«Хабарнигори Би-би-сӣ дар ифротгароӣ мазнун аст»

[b]Мақомҳои амниятии Тоҷикистон Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ-ро дар таҳрики хушунати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ва мазҳабӣ, шомил шудан дар гурӯҳи ҷиноӣ ва тавтеа барои сарнагунии давлати ин кишвар мазнун медонанд.[/b]

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 15-уми июн дастури ҳабси оқои Усмоновро барои ду моҳ содир кардааст.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол пайвандон ва вакили мудофеъи Урунбой Усмонов бо вай мулоқот накардаанд.

Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, дар истинод ба бозраси парвандаи оқои Усмонов мегӯяд, ки тибқи асноди парванда ин хабарнигор “тавассути гузоришҳояш ба таблиғи идеҳои Ҳизби Таҳрир машғул будааст.»

Ин иттиҳом ҳокист, ки боздошти ин хабарнигори Би-би-сӣ бо фаъолияти рӯзноманигории вай иртибот дорад.

Хонуми Воҳидова гуфт: “Айбе, ки ба ӯ пешниҳод шудааст, марбут ба фаъолияти касбиаш аст.”

Бозраси парванда ҳамчунин ба хонуми Воҳидова гуфтааст, ки Урунбой Усмонов аз хадамоти вакили мудофеъ даст кашидааст, дар ҳоле ки аҳли хонаводааш ба ин сухан эътимод надоранд.

Хонуми Воҳидова мегӯяд, ки танҳо пас аз мулоқот бо муваккилаш метавонад, мушаххас кунад, ки дарвоқеъ оқои Усмонов аз хидмати вакили мудофеъ даст кашида ё ҳеч санадеро дар ин замина имзо кардааст ё хайр.

Рӯзи гузашта сафорати Бритониё дар Тоҷикистон дар баёнияе аз боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли ин кишвар ибрози нигаронӣ кард. Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ низ бо интишори баёнияе аз давлати Тоҷикистон тақозо кард, ки ин хабарнигор фавран озод шавад.

Вале мақомҳои Вазорати хориҷаи Тоҷикистон то кунун ба ин баёнияҳо посухе надодаанд.

Давлат Назрӣ, сухангӯйи ин вазорат, гуфт, то замоне ки мақомоти зирабт иттилоъи кофӣ дар бораи ин қазия ба вазорати хориҷа пешниҳод накунанд, аз ироаи ҳама гуна изҳорот худдорӣ хоҳад шуд.

Амирқул Азимов, раиси Кумитаи умури ҳуқуқӣ, мудофеъа ва амнияти порлумони Тоҷикистон, дар робита бо ин мавзӯъ гуфт, ки аз боздошти хабарнигори Би-би-сӣ тавассути расонаҳо хабар ёфтааст.

Оқои Азимов афзуд, ки бо ин қазия ошно нест, аммо мутмаин аст, ки “ниҳодҳои марбута тибқи қавонини Тоҷикистон ин қазияро баррасӣ мекунанд.”

Урунбой Усмонов пас аз зӯҳри 13-уми июн ҳангоме, ки аз маҳалли кор ба хона бармегашт, нопадид шуд. Як рӯз баъд, кормандони интизомӣ ё амниятӣ ӯро ҳамроҳи худ ба хонааш оварда ва манзилашро такурӯ карданд ва дубора бо худ бурданд.

Тайи даҳ соли ахир Урунбой Усмонов, ки ба ҷуз фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ ҳамчунин нависанда ва тарҷумон низ ҳаст, барои бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ аз шимоли Тоҷикистон гузориш медод.

Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ дар баёнияи рӯзи 14 июни худ дар робита бо боздошти хабарнигори худ дар вилояти Суғди Тоҷикистон гуфт: “Дар ҳоле ки оқои Усмонов бо тақозои Би-би-сӣ гузоришҳое дар мавриди муҳокимаҳои додгоҳӣ ва фаъолияти Ҳизби Таҳрир дар Тоҷикистон таҳия мекард, Би-би-сӣ ҳеҷ далеле барои эътимод ба ин иттиҳомот надорад.”

Дар ин баёния таъкид шуда, ки Би-би-сӣ шеваи бархӯрди мақомот бо оқои Усмоновро ба ҳангоми боздошт, бавижа маҳрумияти ӯ аз вакили мудофеъ дар рӯзи нахусти боздоштро, маҳкум мекунад.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, ки то ҳол имкони мулоқот бо муваккилашро надоштааст, дар истинод ба пайвандони вай мегӯяд, ки ин хабарнигор зоҳиран мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.

Вай гуфт: “Онҳо (пайвандон) хеле нигарон буданд ва гуфтанд, ки дар қисмати гардани Урунбой Усмонов осори ҷароҳат дида мешуд ва худи Урунбой хеле рӯҳафтода буд.”

Хонуми Воҳидова аз ҳуқуқдонҳои шинохта дар вилояти Суғд аст, ки ваколати чандин нафар аз мутаҳамон ба узвияти Ҳизби Таҳрирро бар ӯҳда доштааст. Вай мегӯяд, ки то ҳол шоҳиди ҳеҷ мавриде нашудааст, ки фарди муттаҳам ба узвият дар Ҳизби Таҳрир “сафед” (табраа) ё озод шуда бошад.

Вай гуфт: “Ман шахсан ҳудуди 40-50 парвандаи муттаҳамон ба Ҳизби Таҳрирро бурдаам ва ҳарчанд додгоҳ дар бархе маворид иттиҳомотро исбот карда наметавонист, муттаҳамони парванда зиндонӣ мешуданд.”

Тибқи қонуни кайфарии Тоҷикистон, дар сурати исботи иттиҳомоти марбут ба узвият дар Ҳизби Таҳрир афроди муттаҳам аз ҳашт то 20 сол ба зиндон маҳкум мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад Урунбой Усмонов ҳангоми бозҷӯйӣ дар манзилаш тавонистааст бо пайвандонаш сӯҳбати кӯтоҳе дошта бошад.

Ба гуфтаи пайвандонаш, оқои Усмонов ҳангоме ки маъмурони давлатӣ ӯро мебурданд, ба пайвандонаш гуфтааст: “Агар корҳое, ки шаби гузашта бо ман карданд, такрор шавад, шояд дигар зинда намонам. Алвидоъ, дар ҳаққи ман розӣ шавед.”

Боздошти Урунбой Усмонов дар ҳолест, ки ҳукумати вилояти Суғд имсол ба ин хабарнигор, нависанда ва мутарҷими ӯзбактабор, ки 60 сол дорад, барои фаъолиятҳои рӯзноманигорияш ҷоизаи мӯътабари вилоятӣ барои хабарнигорон, ба номи Ҳоҷи Содиқро, эъто карда буд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110616_sq_urunboy_usmonov.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *