Дидори Урунбой Усмонов бо хонаводааш дар нӯҳумин рӯзи боздошт

[b]Пас аз ҳашт рӯзи боздошти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, маъмурони амниятӣ барои мулоқоти вай бо аъзои хонаводааш иҷоза додаанд.[/b]

Малоҳат Абдуазимова, ҳамсари оқои Усмонов, мегӯяд, ки рӯзи сешанбеи 21 июн вай бо ҳамроҳии писару духтараш ва як хоҳари Ӯрунбой Усмонов дар бинои идораи маҳаллии амният дар шаҳри Хуҷанд бо шавҳараш дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Хонуми Абдуазимова афзуд, ки ин дидор дар ҳузури ду маъмури амниятӣ сурат гирифта ва нахуст яке аз онҳо аз оқои Усмонов пурсидааст, ки «оё ман шуморо задам?»

Ӯрунбой Усмонов гуфтааст, ки «на, шумо маро намезанед.» Хонуми Абдуазимова мегӯяд, ки ба манзури таъмини амнияти шавҳараш намехоҳад дигар дар ин бора изҳори назар кунад.

Ба гуфтаи вай, қарор аст фардо маъмурон оқои Усмоновро аз сохтмони идораи амният ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд мунтақил кунанд.

Ба эътиқоди хонуми Абдуазимова, дар ин сурат шароит фароҳам мешавад, ки ин хабарнигори Би-би-сӣ аз хадамоти пизишкӣ бархӯрдор шавад, зеро ба гуфтаи вай, вазъи саломатии оқои Усмонов бисёр нигаронкунанда аст.

Вай афзуд: “Ранги шавҳарам зард аст, вай хеле маъюс буд ва пайваста гиря мекард ва мегуфт, ки маро аз бо тӯҳмат шарманда карданд. Агар фавт кардам, писарам тӯҳмат будани ин ҳама иттиҳомот алайҳи маро собит хоҳад кард.”

Хонуми Абдуазимова мегӯяд, ки ҳоло шавҳараш аз фишори хун ва дарди сар шадидан азият мекашад. Далели дарди сари оқои Усмонов ба қазияи чанд соли пеш рабт доштааст, ки шабона ду фарди ношинос ба ӯ ҳамла карда ва ӯро лату кӯб карда буданд.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи Малоҳат Абдуазимова, ду моҳ қабл Ӯрунбой Усмонов ба “микруинфаркт” ё сактаи кӯчаки қалбӣ мувоҷеҳ шуда буд, ки ба эътиқоди пизишкон, дар шароити душвор метавонад паёмадҳои сангине дошта бошад.

Хонуми Абдуазимова хабар дод, ки ҳамарӯза барои Ӯрунбой Усмонов ду маротиба хӯрок ва дору мефиристанд ва шавҳараш таъйид кардааст, ки онҳоро дарёфт мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, хабар дод, ки баъд аз интиқоли ин хабарнигори Би-би-сӣ ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд, вай дархости мулоқоти якбаяк бо муваккилашро хоҳад кард.

Хонуми Воҳидова, ки рӯзи гузашта бо Ӯрунбой Усмонов дар ҳузури бозраси амниятӣ дидор ва гуфтугӯ дошт, мегӯяд, ки муваккилаш наметавонист ошкоро бо вай сӯҳбат кунад.

Вакили мудофеъи оқои Усмонов хабар дод, ки то шоми рӯзи сешанбе шикояти худ алайҳи матолиби ду хабарнигори маҳаллиро ба додситонии кул ва додгоҳ ироа хоҳад кард.

Дар матолиби ин ду хабарнигор аз қавли Ӯрунбой Усмонов гуфта шудааст, ки вай аз истифода аз вакили мудофеъ даст кашида ва таъйид кардааст, ки бо амри Ҳизби Таҳрир дар Тоҷикистон мулоқот доштааст.

Малоҳат Абдуазимова мегӯяд, ки дар дидори имрӯз бо шавҳараш оқои Усмонов гуфтааст, ки ин “ду нафар на барои дилбардории ман, балки барои сир гирифтан омадаанд. Вале дар сӯҳбат бо онҳо ман ҳарфҳоеро, ки сипас, онҳо дар матолибашон ҷо додаанд, нагуфтаам.”

Зимнан, хонаводаи Ӯрунбой Усмонов дар ҳафтаи гузашта дар муроҷиъатномае ба раиси ҷумҳурии ин кишвар хостори озодии ӯ шуда буданд.

Дар матни ин муроҷиъатнома аз ҷумла омадааст: “Мо мутаассифем, ки дар ҷомеъае, ки Шумо мехоҳед бисозед ва мо, ҷавононро бо даъвати худ ба сӯйи ояндаи равшан илҳом мебахшед, як марди бегуноҳ, рӯзноманигор ва нависандаи шинохташуда ва солмандро боздошт ва латукӯб мекунанд ва иҷоза намедиҳанд, ки наздиконаш ӯро бибинанд.»

«Хонаводаи мо ҳаргиз ҳаводори ҳеч гурӯҳи динию мазҳабӣ набудааст. Ин ҳақиқатест, ки имрӯза ҳамаи равшанфикрон ва ҳамсоягон, ки падарамон ва моро мешиносанд, сари забонҳо доранд.»

Ин дар ҳолест, ки дар як ҳафтаи ахир фишорҳои байналмилалӣ дар робита бо боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Рӯзи душанбеи 20 июн гурӯҳе аз хабарнигорон ва ҳаводорони Урунбой Усмонов бо баргузории таҷаммӯъе эътирозӣ дар баробари сафорати ин кишвар дар Ландан хостори озодии ӯ аз боздошт шудаанд.

Аз ин пеш Бунгоҳи Суханпарокании Бритониё (Би-би-сӣ), сафоратхонаҳои Бритониё ва Омрико, Иттиҳодияи Урупо, САҲУ, созмонҳои Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, Хонаи Озодӣ ва Афви Байналмилалӣ бо пахши баёнияҳое аз давлати Тоҷикистон хостаанд Ӯрунбой Усмоновро бедиранг озод кунад.

Вале рӯзи шанбеи гузашта Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши баёнияе ин хабарнигори Би-би-си-ро узви Ҳизби Таҳрир хондааст, ҳарчанд тибқи қонун танҳо додгоҳ метавонад ҷурми касеро собит бисозад ва то замони баргузории додгоҳ касеро наметавон узви ин ё он гурӯҳи мамнӯъ хонд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110621_if_usmanov.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *