[b]Рӯзи чаҳоршанбеи шашуми июл кормандони Би-би-сӣ дар Ландан дар иртибот бо боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон севумин ҳамоиши эътирозии худро баргузор карданд.[/b]
Ду ҷаҳоршанбеи гузашта низ чунин ҳамоишҳо дар назди сохтмони Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ доир шуда буд. Би-би-сӣ тасмим гирифтааст, ҳар рӯзи чаҳоршанбе, то замони озодии оқои Усмонов, чунин ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор кунад.
Ширкати Би-би-сӣ бо интишори ду баёния иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Усмоновро рад карда ва мегӯяд, ки ин иттиҳомот ба фаъолиятҳои рӯзноманигории ӯ муртабит аст ва аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки ӯро фавран озод кунад.
[b]»Ҳеҷ гуна иттиҳом лағв нашудааст»[/b]
Ин дар ҳолест, ки имрӯз шашуми июл мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтанд, Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ танҳо дар “мушорикат дар фаъолияти” гурӯҳи мамнӯъи Ҳизби Таҳрир мазнун будааст.
Қаблан гуфта мешуд, ки оқои Усмонов ба узвият дар ин ҳизби мамнӯъ муттаҳам буд, вале мақомҳои амниятӣ мегӯянд, ки иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти як ҳизби мамнӯъ, ба маънои узвияти дар ин ҳизб набудааст.
Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман ба Би-би-сӣ таъйид карданд, ки Ӯрунбой Усмонов ҳеҷ гоҳ дар узвияти Ҳизби Таҳрир муттаҳам нашуда буд.
Ба гуфтаи манобеъи ин кумита, парвандаи ҷинойӣ алайҳи оқои Усмонов аз оғози ин қазия, бар асоси модаи 307, банди сеюм, қисми дуюм боз шуда буд, ки марбут ба “ширкат дар фаъолияти ҳизби мамнӯъ” будааст.
Ба ин тартиб ба гуфтаи мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ ҳеҷ гуна иттиҳоме алайҳи оқои Усмонов аз замони боз шудани парванда то ба ҳоло лағв нашудааст.
Аммо қаблан Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо интишори баёнияе эълом карда буд, ки далоили кофӣ барои собит сохтани узвияти ин хабарнигори Би-би-сӣ дар Ҳизби Таҳрирро дар даст дорад.
Рӯзи 20-уми июн, як ҳафта пас аз боздошти Ӯрунбой Усмонов дар Хуҷанд ва пас аз “сели” изҳорот ва баёнияҳо аз сӯйи сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалии дифоъа за ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорӣ ин кумита дар баёнияе аз ҷумла навишта буд: “…далоили кофӣ барои собит кардани узвияти Усмонов дар Ҳизби Таҳрир вуҷуд дорад.”
Аммо баъдан Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Урунбой Усмонов, эълом карда буд, ки дар ҷараёни тафтишот ва бозҷӯйиҳои муқаддамотии ҳафтаҳои нахуст собит шудааст, ки вай ҳаргиз узви Ҳизби Таҳрир набуда ва иттиҳоми узвият алайҳи ӯ лағв шудааст.
Хонуми Воҳидова ин суханонро рӯзи сешанбеи 28 июн, пас аз дидори намояндагони Би-би-сӣ бо Урунбой Усмонов дар идораи амнияти вилояти Суғд дар ҳузури кормандони амниятӣ ва ду хабарнигори маҳаллӣ низ такрор кард ва маъмурони амниятӣ низ ин нуктаро таъйид карданд.
Аммо намояндагони Би-би-сӣ пас аз он дидор бо хабарнигори боздоштшудаи худ дар идораи амнияти маҳаллӣ, аз вазъияти равонӣ ва ҷисмонии оқои Усмонов башиддат ибрози нигаронӣ карданд.
Ба гуфтаи онҳо, ҳарчанд оқои Усмонов пас аз даҳ рӯзи боздошт аз идораи амният ба боздоштгоҳ мунтақил шуда ва мумкин аст аз хадамоти пизишкӣ бархӯрдор шуда бошад, вале вазъияти саломатии ӯ, ки аз бемории қанд ва заъфи дил ранҷ мебарад, бисёр нигаронкунанда аст.
Бо ин ҳол, рӯзи сешанбеи панҷуми июл Иттиҳодияи Урупо низ бо нашри баёнияе дигар аз тасмими мақомоти Тоҷикистон мабнӣ бар лағви иттиҳомоти узвияти Ӯринбой Усмонов ба Ҳизби Таҳрир истиқбол кардаанд.
Ҳайъати суфарои кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон дар ин баёния ҳамзамон аз боқӣ мондани иттиҳомот алайҳи оқои Усмонов, ки “ба фаъолияти хабарнигории ӯ марбут буда ва аз чаҳорчӯби истондортҳои фаъолияти хабарнигорон берун намеравад”, ибрози нигаронии амиқ кардаанд.
Суфарои кишварҳои Иттиҳодияи Урупо ибрози умедворӣ карданд, ки мақомоти Тоҷикистон дар мавриди иттиҳомоти боқимонда таҷдиди назар карда ва сареъан Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сиро аз боздошт озод хоҳанд кард.
Ӯрунбой Усмонов, ки тайи даҳ соли ахир хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон буд, рӯзи 13-уми июн пас аз поёни зи корӣ нопадид шуда ва танҳо пас аз як рӯз хонаводааш аз боздошти ӯ бохабар шуд.
Ширкати Би-би-сӣ бо интишори ду баёния иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Усмоновро рад карда ва мегӯяд, ки ин иттиҳомот ба фаъолиятҳои рӯзноманигории ӯ муртабит аст ва аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки ӯро фавран озод кунад.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110706_sq_urunboy.shtml