Фасод ва расонаҳо: «Шаҳрвандон ба матбуъот эътимоди бештар доранд»

[b]Дар ҳамоише дар Душанбе таъкид шуд, теъдоди зиёде аз шаҳрвандони тоҷик барои додхоҳӣ шикоёти худро ба мақомоти зирабт на, балки ба нашрияҳо ва расонаҳои мустақил ирсол мекунанд, теъдоди чунин дархостҳо аз расонаҳо дар як соли ахир ба маротиб афзоиш ёфтааст.[/b]

Ҳамоиш таҳти унвони «Фасод ва расонаҳо» дар рӯзи ҷумъаи 5-уми август ба ибтикори Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва созмони “Маркази таълиму таблиғоти алайҳи фасод” баргузор шуд.

Ширкаткунандагони ҳамоиш таъкид карданд, ки далели муроҷиъати бештари шаҳрвандон ба расонаҳо қабл аз ҳама дарёфт нашудани посух ва ё беэътиноии ниҳодҳои давлатӣ нисбат ба дархостҳо ва эътимоди ками шаҳрвандон ба ин ниҳодҳо будааст.

Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи “ASIA-Plus” гуфт, бештари шикоёт ба нашрияҳо марубат ба мушкилоти манзилӣ ё норизоиятии шаҳрвандон аз ҳукми додгоҳҳо ташкил медодааст. Вай гуфт пас аз чопи бархе аз шикоёт дар «ASIA-Plus» масъулони нашрия ба додситонию додгоҳҳо даъват шудаанд.

Ба эътиқоди оқои Мамадшоев, вазифаи матбуъот расондани иттилоъ аст, на бозрасии қазияҳо.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон далели афзоиши шикоёт ба матбуъотро ба дилсард шудани шаҳрвандон аз сохторҳои давлатӣ марбут хонд.

Зеро ба гуфтаи оқои Қаршибоев бар асоси як пажӯҳишҳои мустақил аз 100 муроҷиъати шаҳрвандон ба сохторҳои давлатӣ танҳо 1 ё 2 посухи мусбӣ дарёфт мешудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар бештари маворид ба муроҷиъати посухе дода намешавад. Ин дар ҳолест, ки бар асоси Қонуни “Муроҷиъати шаҳрвандон” масъулони сохторҳои давлатӣ бояд ба дархосту шикоёт посухи мушаххас гӯянд.

Аз сӯйи дигар, Сергей Романов, раиси Маркази мустақили ҳуқуқи башари Тоҷикистон гуфт, ки дар солҳои ахир шикоятҳо ё дархостҳо ба мақомоти давлатӣ аз тариқи пусти электрунӣ (имейл) ирсол мешаванд ва аз ин лиҳоз, мушаххас кардани он, ки имейл дарёфт шуда ё хайр душвор аст.

Оқои Романов ба унвони мисол аз сойти интернетии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки ҳамарӯза аз тариқи пусти электрунӣ даҳҳо дархосту шикоёт ворид шуда, аммо сарнавишти онҳо рӯшан нест.

Ӯ гуфт, танҳо гоҳ-гоҳе Президент Раҳмон дар мулоқотҳо таъкид мекунад, ки аз тариқи имейл аз фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ шикоёт ворид шудааст.

Сергей Романов гуфт, тибқи Қонуни “Муроҷиъати шаҳрвандон” масъулони сохторҳои давлатӣ, ки дар муддати муқаррар шикоёту дархостҳои шаҳрвандонро расидагӣ накардаанд, муҷозот хоҳад шуд.

Ҳамзамон, оқои Романов таъкид кард, то ҳол дар Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин замина оморе пайдо карда натавонистааст.

Дар ҳамин ҳол, Алиакбар Абдуллоев, раиси созмони “Маркази таълиму таблиғоти алайҳи фасод” гуфт, ки дар бархе мавориди шокиён барои бароварда сохтани ниёзҳои худ маҷбур мешаванд ба масъулони ниҳодҳои давлатӣ ришва бидиҳанд.

Оқои Абдуллоев ҳушдор дод, бо таваҷҷӯҳ ба он ки, бештари муроҷиъаткунандагон афроди фақир буда, имкони пардохти ришва надоранд ва шикоёту дархости онҳо баррасӣ намешавад, ин амр метавонад ба афзоиши норизоятӣ дар ҷомеъаи кишвар мунҷар шавад.

Сӯҳроб Қоҳирзода, раиси бахши иттилоъотии Ожонси назорати давлатӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, вуҷуди навоқис дар фаъолияти масъулони давлатӣ барои баррасии шикоёти шаҳрвандонро эътироф карда, вале гуфт, ки барои ислоҳи ин вазъ бояд васоити ахбори умум ва созмонҳои ғайридавлатӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ҳамкорӣ кунанд.

Аз сӯйи дигар, Паём Фурӯғӣ, корманди Фарҳангистони Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар шаҳри Бишкек гуфт, нахуст бояд сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандони тоҷикро боло бурд, то онҳо тавонанд аз манофеъ ва ҳуқуқи худ дифоъ кунанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Фурӯғӣ, расонаҳо ва нашрияҳои мустақил ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар роҳи мубориза барои дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон муттаҳид шаванд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/08/110805_mm_media.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *