[b]Намояндагони омрикоии Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женев ба давлати Тоҷикистон аз ҷумла тавсия кардаанд, ки иттиҳомот алайҳи хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон лағв шавад.[/b]
Ин ҷаласа рӯзи душанбеи 3-юми октябр дар Женев баргузор шуд, ки дар он ҳайъати мақомоти баландпояи Тоҷикистон барои бори нахуст гузориши мукаммали худро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ироа кард.
Пас аз муъаррифии ин гузориш тавассути Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон, намояндагони Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба давлати Тоҷикистон тавсияҳо ироа карданд ва ба бархе аз саволоти худ аз аъзои ҳайъати Тоҷикистон посух ҷустанд.
[b]Тавсияҳои намояндагони Шӯрои ҳуқуқи башар[/b]
Намояндаи Омрико пас аз муъаррифии гузориши Тоҷикистон аз бархе аз ислоҳотҳое, ки дар қонунгузорӣ ва системи қазойии Тоҷикистон ба манзури беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар анҷом ёфт тақдир кард.
Аммо ӯ аз номи кишвараш ба давлати Тоҷикистон барои беҳбуди ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон панҷ тавсия ироа кард, ки яке аз онҳо лағви «иттиҳомот» алайҳи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон аст.
Омрико ҳамчунин аз вазъи Маҳмадюсуф Исмоилов, хабанигори боздоштшудаи маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард ва аз гуфт, ки кишавараш умедвор аст, қазияи ин хабарнигор низ «бидуни ин ки ба оқои Исмоилов осебе бирасад» ҳал шавад.
Намояндаи Омрико ҳамчунин аз қонуни марбут ба волидайн, ки ба тозагӣ дар Тоҷикистон қабул шудааст, ибрози норизоятӣ карда ва гуфт, ки бархе аз бандҳои ин қонун ҳуқуқи мазҳабии шаҳрвандонро нақз мекунад.
Ин қонун аз ҷумла рафтани афроди то синни 18о ба масҷидро мамнӯъ кардааст.
Аз сӯйи дигар Омрико тавсия дод, ки давлати Тоҷикистон муқарраротеро, ки пӯшиши ҳиҷоб барои занону духтаронро дар бархе аз муассисот мамнӯъ мекунад, лағв кунад. Ин кишвар ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки ба фатвои уламои Тоҷикистон, ки рафтани занон ба масҷидро дар ин кишвар мамнӯъ карда, таҷдиди назар шавад.
Аммо суханронии ҷониби Русия дар рои ҳуқуқи башари СММ дар Женев дар бораи гузориши вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон кӯтоҳ ва умдатан мусбат буд.
Русия аз талошҳои давлати Тоҷикистон барои мубориза бо фақр ва одамфурӯшӣ тақдир карда ва ду тавсияи ин кишвар низ ин буд, ки давлат муборизаро алайҳи ин падидаҳои номатлуб идома бидиҳанд.
Утриш ва чанд кишвари дигари урупоӣ ва Омрико аз вуҷуди мавориди суистифода аз нерӯи кӯдакон дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва дар ин замина тавсияҳое ироа карданд.
Намояндаи Афғонистон аз Тоҷикистон хост, то дар роҳи ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати умумии афроди мустаъид ба кори мард аз кишвар иқдом бикунад.
Итолиё аз гузоришҳои мабнӣ бар вуҷуди бадрафториҳо нисбат ба сарбозони ҷадид дар артиши Тоҷикистон ишора карда ва хост, ки давлат барои беҳбуди вазъ дар ин замина иқдомоти лозим иттихоз бидиҳад.
Дар ҳамин ҳол Зулфикор Замонов, масъули Созмони ғайридавлатии Дафтари ҳуқуқи башар ва қонун дар Тоҷикистон ин ҷаласаро муҳим арзёбӣ карда ва гуфт, ки барои бори нахуст аст, ки ҳайъате баландпоя, аз ҷумла вазири адлия, Додситони кулл ва Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон ба саволҳои марбут ба мушкилоти мавҷуд дар арсаи ҳуқуқи башар дар сатҳи СММ посух мегӯянд.
Вай гуфт: «Ин таҷрибаи ҷадид аст, натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҳамаи кишварҳо. Акнун ҳар чаҳор сол давлатҳо ба СММ дар бораи вазъи ҳуқуқи башар гузориш медиҳанд. Ба онҳо тафсияҳо ироа мешавад ва дар ҷаласаи баъди онҳо ҷавобгӯ хоҳанд буд, ки ин тавсияҳо чи гуна амалӣ шуд.»
Ин дар ҳолест, ки Дафтари ҳуқуқи башар ва қонуни Тоҷикистон яке аз созмонҳои ғайридавлатиест, ки гузориши олтернативии созмонҳои ғайридавлатии ин кишварро ба СММ ироа кард.
Вай гуфт гузориши онҳо бо гузориши давлатӣ бо ин аз ҳам фарқ мекунанд, ки дар гузориши олтернативӣ бар масоили мутафовит аз гузориши давлатӣ таваҷҷӯҳ шудааст.
[b]Мавзӯъи шиканҷа дар маркази таваҷҷӯҳ[/b]
Яке аз масоили ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ки дар гузориши олтернотифи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон низ ба он таваҷҷӯҳи вижа зоҳир шудааст, мавориди шиканҷа ва бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон аст.
Ин масъала мукарраран дар гузоришҳои созмонҳои мухалифи байналмилалӣ матраҳ шуда ва дар ин замина интиқодҳои шадидуллаҳне садо додаанд.
Ахиран Созмони Афви Байналмиллал зимни нигаронӣ аз афзоиши мавориди шиканҷаи боздоштшудагон дар Тоҷикистон ҳамчунин иддаъо кард, ки маъмурони амниятии ин кишар ба як нафар аз афроди мазнун дар боздоштгоҳ таҷовуз кардаанд.
Аммо борунес Вивиен Стерн, аз аъзои Маҷлиси Аъёни порлумони Бритониё ва аз пажӯҳишгарони маъруф дар умури зиндонҳо ва системи додгустарӣ, ки батозагӣ дидоре аз Тоҷикистон анҷом дод гуфт, ки давлати ин кишвар ахиран дар заминаи ҳуқуқи башар пешрафтҳое дошта, ки ба имиҷи ин кишвар дар ҷараёни муъаррифии гузориши мукаммали ҳуқуқи башар дар СММ таъсири мусбат хоҳад дошт.
Вай гуфт, ворид кардани бархе тағйирот ба қонун дар бораи муқаррароти дидор бо зиндониён, дидори омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар аз зиндонҳо ва созишномаи қарибулвуқӯъи давлати Тоҷикистон бо Салиби Сурх дар бораи иҷозати кормандони онҳо барои дидор аз муассисоти пӯшида аз ҷумлаи чунин пешрафтҳо маҳсуб мешаванд.
Хонум Стерн гуфт, ки ҳарчанд барои фарде, ки дар дохили кишвар аст чунин пешрафтҳо зуд ба чашм намехуранд, вале таъкид кард, ки «беҳбуди системи зиндонҳо ва рафъи мавориди шиканҷа дар ҳар кишваре замони зиёдеро тақозо кардааст, ин равандест, ки дар бархе аз кишварҳо зудтар ва дар бархе аз кишварҳо дертар оғоз шудааст.»
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111003_sq_humanrights_tajikistan.shtml