[b]Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ эъмоли шиканҷа алайҳи Урунбой Усмонов, хабарнигори ин шабака дар шимоли Тоҷикистон, дар замони боздошташро маҳкум кардааст.[/b]
Ин шабакаи хабарӣ рӯзи ҷумъаи 19 август бо интишори баёнияе аз наҳваи бархӯрди маъмурони амниятӣ бо оқои Усмонов ибрози нигаронӣ карда ва аз мақомоти тоҷик хостааст, ки ба мавориди шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба ин хабарнигор расидагӣ кунанд.
Баёнияи Би-би-сӣ пас аз ифшои ҷузъиёти шиканҷа дар ҷараёни муҳокимаи оқои Усмонов дар додгоҳи вилояти Суғд мунташир мешавад. Баррасии ин парванда рӯзи сешанбеи гузашта дар боздоштгоҳе дар беруни шаҳри Хуҷанд оғоз шуд.
Дар баёнияи Би-би-сӣ омадааст: «Вақте аз оқои Усмонов суол шуд, вай ба додгоҳ гуфт, ки пас аз боздошт мавриди шиканҷа қарор гирифта ва аз ҷумла, маъмурон ӯро задаанд ва дастонашро бо сигор сӯзондаанд. Вай ҳамчунин гуфт, ки ӯро маҷбур кардаанд эътирофномаеро, ки қироат мешуд, имзо кунад.»
Би-би-сӣ ҳамвора бар бегуноҳии Ӯрунбой Усмонов таъкид карда ва мегӯяд, ки иттиҳомоти матраҳшуда алайҳи ӯ комилан бепоя аст. Дар ин баёния омадааст, ки дидор ва мусоҳиба бо афроди дорои ақоиди мухталиф аз усули кори хабарнигорӣ дар Би-би-сист.
Ин шабакаи хабарӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ҳамаи иттиҳомот алайҳи оқои Усмоновро лағв кунанд, то ӯ битавонад ба унвони як нависанда ва хабарнигори мӯҳтарам ба кори худ идома диҳад.
[b]Таъвиқи муҳокима[/b]
Баёнияи тозаи Би-би-сӣ дар ҳоле мунташир мешавад, ки муҳокимаи парвандаи Ӯрунбой Усмонов дар додгоҳи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, барои замоне номаълум ба таъвиқ уфтодааст.
Дар ин бора Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъа дар истинод ба Шодихон Назаров, қозии парванда, хабар дод.
Қарор буд ҷаласаи ояндаи додгоҳ барои муҳокимаи Ӯрунбой Усмонов ва чаҳор тан аз муттаҳамон ба узвият дар Ҳизби Таҳрир, як гурӯҳи исломгарои мамнӯъ, рӯзи сешанбеи 23 август доир шавад.
Вале ба гуфтаи хонуми Воҳидова, таъвиқ дар баррасии ин парванда ба далели сафари оқои Назаров аз Хуҷанд ба Душанбе барои ширкат дар ҷаласае тахассусӣ сурат гирифтааст.
То кунун ду ҷаласаи додгоҳ барои баррасии парвандаи оқои Усмонов ва чаҳор фарди муттаҳамон ба узвият дар Ҳизби Таҳрир дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шудааст.
Дар ҷаласаи аввал, ки сешанбеи гузашта доир шуд, муттаҳамон тафҳими иттиҳом шуданд ва қозӣ суолоте дар мавриди иттиҳомоти матрӯҳа алайҳи оқои Усмонов матраҳ кард. Дар ҷаласаи дувум дар рӯзи панҷшанбеи гузашта теъдоде аз гувоҳон дар додгоҳ шаҳодат доданд.
Аз ҷумлаи ин афрод як мутахассиси роёна буд, ки алайҳи оқои Усмонов шаҳодат дод. Вай муддаъӣ буд, ки дар компютери оқои Усмонов фойлҳои марбут ба Ҳизби Таҳрирро пайдо кардааст. Вале оқои Усмонов ва вакилаш салоҳияти ӯ ба унвони мутахассиси роёнаро зери суол бурданд.
Дар поёни ҷаласаи додгоҳ, Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Ӯрунбой Усмонов, хостори дар додгоҳ ҳозир шудани маъмурони амниятие шуд, ки оқои Усмоновро боздошт карда буданд.
Ӯ ва муваккилаш мехоҳанд ин афрод дар мавриди замони боздошти оқои Усмонов, ки дарвоқеъ 13 июн иттифоқ уфтода, вале дар асноди парванда 14 июн сабт шудааст, шаҳодат бидиҳанд.
Таъвиқ дар баррасии парвандаи Ӯрунбой Усмонов ва панҷ тан аз муттаҳамон ба узвият дар Ҳизби Таҳрир дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъа маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон тарҳи пешниҳодии давлат дар бораи қонуни афвро ба тасвиб расонд.
Ба гуфтаи вукалои мудофеъи оқои Усмонов, ҳатто дар сурати таъйиди иттиҳомот алайҳи вай, ӯ дар чорчӯби қонуни афви умумӣ маъоф хоҳад шуд. Аммо оқои Усмонов ва вакилонаш мегӯянд, ки вай ҳеч гуноҳе надорад ва бояд табраа шавад.
Ду рӯз пеш, Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, (CPJ) як созмони байналмилалии мудофеъи озодии баён, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки “иттиҳомоти сохтагӣ” алайҳи ин хабарнигори Би-би-сиро лағв кунанд.
Оқои Усмонов рӯзи 14 июл пас аз як моҳи боздошт аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳти шароити «берун нарафтан аз маҳалли зист» озод шуд.
Мақомҳои додситонии кулли Тоҷикистон пештар гуфта буданд, ки озодии оқои Усмонов ба қайди васиқа бо мудохилаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар, сурат гирифтааст.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/08/110819_ea_usmonov_trial.shtml