“Бухорои шариф” нахустин рўзномаи форсизабон дар Осиёи Миёна

[b]Рӯзи 11 марти соли 2012 ба нашри нахустрӯзномаи форсии тоҷикӣ дар Вароруд — «Бухорои Шариф», ки ба рӯзноманигории тоҷик асос гузошт, 100 сол пур мешавад.[/b]

Дар сод соли фаъъолияташ матбуъоти форсии тоҷикӣ мушкилоти зиёдеро аз сар гузаронд: дар даврони аморати Бухоро аҳли дарбор ва рӯҳониёни муҳофизакор бо ҳар восита мардумро аз рӯзномахонӣ дур нигоҳ доштан мехостанд.

Бино ба таъкиди устод Айнӣ, «ҷавонони Бухоро кайҳо боз дар фикри нашри рӯзномае буданд, лекин чораи инро намеёфтанд. Зеро ҳукумати Бухоро, ки ба ягон кори оддии маданӣ роҳ намедод, ба нашри рӯзномае, ки дар пеши назараш чун муфаттише шуданаш мумкин буд, чи гуна роҳ дода метавонист.»

«Элчихонаи ҳукумати рус ба нашри як рӯзномаи озодфикр рухсат додан он тараф истад, ба ин кор аз ҳукумати амир ҳам бештар монеъ мешуд.»

Дар солҳои аввали таъсиси давлати шуравӣ, бино ба сари ҳокимият омадани понтуркистҳо, чи дар ҷумҳурии Туркистони шӯравӣ ва чи ҷумҳурии халқии шӯроии Бухоро бо пуштибонии роҳбарони вақти шӯравӣ, бо ҳар роҳу васила ба табъу нашри ҷаридаву маҷалла, таъсиси макотиби нав ва интишори китобҳои дарсӣ барои фарзандони мардуми тоҷик бо забони модариашон монеъа эҷод мекарданд. Вале бо ин ҳама монеъаву мушкилот 11 марти соли 1912 шумораи нахустини рӯзномаи «Бухорои шариф» ба табъ расида, ба рӯзноманигории тоҷик поя гузошт.

[b]Заминаҳои пайдоиши рӯзнома[/b]

Сафари аҳли илму маърифат ба мамолики мутараққии дунё ва ошноии онҳо бо комёбиву муваффақият, дастоварду навгониҳои мардумони кишварҳои дигар ҳамеша манфиъатовар аст, ки аллома Аҳмади Дониш бо дидани як мамлакати нисбатан мутараққии дунё — Русия олами наверо кашф кард ва ба хулоса омад, ки низоми нави ҷаҳон боъиси тараққиву тамаддуни аҳли Фаранг гардидааст.

Пайравону шогирдони ӯ дар охири садаи 19 ва оғози садаи 20 ба туфайли сафарҳои зиёдашон ва ошноӣ бо мамолики Шарқу Ғарб ба ин натиҷа расиданд, ки мардуми бедору ҳушёр рӯ ба тараққӣ оварда, аммо аҳли Бухоро дар хоби ғафлатанд.

Аз ҷониби дигар, таъсиси рӯзномаҳои форсӣ дар садаи 19 дар сарзаминҳои мухталиф-Ҳиндустону Эрон, Туркияву Афғонистон, Мисру Инглистон ва ба рағми ҳамаи монеъаҳо нашрияҳои форсии охири садаи 19 ва оғози садаи 20 «Ахтар», «Қонун», «Ҳаббулматин», «Парвариш», «Чеҳранамо», ҷаридаву маҷаллаҳои туркиву тоторӣ ва озарбойҷонии «Сирот-ул-мустақим», «Тарҷумон», «Мулло Насриддин» ва монанди инҳо, дастраси мунавварфикрон ва ислоҳталабони Осиёи Миёна мегардид, ки аз байни одамони одӣ низ касони назаркунанда ба матбуъот пайдо шудан гирифтанд.

Таҳаввулоту дигаргуниҳо, ҷунбишу инқилобҳои пайиҳам дар оғози садаи 20 ва ошноии мунавварфикрону тараққихоҳони тоҷик бо адабиёту матбъуоти ҳамзабонону халқҳои дигар дар амри бедорӣ ва ташаккули таҷаддудхоҳӣ, пайванди ҷунбиши ислоҳталабонаи ҷадиди Бухоро бо амвоҷи наҳзати машрута ва озодихоҳони кишварҳои дигар нақши муҳим бозид.

Равшанфикрону тараққихоҳони Бухоро бо вуҷуди маҳдудияти фаъъолияташон ва таъқиби ошкору ниҳон аз ҷониби ҳукуматдорон бо ҳар роҳу восита мекӯшиданд, ки камбуду норасоиҳои ҷомеъаро рафъ сохта, мардуми Бухороро ба сӯйи тараққию тамаддун ҳидоят намоянд. Мактаби ҷадиди Абдулвоҳиди Мунзим, ки ҳамроҳ бо шарикдарсонаш Садриддин Айнӣ, Ҳамидхоҷаи Меҳрӣ ва Аҳмадҷони Ҳамдӣ таъсис дода буд, дар муддати кӯтоҳ дар байни мардум эътибору нуфузи зиёде пайдо карда, боъиси эҷоди муборизаи ошкори навгароёну муҳофизакорон гардид.

Китобҳои «Мунозира» ва «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ»-и Фитрат, «Тӯҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким низ барои тавсеъаву густариши андешаҳои маъорифпарварӣ иншо гардид. Фитрат аз номи як фарангӣ таъкид дошт, ки «агар мутолиъаи ҷароиди исломиро ҳаром нагуфта, балки худатон низ гоҳо мехондед, имрӯз илоҷи дарди исломро аз ман, ки кофирам, намепурсидед.»

Ба назари маъорифпарвари тоҷик, матбуъот, аз як тараф, дармонбахши дардҳои ҷомеъа ва аз ҷониби дигар, тарғибгари ахлоқи хубу некӯст, ки бад-ин маънӣ дар ҷойи дигари китобаш «Мунозара» дар баҳси мударриси бухороӣ бо фарангӣ таъкид мекунад: «Матбаъа кушода, халқро ба воситаи ҷароид ба ахлоқи ҳасана тарғиб намоед.»

Мирзосироҷи Ҳакими огоҳ аз вазъи сиёсӣ, иҷтимоъӣ ва иқтисодии Бухоро баъди сафарҳои тулонӣ ба мамолики Шарқу Ғарб барои ҳамватононаш «Туҳафи аҳли Бухоро»-ро пешкаш намуд ва сабаби ба ин кори хайр даст заданашро чунин тавзеҳ додааст:

«Чун дар Фарангистону Русия расм аст, ки сайёҳони он ҷо маҳзи касб кардани иттилоъ аз чигунагии милали олам ва маълумот ҳосил намудан аз фарқи мухталифи рубъи маскун ва донистани тамоми баҳру барии рӯйи замин солҳои дароз бо машаққатҳои зиёд ва заҳматҳои ҷонгудоз мулк ба мулк, шаҳр ба шаҳр рафта, ободиҳо ва харобиҳои дунёро дида, тараққии ҳар милалу фирқаро фаҳмида, ҳамаро ба силки таҳрир дароварда, тақдими бародарони динӣ ва ватании хеш медоранд.»

«Он ҳама мулкгирӣ ва футӯҳоти пай дар пайи дували Фаранг аз натиҷаи саёҳати мардумони боъилми онҳост. Натиҷаи кашфи Омрико аввал аз баракати илм, баъд аз ҳиммати саёҳат аст. Ин ходими миллат низ ба онон таассӣ намуда, баъд аз он ҳама сафару саёҳати чандинсолаи иҷмолии худро, ки бо таҷрубиёте, ки аз ин мусофиратҳо ҳосил намудам, ба силки таҳрир дароварда, дарҷи ин маҷалла намуда, тақдими миллати худ намудам.»

Адиби навандеш ҳамаи мулкгирӣ ва футуҳоти пайдарпайи дували Фарангро дар саёҳати мардумони боъилми онҳо дарёфта, кашфи Омрикоро аввал дар баракати илм, баъд аз ҳиммати саёҳат донистааст.

Он ҳама таҷрибаву сабақҳое, ки ҳини сафару саёҳати худ омӯхтааст, чунин ба риштаи назм кашидааст:

Чист сафар? Мояи илму ҳунар.
Чист сафар? Таҷрубаи хайру шарр.
Ҳаст сафар мояи анҷомҳо,
Ҳаст сафар пухтакуни хомҳо.
Ҳар кӣ сафар кард, хӯрад заҳру қанд,
Ҳар кӣ сафар кард, шавад ҳушманд.
Ҳар кӣ аз ин шарбати мо нӯш кард,
Кашмакаши даҳр фаромӯш кард.
Он чӣ дар аснои сафар дида шуд,
Бе каму нуқсон ҳама вочида шуд.

Ҳамин баракати илм ва ҳиммати саёҳат буд, ки баъди бозгашт аз сафар Мирзосироҷи Ҳаким ҳамроҳ бо тараққихоҳи дигар Мирзомуҳиддини Мансур, тоҷири машҳури Бухоро, дар пайи таъсиси як рӯзномаи тоҷикӣ шуд.

[b]Чорасозии Мирзомуҳиддин ва Мирзосироҷи Ҳаким[/b]

Соли 1912 Мирзомуҳиддини Мансур ва Мирзосироҷи Ҳаким, бино ба иттилоъи устод Айнӣ, «аввал мудири матбаъаи Когон Левини яҳудиро дида, ба вай аз нашри рӯзнома ваъдаи манфиъати зиёде нишон дода, ӯро ба майдон андохтанд.»

«Левин ба умеди фоида ба майдон баромада, дар ин бора ба элчихона муроҷиъат кард. Мирзомуҳиддин ҳам, ки бо корҳои тиҷораташ бо элчихона рафтуой дошт, тарафи рухсат додан ба рӯзномаро гирифт ва барои ба идораҳои рус шиносондани мардуми Бухоро, барои ривоҷи пахтакорӣ лозим будани рӯзномаро фаҳмонда, барои итминони хотири элчихона Ҳайдархоҷа Мирбадаловро, ки дар он ҷо хидмати мутарҷимиро ба ҷо меовард, ба мудирии рӯзнома тавсия кард. Сафоратхона ба шарти дар дасти худаш будани ҳаққи сензорӣ аз ҳукумати Бухоро барои нашри рӯзнома ба номи Левин ва Ҳайдархоҷа имтиёз ва иҷозат гирифта дод.»

Равшанфикрону тараққихоҳони Бухоро барои муҳаррирӣ аз Боку Мирзоҷалол Юсуфзодаро даъват карданд, ки дар кори табъу нашр таҷрубаи кофӣ ва бо рӯзномаю маҷаллаҳои Қафқоз ҳамкории доимӣ дошт. Дар маҷаллаи номдори Озорбойҷон «Мулло Насриддин», ки дар Тифлис чоп мешуду дар Бухоро ҳам ихлосмандону ҳаводорони зиёде дошт ва дар мактаби эҷодии ду тан аз адибони маъруфи Озарбойҷон Мирзоҷалил Маҳмадқулизода ва Алиакбари Собир, ки бунёдгузор ва сардабири моҳвораи мазкур буданд, чун адибу рӯзноманигори варзида ба камол расидааст.

Ӯ забони форсиро хуб медонист ва аз осори адибони форсизабон баҳраи зиёде бардошта буд, ки маҳз ба шарофати Мирзоҷалол нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» на танҳо дар қаламрави аморату байни мардуми Осиёи Миёна, балки Эрону Афғонистон, Русияву Ҳиндустон ва Қафқозу Туркия ва дигар мамолики мусулмонӣ муштариву хонанда пайдо кард.

Ин рӯзнома дар чаҳор моҳи аввал ҳафтае шаш маротиба, баъди таъсиси рӯзномаи «Тӯрон» ба забони ӯзбекӣ, ҳафтае чаҳор бор чоп мешуд.

Азбаски хароҷоти чоп бештар гардида, фоида камтар буд, Левин баъди нашри чанд шумора аз соҳибимтиёзии рӯзнома даст кашид ва ҷавонбухороиён бо ҷамъоварии маблағ барои идомаи нашри рӯзнома ширкати «Бухорои шариф» -ро соҳибимтиёзи рӯзнома эълон карданд ва дар шумораҳои охири худ хабар доданд, ки ба баракати «кумаки тараққихоҳон ва арбоби ҳиммат ва ҳамияти Бухоро» мушкилоти молии рӯзнома рафъ ва имкони идомаи нашраш фароҳам гардидааст.

[b]Ғояи омоли рӯзнома[/b]

Мирзоҷалол дар шумораи аввалини «Бухорои шариф» эълом дошт, ки «саҳифоти рӯзномаи мо ба ҷиҳати таҳрироти илмия ва адабия ва фанния ва билъумуман мақолоти нофия боз аст. Мақолоти муғойир бо маслаки тараққихоҳона дарҷ нахоҳад гардид» ва ин нукта басо муҳим аст дар мушаххасоти мақсаду маром ва ғояву омоли рӯзнома.

Барои хотирҷамъии ҳукуматдорони Бухоро ва сафоратхонаи рус дар ҳамин шумора таъкид шудааст, ки «мизони мундариҷот мутобиқати Қуръони шариф ва зарурати ислом хоҳад буд. Рӯзномаи мо аз ёрморкаҳо (бозорҳои макора), мисли Нижниновғуруд ва ғайра маълумот дода, аз моли алтиҷораи дохил ва хориҷ ва маҳсулоти Бухорои шариф ва атрофу тавобеъи он, мисли пунба, пашм, пӯсти кароқӯл, қимати мизони нон, гӯшт, абрешим, чой ва ғайра иттилоъот хоҳад дод.»

«Левин ба умеди фоида ба майдон баромада, дар ин бора ба элчихона муроҷиъат кард. Мирзомуҳиддин ҳам, ки бо корҳои тиҷораташ бо элчихона рафтуой дошт, тарафи рухсат додан ба рӯзномаро гирифт ва барои ба идораҳои рус шиносондани мардуми Бухоро, барои ривоҷи пахтакорӣ лозим будани рӯзномаро фаҳмонда, барои итминони хотири элчихона Ҳайдархоҷа Мирбадаловро, ки дар он ҷо хидмати мутарҷимиро ба ҷо меовард, ба мудирии рӯзнома тавсия кард. Сафоратхона ба шарти дар дасти худаш будани ҳаққи сензорӣ аз ҳукумати Бухоро барои нашри рӯзнома ба номи Левин ва Ҳайдархоҷа имтиёз ва иҷозат гирифта дод.»

«Мақсаду маслаки «Бухорои шариф» битараққӣ буда, эҳтиёҷот ва лавозими аҳолии Бухоро ва умуми исломро шарҳ хоҳад намуд: дар интишор намудан ва ҳусни иҷтимоъ соъӣ хоҳад буд.»

«Мундариҷоти умумия: телеғрофоти аҷенти Петербурғ, мақомоти илмия, ҳикоёти таърих, мустахбироти Исломбул, Мадинаи мунаввара, Миср, Теҳрон, Табрез, Рашт, Тошканд, Марғелон, Андиҷон, Хуҷанд, Самарқанд, тарҷумаи аҳволи ашхоси машҳурин.»

Мирзоҷалол аз як тараф, бо таъкид ба ибрози андешаву мулоҳиза дар доираи Қуръони шариф ва аҳкоми ислом ҳукуматдорону рӯҳониёни Бухороро хотирҷамъ ва аз тарафи дигар, бо нияти иттилоърасонии доимӣ аз ярмаркаҳо, молҳои тиҷоратии дохилию хориҷӣ кормандони сафорати Русияро дилпур месохт, ки ин рӯзнома ҳам чун нашрияҳои расмии ҳукумати подшоҳӣ дар Туркистон ба манфиъати онҳо хидмат хоҳад кард.

Дар нахустшумораи рӯзнома омада, ки «то ба ҳол дар Бухорои Шариф ба нашри рӯзнома мутавассил нашудаанд» ва «иллати аслӣ ва сабаби адами рӯзнома дар чунин нуқта ва маркази муҳим он будааст, ки аз ҷиҳати амри моддӣ касе ҷилав наафтода, то матбаъа ва лавозимро муҳайё намояд. Чун алҳол матбаъа ҳозир аст, шурӯъ ба таъсис ва нашри ҳамин варақпора мекунем.»

Баъдтар навишта, ки ҳарчанд «аморати Бухоро дорои се милюн нуфус аст, то акнун аҳолии Туркистон ва Мовароуннаҳр як рӯзнома ба забони миллӣ ва исломии худ надоштанд. Ҳоло аз ғайрат ва ҳиммати миллатписандонаи чанд нафар маъорифпарвар ва тараққихоҳони Бухорои Шариф ин рӯзномаи мусаммо ба «Бухорои Шариф» ба забони форсӣ, ки забони расмии Бухоро ҳаст, таъсис шуда ва аз адам ба вуҷуд омада ва ба табъу нашри он иқдом намуда шуд. Ҳоло барои 9-10 милюн нуфуси исломии Туркистон ва Мовароуннаҳр ҳамин як рӯзнома аст ва фақат.»

[b]Назаре ба шумори аввал[/b]

Муҳаррири рӯзнома Мирзоҷалол Юсуфзода дар саҳифаи аввали шумораи якум мақолаи «Ғояи омол»-ро пешкаши хонандагон намуда, аз хонандагон ширкати фаъъолонаро дар табъу нашри рӯзнома тақозо ва хоҳиш дошт, ки «аввал, дар ҳамроҳӣ ва муъовинати мо музоиқа нафармоед. Сониян, ҳарчи аз мундариҷоти рӯзнома дар назарашон нобаҷо омад, ба шарҳу тафсил ба идора нависанд, ки агар саҳв аз ҷониби мост, бо итминону ташаккур ислоҳи саҳви худ намуда бошем. Агар саҳву иштибоҳ аз ҷиҳати нуқсон ва қусури ифодаи бурҳон аст, ки дар такмилаш бикӯшем. Махсусан, тараққии инсоният беш аз ҳама чиз бо интиқодоти саҳеҳа метавонад буд.»

Саҳифаи дуюму сеюми шумораи аввали рӯзномаро хабаре аз марги валиъаҳд Сайид Миръабдуррасул таҳти унвони «Таассуф», дар «Ихтор» бо забони туркӣ дар бораи дар сурати иҷозат баъзан чопи мақолаҳои туркӣ дар рӯзномаи «Бухорои Шариф», силсилахабарҳои «Телегрофоте, ки даҳуми морт ба идораи мо расидааст», мақолаи Мирзосироҷи Ҳаким «Баъзе фавоиди рӯзнома», силсилаи «Ахбори маҳаллӣ» бо имзои Бухороӣ, хабарҳои «Саёҳати вазири ҷанг ба Туркистон» дар хусуси ташрифи вазири ҷанги Русия ба Туркистон аз 21 март то 31 март ва нияти боздидҳояш аз Тошканду Самарқанд, Бухорову Чорҷӯй, Ишқободу Кушкӣ ва Андиҷон, «Муҳорибаи Туркия ва Итолиё» ва чанд хабару эълони тиҷоратиро дар бар гирифтааст.

Ин ҷо ба як нукта бояд равшанӣ андохт, ки бародари гиромӣ Наҷмиддини Ковиёнӣ дар нигоштааш «Пажӯҳиш бар замона ва корномаи рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар маҷаллаи «Ориёи бурунмарзӣ» дар такия ба гуфтаи муаллифони «Таърихи матбуъоти тоҷик» таъкид карда, ки «таҷаддудхоҳони Бухоро бахубӣ огоҳ буданд, ки рӯҳониён ва калтакдорони амир метавонанд дар заминаи пахши рӯзнома монеъа эҷод кунанд. Аз ин рӯ, оқоён Қ. Л. Левин, Ҳайдархоҷа Мирбадалуф ба қушбегии Бухоро Мирзо Насруллоҳ муроҷиъат карданд ва аз ӯ дархост намуданд, ки номае мабнӣ бар ҳимоят аз нашр ва пахши рӯзномаи «Бухорои шариф» интишор бидиҳад ва ӯ ҳамчунин номаеро содир кард. Рӯзнома «Ризоятнома»-и қушбегиро чоп кард, ки дар он омада буд: «Ҳар касе ки ба рӯзномаи мазкур муштарӣ шаванд, ихтиёр доранд, мо бо он монеъ намешавем.»

Мутаассифона, чунин «Ризоятнома»-и қушбегӣ дар шумораи нахустин ва шумораҳои аввали рӯзнома ба чашм нахӯрд. Вале таҳти унвони умумии «Ахбори маҳаллӣ ва Туркистон» дар шумораи сеюми рӯзнома ба чунин мазмун эълон ба табъ расидааст: «Идораи рӯзнома ба хонандагони гиромии худ ихтор мекунад, ки то боз шудани идора дар Бухоро муштариҳои солиёна ва шашмоҳа метавонанд ба китобфурӯш Саидмуродхоҷа руҷӯъ намуда, муштарӣ шаванд. Маълум мешавад, ки фурӯшандагони рӯзнома ба қимати хотирхоҳи худ мефурӯшанд. Идора ба муштарикин эъломи ихтор менамояд, ки аз тарафи идора ба рӯзномаи мо се тин қимат гузошта шудааст. Таваққуъ мекунем, ки аз ин қимат гаронтар нахаред.»

Дар хабари дигари ҳамин силсила аз хусуси пешниҳоди шумораи аввал ба намояндаи сиёсии имперотурии Русия, амири Бухоро, қушбегӣ ва қозикалон иттилоъ додааст: «Рӯзи якшанбе, баъди нашри нумраи аввали рӯзномаи мо ношири рӯзнома дар чаҳор попка (пӯша) чаҳор нумра ба «политически огенти» (кордори сиёсӣ) аълоҳазрати имперотурӣ нишон додааст, ки яке барои ҷаноби олии амир ва яке барои худи ҷаноби «политически огенти» Русия дар Бухоро ва яке барои ҷаноби қӯшбегӣ ва яке барои ҷаноби қозикалон аст.»

Аз огентгарии (ожонси) сиёсӣ ношири мо ба ҳамроҳии бародар туқсабо (як дараҷаи низомӣ дар иморати Бухоро) хидмати қӯшбегӣ мушарраф гашта ва ду попка (пӯша) ба эшон пешниҳод намуданд: яке барои ҷаноби олии амир ва яке барои худи ҷаноби қӯшбегӣ. Эшон аз мазмуни рӯзнома мутталеъ гардида, дар бораи муҳарририни рӯзнома суол намуда ва баъд марҳаматан ноширро мураххас фармуданд.

Вақти пешниҳод намудани попка (пӯша) қозикалон аз нашри рӯзнома, ки аз ахбори олам мардумро хабардор мекунад, изҳори шодмонӣ фармудаанд. Баъд ноширро ба сари дастурхон даъват намуда ва бо ширинӣ мураххас намудаанд.»

Бе шакку шубҳа, роҳандозии чунин тарзи муъомила ва пешкаши шумораи аввали рӯзнома ба амир, қӯшбегӣ (садри аъзам) ва қозикалон ва нашри хабари бо хушнудӣ истиқбол шудани ношири рӯзнома аз ҷониби қӯшбегӣ ва қозикалон чун ризоятномаи аморат хидмат карда, ки мардум бе ҳеч мамониъат ба рӯзномаи «Бухорои шариф» обуна шаванд.

Дар саҳифаи дувуму сеюм бештар масъалаҳои маъориф, кишоварзӣ, обёрӣ, пунбакорӣ, пиллапарварӣ, ҳифзи сиҳҳати омма, бозаргонӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирифт .

Номаҳои хонандагон, ки хусусияти интиқодӣ ва ислоҳӣ дошт, зери унвони «Номаҳои ворида», «Мактуб аз Бухоро ва Самарқанд» нашр мешуд.

Бархе аз нигоштаҳо аз дохил ва хориҷ ба имзои «Мухбири махсус» чоп шудааст, ки рӯзнома дар Ишқобод, Самарқанд, Истонбул ва дигар шаҳрҳо хабарнигорон доштааст.

[b]Вазоифи рӯзнома аз нигоҳи бунёдгузор[/b]

Мирзосироҷи Ҳаким чун яке аз бунёдгузорони нашрияи «Бухорои шариф» бо шарҳи «матбаъаҳо ахбороти явмияеро аз мактуб ва телегроф чоп карда, дар миёни аҳолӣ мунташир мекунанд ва дар хориҷа ҳам бо воситаи пустахонаҳо мефиристанд ва номи он гуна авроқро газета, яъне ҷарида мегӯянд, ки ин ҷаридаи мазкур, дар боби ҳар гуна матолиб баҳс мекунад ва сухан мерасонад ва мундариҷоти он иборат аст аз иқтисодӣ, яъне корҳои тиҷоратӣ ва сиёсӣ, илми деҳқонӣ, маъишат ва ахлоқ» дар мақолааш «Баъзе аз фавоиди рӯзнома» ҳадафи таъсиси рӯзномаро шарҳу эзоҳ дода ва онро «ойинаи ҷаҳоннамои ҳама халқи олам» қаламдод ва «ҳамаи мардумро аз зулмоти ҷаҳолат ва нодонӣ бароварда, дохил ба рӯшноии илм ва ирфон месозад. Рӯзнома чизест, ки ҷумларо воқифи ҳоли ҳамдигар мекунад, агар моён имрӯз ҷароид хонем, баъд мефаҳмем, ки зиндагонӣ ва маъишати Аврупо чи гуна будааст» маънидод кардааст.

Бо таъкид ба «ҳар фарде аз афроди башар мултафити ин маънӣ буда ва ҳаст, ки хабардор будан беҳтар аз бехабарӣ аст ва донистан афзал аз нодонӣ», нақши ҷаридаро дар маърифати умумӣ тавзеҳу тарҷеҳ дода, чун дигар маъорифпарварону таҷаддудхоҳон бар он буд, ки «ҷаридаи ҳар миллат забони гӯёи ҳамон миллат аст ва миллате, ки ҷарида надорад, гӯё забон надорад ва ҳоли одами безабон ҳам ба ҳама кас маълум аст».

Ин маънӣ дар «Саёҳатномаи Иброҳимбек»-и адиби маъорифпарвари Эрон Зайнулобиддини Мароғайӣ ба тарзи «сабаби умдаи тараққиёти милали мағрибзамин аз маёмин (саъодат)-и матбуъоти он мамлакатҳои некбахт аст, ки тамоми нақоиси автон (ватан)-и худашонро аз ҳар табақае аз табақоти миллат ва аз ҳар шуъбае аз шуъаботи мамлакат, ки дидаву мешунаванд, пас аз ҳусул (ҳосил)-и итминони комил ва сидқи он машҳудот (дида) ва масмуъот (шунида)-и худашонро бидуни ҳеч мулоҳизоти шахсия ва ағроз (ғараз)-и нафсия дар саҳоифи авроқи матбуъа ба пеши анзори амвия (омма) гузошта, мураҷҷаҳ (бартарӣ)-и корро ба ислоҳи он нуқсон даъват мекунанд».

«Тараққии ҳар қавм марбут ба ин аст, ки ҳарф задан ва сухан гуфтани худашонро тобеъи навиштан ва китобат намоянд, на ин ки навиштаҳои худро тобеъи ҳарф задани авомуннос намоянд. Умедворем, ки ба қадри имкон рӯзномаи мо форсии сода ва ба забони ғолиб бошад. Аз оқоён хоҳиш дорем, дар хусуси забон ва шеваи нашароти мо ҳар чӣ салоҳ медонанд, изҳор бифармоянд. Бо итминон ва ташаккур қабул мекунем.»

Яъне яке аз вазифаҳои муҳимии матбуъот ифшои нуқсонот баъди ҳусули итминони комил будааст, ки онро имрӯз ҳақиқатнигорӣ ба қалам медиҳем. Маҳз ба туфайли матбуъоти ҳақиқатнигорашон кишварҳои дигар тараққиву рушд кардаанд, ки «мураҷҷаҳи кор низ ба маҳзи шунидани ёдоварии матбуъот бидуни фавти дақиқа ба таҳқиқи он нуқсон иқдом карда, ҳар гоҳ қавли матбуъот саҳеҳ аст, фавран асбоби ислоҳи онро фароҳам оварда, аз гӯянда ҳам ташаккур мекунад. Агар аҳёнан иштибоҳе дар кор бошад, онро ҳам ба забони хуше баён карда, ба рафъи иштибоҳи матбуъот мепардозад.»

Ин ҷо масъулияту равобити дутарафаи бо камоли масъулият пардохтани матбуъот ба ифшои камбуду нуқсон ва кӯшидани масъулин бо камоли майл ба ислоҳу рафъи он хеле хуб баён гардидааст, ки ба назари маъорифпарвари маъруфи эронӣ «сакана (сокинон)-и хушбахти он саҳафотро ҳам забони гӯё ҳаст, ҳам дидаи бино ва ҳам гӯши шунаво.» Онҳо афсӯс мехӯрданд, ки «бадбахтона аз он се неъмат маҳрумем.»

[b]Огаҳиҳо ва хабарҳои тиҷорӣ[/b]

Саҳифаи чаҳоруми шумораи аввали «Бухорои шариф» пурра ба хабарҳои тиҷорӣ ва реклом (огаҳӣ) ихтисос ёфта, унвони 35 номгӯй китобҳои нави нашриёти кутуби исломии Л. Н. Левин дар Бухорои нав, аз қабили «Девони бузурги Ҳофиз», «Бедил», «Девони Машраб», «Баёз» бо нархаш ва 5 эълону реклом ҷой дода шудааст.

Матолиби шумораи аввали нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» ба он далолат мекунад, ки бо таъсиси он бунёдгузорону муассисон ду ҳадаф доштаанд: иттилоърасонӣ ва касби манфиъати молӣ.

Барои интишори эълону реклом ва хабарҳои тиҷорӣ дар саҳифаҳои сеюму чаҳорум муассису идораи рӯзнома 20 тин ва дар саҳифаи аввалу дуюм 30 тин муқаррар намуда буд, ки иқтисоди бозорӣ чунин муносибатро тақозо мекунад. Қисми зиёди расонаҳои хабарии кишварҳои ҷаҳон фаъъолияти худро аз ҳамин ҳисоб ба роҳ мондаанд, ки дар даврони шӯравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон чунин тарзи фаъъолият мамнӯъ буд.

Бо гузашти солҳо, расонаҳои хабарии Тоҷикистон боз ба ин тарзу усул баргаштанд, ки имрӯз аз ин ҳисоб бархе аз расонаҳои хабарии кишвар маблағи муъайяне ба даст меоваранд ва он ҳам ҳамон идомаи анъанаи нахустрӯзномаҳои мост.

[b]Мирзоҷалол ва инъикоси масоили муҳимми замон[/b]

Мирзоҷалол Юсуфзода чун сармуҳаррири рӯзнома дар инъикоси масоили муҳимми аморати Бухоро ва ҷаҳон аз жонрҳои гуногун истифода мебурд. Хабар дар рӯзномаи «Бухорои шариф» ҷойгоҳи вижа дошт, ки зери унвони ахбори дохила, хориҷа, маҳаллӣ, тиҷорӣ, санъатӣ ва телегрофотӣ ба табъ расидааст. Дар хабарҳои хориҷӣ инъикоси ҷанги Итолиё ва импротурии Усмонӣ мавқеъи бештарро касб кардааст.

Мирзоҷалол на танҳо хонандагонро аз воқеъаю рӯйдоди дохилу олам хабардор мекард, балки барои чидани дурри маънӣ дари хазинаи маърифатро боз менамуд, то ки худро шиносанд ва ҳам ба ҳаводиси олам ба чашми ибрат нигаранд.

Дар мақолаи «Чӣ бояд кард?» ин маънӣ хеле хуб тавзеҳу эзоҳ ёфтааст: «Ҳар кӣ нигоҳ ба унвони мо фармояд, хоҳад гуфт дар чи хусус шумо мегӯед, чи бояд кард? Арз мекунем: дар ҳама ҳолат чи бояд кард?» ва ба гузаштаи миллати куҳантаърихи ориёӣ рӯ оварда, аз бузургоне чун Фирдавсӣ, Имом Ғаззолӣ, Фахриддини Розӣ, Имом Бухорӣ ва Саъдиву Ҳофиз ёдовар мешавад, ки ба туфайли файзу баракати таълиму дониш, ашъору сайри маънии гуфтори онҳо замоне мардуми форсигӯй «ноз ба саканаи Фирдавс» менамудем.

Ба ин рӯзноманигори нуктасанҷу воқеъбин иқрору таъкиди муҳтоҷию нотавонии аҳли ислом гарон буд, вале инкори воқеъият гаронтар!

«Вақте ки дар олами башарият зикре аз ҷамъият набуд, авлоди одам бештарашон дар биёбонҳо ва ҷангалистон мисли ҳайвоноти ваҳшӣ алафҳои саҳро ва самари дарахтон ва шикори ҳайвонҳои заъифро хӯрда, ба сар мебурданд, Мадинаи мо мунаввар, Маккаи мо таваҷҷуҳгоҳи авлоди башар буд, маданият бо исломият дар дунё тавъамзоданд.

Ҳоло ваҳшитарин халқи рӯйи замин мо, мусалмонҳо, ба шумор меравем. Дарвоқеъ ва ҳақиқат ҳам ҳамин тавр аст, ки ин сӯ муҳаббатро фаромӯш намуда, ба ҳолати ваҳшият баргаштаем. Пас, дар ҳамин ҳолат чӣ бояд кард?»

Ба назари Мирзоҷалол, бояд аввалан нохушӣ ва маризии худамонро дарк кунем ва аз пайи табобати дардамон шавем. Бо чашми ибратбин бубинем, ки ҳар сол милюнҳо тун пунба (пахта)-ву пашмро ба ҳамсоягон фурӯхта, тани худро мепӯшонем ва агар метавонистем пунбаи худро матоъ бофем, сарвати мо даҳ баробар зиёд мешуд. Агар ин нохуширо бифаҳмем, бино мегузорем ба бунёди корхона ва таҳсили санъатҳои лозима. Ва оқибат дар ҳар чизе, ки муҳтоҷ ба ҳамсоя будем, ҳамсоя муҳтоҷ ба мо мегардад.»

Мирзоҷалол чун аксарияти маъорифпарварон ислоҳи норасоиҳоро дар талаби илм мебинад ва дар зиёда аз дусад номгӯй силсиламақолаҳояш дар рӯзнома ба суолҳое ҷавоб гуфта, таваҷҷуҳи хонандагонро ба масъалаҳое ҷалб намуд, ки ба маснади тараққихоҳон, дармонбахши дардҳо, ифшогари розу ниёзҳо, донандаи таъриху ҷуғрофиё, сиёсати давлатҳо ва ёри мушфиқ будани рӯзнома эътимод ҳосил шуд.

Таҳқиқи амиқи масъалаҳои муҳимми давру замон аз мақола ба мақола ва ифшои моҳиронаи гиреҳҳои печида аз маърифати баланду ҷаҳонбинии фарохи муаллиф гувоҳӣ медиҳад. Таҳлили амиқи мушкилоту муъаммои рӯзгор дар вазъияти мураккабу печидаи аморати Бухоро дар оғози садаи бистум ғайрату ҷасоратро талаб мекард, ки гӯшзадии муъаммо кифоя набуд.

Ҷустуҷӯ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо аз ҷониби Мирзоҷалол, Мирзосироҷи Ҳаким, Абдуррауфи Фитрат, Садри Зиё, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, устод Айнӣ, Сайидризо Ализода, Абдулвоҳиди Мунзим, Абдулқодир Муҳиддинов, Мирхон Порсозода барин даҳҳо равшанфикрону ислоҳотхоҳони тоҷик гувоҳи густариши нуфузу эътибори ҷараёни ҷадидия дар ҷомеъа мебошад.

[b]Замон ва забон[/b]

Мирзоҷалол ба масъалаи забон низ таваҷҷуҳ карда: «Ҳанӯз шумораи аввали рӯзномаи «Бухорои шариф»-ро нашр надода будем, ки баъзе оқоён дар матбаъа ҳозир шуданд ва ба мақолаҳо нигоҳ карда ва фармуданд, ин ҷо забони умумӣ забони тоҷикист, рӯзнома ҳам ба забони тоҷикӣ бошад, беҳтар аст. Мо дар хусуси забон шояд як вақте як маълумоти муфассал бидиҳем, иҷолатан арз мекунем, ки аввалан, уламо ва файласуфони рӯйи замин дар ин хусус мекӯшанд ва сайъ менамоянд, то як забони умумӣ имтиёз ва ихтиёр намуда, ҳамаи мардуми рӯйи заминро таҳлим намоянд.»

«Сониян, мо бояд сайъ намуда, аз барои ҳар забоне мизоне бардорем, ки ҳалли он забон ва онҳое, ки ба он забон мансуб ҳастанд, забони миллии ҳамдигарро бифаҳманд. Риштаи қавмият аз ҳам гусехта шуда, яке бо исми дарӣ, дигаре бо исми порсӣ, дигаре ба номи тоҷикӣ аз ҳам ҷудо шуданд.»

«Адибони моҳир ва комили ҳар забон гуфтаанд: тараққии ҳар қавм бо ин мешавад, ки ҳарф задан ва сухан гуфтани худашонро тобеъи навиштан ва китобат намоянд, на ин ки навиштаҳои худро тобеъи ҳарф задани авомуннос намоянд.»

Тараққии ҳар қавм марбут ба ин аст, ки ҳарф задан ва сухан гуфтани худашонро тобеъи навиштан ва китобат намоянд, на ин ки навиштаҳои худро тобеъи ҳарф задани авомуннос намоянд. Умедворем, ки ба қадри имкон рӯзномаи мо форсии сода ва ба забони ғолиб бошад. Аз оқоён хоҳиш дорем, дар хусуси забон ва шеваи нашароти мо ҳар чӣ салоҳ медонанд, изҳор бифармоянд. Бо итминон ва ташаккур қабул мекунем.»

Мирзоҷалол баъди тавзеҳу ташреҳи гурӯҳи забонҳои туркӣ ба шарҳи гурӯҳи забонҳои форсӣ пардохта, менигорад: «Форс ҳам миллати махсус буда, дар атрофи олам порча-порча шуда, ба соири ақвом махлут гардидаанд. Бо ин ки ҳама як қавманд, мебинӣ, ки бухороӣ забони самарқандӣ, ҳар ду забони хуросонӣ, ҳар се забони кошонӣ, ҳар чаҳор забони барбарӣ ва… -ро намедонанд ва намефаҳманд. Ба ин восита ҳам риштаи қавмияти ҳама гусехта шуда, яке ба исми дарӣ, дигаре ба исми порсӣ, сеюмӣ ба номи тоҷикӣ аз ҳам ҷудо шудаанд.»

Ёдоварии як забон ба номҳои гуногуни форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ ҳақиқати бебаҳс аст, вале ҳадафи Мирзоҷалол аз забони ҳамдигарро нафаҳмидани бухороӣ, самарқандӣ, кошонӣ, хуросонӣ ва … шояд баъзе нозукиҳои шеваи гуфтор бошад.

Тафовути онҳо дар се кишвар бо ҳамдигар аз нуқтаи назари реша ё маншаъ нест, балки натиҷаи сарнавишти таърихии мутофовит аст. Ба ҳар ҳол, ин ихтилофот ночиз буда, ба ҳеч ваҷҳ марбут ба қоъидаҳои дастурӣ ва захираи луғавӣ нест. Дар асл фаҳмидани забони ягонаи меъёр аз аҳди Сомониён ва ашъори шаҳдбори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Камол, Шайх Саъдиву Ҷомӣ ва Мавлоно то ба имрӯз барои сокинони манотиқи гуногуни форсизабон ҳеч мушкиливу душворие надорад.

Бад-ин маънӣ Мирзоҷалол ҳам дар давоми мақола навишта: «Адибони моҳир ва комили ҳар забон гуфтаанд: тараққии ҳар қавм бо ин мешавад, ки ҳарф задан ва сухан гуфтани худашонро тобеъи навиштан ва китобат намоянд, на ин ки навиштаҳои худро тобеъи ҳарф задани авомуннос намоянд.»

Дар рӯзнома дар бораи пайдоиши забони форсӣ, посдорӣ ва рушди он ва тадриси дастури забон матолиби зиёде, аз қабили «Муҷмалӣ дар хусуси забон», «Забони Эрон ва ё Ориён» андешаву мулоҳизаҳои ҷолибе баён шудааст, ки то имрӯз қимати худро гумм накардаанд.

Мирзоҷалол аз шумораи 53 зери унвони «Қавоъиди форсия» ба нашри дастури забони форсӣ мепардозад, ки муаллиф дар муқаддима нигоштааст: «Дер вақте мо дар хаёл доштем, ки қоъидаҳои забони форсиро хурда-хурда дар рӯзномаи «Бухорои шариф» интишор бидиҳем, то хонандагону нависандагонро иттилоъ ҳосил ояд».

Рӯзнома дар бист шумора ба ташреҳи дастури забони форсӣ ба таври мухтасар, бо истифода аз манобеъи мӯътабар ва ба шеваи омӯзишӣ ҳамроҳ бо таъриф ва ироаи мисолҳо мепардозад.

[b]Рӯзнома ва омӯзиши забони хориҷӣ[/b]

Мирзоҷалол баробари хуб донистани забони модарӣ омӯхтани забони хориҷиро ниҳоят зарурӣ мешуморад. Забондониро яке аз омилҳои муҳимми омӯзиши улуми дунявӣ меҳисобад. Аз тарафи дигар, мардум ба воситаи забон «аз фикр ва тасаввури ҳамдигар хабардор» мешаванд ва «баъд аз ин бо мурури айём забони аслии худашонро соф ва холис намуда» истеъмол хоҳанд кард.

«»Вақте ки дар олами башарият зикре аз ҷамъият набуд, авлоди одам бештарашон дар биёбонҳо ва ҷангалистон мисли ҳайвоноти ваҳшӣ алафҳои саҳро ва самари дарахтон ва шикори ҳайвонҳои заъифро хӯрда, ба сар мебурданд, Мадинаи мо мунаввар, Маккаи мо таваҷҷуҳгоҳи авлоди башар буд, маданият бо исломият дар дунё тавъамзоданд. Ҳоло ваҳшитарин халқи рӯйи замин мо, мусалмонҳо, ба шумор меравем.»

Ин нуктаи муҳим дар замони ҷаҳонишавии фарҳангҳо аҳаммияти дучанд касб менамояд, ки аз як тараф, омӯзиши забонҳои дигар талаби замон, аз ҷониби дигар, тозаву покиза нигоҳ доштан, қудрату тавонмандӣ бахшидан ба забони модарӣ қарзи ҳар фарди худогоҳу миллатдӯст мебошад.

Муассис ва муаллифи дигари рӯзнома Мирзосироҷи Ҳаким, ки ҳангоми сафарҳояш илми табобатро омӯхта буд, на танҳо дар хусуси ҳифзи сиҳҳатии омма менавишт, балки дар нигоштаҳояш ба масъалаҳои ислоҳи мактабу маъориф дахолат ва ҳамватанонашро ба омӯхтани илмҳои замонавию забонҳои хориҷӣ ҳидоят мекард. Тараққии тиҷорату саноъатро ба донистани забони хориҷӣ марбут медонист, ки зарурати онро ҳангоми сафарҳояш ба мамолики Шарқу Ғарб хуб эҳсос карда буд.

Вай аз ҷумла менвисад: «Барои тараққии тиҷорат ва махсусан, саноъат, мо бояд забони хориҷиро ёд гирифта, ба муъовинати ҳамон забон тарзи саноъату тиҷорати хориҷиро ёд бигирем ва барои донистани инҳо бояд мамолики хориҷӣ рафта, дар онҷо тарзи саноъату тиҷоратро дарс хонда, аз рӯйи илм ва дониш шуруъ ба тараққии тиҷорат ва саноъати худамон намоем ва кутуби лозимиро ба забони худ тарҷума намуда ва аз рӯйи онҳо қадам ба тариқи таҷаддуд ва тараққӣ бигузорем ва илло, ин тавре ки мо ҳастем, на ин ки тараққӣ, баръакс таназзул хоҳем кард.»

Мирзосироҷи Ҳаким дар бораи омӯхтани забони хориҷӣ ба нуктаи дигаре ҳам таъкид кардааст: «Агар як шахс ва ё ин ки як миллат бихоҳад мағлуби ҳаводиси дунёӣ нашавад, бояд ҳамеша дар мубориза ва талош бошад. Бояд аз аҳволи олам бохабар буда ва ба ҷамъи милали олам омезиш дошта ва ҳама матбуъоту корҳои ҷадидро аз онҳо ёд гирифта, ақиб намонад, ки то зери пойи аҷониб поймол нашавад.»

[b]Рӯзнома ва осори адибон[/b]

Дар рӯзнома намунаҳое аз ашъори шоъирони тоҷик ва осори адибони русу ҷаҳон, аз қабили Л. Толстой «Яздонро ё шайтонро», «Худо ҳақро мебинад, лекин зуд кашф намекунад», «Инсонро замини зироъатӣ бисёр лозим аст», «Гарон тамом мешавад», «Муҳаббат кунед якдигарро», «Духтари соҳибмансаби чинӣ», «Асири қафқозӣ», «Сулҳдорӣ», ҳикояҳои Чехов, масалҳои Крилов ва дигарон дар тарҷумаи «Р. И.» ба нашр расидааст, ки гирдовариву таҳия ва интишори онҳо дар шакли маҷмуъа на танҳо имкони ошноӣ бо нахусттарҷумаҳои адабиёти дигар халқҳоро ба форси тоҷикӣ, балки муқоисаву баррасии онҳоро бо тарҷумаҳои дигар фароҳам месозад.

Ҳамин тариқ, нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» равзанае буд, ки дар тирашабҳои Бухорои даврони манғития ба сари мардум нури маърифат мепошид.

Бино ба таъкиди устод Айнӣ, аҳли қалами рӯзнома «ба мағзи ҷавонон фикри хондан, қалам ва адабиётро ҷойгир карда, ба хотири падарон хаёлҳои тарбия ва хонондани бачагонро оварданд. Аз ин таъсирҳо мадраса ҳам хушк намонд. Шогирдони мадраса ислоҳи ҷадвалҳои дарсро талаб мекарданд… Ҳатто баъзе мударрисҳо талаб ва рағбати умумии талабагонро дида, аз ӯҳдааш набароянд ҳам, ба таври худ ба ислоҳи таълим сар карданд.»

Бинобар ин, баъди нашри 153 шумора аз 2 январи соли 1913 бо фармони гумоштаи сиёсии рус Петров рӯзномаи «Бухорои шариф» аз нашр боз дошта шуд.

Дар даврони истиқлоли Тоҷикистон бо тасмими Шӯрои Олии Тоҷикистон аз рӯзи нашри аввалин рӯзномаи форсии Осиёи Миёна «Бухорои шариф», ки бо 11 март мусодиф буд, ба унвони иди ҳирфаии рӯзноманигорони тоҷик «Рӯзи матбуъоти тоҷик» таҷлил мегардад, ки арҷгузорӣ ба хидмату ҳиммати фарзонафарзандони миллат ва хайрхоҳону ҳамкорони онҳо мебошад.

Пайнавишт:

1. Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро.-Душанбе:Адиб, 1987.

2. Айнӣ С. Марсия//Ойина, 1914 , 25 январ, №14.

3. Зиёияи алим (таъзиянома) //Ойина, 1914 , 11 январ, №12.

4. Мароғаӣ З. Саёҳатномаи Иброҳимбек.-Душанбе, 1991

5. Фитрат А. Мунозара. Душанбе, 1992.

6. Ҳаким М. Туҳафи аҳли Бухоро.- Душанбе, 1991.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120306_ea_bukharai_sharif.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *