[b]“Ҷавонӣ ва камтаҷрибагии” бозрас боъиси “хатогиҳо” дар парвандаи Урунбой Усмонов шудааст.[/b]
Ин матлабро раҳбари гурӯҳи бозрасони бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи ҷумъаи 26 сентябр дар ҷаласаи муҳокимаи парвандаи ин хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷанд эълом кардааст.
Хуршед Досов, раҳбари гурӯҳи бозрасони бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷаласаи додгоҳ ба манзури ироаи иттилоъот дар бораи наҳваи боздошт ва таҳқиқи парвандаи оқои Усмонов даъват шуда буд.
Ба гуфтаи Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, ин маъмури амниятӣ дар вилояти Суғд аз посух ба бархе аз суолоти вакилони мудофеъ худдорӣ кардааст.
Дар посух ба ин суол, ки чаро Ӯрунбой Усмонов аз вакили мудофеъ бидуни ҳузури худи вакил даст кашидааст, оқои Досов гуфтааст, ки воқеъан ин амр мухолифи муқаррароти қонун аст.
Ба эътиқоди вай, “чунин хатогӣ ба далели ҷавонӣ ва камтаҷрибагии муфаттиши парванда Саид Саймиддинов рух додааст.”
Дар мавриди таҳти шиканҷа қарор гирифтани Ӯрунбой Усмонов, ин маъмури амниятӣ гуфтааст, ки дар ин броа иттилоъ надорад ва дар ҷараёни таҳқиқи парванда нишони зарбу шатм дар бадани ин хабарнигори Би-би-си-ро надидааст.
Дар ҷаласаи имрӯзи додгоҳ вакилони мудофеъи оқои Усмонов аз Хуршед Досов суол кардаанд, ки кадоме аз маъмурони амниятӣ ва дар кадом рӯз муваккили онҳоро боздошт кардаанд.
Вале, оқои Досов гуфтааст, ки тибқи муқаррароти қавоъиди амниятӣ вай наметавонад ному насаб ва вазифаи маъмурони амниятиро ошкор созад. Аммо Шодихон Назаров, қозии парванда гуфтааст, ки амалиёти боздошти оқои Усмонов аз сӯйи Эраҷ Давлатов, масъули бахши амниятӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров анҷом шудааст.
[b]Радди мавориди шиканҷаи Усмонов[/b]
Бо ин вуҷуд, Хуршед Досов иддаъо кардааст, ки Урунбой Усмонов рӯзи 14-уми июн боздошт шудааст. Вале, пайвандон ва вакилони мудофеъи оқои Усмонов мегӯянд, ки вай 13-уми июн боздошт шуда ва тӯли як шабонарӯз мавриди зарбу шатми маъмурони амниятӣ қарор доштааст.
Малоҳат Абдуазимова, хонуми оқои Усмонов, ки низ рӯзи 26-уми август ба ҷаласаи додгоҳ даъват шуда буд, гуфт, ки рӯзи 14-уми июн шавҳараш дар ҳузури маъмурони амниятӣ ба манзили маскуниаш барои бозрасӣ оварда шуд.
Малоҳат Абдуазимова дар толори додгоҳ гуфт: “Вақте шавҳарамро ба хона оварданд, дар рӯй ва сари ӯ нишони ҷароҳатҳо вуҷуд доштанд. Дар паси гӯшаш хун хушкида ва либосаш ба хок олуда шуда буд. Вақте, ки маъмурони амниятӣ ӯро гирифта мебурданд, вай гуфт, ки агар мисли шаби гузашта шавад, ман аз он ҷо дигар зинда намебароям. Алвидоъ.”
Хуршед Досов, раҳбари гурӯҳи бозрасони бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба қозии додгоҳ гуфтааст, ки Урунбой Усмонов расман баёнот додааст, ки зимни боздошт алайҳи вай аз зарбу шатм истифода нашудааст.
Вале, ба эътиқоди вакилони мудофеъ, ин хабарнигори Би-би-сӣ ночор шудааст, чунин баёнотеро имзо кунад. Ба гуфтаи онҳо, оқои Усмонов ин амрро ба манзури таъмини амнияташ анҷом додааст.
Файзинисо Воҳидова ҳамчунин аз Хуршед Досов суол кардааст, ки бозрасии манзили оқои Усмонов бо нақзи муқарророт анҷом шудааст, зеро санади натоиҷи бозрасиро Эраҷ Давлатов имзо кардааст.
Ба гуфтаи хонум Воҳидова, танҳо бозраси парванда, яъне Саид Саймиддинов аз ҳаққи таҳияи санади натоиҷи бозрасии манзили шахси мазнун бархӯрдор аст.
[b]Салоҳияти корбари компутарӣ [/b]
Дар ҷаласаи имрӯзи додгоҳ ҳамчунин мавзӯъи салоҳияти корбари компутарӣ, ки аз сӯйи бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои бозрасии компутари Ӯрунбой Усмонов даъват шуда буд, матраҳ шудааст.
Хуршед Досов гуфтааст, ки ин корбари компутариро ба сурати лафзӣ даъват кардаанд ва ӯ ба бозрасии компутари оқои Усмонов машғул шудааст.
Вале, ба гуфтаи вакилони мудофеъ, тибқи муқаррароти қонун, чунин коршинос бояд ба сурати хаттӣ ва расман даъват шуда ва салоҳияти ҳирфаии ин корбар бояд таъйид карда мешуд. Вале чунин амре сурат нагирифтааст.
Ҳамчунин дар ҷаласаи додгоҳии 26-уми август мавзӯъи ҳузури бархе аз хабарнигорони маҳаллӣ, аз ҷумла Ленура Мустафаева, хабарнигори Pressa.tj дар марҳилаи таҳқиқи ин парванда баррасӣ шудааст. Дар матлабе, ки ин хабарнигор сипас мунташир кард, оқои Усмонов бидуни ҳукми додгоҳ узви Ҳизби Таҳрир муъаррифӣ шуда буд.
Файзинисо Воҳидова ин суолро матраҳ кардааст, дар ҳоле, ки пайвандон ва вакилони мудофеъ дар боздоштгоҳ ба Ӯрунбой Усмонов дастрасӣ надоштанд, чаро хабарнигорон тавонистаанд, ки бо вай сӯҳбат кунанд.
Хуршед Досов гуфтааст, ки он рӯзҳо дар расонаҳои гурӯҳӣ дар бораи ин қазия иттилоъоти носаҳеҳ мунташир мешуд ва раёсати бахши вилоятии амният тасмим гирфитааст, ки хабарнигоронро даъват ва шароити сӯҳбат бо оқои Усмоновро фароҳам созад.
Оқои Досов афзудааст: “Он рӯз ҳар хабарнигоре, ки барои сӯҳбат омода буд, метавонист бо Ӯрунбой Усмонов дидор дошта бошад.”
Дар ҳамин ҳол, қарор аст ҷаласаи ояндаи додгоҳ рӯзи 6-уми сентябр баргузор шавад.
Би-Би-Си
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/08/110826_if_usmonov_court.shtml