[b]Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси АМВАОМТ
(Тезиси суханронӣ дар Ҷаласаи Муқаддимавӣ барои баррасии масоили ҳуқуқи инсон, Душанбе, 22 июли соли 2011)[/b]
Хонумҳо ва ҷанобон,
Пеш аз ҳама, ба созмондиҳандагони ин ҷаласа — Дафтари САҲА дар Тоҷикистон изҳори сипос менамоям, ки барои муколамаи ҷонибҳо — музокироти солонаи байни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овардаанд. Умед дорам, ки тавсияҳое, ки дар ин ҷо ироа мегарданд, дар фаъолияти мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ истифода шуда, ба рушди озодии сухан ва ВАО дар кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Новобаста аз меъёрҳои эъломияви дар конунгузории кишвар дар бораи озодии баён ва фароҳам овардани шароити дастрасӣ ба иттилооти расмӣ, дар амалия маҳдудиятҳо дар ин ҷабҳа ҷой доранд. Сабаби асосии ин ҳолат, муваффақ набудани сиёсати давлатии иттилоотӣ мебошад.
Дар Тоҷикистон ду консепсияи давлатии марбут ба соҳаи иттилоот қабул шудааст. Консепсияи амнияти иттилоотии ҶТ ва Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ. Аслан, ин санадҳо барои мусоидат баҳри амалӣ намудани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, ки боиси рушди озодии баён мегардад, қабул шудаанд. Мутобиқи сиёсати иттилоотӣ дар соҳаи ВАО давлат бояд озодии сухан ва иттилоотро кафолат дода, дастрасии озоди шаҳрвандонро ба иттилооти расмӣ дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ таъмин намояд. Вале амалан, муколимаи судманд миёни субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ вуҷуд надошта, камбудиҳо ҳангоми таҳия, хараҷу мараҷ дар татбиқи онҳо боиси маҳдудияти ҳуқуқҳои шаҳрвандон мегарданд.
Зеро:
— дар таҳияи консепсияҳо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат надоштанд, мавқею назари онҳо, минҷумла намояндагони ҷомеаи рӯзноманигорӣ, дар ин санадҳо ба эътибор гирифта нашудаанд, ҳарчанд, ки ин санадҳо ба фаъолияти ВАО робитаи мустақим доранд. Дар натиҷа, дар консепсияҳо танҳо мавқеи ҳукумат инъикос ёфтааст, ки ин боиси ихтилофи назар миёни мансабдорони мақомоти давлатӣ ва рӯзноманигорон ва нашрияҳои мустақил гаштааст;
— дар консепсияҳо нуктаҳое вуҷуд доранд, ки хилофи меъёрҳои баёналмилалӣ ҳастанд: дар ин аснод бештар на мусоидат ба озодии иттилоот, балки кӯшишҳои таҳти назорат гирифтани фаъолияти субъектхои иттиилоотӣ, махсусан ВАО, ҷой доранд;
— дар татбиқи амалии консепсияҳо, эҳтимолан, манфиати ҷомеа ва шаҳрвандон не, балки манфиати гурӯҳию шахсӣ ба назар гирифта мешавад: мутобиқи талаботи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ бояд барои рушди технологияҳои иттилоотии муосир ва Интернет шароит фароҳам оварда шавад, вале ҳодисаҳои маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ ва кӯшишҳои маҳдуд намудани фаъолияти дастраскунандагони Интернет дар семоҳаи охири соли гузашта ва нимаи аввали соли равон аз акси ҳол шаҳодат медиҳанд;
— назария ва амалия дар татбиқи сиёсати иттилоотӣ ба ҳам мувофиқ нестанд: фаъолияти мақомоти давлатӣ дар таъмин намудани шаффофияти фаъолияташон, ба роҳ мондани мубодилаи интерактивии иттилоот аз тариқи сомонаҳои интернетӣ, ташкил намудани марказҳои иттилоотӣ ва ғайра ҷавобгӯи талаботи рӯз нест.
Ҳамзамон, дар амалияи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ кӯшишҳои пурзӯр намудани танзими давлатӣ дар соҳаи ВАО ба назар мерасад, ки ба озодии баён ва дастрасии шаҳрвандон ба сарчашмаҳои алтернативии иттилоот таҳдид доранд.
Дар масъалаи баргузор намудани нишастҳои матбуоти мутобиқи Амри Президенти ҶТ аз 4 марти соли 2005: аслан ин кори хуб аст, вале мундариҷаи онҳо ғайриқаноатбахш аст. Ҳамчунин дигар камбудиҳо, аз қабили ширкат накардани роҳбарони мақоми аввал, роҳ надодани рӯзноманигорони алоҳида бо сабабҳои гуногун, ба саволҳо надодани ҷавобҳои мушаххас ҷой доранд. Ҳамзамон бо сабаби мунтазам баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ, дар соҳаи муносибатҳои иттилоотӣ мавридҳои иҷро накардан ва ё номатлуб иҷро гардидани меъёрҳои қонунгузорӣ ба назар мерасанд. Баъзе роҳбарон бо баҳонаи дар рӯзҳои наздик баргузор гаштани нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон пешниҳод намудани иттилоотро рад мекунанд ё аз журналистон талаб мекунанд, ки иҷозати мақомоти болоӣ ё ашхоси мансабдори болоиро пешниҳод намоянд. Дар баъзе ҳолатҳо ба тафриқагузорӣ миёни воситаҳои ахбори ҳукуматӣ ва мустақил роҳ дода мешавад.
Қонунгузории амалкунанда ҳуқуқу манфиатҳои рӯзноманигорон ва воситаҳои ахбори оммаро пурра ҳимоя карда наметавонанд, зеро ниёз ба такмил доранд. Барои таъмини фаъолияти муваффақи онҳо, пеш аз ҳама Қонуни ҶТ «Дар бораи ВАО» бо назардошти пешниҳодоти ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи ВАО ҳарчи зудтар қабул гардида, дар ҷодаи декриминализатсияи масоили тӯҳмат ва таҳқир иқдом карда шавад.
Дар фарҷоми сухан мехостам дар бораи тағйирот ба КМҶ ҶТ, ки мувофиқи он меъёр гузоришҳои матбуотӣ барои оғози қазияи ҷиноятӣ асос шуда метавонанд, ибрози назар намоям. Ин тағйирот дар баробари пайомадҳои мусбӣ, пайомадҳои манфӣ оварда метавонад, зеро хавфи бозичаи дасти гурӯҳу ашхоси даргир шудани баъзе аз рӯзноманигоронро ниҳон дорад.
[b]Тавсияҳо:[/b]
— таҷдиди назар кардани талаботи сиёсати давлатии иттилоот бо назардошти мавқею назари созмонҳои ҷомеаи шахрвандӣ;
— таъмини минбаъдаи шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ бо роҳҳои ташкили марказҳои иттилоотӣ, фаъолияти пурсамари сомонаҳои иттилоотӣ ва умури матбуоти инҳо;
— ислоҳоти низоми воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ бо назардошти таъмини плюрализми ақидаҳо;
— пешгирӣ намудани монополизми ВАО аз ҷониби давлат ё гурӯҳҳои молиявию саноатӣ;
— такмили заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ВАО бо назардошти меъёрҳои байналмилалии озодии баён;
— де-криминализатсияи масоили тӯҳмат ва таҳқир;
— баланд бардоштани маърифати касбию ҳуқуқии рӯзноманигорон дар инъикоси масоили ҳуқуқи башар.
Источник: