[b]Сафорати Омрико дар Тоҷикистон бо пахши баёнияе аз озодии машрути Ӯрунбой Усмонов аз боздоштгоҳ истиқбол кардааст.[/b]
Сафорати Омрико лағви иттиҳомот алайҳи оқои Усмонов дар заминаи узвияти эҳтимолии ӯ дар Ҳизби Таҳрирро аз сӯйи Додситонии кулл як амри муҳим хондааст.
Зеро, ба навиштаи сафорат, оқои Усмонов ва куллияи хабарнигорон барои анҷоми фаъолияти хабарнигориашон “бояд бо гурӯҳҳои мухталиф” дидор ва гуфтугӯ дошта бошанд.
Сафорати Омрико аз давлати Тоҷикистон даъват кардааст, иттиҳоми дигар алайҳи оқои Усмонов аз ҷумла, хабар надодан дар бораи фаъолияти ғайримуҷозро низ лағв кунад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран парвандаи оқои Усмонов аз додситонӣ ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд ироа шудааст. Манобеъи додгоҳӣ мегӯянд, ки баъд аз баррасии ин парванда аз сӯйи қозӣ, замони оғози муҳокимаи он дар додгоҳ эълом хоҳад шуд.
Ӯрунбой Усмонов, ки тӯли даҳ соли ахир барои барномаи Осиёи Миёнаи Бахши Ҷаҳонии Би-би-сӣ кор кардааст, рӯзи 13-уми июн тавассути маъмурони амниятӣ дар вилояти Суғд боздошт шуда буд.
Вай расман дар «мушорикат дар фаъолияти созмонҳо ва аҳзобе, ки дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми додгоҳ мамнуъ ҳастанд» ва дар «мусоъидат ба фаъолияти гурӯҳи ҷиноӣ» мазнун дониста мешавад.
Ӯрунбой Усмонов пас аз зӯҳри рӯзи панҷшанбеи 14-уми июл, пас аз боздошти беш аз якмоҳа ба манзили худаш дар Хуҷанд баргашт. Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо анҷоми таҳқиқи парвандаи оқои Усмонов “ниёз ба маҳдуд кардани озодиаш боқӣ намондааст.”
Питер Ҳаррокс, Раиси бахши Ҷаҳонии шабакаи Би-би-сӣ дар мавриди озодии машрути Ӯрунбой Усмонов бо пахши баёние гуфт буд: “Мо аз ин, ки мақомоти Тоҷикистон ба дархостҳои мо гӯш доданд, истиқбол мекунем.»
Вай афзуд: “Ҳамон гуна, ки мо пайваста таъкид доштем, мо бовар дорем, ки Ӯрунбой бегуноҳ аст ва ҳар коре ки ӯ кардааст, фаъолияти журнолистиаш барои Би-би-сӣ буд.”
Дар ҳамин ҳол, бархе аз созмонҳои байналмилаллии дифоъ аз хабарнигорон бо пахши баёнияҳо аз озодии машрути Ӯрунбой Усмонов истиқбол карда ва изҳор доштанд, ки иттиҳомоти дигар низ бояд лағв шаванд.
[b]Дархости тозаи Усмоновҳо аз президент Раҳмон[/b]
Хонаводаи Ӯрунбой Усмонов рӯзи сешанбеи 19 июл дар номае унвонии Президент Раҳмон хостори табраъа шудани ин хабарнигори Би-би-сӣ шудааст.
Дар ин нома аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои озодии машрути оқои Усмонов ибрози сипос шудааст. Аз ҷумла дар ин нома мехонем: «баргаштани падарамон аз СИЗО ба хона намунае аз ғамхории Шумо аст.”
Хонаводаи оқои Усмонов иттиҳомоти ворида алайҳи ӯро «сӯитафоҳум» хондааст. Дар ин бора мехонем: “Мо мехоҳем, падарамон мудово шавад ва ба кори худ баргардад. Мо бисёр мехоҳем, ки ин суитафоҳум ҳар чи зудтар аз байн равад ва яке аз оилаҳои ватани азизамон ба зиндагии ороми худ баргардад. “
Пайвандони оқои Усмонов ҳамчунин аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш кардаанд, ки “барои куллан озод ва бегуноҳ эътироф шудани» падарашон кумаки худро дареғ надорад.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110719_if_urunbay_usa.shtml