[b]Вакили мудофеъи Ӯрунбой Усмонов аз муфаттиши парвандаи муваккилаш дархости расмӣ дар бораи тағйири навъи ончи “чораи пешгирӣ” номида мешавадро кардааст. Дар ин дархост омадааст, ки чораи пешгирӣ то анҷоми таҳқиқоти муқаддамотӣ аз «ҳабс» ба «набаромадан аз ҷойи зист» таҳти замонат тағйир дода шавад.[/b]
Дар ҳоли ҳозир чораи пешгирие, ки нисбат ба Ӯрунбой Усмонов истифода шудааст “ҳабс” аст.
Аммо Файзинисо Усмонов, вакили мудофеъи оқои Усмонов мегӯяд, таъйиноти додгоҳ дар бораи ҳабси муваккилаш дар ҳоле содир шудааст, ки оқои Усмонов вакили мудофеъ надошт, ки аз додгоҳ чораи пешгирии муносиб барои вазъи саломатии худ тақозо кунад.
Дар ин дархост омадааст, ки ҳарчанд дар рӯзҳои нахуст оқои Усмонов аз вакили мудофеъ даст кашида бошад ҳам, ӯ на огоҳии кофии ҳуқуқӣ ва на шароити озодӣ барои ҷамъоварии асноди зарурирӣ дар бораи вазъи саломатӣ ва шахсияти худро дошт, то ки дар муқобили дархости муфаттиш дар бораи ҳабс аз додгоҳ, аз ҳаққи худ дифоъ кунад.
Рӯзи 15-уми июн дар ҳоле, ки Ӯрунбой Усмонов ҳанӯз вакили мудофеъ надошт, додгоҳи шаҳри Хуҷанд бино ба дархости маъмурони амниятӣ иҷозаи истифодаи чораи пешгирии навъи “ҳасб” дар нисбати Ӯрунбой Усмоновро содир карда буд.
[b]Дидори Ӯрунбой Усмонов бо пизишк[/b]
Дар ҳамин ҳол шоми рӯзи панҷшанбеи 7-уми июл, пас аз дархости Ӯрунбой Усмонов дар ин бора, профессор Маҳмудҷон Мамадҷонов, пизишки шаҳри Хуҷанд ӯро аз мушоҳидаи пизишкӣ гузаронд.
Ойбек Усмонов, писари Ӯрунбой Усмонов гуфт, падараш дар ҳоле аз тариқи вакили мудофеъ хостори муъоинаи тиббӣ аз ҷониби профессор Маҳмудҷон Мамадҷонов шудааст, ки ӯ дорои бемориҳои мухталифи музмин, аз ҷумла бемории қанд, бемории қалб ва осеби сар аст.
Профессор Мамадҷонов пас аз омӯхтани вазъи саломати оқои Усмонов бархе аз ановини ташхисро барои вай тавсия карда ва гуфтааст, ки танҳо пас аз омӯзиши натоиҷи ин ташхисҳои пизишкӣ, дар бораи вазъи саломати оқои Усмонов тавзеҳот ироа хоҳад кард.
[b]Нигаронии САҲУ аз вазъи саломати Усмонов[/b]
Дар ҳамин ҳол, Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) бори дигар исрор кардааст, ки давлати Тоҷикистон бояд Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори боздоштӣшудаи Би-би-сиро аз боздошт раҳо кунад.
Дуня Миятович, намояндаи Озодии Баёни Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Виен дар ин баёния гуфтааст: “Усмонов бемории қалб ва қанд дорад ва ҳарчанд ӯ ба боздоштгоҳи дигар мунтақил шуд ва ҳоло ба хадамоти пизшкӣ дастрасӣ дорад, ман ҳамчунон дар заминаи вазъи саломати заифи ӯ нигарон ҳастам.”
Дар баёнияи САҲУ мехонем, ки Дуня Миятович, намояндаи Озодии Баёни САҲУ гуфтааст: “Ман то ҳоло мунтазири ҷавоби расмӣ ба номаи худ унвонии вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳастам”.
Вай гуфт, ки 16-уми июн ба Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон номае ирсол карда буд, ки дар он боздошти оқои Усмонов, “амале барои сонсур кардани гузоришҳо дар бораи масоили ҳассос” унвон мешавад.
Хонум Миятович афзуд: “Ман бори дигар аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки асли бароъат (мафҳуми ҳуқуқӣ, ки ҳар кас то замони исботи ҷурм дар додгоҳ бегуноҳ маҳсуб мешавад)-ро дар нисбати Усмонов риъоят кунанд ва ӯро фавран озод кунанд.”
[b]Корзори Афви Байналмилал дар тарафдорӣ аз Усмонов[/b]
Созмони ҳуқуқи башари Amnesty International ё Афви Байналмилал барои раҳоии Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ аз боздошт дар Тоҷикистон корзореро рӯйи даст гирифт.
Ин созмон аз ҳазорҳо тан аз аъзои худ даъват кардааст, аз раиси ҷумҳурӣ, Вазорати хориҷа ва Додситонии кулли Тоҷикистон озодии фаврии оқои Усмонов ва бозрасии мавориди бадрафторӣ дар қиболи ӯ ба ҳангоми боздоштро тақозо кунанд.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110708_mm_supreme_court_pressa.shtml