[b]Кормандони сервиси ҷаҳонии Би-Би-Си дар Ландан бо баргузории ҳамоише эътирозӣ алайҳи боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи ин расона дар шимоли Тоҷикистон хостори озодии фаврии ӯ шуданд.[/b]
Ширкаткунунадагони ин ҳамоиш акси Урунбой Усмоновро ҳамл мекарданд, ки дар ҳошияи он ба забони инглисӣ навишта шуда буд: «Урунбой Усмоновро озод кунед.»
Дар ин ҳамоиш Питер Ҳоррокс, Раиси сервиси ҷаҳонии Би-Би-Си дар суханронии худ гуфт: «Мо Урунбой Усмоновро танҳо намегузорем. Мо аз ҳамаи давлатҳо даъват мекунем ба давлати Тоҷикистон фишор ворид кунанд.»
Ин ҳамоиш, баъд аз зуҳр ба вақти Ландан дар назди сохтмони Буш Ҳаус, мақарри дафтари марказии Сервиси ҷаҳонии Би-Би-Си дар Ландан, баргузор шуд.
Ба ин муносибат ҳамаи бахшҳои Сервиси ҷаҳонии Би-Би-Си тасмим гирифтаанд мавзӯъи боздошти Урунбой Усмонов ва мушкилоти марбут ба ин қазияро дар тамомии тӯли рӯзи чаҳоршанбе пӯшиш диҳанд.
Би-би-сӣ қаблан бо интишори ду баёния дар рӯзҳои 13 ва 20 июн боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистонро, маҳкум карда ва аз мақомоти тоҷик хоста буд, ки ӯро фавран озод кунанд.
Ин расона ҳамчунин аз созмонҳо ва кишварҳое, ки метавонанд дар қазияи боздошти оқои Усмонов таъсир гузоранд, тақозо карда буд, ки барои дастёбӣ ба озодии оқои Усмонов талошҳои худро тақвият кунанд.
Дар баёнияи ахири Би-Би-Си омадааст: «Ин амре бисёр ҳаётӣ барои ҳамаи рӯзноманигорон аст, ки бояд битавонанд дар бораи ҳар созмоне бидуни тарсу ҳарос аз озору азият гузориш диҳанд.»
Иқдоми эътирозии Би-Би-Си дар ҳолест, ки рӯзи чаҳоршанбе маъмурони амниятии Тоҷикистон Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшударо, аз идораи маҳаллии амният дар шаҳри Хуҷанд ба боздоштгоҳ (СИЗО) интиқол додаанд.
Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, мегӯяд, ҳамакнун талош хоҳад кард дидоре якбаяк ва маҳрамона бо муваккилаш дар боздоштгоҳ анҷом диҳад. Дидори қаблии ӯ дар рӯзи душанбеи гузашта бо оқои Усмонов дар ҳузури кормандони амниятӣ доир шуда буд.
Рӯзи сешанбе чаҳор тан аз аъзои хонаводаи оқои Усмонов низ бо ӯ дар ҳузури маъмурони амниятӣ дар идораи маҳаллии амният дар вилояти Суғд мулоқот карданд. Онҳо мегӯянд, ки аз вазъи саломатии оқои Усмонов башиддат нигарон ҳастанд.
Қабл аз мулоқоти Урунбой Усмонов бо вакили мудофеъ ва пайвандонаш маъмурони амниятӣ дар рӯзҳои ҷумъа ва шанбеи гузашта ба ду хабарнигор иҷозаи дидор ва мусоҳиба бо ӯро доданд.
Дар мақолоти ин ду хабарнигор, ки дар сойтҳои Пресса.тҷ ва Нансмит мунташир шуданд, иддаъо мешуд, ки оқои Усмонов ба иртиботаш бо Ҳизби Таҳрир эътироф кардааст, вале худи вай дар мулоқот бо муваккил ва пайвандонаш ин иддаъоҳоро бакуллӣ рад кардааст.
Хонуми Воҳидова созмондеҳии мусоҳиба бо оқои Усмонов тавассути маъмурони амниятӣ қабл аз дидори вай бо вакили мудофеъ ва пайвандонашро аз мавориди ҷиддии нақзи ҳуқуқи башар ва муқаррароти бозрасӣ ва қазоӣ хонда ва гуфтааст, ки дар ин бора ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят хоҳад бурд.
Би-Би-Си
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110622_l16_vigil_urunbay.shtml