CPJ: “Аз иттиҳомоти сохта алайҳи Усмонов даст кашед”

[b]Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, (CPJ) як созмони байналмилалии мудофеъи озодии баён, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки аз “иттиҳомоти сохта” алайҳи Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли ин кишвар, даст кашанд.[/b]

Дар баёнияи ин созмон, ки шоми 17-уми август мунташир шуд, таъкид шудааст, ки ин хабарнигори Би-би-сӣ танҳо ба манзури фаъолияти ҳирфаии худ ба ҷамъоварии мавод дар бораи Ҳизби Таҳрир машғул будааст.

Руберт Мейҳунӣ, муъовини раиси Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, мегӯяд, ки иттиҳомот алайҳи Ӯрунбой Усмонов ғайри қобили қабул аст: “Зеро рӯзноманигорӣ корест, ки иртибот бо ҳама ҷонибҳо, аз ҷумла бо мухолифони давлатро, тақозо мекунад.”

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, ба Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон гуфтааст, ки агар додгоҳ иттиҳомоти воридаро таъйид кунад, ин хабарнигори Би-би-сӣ мумкин аст барои то панҷ сол ба зиндон маҳкум шавад.

Ин дар ҳолест, ки бозрасон оқои Усмоновро бар асоси модаи 307(3), банди 2-и қонуни кайфарии Тоҷикистон ба «ҳамдастӣ» ё «хабар надодан ба мақомоти марбута» дар бораи мулоқоташ бо аъзои эҳтимолии ин ҳизб муттаҳам мекунанд.

Вале ҳам Ӯрунбой Усмонов, ҳам вакили мудофеъаш ва ҳам Би-би-сӣ мегӯянд, ки мулоқоти оқои Усмонов бо аъзои эҳтимолии Ҳизби Таҳрир дар чорчӯби фаъолиятҳои хабарнигории ӯ сурат гирифтааст.

Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи сешанбеи 16 август муҳокимаи парвандаи Ӯрунбой Усмоновро дар сохтмони боздоштгоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз кард.

Дар додгоҳ ҳамчунин 4 нафари дигар аз муттаҳамон ба узвияти Ҳизби Таҳрир, муҳокима мешаванд. Дар рӯзи нахустини ҷаласаи додгоҳ, яке аз ин афрод гуфтааст, ки дар гузашта бо Ӯрунбой Усмонов танҳо ба унвони хабарнигор дидоре доштааст.

Дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбеи додгоҳ чанд нафар аз шоҳидон шаҳодат додаанд. Ба гуфтаи Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, дар ин ҷаласа фарде, ки компютери Ӯрунбой Усмоновро ба унвони мутахассиси роёна бозрасӣ карда буд, низ шаҳодат додааст.

Аммо худи оқои Усмонов ва вакилаш, хонуми Воҳидова, дар ҷаласаи додгоҳ салоҳияти ӯро ба унвони як мутахассиси роёна зери суол бурдаанд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи хонуми Воҳидова, интихоби вай барои бозрасии компютери кории оқои Усмонов ва додани назари фаннӣ дар ин бора ба таври ғайриқонунӣ сурат гирифтааст.

Вакили Ӯрунбой Усмонов мӯътақид аст, ки ин фард барои додани назари фаннӣ дар заминаи бозрасии компютери оқои Усмонов муҷаввиз надошта ва маъмурони амниятӣ низ барои даъват кардани ӯ ба унвони мутахассис ҳеч дархосте ба ширкате, ки ӯ дар он ҷо кор мекунад, нафиристодаанд.

Файзиниссо Воҳидова ҳамчунин хостори дар додгоҳ ҳозир шудани маъмурони амниятие шудааст, ки оқои Усмоновро боздошт карда буданд. Зеро ба гуфтаи вай, ҳарчанд оқои Усмонов 13 июн боздошт шуда буд, вале дар асноди расмӣ санаи боздошти ӯ 14 июн зикр шудааст.

Пештар гузориш шуда буд, ки вакили мудофеъи оқои Усмонов хостааст, ки Ленура Мустафаева, муаллифи матлабе дар сойти интернетии Pressa.tj, ба иттиҳоми тавҳин алайҳи оқои Усмонов ба додгоҳ кашида шавад.

Дар ин матлаб, ки дар ҳафтаи аввали боздошти Ӯрунбой Усмонов мунташир шуд, аз ӯ ба унвони як узви Ҳизби Таҳрир ном бурда шуда ва аз номи чанд узви дигари ин ҳизби мамнӯъ иддаъо шудааст, ки ин хабарнигори Би-би-сӣ дар фаъолияти онҳо мушорикат доштааст.

Вале дар додгоҳ ин ду узви Ҳизби Таҳрир гуфтаанд, ки ҳарчанд нависандаи ин матлаб ба онҳо аз сӯйи маъмурони амниятӣ муъаррифӣ шуда буд, вале худи Ленура Мустафаева бо онҳо сӯҳбат накардааст.

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, як ниҳоди иҷтимоъӣ, ки баҳсҳои миёни расонаҳоро баррасӣ мекунад, бо пахши баёнияе чопи матолиби таҳвиномез алайҳи Ӯрунбой Усмонов дар Pressa.tj ва нашрияи давлатии “Народная газета”-ро муғойир бо одоби рӯзноманигорӣ арзёбӣ карда ва аз расонаҳои гурӯҳӣ даъват кардааст, ки дар оянда аз чопи чунин матолиб худдорӣ кунанд.

Урунбой Усмонов рӯзи душанбеи 13 июн ҳангоме ки аз ҷойи кор ба хона бармегашт, нопадид шуд ва рӯзи дигар бо ҳамроҳии маъмурони амниятӣ ба манзилаш баргашт ва мушаххас шуд, ки ӯ боздошт шудааст.

Чанде аз созмони байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои ғарбӣ бо интишори баёнияҳое боздошти ӯро мукарраран маҳкум карда ва хостори озодии ӯ шудаанд.

Дар ниҳоят, оқои Усмонов рӯзи 14 июл пас аз як моҳи боздошт аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳти шароити «берун нарафтан аз маҳалли зист» озод шуд.

Мақомҳои додситонии кулли Тоҷикистон пештар гуфта буданд, ки озодии оқои Усмонов ба қайди васиқа бо мудохилаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар, сурат гирифтааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/08/110818_if_usmonov_spj.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *