[b]Созмони ҳуқуқи башари Amnesty International барои раҳоии Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ аз боздошт дар Тоҷикистон иқдоми ҷадидеро рӯйи даст гирифтааст.[/b]
Ин созмон аз ҳазорҳо тан аз аъзои худ даъват кардааст, аз раиси ҷумҳурӣ, Вазорати хориҷа ва Додситонии кулли Тоҷикистон озодии фаврии оқои Усмонов ва бозрасии мавориди бадрафторӣ дар қиболи ӯ ба ҳангоми боздоштро тақозо кунанд
Пешниҳод шудааст, ки хабарнигорон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ ё забони модарӣ, аз боздошти Ӯрунбой Усмонов барои фаъолияти хабарнигорӣ ва ба хотири озодии баён ибрози нигаронӣ карда ва хостори лағви иттиҳомоти ворида алайҳи хабарнигори Би-би-сӣ ва озодии фаврии ӯ шаванд.
Дар ин даъват омадааст: Аз ин ки Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ барои фаъолияти хабарнигорӣ ва барои таҷрубаи мусолиматомези озодии баён тавассути боздошт, ҷазо дидааст, ибрози нигаронӣ кунед.
Аз мақомот тақозо кунед, ки фавран ҳамаи иттиҳомот алайҳи ӯро, ки ба фаъолияти хабарнигорӣ марбут аст лағв кунанд ва ӯро озод кунанд.
Аз мақомот тақозо кунед, ки Ӯрунбой Усмонов аз ҳама гуна озори ҷисмонӣ ва бадрафторӣ эмин буда ва иддаъоҳо дар бораи шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба ӯ, фавран ба сурати мустақилона ва мунсифона таҳқиқ шавад ва афроди муқассир дар шиканҷаи эҳтимолӣ ҷазо дода шаванд.
Аз ин ки Ӯрунбой Усмонов танҳо 20-уми июн тавонист бо вакили мудофеъи худ мулоқот кунад, ибрози нигаронӣ кунед.
Дар баёнияи Amnesty International омадааст, дар ҳафтаи аввали боздошт оқои Усмонов ба вакили мудофеъ дастрасӣ надошта ва аҳли хонаводааш низ танҳо як маротиба бо Ӯрунбой Усмонов дидор кардаанд.
Ҳамид Исмоилов, раиси бахши Осиёи Марказии Би-би-сӣ, ки дар ҳафтаи гузашта ба муддати 10 дақиқа бо оқои Усмонов дидор карда буд, мегӯяд: «Ман интизор доштам шахси аз лиҳози ҷисмонӣ заъифро бубинам, аммо дар дар баробари худ фарди аз лиҳози равонию психологӣ шикастаро дидам.ҳангоме ки бо ман сӯҳбат мекард, чашмаш ба сӯйи маъмурони амниятӣ буд.»
Ду рӯзе қабл, ҳайъати суфарои кишварҳои Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон дар баёнияи муштарак хостори озодии фаврии Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ аз боздошт шуда буданд.
Иттиҳодияи Урупо аз талошҳои давлати Тоҷикистон барои истиқрори субот ва амният дар кишвар пуштибонӣ карда, ҳамзамон ба муҳим будани озодии матбуъот дар Тоҷикистон ва вафодор будан ба истондоротҳои қазойии шаффофи байналмилалӣ таъкид кардаанд.
Маъмурони амниятӣ: «Худо доҳад, нағз мешавад»
Дар ҳамин ҳол, Малоҳат Абдуазимова, хонуми Ӯрунбой Усмонов рӯзи панҷшанбеи 7 июл, ба Би-би-сӣ гуфт, ки рӯзи гузашта Шамс Холмуродов, муфаттиши Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз ӯ дар бораи фаъолияти корӣ ва зинадагии шавҳараш суолу ҷавоб кардааст.
Хонум Абдуазимова бо ибрози таъаҷҷуб аз ин, ки маъмурони амниятӣ бо ӯ «ин бор хеле рафтори муаддабона доштанд, гуфт: «Вақте ман аз муфаттиш дар бораи ояндаи шавҳарам пурсидам, ӯ гуфт «Худо хоҳад, нағз мешавад» гуфт.»
Дар ҳамин ҳол, Ойбек Усмонов, писари Ӯрунбой Усмонов гуфт, ки падараш аз тариқи вакили мудофеъ хостори муъоинаи тиббӣ аз ҷониби профессор Маҳмудҷон Мамадҷонов, пизишки шаҳри Хуҷанд шудааст. Ин пизишк ба гуфтаи Ойбек маъмулан падарашор муъоина мекардааст.
Ойбек гуфт, падараш дар мулоқоти аҳли хонавода дар авохири моҳи гузашта аз вазъияти саломатии худ, бахусус, аз шиддат гирифтани бемории қанд ва мушкилоти қалбӣ шикоят карда буд.
Ӯ гуфт, ки кормандони Кумитаи амнияти Тоҷикистон ваъда додаанд, ки дар рӯзҳои наздик дар сохтмони ин кумита дар шаҳри Хуҷанд ба дидори Ӯрунбой Усмонов бо аҳли хонаводааш иҷоза хоҳад дод.
Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13 июн ҳангоме ки аз маҳалли кор ба хона бармегашт, нопадид шуд. Як рӯз пас маъмурони амниятӣ ва пулис ӯро ба хонааш оварда, манзилашро такурӯ карданд ва дубора бо худ бурданд.
Аз он замон то кунун чандин созмони байналмилалӣ, сафоратхонаҳои ғарбӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар баёнияҳое хостори озодии Ӯрунбой Усмонов шудаанд. Би-би-сӣ низ дар ду баёния боздошти ӯро маҳкум карда ва хостори озодии фаврии ӯ шудааст.
Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ) бо интишори баёнияе аз давлати Тоҷикистон хоста буд, ки иттиҳомоти ба гуфтаи ин созмон “сохтагӣ” алайҳи хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷандро лағв кунад.
Ҳамчунин, ин созмон хостори озодии Ӯринбой Усмонов шуда ва гуфта буд, ки иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Усмонов бо фаъолиятҳои хабарнигориаш пайванд дорад.
Бо ин ҳол, ҷониби бозрасӣ ҳоло мехоҳад бо такя ба бархе кутуб ва асноди Ҳизби Таҳрир, ки дар компютери кории оқои Усмонов пайдо шудаанд, ӯро ба «ҳамдастӣ» ё «хабар надодан ба мақомоти марбута» дар бораи мулоқоташ бо аъзои эҳтимолии ин ҳизб муттаҳам кунад.
Вале ҳам Ӯринбой Усмонов, ҳам вакили мудофеъаш ва ҳам Би-би-сӣ мегӯянд, ки мулоқоти оқои Усмонов бо аъзои эҳтимолии Ҳизби Таҳрир дар чорчӯби фаъолиятҳои хабарнигорияш сурат гирифтааст.
Ширкати Би-би-сӣ бо интишори ду баёния иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Усмоновро рад карда ва мегӯяд, ки ин иттиҳомот ба фаъолиятҳои рӯзноманигории ӯ муртабит аст ва аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки ӯро фавран озод кунад.
Питер Ҳоррокс, раҳбари Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ, дар номае аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, хостааст, ки ба озодии Ӯринбой Усмонов мусоъидат кунад.
Вале раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳеч посухе ба ин нома ва муроҷиъатномаи аҳли хонаводаи Ӯринбой Усмонов, ки рӯзи 18 май ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ ирсол шуда буд, надодааст.
Дар ҳамин ҳол, баъд аз зӯҳри ҳар рӯзи чаҳоршанбе хабарнигорон ва мудирони бахшҳои мухталифи Би-би-сӣ дар ҳамоиши эътирозӣ дар назди сохтмони Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ дар Лондон, дар иртибот бо боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори ин шабака дар шимоли Тоҷикистон, барпо мекунанд.
Би-би-сӣ тасмим гирифтааст, ҳар рӯзи чаҳоршанбе, то замони озодии оқои Усмонов, чунин ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор кунад.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110707_mm_amnesty_urunbay.shtml