[b]Ин ҳафта қарор буд матлабе сабук дар бораи Роял Аскот бинависам, аммо зиндагии хабарнигор ғайри қобили пешгӯӣ аст.[/b]
Субҳи рӯзи 14-уми июн ман аз ҳамкорам дар Душанбе, Тоҷикистон имейле дарёфт кардам, ки мегуфт гузоришгари мо дар Хучанд, шимоли Тоҷикистон — Ӯрунбой Усмонов пас аз соъоти кории рӯзи гузашта нопадид шудааст.
Пайвандони ӯ дар ҷустуҷӯйи ӯ бемористонҳо ва мурдахонаҳоро тамос гирифтанд, вале хабаре нашуд.
Мо Ӯрунбойро дар бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ хеле хуб мешиносем.
Вай 59 сол дорад. Ӯ шоъир ва нависандаест, ки барои даҳ соли ахир бо мо кор кардааст. Гузоришҳои мухталифе дар бораи сиёсат, минтақа, масоили иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ навиштааст.
Вай инсони қобили эътимод ва ҷиддӣ аст, на аз он афрод, ки моҷароҷӯӣ мекунанд.
Барои ҳамин, мо нигарон шудем ва шурӯъ кардем ба занг задан ба афроди мухталифи маҳаллӣ.
То нимрӯзӣ мо паёмаке аз Ойбек, писари Ӯрунбой, ки дарёфт кардем, ки мегуфт Ӯрунбой бо чандин нафар ба хона баргаштааст.
Он лаҳза мо хушҳол шудем – фикр кардем, билохира маълум шуд, ки ӯ бардаму солим будааст.
То замоне, ки ман ва ҳамкоронам ҳадс мезадем, ки бо ки хона баргаштааст, паёмаки дигаре дарёфт шуд, ки хабар медод маъмурони амниятӣ манзили Ӯрунбойро такурӯ мекунанд.
Ман ба Ойбек занг задам ва аз ӯ пурсидам, ки гӯширо ба амниятиҳо бидиҳад, то ман сӯҳбат кунам, аммо аз гӯшии телефон садое омад, ки мегуфт, ҳеҷ кас бо ҳеҷ кас сӯҳбат намекунад.
Ойбек гуфт, ки маъмурон бадрафторӣ мекарданд ва дар манзил шабномаҳо ва китобҳои Ҳизби Таҳрирро меҷустанд.
Вай ҳамчунин гуфт, ки рӯйи падараш харошида буд.
Пас аз чанде маъмурон Ӯрунбойро ба идораи маҳалии бахши кумитаи давлатии амнияти миллӣ бурданд.
Вақте вай манзилашро тарк мекард, ба пайвандонаш нимғурма гуфтааст: “Агар ончи шаби гузашта бо ман карданд, такрор шавад, шояд дер напоям.”
Акнун вазъ барои мо равшан шуд.
Бале, мо дархост мекардем, гузоришҳое дар иртибот бо Ҳизби Таҳрир дар шимоли Тоҷикистон дошта бошем ва аҷаб нест, ки Ӯрунбой, ҳамчун хабарнигор, ба ҳангоми пӯшиши хабарӣ аз раванди додгоҳҳои аъзои Ҳизби Таҳрир тамосҳои рӯзноманигорӣ бо бархе аз аъзои ин гурӯҳро дошта бошад.
Аммо ин чунин маъно надорад, ки аз андешаҳои онҳоро тарафдорӣ мекард ва ё узви ин созмон буд.
Ман ба Фарзонаи Хуҷандӣ, шоъираи машҳур, ки Ӯрунбойро хеле хуб мешиносад, чун ҳамроҳ кор мекарданд, занг задам.
Ӯ бо таъаҷҷуб гуфт: “Не! Ӯ демукроти ашаддӣ аст!”
Бо ҳар касе ман он рӯз сӯҳбат мекардам, ҳатто дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, аз ин хабар ба таъаҷҷуб меомаданд.
Аммо чунин ба назар мерасад, ки дасти ниҳодҳои амниятӣ ҳамчунон муҳкам аст, ки ҳатто мақомоти баландпоя вазъият дар маҳаллро бахубӣ намедонистанд, чи расад ба тавони онҳо дар кумак барои раҳо кардани Ӯрунбой.
Рӯзе баъд Би-би-сӣ баёнияе пахш кард ва дар он тақозо кард, ки хабарнигораш Ӯрунбой Усмонов фавран озод карда шавад.
Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон низ нигаронии худро аз боздошти Ӯрунбой расман иброз дошт.
Чандин созмони байналмилалӣ изҳорот ва баёнияҳои худро дар ин робита интишор дода ва интишор медиҳанд. Аммо то ҳоло ҳеҷ вокунише дар ин замина аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон нашудааст.
Нигаронии аслии мо ин аст, ки Ӯрунбой мушкили қалб дорад ва аз муроқибати пизишкӣ маҳрум аст.
Вай аз дидор бо вакили мудофеъ ва пайвандонаш маҳрум будааст. Ман як дӯстам – хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистонро, гум кардаам. Вай дар соли 1995 кушта шуда буд.
Ман як дӯсти дигарам – Алишер Соиповро низ гум кардаам, вай ҳам барои Би-би-сӣ дар Қирғизистон кор мекард ва дар соли 2007 ба қатл расид.
Ҳамкорони ман аз Ӯзбакистон, пас аз фоҷеъа дар Андиҷон маҷбур шуданд, кишварро тарк кунанд ва дӯст ва ҳамкори дигарам Моника Витлок, хабарнигори Би-би-сӣ дар Осиёи Миёна, барои фаъолияти хабарнигориаш аз ин кишвар ихроҷ шуда буд.
Огулсапар Муродова, хабарнигоре дар Туркманистон, ки ба хабарнигорони Би-би-сӣ кумак мекард, зиндонӣ шуд ва дар соли 2006 дар зиндон ҷон дод.
Метавонам қиссаҳои зиёде дар бораи баҳои хабарнигор будан дар Осиёи Марказӣ нақл кунам ва хеле нигаронам, ки мабодо қазияи Ӯрунбой Усмонов ҳам фасли дигаре аз ин қиссаҳои фаҷеъабор бишавад.
(Ин матлаби Ҳамид Исмоилов дар веблоги сардабирони Би-би-сӣ рӯзи 16 июн мунташир шудааст.)
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110621_sq_urunboy_blog.shtml