[b]Дар ҳошияи рӯзи Озодии баён Шаҳноз Комилзода бо Розиқов Аслиддин Андалибович, сардори Бозрасии ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибаи ихтисосие анҷом додааст, ки пешкаши хонандаи азиз мешавад.[/b]
[b]- Бозрасии ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ фаъолияте пеш мебарад?[/b]
— Бо мақсади амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва рушди низоми ҳифзи сирри давлатӣ аз интишор ёфтани он дар матбуот, нашриёт, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма Бозрасии ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма ҳамчун воҳиди сохтории Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 августи соли 2003 таъсис дода шуд. Амалӣ намудани талаботи қонунҳо, низомномаҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ дар расонаҳо яке аз вазифаҳои асосии Бозрасӣ мебошад. Бозрасӣ риояи қонунгузориро оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ аз интишор ёф-тани он дар матбуот, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма, инчунин маводи ба хориҷа ирсолшавандаро назорат мекунад.
[b]- Бозрасӣ боз чӣ корҳоеро иҷро мекунад?[/b]
— Тавре гуфтем, Бозрасӣ татбиқи сиёсати ягонаи давлатро доир ба ҳифз аз паҳнкунии маълумоти дорои сирри давлатӣ назорат мекунад. Бинобар ин сохтори мо ҳангоми аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ — сарфи назар аз шакли моликияташон ва шахсони воқеӣ таҳия намудани мавод барои табъу нашр, паҳн намудан дар дигар воситаҳои ахбори омма ва ё зимни аз сарҳад гузаронидани онҳо, аз ҷумла ҳангоми таҳияи мавод барои табъу нашр дар нашриёти ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, фошсозӣ ва паҳнкунӣ, барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба сирри давлатиро таъмин менамояд. Бозрасӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ», «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр» инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки муносибатҳои вобаста ба сирри давлатӣ ва фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро муайян менамояд, ва талаботи Низомномаи Бозрасӣ кори худро пеш мебарад.
[b]- Ҳамкории ин ниҳод бо расонаҳо чӣ гуна аст?[/b]
— Бозрасӣ бо масъулини воситаҳои ахбори омма алоқаи зич дошта, баҳри иҷрои талаботи қонунҳои амалкунанда оид ба ҳифзи сирри давлатӣ бо масъулини расонаҳо, вохӯриҳои корӣ баргузор мекунад ва ҳамчунин гузаронидани бархе семинарҳои илмию амалиро ба нақша гирифтааст. Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ҳамчунин маводе, ки барои ба хориҷа бурдан пешбинӣ шудааст, аз тарафи Бозрасии Саридора зери назорат гирифта мешавад. Дар қонун муайян шудааст, ки корхона, муассиса, ташкилот ва шаҳравандон ҳангоми ба чоп тайёр кардани мавод дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, интишор додан ё аз сарҳад гузаронидани онҳо барои ҳифз намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд муқаррароти муайяншударо риоя намуда, маводи номбаршударо пеш аз ирсол намудан ё интиқол додан бо Бозрасии Саридора мувофиқа намоянд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии кормандони табъу нашр оид ба риояи қонунҳо дар бораи ҳифзи сирри давлатӣ Бозрасӣ дар нашрияҳои ҷумҳурӣ матолиберо низ ба табъ расонидааст. Гузаронидани семинарҳои амалӣ бо масъулини воситаҳои ахбори омма ва мақомоти сиррии вазорату ташкилотҳо омили асосии пешравии кор буда, ба ин хотир дар соли 2010 дар мавзӯъҳои «Таҳкими низоми махфият», «Ҳифзи сирри давлатӣ як рукни ватандӯстист» семинарҳо баргузор гардид, ки дар онҳо зиёда аз 100 нафар масъулини ин соҳа иштирок карданд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2005 таҳти №482 қоидаҳои фиристодани нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии матбуоти даврӣ ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ тасдиқ шудааст. Қоидаи мазкур мутобиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» таъйин шуда, тартиби ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ фиристодани нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии матбуоти давриро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар хориҷи кишвар чоп мешаванд, муқаррар кардааст. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳамаи мақомоти ҳукуматӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ сарфи назар аз шакли моликияташон, ки ба фаъолияти табъу нашр машѓуланд, нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии ѓайримахфии матбуоти даврии рӯзномаю маҷалла, бюлетен ва дигар нашрияҳои давриро, ки барои дар байни омма интишор кардан пешбинӣ шудаанд, ба мақомот ва ташкилоти дахлдори давлатӣ ирсол мекунанд. Аз ҷумла намунаи ҳамин гуна маҳсулоте, ки дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ мерасад, дар рӯзи чоп аз ҳисоби худ ба таври ройгон фавран пеш аз паҳн намуданашон ба ташкилотҳои номбурда пешниҳод мекунанд. Бояд зикр кард, ки номгӯйи мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатие, ки ба онҳо нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии матбуоти даврӣ пас аз чоп ва пеш аз паҳн намудан фиристода мешаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.
[b]- Оё расонаҳо дар сурати ошкор кардани сирри давлатӣ муҷозот мешаванд?[/b]
— Дар сурати риоя накардани қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ аз интишор кардани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, шахсони гунаҳкор тибқи моддаи 508 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозот карда мешаванд. Барои аз тарафи шаҳрвандон, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо дар сурати риоя накардани қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва интишор кардани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, (ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят), ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда ҷарима таъйин карда мешавад. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин мода пешбинишуда,ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда ҷарима таъйин карда мешавад.
[b]- Дар бораи пешгирӣ кардани ифшои сирри давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма чӣ тадбире андешида шудааст?[/b]
— Сирри давлатӣ моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи сирри давлатӣ аз маҷмӯи тадбирҳои ташкилию ҳуқуқӣ, инжинерию техникӣ, топографию криптографӣ (хати рамзӣ) ва фаврӣ иборат аст, ки барои пешгирӣ аз фош гардидани маълумоти дорои сирри давлатӣ нигаронида шудааст. Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод буда, ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад, фикру ақидаҳояшро озодона баён кунад ва онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор намояд. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 30-и он омадааст: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода мешавад. Таблиѓот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад». Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» 10 майи соли 2002 таҳти №57 ба тасвиб расида, сиёсати ягонаи давлатро дар соҳаи махфӣ нигоҳ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ муайян мекунад. Дар ҳамин қонун номгӯи маълумоти дорои сирри давлатии соҳаҳои мудофиа, иқтисодиёт, робитаҳои хориҷӣ, ам-нияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ки ошкоркунии онҳо метавонад ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад, инчунин муҳлати махфӣ нигоҳ доштани ин маълумотҳо муқаррар карда шудааст.
Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас дар матбуоти даврӣ, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма ин-тишори маълумоти дорои сирри давлатӣ қариб, ки аз байн рафтааст. Ичунин аз ҷониби рӯзноманигорону муҳаррирон ҳолатҳои барқасдона ифшо намудани сирри давлатӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҷомеаи демократӣ таъмин намудани шаҳрвандон бо иттилооти саҳеҳу саривақтӣ дар хусуси фаъолияти ҳукумат ва навигариҳо вазифаи асосии воситаҳои ахбори омма мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аз аввали солҳои 90-ум сар карда, нашрияҳои хусусӣ фаъол шуда, мавқеи худро хеле мустаҳкам карда, сафи хонандагонашонро зиёд намудаанд. Бисёре аз нашрияҳои хусусӣ адади нашрашонро зиёд намуда, шумораи хонандагони онҳо дар тамоми ҷумҳурӣ афзудааст. Ҳар як маълумоти дорои сирри давлатӣ вобаста ба моҳияти худ мӯҳлати мушаххаси сиррӣ дорад. Аксар вақт рӯзноманигорон, масъулини матбааю нашрияҳои ҷумҳурӣ аз он пурсон мешаванд, ки кадом маълумотҳо дорои сирри давлатианд. Ин ба он далел аст, ки онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ», ки 10 майи соли 2002 таҳти №57 қабул шудааст, ошно нестанд. Қонуни номбурда маълумотҳои дорои сирри давлатиро дар соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ки ошкор кардани онҳо метавонад ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад, дар бар гирифта, мӯҳлати махфӣ доштани ин маълумотҳоро муқаррар намудааст. Ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот мувофиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», ки 27 апрели соли 2003 таҳти №4 қабул шудааст, мутобиқи таъминоти соҳавӣ, идоравӣ ё барномаю ҳадафи он сурат гирифта, тавассути роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки барои қарори қабулкардаашон масъу-лияти шахсӣ доранд, сурат мегирад. Барои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи махфӣ гардонидани маълумот Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба сирри давлатӣ мансуб буда, дар он муҳлати махфӣ нигоҳ доштани ин маълумот зикр мегардад, тартиб додааст. Аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ феҳристи пурраи маълумоти сиррӣ тартиб дода, дараҷаи махфӣ будани онҳо муқаррар шудааст. Дар доираи барномаҳои мақсаднок оид ба ихтироот ва такмили намунаҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, корҳои озмоишию конструкторӣ ва тадқиқоти илмӣ бо қарори фармоишдиҳандагони намунаҳо ва корҳои мазкур феҳристи алоҳидаи маълумотро тартиб додан мумкин аст, ки бояд махфӣ нигоҳ дошта шавад. Ин феҳристҳо аз ҷониби роҳбарони дахлдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешаванд. Ҳангоми ба чоп тайёр кардани мавод дар матбуот ва воситаҳои ахбори омма ё аз сарҳад гузаронидани онҳо ба мақсади ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд дар асоси ин қонун ва санадҳои дигари қонунгузорӣ амал кард. Назорат ба риояи қонун дар масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва аз интишор ёфтани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, ҳамчунин дар материалҳое, ки барои ба хориҷа бурдан пешбинӣ гардидаанд, ба зиммаи Бозрасии ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Источник: http://www.millat.tj/musohiba/2537-asliddin-roziqov-qhifzi-sirri-davlati-vazifai-hamai-mostq.html