Шарифи ҲАМДАМПУР: «90 дар сади журналистон чизи ба сарашон омадаро менависанд»

[b]Солҳо боз баҳс атрофи «Қонуни матбуот» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Қисме ба он боваранд, ки ин қонун аз қонунҳои дигар давлатҳо рӯйбардор шудааст ва ба талаботи журналистикаи тоҷик созгор несту ба такмилу баррасӣ ниёз дорад. Шояд ҳамин омил аст, ки ба воридсозии тағйироту иловаҳо ба «Қонуни матбуот» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ба замми номукаммалии «Қонуни матбуот», то кадом дараҷа риоя гаштани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон дар Тоҷикистон низ мавзӯи баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст.[/b]

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон то кадом дараҷа риоя мешаванд? Оид ба ин мавзӯъ Шарифи Ҳамдампур — яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ дар соҳаи журналистика, тиҷорати маводи чопӣ ва табъу нашр мегӯяд:

— Онҳое, ки дар сари мансаб ҳастанд, баъди рафтан аз мансаб ба журналистон муроҷиат мекунанд, ки ин хел кор шуд ва кӣ ҳақу кӣ ноҳақ буд, зеро журналистон дар ҷаҳон ҳамчун ҳокимияти чоруми ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд.

Барои он, ки журналистон чеҳраи худро аз даст надиҳанд, мебояд ҳама вақт меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро риоя намоянд.

Асасон журналист дар фаъолияташ озод аст, вале салоҳияти баромадан аз риояи ахлоқи журналистиро надорад. Масалан, мудири дӯкони доруфурӯшӣ мехоҳад барои ба фурӯш рафтани як доруяш, ки чандон хуб нест, тариқи журналистон онро таблиғ кунад. Нафақахӯре, ки бо сад ранҷ маблағ ҷамъ кардааст, зери таъсири таблиғи журналист он доруро харидорӣ мекунад, вале шифо намеёбад. Магар чунин рафтор дар доираи ахлоқи журналистӣ меғунҷад?!

Ҳозир ҳар касе ба сараш чизе омад, менависад, 90 дар 100 рӯзномаҳои мо ҳамин хел аст. Журналисти асил дар асоси факту рақамҳо бояд нависад.

Ёд дорам, дар замони Шӯравӣ барои навиштани як мақолаам бо номи «Фирор» 4 моҳ дар ҳаҷми 500 саҳифа мавод ҷамъ карда, баъд онро навиштам. Мақола, ки оид ба дуздии 7 миллион доллар аз ҷониби Гайс Бори — раиси ҳамонвақтаи савдои хориҷии Тоҷикистон буд, натиҷа дод ва дар Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Як дӯстам, ки дар замони Шӯравӣ дар «Комсомольская правда» кор мекард гуфт: «Дар мо ҳолатҳое мешавад, ки журналист вақти зиёд сарф карда, 100 варақ рақам ҷамъ мекунад, вале дар ҳаҷми як саҳифа мавод менависад. Ҳамаи ин ба хотири он аст, ки ҳар ҷумлае, ки журналист менависад, бояд дар асоси асноду рақамҳо бошад, то ҷомеаро роҳгум наандозад».

Ман асосан обрӯи рӯзномаамро ба миллионҳо доллар намефурӯшам, вале дар таҷриба дидем, ки қисме аз рӯзномаҳо маводҳои ба нишонии дигар нашрияҳо навиштаро баъди расман даст кашидан аз чоп ба ивази 100 сомонӣ ба чоп расонидаанд. Ин кори онҳост, лекин риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ, ҳамдилии журналистӣ беҳтарин роҳи интихоби ҳар як масъули рӯзнома, ҳафтанома ва ҳар як журналист мебошад.

Давлати ШОҲЭЪТИБОР

Источник: http://www.tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14838

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *