[b]Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон дар баёнияи рӯзи панҷшанбеи худ дар робита ба озодии машрути Ӯрунбой Усмонов, аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки ин хабарнигори Би-би-сӣ табраъа шавад.
[/b]
Дар ин баёния мехонем: «Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон озод шудани Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ҷаҳонии Би-би-сиро истиқбол мекунад ва аз мақомот дархост мекунад, ки ӯро комилан табраъа кунад ва ҳама гуна шароити маҳдудияти сафарро дар қиболи ӯ лағв кунад.»
Роберт Маҳоне, раиси Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигрон гуфтааст: «Аз ин ки Ӯрунбой Усмонов пас аз як моҳи зиндон ба хонаводааш баргашт оҳи сабукӣ кашидем. Боздошти Усмонов ноҳақ буд ва мо аз мақомоти тоҷик мехоҳем, ки иттиҳомоти беасосро алайҳи ӯ ва маҳдудияти сафарро барои ӯ лағв кунанд.»
Ӯрунбой Усмонов, ки тӯли даҳ соли ахир барои барномаи Осиёи Миёнаи Бахши Ҷаҳонии Би-би-сӣ кор кардааст, рӯзи 13-уми июн тавассути маъмурони интизомӣ ва амниятӣ дар Хуҷанд. шимоли Тоҷикистон боздошт шуда буд.
Вай расман дар «мушорикат дар фаъолияти созмонҳо ва аҳзобе, ки дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми додгоҳ мамнуъ ҳастанд» ва дар «мусоъидат ба фаъолияти гурӯҳи ҷоноӣ» мазнун дониста мешавад.
[b]Баёнияи Би-би-сӣ дар бораи озодии машрути Усмонов[/b]
Ӯрунбой Усмонов пас аз зӯҳри рӯзи панҷшанбеи 14-уми июл, пас аз боздошти беш аз якмоҳа ба манзили худаш дар Хуҷанд баргашт. Вай гуфт, ки ӯ “хаста, аммо хеле шод аст.”
Би-би-сӣ дар баёнияи марбут ба озодии машрути Ӯрунбой Усмонов навишт, ки “авлавияти мо ин аст, ки Ӯрунбойро дар миёни хонаводааш бубинем.”
Дар ин баёния мехонем, ки Ӯрунбой Усмонов пас аз зӯҳри 14-уми июл таҳти шароити вижа аз боздошт озод шуда ва ба куллия афроде, ки аз ӯ тарафдорӣ мекунанд, ибрози сипос кардааст.
Масъулони Би-би-сӣ дар баёнияи худ гуфтаанд: “Мо мунтазирем, аз ҷузъиёти бештари шароити озодии оқои Усмонов огоҳ шавем, аммо то ҷое маълум аст, ӯ то замони баргузории муҳокимаи додгоҳ дар Хуҷанд хоҳад буд.”
Питер Ҳаррокс, Раиси бахши Ҷаҳонии шабакаи Би-би-сӣ дар мавриди озодии машрути Ӯрунбой Усмонов гуфт: “Мо аз ин, ки мақомоти Тоҷикистон ба дархостҳои мо гӯш доданд, истиқбол мекунем.»
Вай афзуд: “Ҳамон гуна, ки мо пайваста таъкид доштем, мо бовар дорем, ки Ӯрунбой бегуноҳ аст ва ҳар коре ки ӯ кардааст, фаъолияти журнолистиаш барои Би-би-сӣ буд.”
Дар ин баёния аз қавли оқои Ҳаррокс ҳамчунин мехонем: “Мо медонем, ки хонавода ва дӯстони Ӯрунбой аз бозгашти ӯ ба хонааш шоданд ва аз талошҳое ки ҳамкорон дар Би-би-сӣ ва ҷаҳон дар ин замина кардаанд, қадрдонӣ мекунем.”
[b]Шодии хонавода аз бозгашти падар[/b]
Дар ҳоле, ки оқои Усмонов дар ҳоли ҳозир аз мусоҳиба худдорӣ мекунад, Ойбек Усмонов, писари ӯ дар посух ба ин савол, ки вазъи саломатӣ ва равонии падарашонро чӣ гуна дарёфтанд, гуфт: «Ӯ хеле шод аст, беҳад хурсанд аст, аммо хеле лоғар шудаанд. Мо мехоҳем, базудӣ ӯро ба пизишки асабшиносаш нишон бидиҳем.»
Аз ӯ пурсидем, ки оё оқои Усмонов дар бораи зиндагиаш дар боздошт чиҳо мегӯяд, Ойбек гуфт: «Аз бас, ки меҳмон зиёд дорем, ҳанӯз фурсати ин гуна сӯҳбат набуд, аммо падарам чун медонистанд, ки бегуноҳанд, бовар доштанд, ки озод хоҳанд шуд.»
Ойбек гуфт, ки аз ҳаяҷон ва шодӣ аҳли хонавода то дер вақт бедор буданд, чун аз дидори падар сер намешуданд.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110715_sq_urunboy_back_home.shtml