Гурӯҳи Бӯҳрон: «Боздошти хабарнигори Би-би-сӣ паёми баде ба кишварҳои ёригар»

[b]Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон ҳушдор додааст, ки боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон метавонад, паёми баде барои кишварҳои ёригар ба ин кишвар бошад.[/b]

Алаин Делетроз, муъовини раиси ин созмони байналмилалӣ, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз низоъ аст, боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистонро, ки кумакҳои умда аз Урупо ва Омрико дарёфт мекунад, такондиҳанда хонд.

Оқои Делетроз гуфт: “Дар чунин маврид давлат бояд дар зудтарин фурсат ба ин қазия таҷдиди назар кунад ва ба минтақа, хабарнигорон ва бахусус ба кишварҳои ёригараш паёми дуруст бифиристад.”

Оқои Делетроз ҳамчунин гуфт, ки Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, табиъатан кори худро анҷом медод ва боздошти ӯ метавонад, марҳилаи шикананда барои озодии баён дар кишвар бошад.

Вай гуфт: “Чунин раванд дар кишварҳои дигари минтақа ба чашм мехӯрад, аммо Тоҷикистон – давлатест, ки Урупо ба хусус Бритониё ва Омрико бояд бо он диолуги мустаҳкам дошта бошанд, зеро наметавон ҳам аз Ғарб кумак дарёфт кард ва ҳам бо озодии баён ва озодии матбуъот чунин рафтор кард.”

Ин мақоми созмони байналмилалӣ бо ишора ба мушкилоти фаровони кишвар дар заминаи қочоқи маводди мухаддир афзуд: “Навмедкунанда ин аст, ки як кишвари дорои мушкилоти хеле зиёд дунболи як хабарнигор меравад ва он ҳам — хабарнигори Би-би-сӣ, ки худ ҳирфаятро замонат медиҳад.”

Ин мақоми Гурӯҳи Бӯҳрон ба монандҳи чандин созмони дигари байналмилалӣ ба ин нукта, ки Тоҷикистон дар заминаи озодии матбуъот дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа обрӯи беҳтаре доштааст, таъкид кард ва аз давлати ин кишвар хост дар мавриди қазияи хабарнигори Би-би-сӣ таҷдиди назар кунад.

[b]Нигаронӣ аз вазъи равонии Ӯрунбой Усмонов[/b]

Рӯзи сешанбеи 28-уми июн нахустин дидори Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар Хуҷанд бо намояндагони ин шабакаи хабарӣ дар идораи амниятии вилояти Суғд сурат гирифт.

Субҳи рӯзи сешанбе Ҳамид Исмоилов, раиси бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ ва Исфандиёри Одина, раҳбари намояндагии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо ду хабарнигори маҳаллӣ бо оқои Усмонов дар ҳузури вакили мудофеъ ва як маъмури амниятӣ мулоқот карданд.

Ҳамид Исмоилов, ки ба манзури дидору гуфтугӯ бо мақомоти мухталифи Тоҷикистон дар робита ба боздошти оқои Усмонов дар Тоҷикистон ба сар мебарад, мубтакири ин дидор буд.

Ин мулоқот дар идораи раёсати амнияти шаҳри Хуҷанд ҳудудан 5 дақиқа идома дошт ва оқои Исмоилов пас аз ин дидор вазъи рӯҳии Ӯрунбой Усмоновро нигаронкунанда тавсиф кард.

Оқои Исмоилов гуфт, ки пас аз ин мулоқот вай ба мақомоти раёсати амнияти шаҳри Хуҷанд аз вазъи равонии Ӯрунбой Усмонов ибрози нигаронӣ кардааст.

Вай гуфт: “Ман ба онҳо гуфтам, ки вазъи равонии ӯ бад аст, хеле афсурда ва сокит ва то андозае тарсхӯрда ба назар мерасад. Ҳатто ба ҳангоми посух ба саволҳои ман вай ба чашми маъмури амниятӣ нигоҳ мекард.”

Ба гуфтаи оқои Исмоилов мақомоти амниятӣ дар посух ба ин ҳарфҳои вай гуфтанд, ки ҳеҷ амали ғариқонунӣ дар нисбат ба оқои Усмонов эъмол нашудааст.

