияхои мустакил фонд чудо намекунад? Шод бошед.[/b]
— Мӯҳтаво ва ҳолати феълии ВАО беҳбудӣ металабад. Ин кори якрӯза нест. Дар бораи ҳамкории ВАО ва дигар қишрҳои ҷомеа дар боло ҷавоб гуфтем. Ҳамзамон, гуфтанӣ ҳастам, ки таҳкими бисёрҳизбии воқеӣ дар ҷомеа боиси плюрализми афкор мегардад.
Дар истифодаи ВАО дар фаъолияти худ ҲНИТ баъд аз ҲХДТ бештар муваффақ аст.
Мо ҷонибдори ислоҳот дар низоми ВАО дар кишвар ҳастем, ки ба истифодаи пурсамари маблағҳои буҷа дар соҳаи матбуот мусоидат хоҳад кард. Мо мутмаинем, ки дастрасии ҳама гуна ВАО новобаста аз шакли моликияташон ба маблағҳои буҷавӣ баробар бошад. Фақат дар ҳамин ҳолат мо метавонем ба ғанӣ гардидани фазои иттилоотии ҷумҳурӣ муваффақ гардем.
[b]#20 Karimjon 09.03.2011 12:59
Ассалому алайкум. Нашрияи «Начот»-ро дар мукоиса бо дигар нашрияхои мустакил чи хел бахо медихед? Камбудихои аслии ин нашрия дар чист? Аксари додгоххо ва ниходхои тафтишоти тахти фишори хукумат хукмхои бетарафона намекунанд? Агар латукуби Х. Сайфуллозода (сардабири Начот)-ро ангезахои гайри сиёси эълон кунанд, дар он вакт шумо чи кор хохед кард? Зеро чи хеле медонем, хукмхои додгоххо нисбати нашрияхои мустакил аслан одилона нестанд. Барои дифоъ аз хукуки журналистон як чахон ташаккур ва дуо мекунем, ки Худованд Шуморо дар панохаш нигох дорад.[/b]
— «Наҷот» нашрияи хуби ҳизбӣ мебошад, ки рисолати аслии хешро иҷро менамояд. Набудани плюрализми воқеӣ дар саҳифаҳои ин нашрия ба андешаи ман камбудии аслии «Наҷот» аст.
Мо Ҳикматулло Сайфуллоҳзодаро ҳамчун ҳамкасби худ, сардабири «Наҷот» эътироф мекунем ва барои ҳифзи ҳуқуқи ӯ овоз баланд кардем. Мо ба ангезаи сиёсии ин қазия кордор нестем. Қазияи Сайфуллоҳзода бояд аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси қонун ҳамаҷониба тафтиш карда шавад ва гунаҳкорон тибқи қонун ба муҷозот кашида шаванд. Ният дорем, ки ин қазияро пайгирӣ кунем ва дар сурати зарурат ба Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода кӯмаки ҳуқуқӣ расонем.
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=12314&Itemid=30