Намояндагони Би-би-сӣ гуфтанд, ҳадафи аслии дидорашон бо Ӯрунбой Усмонов дилбардорӣ ва итминон додан ба оқои Усмонов дар ин маврид будааст, ки Би-би-сӣ ҳамаи талошҳоро барои озодии вай анҷом медиҳад.

Оқои Исмоилов гуфт: “Нахустин чизе, ки ман ба Ӯрунбой Усмонов гуфтам, ин буд, ки қариб ки тамоми ҷаҳон ва қабл аз ҳама ҳамкоронаш дар пуштибонӣ аз ӯ қомат бардоштаанд. Дар бораи изҳоротҳои созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳои мухталиф дар пуштибонӣ аз ӯ хабар додам ва гуфтам, ки ахиран мактуби раҳбарияти Би-би-сиро ба мақомоти Тоҷикистон таслим кардам.”

Оқои Исмоилов афзуд: “Раҳбарияти ман дар ин мактуб ба мақомоти Тоҷикистон иброз доштааст, ки мо бо мақомоти Тоҷикистон ҳамеша робитаи хуб доштем ва намехоҳем ба ин робита латма ворид шавад.”

Ҳамроҳ бо намояндагони Би-би-сӣ дар дидор бо Ӯрунбой Усмонов ду хабарнигори маҳаллӣ низ буданд. Аммо ба гуфтаи вакили мудофеъи оқои Усмонов, муваккилаш “бо дарназардошти қазияи ахир бо хабарнигорон Ленура Мустафоева ва Илҳоми Ҷамолиён” нахостааст бо ин хабарнигорон сӯҳбат кунад.

Ҳамид Исмоилов, раиси бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ, ки Ӯрунбой Усмонов беш аз даҳ соли ахир барои ин бахш кор кардааст гуфт, ки тӯли чанд рӯзи ахир бо мақомоти сутӯҳи мухталиф дар Тоҷикистон дидору гуфтугӯҳо дар ин замина дошт.

Вай гуфт, ки дар тӯли ин муддат бо қазияи Ӯрунбой Усмонов ва иттиҳомоти ворида ба ӯ аз наздик ошно шуда ва дубора мутмаъин шудааст, ки хабарнигор дар ҳеҷ маврид рафтори ғайриқонунӣ надоштааст.

Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов иттилоъ дод, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ узвияти муваккилашро дар Ҳизби Таҳрир собит накардааст.

Мақомоти амниятии вилояти Суғд Ӯрунбой Усмоновро, ки рӯзи 13-уми июн пас аз кор ғайб зада буд ва танҳо пас аз як рӯз хабари боздошти вай ба хонаводааш расид, қаблан тибқи моддаи 307 қонуни кайфарӣ ё ҷиноии Тоҷикистон ба узвият дар Ҳизби Таҳрир муттаҳам карда буд.

Шабакаи хабарии Би-би-сӣ, сафоратхонаҳои Бритониё ва Омрико, Иттиҳодияи Урупо, САҲУ, созмонҳои Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, Хонаи Озодӣ ва Афви Байналмилалӣ бо пахши баёнияҳое аз давлати Тоҷикистон хоста буданд, Ӯрунбой Усмоновро бедиранг озод кунад.

Аммо вакили мудофеъи оқои Усмонов гуфт, ки тибқи Қонуни кайфарии Тоҷикистон, пас аз ин, ки додгоҳ ҳукми боздоштро содир мекунад, вакили мудофеъ то анҷоми мӯҳлати таҳқиқоти муқаддамотӣ (ду моҳ) ҳаққи дархости ҳабси хонагӣ ва ё озодии таҳти шароити муваккил надорад.

Раҳбарияти Шабакаи хабарии Би-би-сӣ дар Ландан тасмим гирифтааст, ки хабарнигорони бахшҳои мухталифи ин шабака ҳар рӯзи чоршанбе то замони озодии Ӯрунбой Усмонов дар рӯбарӯи сохтмони Би-би-сӣ дар Ландан ҳамоиши эътирозӣ барпо кунанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110628_sq_urunboy_ismailov.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *