Озодии иттилоот озодона ҷустуҷӯ кардан, озодона дастрас намудан ва озодона интишор додани маълумотро дар назар дорад, ки он мабдаи асосии озодии сухан ва баёни андеша мебошад. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии сухан ва баёни андеша дар чунин ҳуҷҷатҳои байналмилалии амсоли Эъломияи ҳуқуқи башар ва моддаи 19 Аҳдномаи байналимилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ кафолат дода шудааст. Аҳдномаи байналимилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро Тоҷикистон соли 1999 эътироф намуда, бо ҳамин ӯҳдадор гардид, ки иҷро гаштани онро таъмин менамояд.
Барои татбиқ гаштани ҳуқуқи шаҳрвандон ба иттилоот бояд заминаҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва амалии дастрасӣ ба иттилоот, аз он ҷумла ба Интернет- ҳамчун сарчашмаи дигари ахбор ба вуҷуд оварда шавад. Мутаасифона, вақте сухан дар бораи дастрасӣ ба иттилоот меравад, ҳамеша дастрасии ВАО ба сарчашмаҳои иттилоот ба назар гирифта шуда, ӯҳдадориҳои давлат оид ба таъмин намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба иттилоот фаромӯш мегардад. Дар ин замина, аз як тараф масъалаи шаффофият ва таҳти ҳисоботқарор доштани ҳукумат ба миён омада, аз тарафи дигар масъалаи решакан намудани беэътимодии шаҳрвандон ба қонунҳоро таъмин намудан зарур аст, то ин ки онҳо аз ҳуқуқи одамони огоҳ будан истифода бурда, дар ҷараёни қабул кардани қарорҳо иштирок кунанд.
Ҳамин тадқиқотро Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) моҳи сентябри соли 2010 дар чорчӯбаи лоиҳаи «Вусъат додани дастрасӣ ба иттилоот дар Интернет», бо дастгирии Намояндагии «Internews Network» дар Тоҷикистон барпо намуд. Тадқиқот ба ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва амалии фаъолияти Интернет дар Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи дигари ахбор бахшида шудааст. Асоси методологии тадқиқотро пурсиш ба воситаи анкета, мусоҳиба бо ширкаткунандагони пурсиш, мубоҳисаҳо дар фокус-гурӯҳҳо бо истифодаи хизматрасонии Интернет ташкил дод. Истифодабарии технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ба тадқиқотчиён имконият дод, ки барои таҳлил маълумоти мукаммал ва саҳеҳ ба даст оранд. Дар чорчӯбаи лоиҳа рушди Интернет ва масъалаи дастрасӣ ба он дар Тоҷикистон дар 10 соли охир (солҳои 2000-2010) мавриди тадқиқ қарор дода шуд.
Дар тӯли 10 соли охир дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Тоҷикистон тағйироти ҷиддӣ ба амал омадааст. Масалан, агар дар анҷоми солҳои 90-и асри гузашта дар бозор ҳамагӣ 1 ширкати дастраскунандаи Интернет ва 1 оператори алоқаи рақамӣ фаъолият дошта бошанд, пас инмрӯз миқдори онҳо аз 10 гузаштааст. Ҳамаи дастраскунандагони Интернет ва операторон дар фаъолияташон аз технлогияҳои пешқадами муосир истифода мебаранд.
1. ҶАНБАҲОИ ҲУҚУҚИИ ДАСТРАСӢ БА ИНТЕРНЕТ
Ҷанбаҳои ҳуқуқии фаъолияти Интернет дар заминаи қонунгузории амалкунандаи танзимкунандаи фаъолияти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бунёд гаштааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули қонунгузорӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҳанӯз аз соли 1999 ёфта буд. Дар тӯли 10 сол дар ин самт 7 қонун ва як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардид. Фаъолият дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, аз он ҷумла Интернет тибқи қонунҳои зерин танзим карда мешавад:
— Қонуни ҶТ «Дар бораи иттилоотонӣ» аз 6 августи соли 2001;
— Қонуни ҶТ «Дар бораи иттилоот» аз 10 апрели соли 2002;
— Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» аз 10 майи соли 2002;
— Қонуни ҶТ «Дар бораи алоқаи барқӣ» аз 10 майи соли 2002;
— Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иттилоот» аз 2 декабри соли 2002;
— Қонуни ҶТ «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30 июни соли 2007 года – 18 июня 2008;
— Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» аз 18 июни соли 2008.
Илова бар ин, барои минбаъд рушд кардан ва татбиқ намудани меъёрҳои асосии қонунҳои мазкур дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, аз он ҷумла:
Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи чораҳои таъмин намудани дастрасӣ ба шабакаҳои ҷаҳонии иттилоотӣ» (аз 16 сентябри соли 1999. №1347)
Бо Фармони мазкур бо мақсади таъмин намудани дастрасӣ ба шабакаҳои ҷаҳонии иттилоот ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар сохтори дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ маркази иттилоотию техники рушд ва хизматрасонии системаи автоматикунондашудаи омодасозии ҳуҷҷатҳо таъсис дода шуд. Ба зиммаи маркази мазкур вазифаи провайдери Интернет барои мақомоти идораи давлатӣ, аз он ҷумла хизматрасонии почтаи электронӣ (E-mail) вогузор гаштааст. Фармон аввалин ҳуҷҷати Ҳукумати ҶТ (мутобиқи замонаш) дар бораи ба шабакаи ҷаҳонӣ расман ворид шудани ҷумҳурӣ мебошад.
Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи таъсис додани шабакаи ҷумҳуриявии интиқоли маълумот ва чорабиниҳо оид ба танзим намудани дастрасӣ ба шабакаҳои ҷаҳонии иттилоотӣ» (аз 8 августи соли 2001. №389)
Қарори мазкур бо мақсади иҷро кардани Фармони Президент қабул гашт, ки дар бораи он дар боло аллакай маълумот дода шуд. Дар асоси Қарор дар заминаи Ҷамъияти саҳомии навъи кушодаи (ҶСШК) «Тоҷиктелеком» шабакаи ҷумҳуриявии интиқоли маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. ҶСШК «Тоҷиктелеком» ба ҳайси оператори давлатии шабакаи ҷумҳуриявии интиқоли маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гаштааст. Бо ҳамин Қарораш Ҳукумат инчунин қоидаҳои хизматрасонии Интернетро дар қаламрави мамлакат тасдиқ намуд.
Ба андешаи коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, Қоидаҳои мазкур тартибу қоидаҳои расондани хизматҳои Интернет, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои провайдерони (дастраскунандагони) хизматҳои Интернет, инчунин ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои мизоҷон танзим карда шудааст. Вале қайд намудан зарур аст, ки хосиятҳо, мӯҳтаво ва ҳаҷми ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои мазкур ба воқеияти имрӯза пурра мутобиқат намекунанд, аз ин рӯ, бо назардошти рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷумдар тӯли 10 соли охир, ба тағйирот ва иловаҳо ниёз дорад.
Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 5 ноябри соли 2003. №1174)
Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки бо Фармони мазкур тасдиқ гаштааст, бо мақсади «ҷорӣ намудан ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа истифода бурдани технологияҳои иттилоотӣ, техникаи компютерӣ ва телекоммуникатсияҳо, нисбатан пурратар таъмин намудани ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеа» қабул гаштааст.
Муқаррароти муҳими Стратегия меъёри он дар бораи вазифаи асосии танзимкунии робитаи байниҳамдигарии иттилоотӣ ба вуҷуд овардани шароит барои ташаккулёбии кафолатҳои ҳуқуқи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар ин соҳа мебошад. Принсипи масъул будани мақомоти иҷроия барои боэътимодӣ, шаффофият, пуррагӣ ва рӯзмаррагии иттилооти пешниҳодкардаашон бояд муқаррар карда шавад.
Барои мусоидат намудан ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҷузъҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, Стартегия, бо мақсади дар байни соҳаҳои гуногун ба вуҷуд овардани муносибатҳои шарикона, ба таври самаранок истифода бурдани технологияҳои иттилотию коммуникатсиониро пешбинӣ менамояд.
Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тасдиқ намудани Консептсияи амнияти иттилоотии ҶТ» (аз 7 ноябри соли 2003. №1175)
Консептсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи нуқтаҳои назари расмӣ ба ҳадафҳо, вазифаҳо, принсипҳо ва самтҳои асосии таъмини амнияти иттилоотии мамлакат мебошад.
Чунин консептсия бо мақсаде таҳия карда шудааст, ки дар заминаи он сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур ташаккул дода шавад; омода намудани таклифу пешниҳодҳо оид ба таъмини ҳуқуқӣ, методӣ, илмию техникӣ ва ташкилии амнияти иттилоотӣ ва таҳия намудани барномаҳои мақсадноки таъмини амнияти мазкур.
Дар консептсия истилоҳоти «амнияти иттилоотӣ», намудҳо ва сарчашмаҳои таҳдидҳо, инчунин вазъи амнияти иттилоотии ҶТ ва вазифаҳои асосиии таъмини он муайян карда шудаанд. Аз ҷумла, қайд гаштааст, ки сатҳи амнияти иттилоотӣ ба талаботи ҷомеа ва амнияти давлат пурра ҷавобгӯ нест. Танзимкунии номукаммали меъёрию ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи иттилооти омма масъалаи дар ҳудуди мамлакат ташаккул додани агентиҳо ва ВАО рақобатпазирро душвор мегардонад.
Ба қатори камбудиҳои мазкур инчунин таъмини номукаммали ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасӣ ба иттилоот ва он шароитеро дохил намудан мумкин аст, ки ҳангоми татбиқ намудани сиёсат дар соҳаи интегратсияи муҳити иттилоотии ҶТ бо муҳити иттилоотии байналмилалӣ саҳеҳӣ мавҷуд нест.
Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 30 июни соли 2004. №290)
Барномаи мазкур баҳри таъмини амнияти иттилоотии ҶТ дар асоси талаботи банди 2 Фармони Президенти ҶТ (аз 7 ноябри соли 2003, №1175) «Дар бораи Консептсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мураттаб гаштааст.
Барнома ба татбиқ намудан ва дастгирӣ кардани асосҳои сиёсати давлатӣ оид ба таъмини амнияти иттилотии ҶТ, инчунин бо мақсади мукаммал гардондани чорабиниҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва муҳандисию техникӣ дар соҳаи мазкур нигаронда шудааст.
Дар Барнома вазифаҳо ва самтҳои асосии татбиқшавии он муайян карда шудааст. Нақшаи чорабиниҳои асосии Барнома барои солҳои 2005-2010 мураттаб гаштааст. Татбиқ гаштани Барнома мебоист идораи амнияти давлатиро дар маҷмӯъ, қобилияти муҳофизатии онро таъмин намуда, барои рушди ҳамкории байниҳамдигарии ҶТ бо дигар давлатҳо дар соҳаи ҳифзи иттилоот шароит ба вуҷуд орад.
Назорат ва ҳамоҳангсозии корҳо ба зиммаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати ҶТ, ки Фармоишгари давлатии барнома мебошад, вогузор гаштааст.
Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқ намудани рушд ва дар амал ҷорӣ гаштани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҶТ» (аз 3 декабри соли 2004. №468)
Мақсади асосии Барнома ба вуҷуд овардани шароит барои баланд бардоштани фаъолияти босамари мақомоти ҳукуматӣ ва идора бо роҳи ба таври оммавӣ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошад.
Дар Барнома технологияҳои иттилоотии афзалиятнок муқарррар карда шуда, тавсифи сервисҳо ва хизматҳои иттилоотӣ пешниҳод гаштааст. Дар он ба масъалаҳои муайян намудани вазифаҳои амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи иттилоот аҳамияти калон дода шуда, низоми иттилоотии идораи давлатӣ инъикос гаштааст. Тавсифи рақамии фарогирии минтақаҳои ҶТ бо техникаи компютерӣ, операторони рақамӣ ва Интернет нишон дода шудааст. Дар Барнома инчунин таъминоти кадрҳои ҷараёни иттилоотонии мақомоти ҳокимияти ва идораи давлатӣ нокифоя арзёбӣ гаштааст.
Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тасдиқ намудани Консептсияи давлатии сиёсати иттилоотӣ» (аз 30 апрели соли 2008. №451)
Консептсия «бо он мақсад таҳия гаштааст, ки идораи самраноки давлатии ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотию таҳлилии дастгирӣ намудани қарорҳои идорӣ, рушди устувори иқтисодӣ, афзалиятнокии манфиатҳои давлатӣ ва амнияти миллӣ таъмин карда шавад». Сиёсати давлатии иттилоотӣ, мутобиқи консептсия, масъалаҳои марбути фаъолияти ВАО, ҷузъҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба иттилооти ба таври оммавӣ дастрас, инчунин ҷиҳатҳои алоҳидаи амнияти иттилоотиро дар бар мегирад. Консептсия вазифаҳои афзалиятноки давлатиро муқаррар мекунад, ки аз байни онҳо «таъмини ниёзҳои ҷамъиятӣ ва шахсии иттилоотӣ»-ро ҷудо кардан зарур аст.
Дар Консептсия қайд гаштааст, ки аксари масъалаҳои ба озодии дастрасии журналистон ба иттилоот, ҳимояи шаҳрванд ва ҷомеа аз иттилои бардурӯғ ва бемасъулият то ҳол ҳаллу фасл карда нашудааст. Масъалаи иттилоотонии аҳолӣ дар бораи фаъолияти мақомоти ҳокимият ва ғайраҳо муҳим боқӣ мемонанд.
Натиҷаҳои таҳлили ҷиҳатҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистонро ҷамъбаст намуда, қайд кардан мумкин аст, ки дар амал истифода бурдани аксари санадҳои қонунӣ ва зерқонунӣ минбаъд низ беҳбудӣ талаб мекунанд, зеро механизмҳои татбиқ намудани онҳо то ҳол ба вуҷуд оварда нашудааст. Инчунин шаҳрвандон дар бораи қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ огоҳ нестанд. Боз як омили дигари муҳим: на ҳамаи роҳбарон ва мутахассисони мақомоти давлатӣ дорои малакаи самаранок истифода бурдани қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошанд.
2. ҶАНБАҲОИ ТЕХНИКИИ ДАСТРАСӣ БА ИНТЕРНЕТ
Тибқи маълумоти коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, дар бозори Тоҷикистон технологияҳои зерини дастрасӣ ба Интернет истифода мешаванд: хатҳои тафсиршаванда (тибқи занг задан), бо хатти ҷудошуда аз рӯйи технологияи xDSL, бо радиоканалҳо ва WiMAX. Илова бар ин, стандартҳои зерини алоқаи рақамии амсоли GSM, CDMA 20001Х, CDMA450, AMPS, 3G-UMTS, 3G-HSDPA/3G-HSUPA истифода мешавад.
Интернет дар Тоҷикистон ба магистрали байналмилалӣ ба воситаи каналҳои моҳворавӣ ва шабакаҳои оптоволоконӣ пайваст карда шудааст. Санаи оғози расондани хизматҳои дастрасӣ ба Интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воли 1995 мебошад. Ҳамон сол «CАDА» (Агентии оид ба рушди Осиёи Марказӣ) дар Тоҷикистон ба расондани хизмати почтаи электронӣ оғоз намуд. Тавлиди дубораи Интернетро дар Тоҷикистон ба рӯзи 23 декабри соли 1998 марбут медонанд. Дар рӯзи мазкур Интернет сервис провайдери «Телеком текнолоҷи» бори нахуст дар мамлакат дар пойтахти кишвар дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳониро таъмин намуд. Ҳоло барои истифодабарандагони Интернет ба шабакаи ҷаҳонӣ ворид шудан кори мушкил нест, вале он ба сифати хизматрасонии провайдерон алоқаманд аст.
Бо мақсади рушд кардани шабакаҳои миллии магистрали телекоммуникатсионӣ Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳои Тоҷикистон лоиҳаи нав кардан ва рақамӣ намудани шабакаҳои телекоммуникатсионии «Тоҷиктелеком»-ро татбиқ намуда истодааст, ки лоиҳаи мазкур барои солҳои 2006-2010 пешбинӣ шудааст. Марҳила ба марҳила сохтани шабакаи баландсуръати ҷумҳуриявии оптоволоконӣ идома дорад. Амалан, ҳамаи вилоятҳо ва марказҳои калони ноҳиявӣ аллакай бо каналҳои баландсуръати алоқа пайваст карда шудаанд.
Дар ғарби мамлакат шабака бо TAE (The Fiber Optical Cable System Trans Asia Europe) транзистор ба воситаи Ӯзбекистон пайваст карда шудааст. Боз як пайвастшавии дигар бо транзистор ба воситаи Қирғизистон дар шарқи мамлакат ба нақша гирифта шуда, он сохтмони магистрал ба воситаи гурӯҳи навоҳии води Рашт то ноҳияи Ҷиргатолро дар бар мегирад. Ҳамин гунна пайвасткунӣ дар шарқи мамлакат бевосита ба ТАЕ дар Хитой (ба воситаи Мурѓоб ва ағбаи Қулма) пешбинӣ гаштааст. Магистрал аллакай бунёд шуда, вақтҳои наздик аз тарафи Хитой пайваст карда мешавад. Дар ҷануби мамлакат пайваст кардани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба магистрали миллии оптоволоконӣ (нурӣ) татбиқ гаштааст.
Интернет сервис провайдерони тиҷоратӣ ҳам шабакаҳои миллии интиқоли маълумот, асосан шабакаҳои нуриро (оптоволоконные), инкишоф медиҳанд. Ҳоло дар мамлакат беш аз 10 Интернет сервис провайдерон фаъолият доранд, ки «Вавилон-Т», «Сатурн», «Истера», «Интерком», «Телеком Технолоҷи Ltd» ва «Геймлайн» нисбатан фаъол мебошанд. Баъзе аз ширкатҳои мазкур инчунин ба каналҳои беруна ба воситаи мамлакатҳои ҳамсоя пайваст шуданро фаъолона инкишоф медиҳанд.
Дастрасӣ ба каналҳои берунаи алоқа маҳдуд аст ва нақшаҳои таруфаҳои пешниҳоднамудаи Интернет сервис провайдерон маҳз ба суръати дастрасӣ ба каналҳои беруна алоқаманд мебошад. Дар баробари он, то мобайни соли 2009 каналҳои асосии беруна ба воситаи каналҳои моҳворагии алоқа мегузаштанд. Бо ҳамин сабаб нархи дастрасӣ ба Интернет то ин вақт баланд буд. Тахминан дар нимаи соли гузашта ба воситаи Ӯзбекистон ба каналҳои алоқаи нурӣ гузаштанд. Дар натиҷа нархи Интернет қариб 45 фоиз арзон гардид. Дар асоси тадқиқоти дар муҳити Интернет сервис провайдерон гузарондашуда, нишондодҳои ҳадди ақали суръат ба таври зерин аст: боргирӣ аз канали моҳворавӣ – дар як сония 2400 kb, боргирӣ аз канали нурӣ дар як сония — 4 000 kb мебошад. Барои аз канали моҳвораӣ пайваст кардан дар як сония — 4000 kb, барои пайваст аз канали нурӣ дар як сония — 4000 kb мебошад. Нишондиҳандаҳои ҳадди аксар: барои боргирӣ – дар як сония 162 868 kb, барои пайваст ба шабака дар як сония 124 992 kb (Вавилон-Т) мебошад.
Провайдерони пешқадами мамлакат имрӯз ҳангоми дастрас кардани Тоҷнет ягон маҳдудият ба пеш намегузоранд. Маҳдудиятҳои мавҷуда ба сабабҳои имкониятҳои пайвастшавии таҷҳизот алоқаманд аст. Масалан, ҳангоми истифода бурдани ADSL дар як сония 8 Мб ахбор гирифтан ва дар як сония ба шабака 1 Мб ахбор гузоштан мумкин аст.
Тибқи андешаи коршиносон, аз нав таҷҳизондани стантсияҳои алоқаи телефонӣ бо технологияҳои рақамӣ ва нав кардани хатҳои магистралӣ ҷаҳиши бузург гардид. Ҳамаи корҳои мазкур дар мобайни солҳои 2000, бо дастгирии фаъолонаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба амал омад. Тавассути қарзи додаи намояндагии бонки мазкур ҶСШК «Тоҷиктелеком» тамоми инфрасохторашро дар мамлакат комилан таҷдид намуд. Омили дуюм пайваст гаштан бо шабакаҳои нурии интиқоли маълумот мебошад. Дар маҷмӯъ, ҷорӣ гаштани технологияҳои мазкур барои афзоиши шумораи истифодабарандагони Интернет дар ҶТ мусоидат намуд. Арзиши хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет яку якбора паст фуромада, арзиши таҷҳизоти мизоҷон ҳам ба маротиб поён рафт.
Ба андешаи коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди минбаъадаи шабакаҳо ва баромадан ба каналҳои байналмилалии алоқа ба воситаи Қирғизистон ва Хитой ба минбаъд боз ҳам пасттар шудани нархҳои Интернет ва афзоиши устувории каналҳои берунаи алоқа мусоидат хоҳад кард. Рушди пайвастшавӣ ба шабакаҳои беруна ба афзудани имкониятҳои транзитии мамлакат ҳам мусоидат менамояд.
Тоҷикистон дар қаламрави шӯравии собиқ аввалин мамлакате мебошад, ки дар он шабакаҳои насли 3, ё тавре онро насли «гузариш» (3,5G) (3G-UMTS/3,5G-HSDPA) меноманд, истифода мешавад. Шабакаҳои аввалини стандарти 3,5G ҳанӯз соли 2005 истеҳсол шуданд. Айнан дар ҳамон вақт ду оператори GSM — «ТТ-Мобайл» (ТМ «МЛТ») ва «Вавилон-М» ба фаъолият шурӯъ карда буданд. 15 июни соли 2005 МЛТ («ТТ-Мобайл») дар ш. Душанбе дар шабакаҳои 3G дар ҳудуди шӯравии собиқ аввалин занги видеоиро татбиқ намуд. Баъд аз гузаштани чанд вақт шабакаҳои 3G-ро операторони стандарти CDMA (CDMA 2000х) низ ҷорӣ намуданд. Баъд аз 2 соли дигар «Вавилон-М» ва «ТАКОМ» (ТМ «Билайн») шабакаи стандарти 3,5G ҷорӣ намуданд.
Баъд аз ба истифода супоридани шабакаҳо ба истифодабарандагон сервисҳои амсоли видеотелефония, дастрасии баландсуръат ба Интернет ва ғайраҳо дастрас гаштанд. Ҳоло дар мамлакат 4 адад GSM-оператори алоқаи рақамӣ — «Вавилон-М», «МЛТ», «Tcell» ва «Билайн» фаъолият мекунанд, ки онҳо аз технологияҳои мазкур истифода мебаранд. Мутобиқи ҳисоботи вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳо, шумораи умумии истифодабарандагони хизматҳои 3G ба 1 миллион нафар одам расидааст.
Ширкатҳои «Вавилон-T» ва «Интерком» аввалин шуда шабакаи насли 4-умро татбиқ намуданд, ки он дар заминаи технологияи WiMAX фаъолият карда, аз соли 2007 инҷониб хизмат расонда истодааст. Ҳарчанд, ки технологияҳо аллакай 2 сол инҷониб дастрас мебошанд, вале онҳо ба таври воқеӣ танҳо дар соли гузашта, дар баробари пайдо шудани таҷҳизоти нисбатан арзон ҷорӣ карда шуданд. Мутаасифона, дар бораи миқдори истифодабарандагони шабакаҳои мазкур маълумот мавҷуд нест. Мушкил он аст, ки провайдерон мизоҷонашонро аз ҷиҳати истифодабарии ин ё он технологияи дастрасӣ ҷудо намекунанд.
Имрӯз 4 адад Интернет сервис провайдерон – «Вавилон-Т», «Интерком», «Геймлайн» ва «Телекомтехнолоджи» ба воситаи технологияи WiMAX хизмати дастрасӣ ба Интернет мерасонанд. Қайд намудан зарур аст, ки аз байни ширкатҳои мазкур ширкати «Геймлайн», ки соли 2009 таъсис ёфта буд, танҳо дар асоси технологияи WiMAX хизмат мерасонад. Ба андешаи аксарияти мутахассисон, минбаъд боз ҳам арзон шудани таҷҳизоти дастрасии технологияҳои мазкур метавонад ба таври ҷиддӣ ба афзоиши шумораи истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон таъсир расонад.
3. ҶАНБАҲОИ АМАЛИИ ДАСТРАСӢ БА ИНТЕРНЕТ
Дар Тоҷикистон беш аз 10 ширкат ба таври воқеӣ хизмати Интернет мерасонанд. Рӯйихати провайдерон мутобиқи маълумоти муаллифони тадқиқоти омодагии электронии Тоҷикистон дар Ҷадвали № 1 нишон дода шудааст. Ба андешаи онҳо, миқдори Интернет сервис провайдерон мудом табдил меёбад, зеро дар бозор ширкатҳои нав зуҳур намуда, ширкатҳои «кӯҳна» аз байн мераванд. Рӯйихати мазкур дар миёнаи соли 2010 мураттаб карда шудааст.
№ | Интернет-сервис провайдер | Соли оғози хизмат-расонӣ | Сомонаҳо |
1 | Вавилон-Т | 2000 | http://www.babilon-t.tj |
2 | Тољиктелеком | 2003 | http://www.tajiktelecom.tj |
3 | Интерком | 1999 | http://www.intercom.tj |
4 | Телеком Технолољи | 1994 | http://www.tajnet.com |
5 | Истера | 2003 | http://www.eastera.tj |
6 | ТАРЕНА | 2002 | http://www.tarena.tj |
7 | Сатурн Онлайн | 2004 | http://www.saturn.tj |
8 | Гейм Лайн | 2009 | http://www.gameline.tj |
9 | Компи Ворд | 2003 | http://www.cw.tj |
10 | Комсител | 2000 | http://www.cst.tj/ |
11 | Анљумани Интеллект | 2002 | http://hujand.net/ |
Ҷадвали 1. Феҳристи Интернет-сервис провайдерони фаъол
Дар Тоҷикистон ду провайдер ба воситаи технологияи навтарини WiMax имконияти дастрасӣ ба Интернет медиҳанд. Инчунин 4 оператори алоқаи мобилӣ тибқи технологияҳои GPRS ва 3G ва 2 оператор ба воситаи технологияи 3.5G хизмати дастрасӣ ба шабака мерасонанд. Маълумоти мазкур дар мақолаи журналист Равшан Абдуллоев (www.newevrasia.net/ru/media) оварда шудааст. Тибқи маълумоти нишондодаи муаллиф, дар минтақаи Интернети Тоҷикистон – ТJ ҳоло қариб панҷ ҳазор номҳои доменӣ сабт шудааст. Вале ҳамагӣ 100 адади онҳо фаъолият мекунанд ё ягон маълумот доранд.
Дар Тоҷикистон оператори миллии «Вавилон-Т» (http://www.babilon-t.tj) маъруфтарин провайдери Интернет шинохта шуда, дар бозор номгӯйи пурраи хизматҳои баландсифати телекоммуникатсионӣ мерасонад. Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи “ISP TELECOMM TECHNOLOGY Ltd.”, ки соли 1994 таъсис ёфта, аввалин Интернет провайдери Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (http://www.tajnet.com), низ дар бозор номгӯйи пурраи хизматҳои баландсифати телекоммуникатсионӣ мерасонад
Гурӯҳи минбаъадаи провайдерони маъруф ширкати Saturn-Online (http://www.saturn.tj) аст, ки ҳамаи хизматҳои сатҳи ҷаҳонии амсоли Frame Relay, АТМ ва хизмати дастрасӣ ба шабакаи Интернет ва «Тоҷиктелеком» мерасонад. Щиркати «Тоҷиктелеком» (http://www.tajiktelecom.tj) оператори миллии телекоммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки шабакаи он тамоми қаламрави ҷумҳуриро фаро гирифта, намудҳои пурраи хизматҳои амсоли алоқаи телефонии шаҳрӣ ва деҳот, алоқаи байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, почтаи электронӣ ва дастрасӣ ба шабакаи Интернет, радиошунавонӣ, алоқаи телефонӣ ва телекс мерасонад.
Тибқи рейтинги маъруфият ширкатҳои Интерком, бузургтарин оператори IP-телефонияи Тоҷикистон ва Интернет сервис провайдер (http://www.intercom.tj) ва «Истэра», ки номгӯйи пурраи хизматҳои дастрасӣ ба Интернет дар хатҳои ҷудошуда, хDSL, радиоӣ (бесим), LAN ё «диал-ап», IP-телефония; почтаи электронӣ; ВЕБ хостинг (http://www.eastera.tj) мерасонад, дар рӯйихат ҷойҳои минбаъдаро ишғол менамоянд.
Дар байни ширкатҳои мазкур MKF Networks, CompuWorld, TARENA, ҶСШП «КомСиТел ва Филиали ҶСШК «Тоҷиктелеком» ҷойҳои нисбатан пасттарро ишғол менамоянд.
Аз рӯйи нишондиҳандаи босифатии хизматрасонии мобилӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ширкатҳои «Вавилон-М» барои сервиси ба таври бефосила фаъолияткунанда ва сифати аъло ва бо нархҳои арзон (http://www.babilon-m.tj) хизматрасонанда ва Ширкати «Индиго Тоҷикистон (Т-сеLL), ки моҳи ноябри соли 2001 аз тарафи корпоратсияи амрикоии МСТ ва Фонди Оғохон оид ба Рушди Иқтисодӣ таъсис дода шудааст, ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд. Бо вуҷуди рақобати баланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширкати «Индиго Тоҷикистон (Т-сеLL) ба яке аз операторони пешқадами алоқаи рақамии стандартӣ GSM (http://www.indigo.tj) табдил ёфта, он минбаъд ба Tcell (http://www.tcell.tj) ном гирифт.
ҶСШП «TT mobile» — ширкати муштараки Росия ва Тоҷикистон, ки бо мусоидати фаъолонаи Ҳукумат ва Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, дар ҷадвал мақоми минбаъдаро ишғол менамояд. Оператори миллии ҶСК «Тоҷиктелеком» ва оператори аввалини алоқаи мобилии Россия ҶСК «МегаФон» (http://www.mlt.tj) саҳомони Ширкати «TT mobile» мебошанд. Ҷойҳои минбаъдаро мутобиқан ширкатҳои ҶММ «Таком» — Beeline (http://www.beeline.tj), ЗАО «М.Теко» (http://www.mteko.tj) ишғол менамоянд.
Ширкати «SkyTel» (http://www.skytel.tj), аввалин GSM-оператори Тоҷикистон — «Индиго Сомонком» (http://www.somoncom.com) – ҳоло ширкати мазкур ба ҳайати Tcell ворид мешавад ва Ширкати ТК-Мобай – аввалин ширкати мобилии Тоҷикистон аз рӯйи стандарти СДМА (http://www.tk-mobile.tj) фаъолияткунанда мебошанд.
Масъалаи миқдори истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон дар бораи сатҳи воридшавӣ бояд мавриди баррасӣ алоҳида қарор дода шавад. Ҳоло тибқи сарчашмаҳои гуногун дар Тоҷикистон то 600 ҳазор истифодабарандагони Интернет мавҷуд аст. Зикр кардан зарур аст, ки рақами мазкур дар солҳои гуногун нишон дода мешавад. Масалан, дар маълумотҳои барои соли 2008 нишондодаи сомонаи Раёсати Марказии Иктишофи ИМА https://www.cia.gov/library /publications/the-world-factbook/rankorder/2153rank. html?countryName=Tajikistan& countryCode= ti®ionCode =cas&rank=103#ti, ва маълумоти соли 2009 нишондодаи сомонаи мазкурhttp://www.internetworldstats.com/ asia/tj.htm ва маълумоти барои соли 2010 нишондодаи сомонаи Index Mundi — http://www.indexmundi.com /tajikistan/internet_users.html рақами мазкур оварда шудааст. InternetWorldStat бошад ҳангоми овардани шумораи истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон ба маълумоти Иттифоқи байналмилалии алоқаи барқӣ ITU – http://www.itu.int/ ишора кардааст, Index Mundi бошад ба маълумоти маълумоти Раёсати марказии иктишофи ИМА ишора кардааст. Дар моҳи декабри соли 2009 бошад 3700 обуначиён (дар хориҷа истилоҳи subscribers – обуначӣ истифода мегардад) мавҷуд буданд. Вале дар ҷараёни тадқиқоти барпошуда маълумоти нисбатан дигар ба даст омадааст. Масалан, дар ҷараёни пурсиши аҳолии(1332 ширкаткунанда) кӯчаҳои шаҳрҳои Тоҷикистон маълум гашт, ки 73 фоизи ширкаткунандагон ақаллан як маротиба аз Интернет истифода бурдаанд. Аҳолии мамлакат то моҳи июли соли 2010 ба 7 487 489 нафар одам мерасид, ки қариб 34,1 фоизи аҳолиро кӯдакони то 14-сола, 3,5 фоизи аҳолиро одамони аз 65-сола калонсол ташкил медиҳанд.
Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи тадқиқот, 85 фоизи аҳолии шаҳрҳо ва 34 фоизи аҳолии деҳоти Тоҷикистон аз Интернет истифода бурдаанд. Бо назардошти он, ки 30 фоизи аҳолӣ дар шаҳрҳои калон маскун шудаанд ва 70 фоизи аҳолӣ сокини деҳотанд, маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон қариб 2 303 391 истифодабарандаи Интернет мавҷуд аст. Маълумоти мазкур бори дигар нишон медиҳад, ки шумораи истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон ба таври пурра арзёбӣ нагаштааст. Дар баробари он, 59 фоизи истифодабарандагони Интернет ақаллан як маротиба дар як рӯз аз хизматҳои Интернет истифода мебаранд, яъне доираи истифодабарандагони Интернет ба 1 359 001 одам мерасад. Воридшавии Интернет қариб 31 фоизи шумораи умумии аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ, шумораи нуқтахои дастрасии умумии Интернет дар мамлакат 130-140 нуқтаро дар бар мегирад. Вақтҳои охир кам шудани миқдори нуқтаҳои дастрасии умуми Интернет мушоҳида мегардад. Тибқи маълумоти ҷомеаи коршиносон миқдори Интернет-қаҳвахонаҳо дар мамлакат ба 440-600 нуқта мерасад. Сабаби асосии кам будани нуқтаҳои Интернет-қаҳвахонаҳо талаботи Хадамоти давлатии оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳои ҶТ гирифтани иҷозатнома барои ташкил кардани нуқтаҳои ҷамъиятии дастрасӣ ба Интернет (Интернет-қаҳвахзона) мебошад. Директори ФҶ «ГИПИ» Муҳаммадӣ Ибодуллоев қайд кард, ки Интернет-қаҳвахонаҳои шаҳрӣ тибқи иҷозатномаи провайдери дуюмдараҷа фаъолият мекунанд. Барои бо иҷозатномаи провайдери дуюмдараҷа фаъолият намудан беш аз даҳ ҳуҷҷат мураттаб кардан зарур аст. Дар баробари он, маблағи ҳармоҳаи пардохтшаванда ба 3 фоиз баробар аст. Инчунин бо сабаби афзудани иқтидор мудом иваз намудани таҷҳизот зарур аст, вале, ба андешаи Ибодуллоев, ҳамаи соҳибмулкони Интернет-қаҳвахонаҳои чунин имконияти молиявӣ надоранд.
Сервиси асосии нуқтаҳои дастрасии ҷамъиятӣ дастрасӣ ба серверҳои бозиҳое мебошад, ки дар муҳити Тоҷнет қарор доранд. Дар баробари он, дастрасӣ ба манбаъҳои беруна нархи нисбатан баланд дорад. Масалан, арзиши 1 соати дастрасӣ ба Интернет ба ҳисоби миёна 3 сомонӣ ё 0,67 доллари ИМА мебошад, вале нархи дастрасӣ ба серверҳои бозиҳо барои 1 соат баробари 1 сомонӣ ё 0,22 доллари ИМА аст.
Тавассути маблағгузорӣ кардани технологияҳо ва инфрасохтори ҳам ширкатҳои давлатӣ ва ҳам ширкатҳои хусусӣ, сифати хизматҳо дар Тоҷикистон нисбат ба ибтидои соли 2000 хеле баланд гашт. Мутобиқи тадқиқоти коршиносон («Тадқиқот оид ба омодагии электронии Тоҷикистон») аз шумораи умумии истифодабарандагони Интернет 50 фоизи ширкаткунандагони пурсиш сифати хизматрасонии Интернет ба таври аъло ва хуб баҳогузорӣ намудаанд, 32 фоизашон бошанд ба сифати хизматрасонии Интернет баҳои қаноатбахш гузоштаанд, вале танҳо 18 фоизи онҳо ба сифати хизматрасонӣ баҳои ғариқаноатбахш додаанд. Сабаби асосии баҳои ғайриқаноатбахш додани сифати хизматрасонӣ паст будани суръати берунаи пайвастшавӣ мебошад, ки ба обунаҳои минималӣ рост меояд.
Пардохти миёнаи обуначӣ барои телефонии шаҳрӣ дар Тоҷикистон баробари 0,3 доллари ИМА мебошад. Нархи зангҳо барои ҳар як дақиқа баробари 0,0044 доллари ИМА аст. Ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» бошад хизмати дастрасии ройгон ба Интернетро ҷорӣ намудааст, ки тибқи он пайвастшавӣ баробари арзиши гуфтугӯи як дақиқаи телефонӣ мебошад. Инчунин Интернет сервис провайдери «Вавилон-Т» чунин хизмате мерасонад, ки ҳангоми он як дақиқаи пайвастшавӣ баробари арзиши як дақиқаи гуфтугӯи телефон мебошад. Вале дар ҳолати мазкур, бо сабаби сиёсати таруфагии ширкати «Тоҷиктелеком» арзиши як дақиқаи гуфтугӯ бо телефон 0,0088 доллари ИМА арзиш дорад, ки мизоҷони «Тоҷиктелеком»-ро дар вазъи нобаробар қарор медиҳад.
Масъалаи дастрасӣ ба шабакаи Интернет барои сокинони ҶТ ҳамчун масъалаи муҳим боқӣ мемонад. Мутобиқи маълумоти расмӣ, музди миёнаи маош дар Тоҷикистон ба 345,34 сомонӣ ё 80,5 доллари ИМА баробар аст. Тавре қаблан қайд гашт, дар Тоҷикистон технологияҳои гуногуни дастрасӣ ба Интернет– аз дастрасии коммутаторӣ (Dial-up) то технологияҳои дастрасии насли 4 WiMAX истифода мегардад. Қайд намудан лозим аст, ки тавассути рушди босуръат, бозингарони асосии бозор («Вавилон-Т» ва «Тоҷиктелеком») дастрасӣ ба воситаи зангзаниро ройгон ба роҳ мондаанд. Ҳоло дастрасӣ ба Интернет бо хатҳои коммутаторӣ баробари арзиши занги телефонӣ барои як дақиқа аз 2 то 4 дирам мебошад.
Аксари Интернет-сервис провайдерон дар Тоҷикистон барои шахсони воқеӣ таруфаи махсус ташкил карда, нархи дастрасӣ ба Интернет тибқи технологияҳои xDSL ва WiMAX бо назардошти трафик аз 8 то 70 доллари ИМА мерасад (обуначиён аз 512 МБ то 6 ГБ пайваст шудаанд). Зикр кардан лозим аст, ки суръати пайвастшавӣ ба Тоҷнет дар як сония то 2 Мб маҳдуд карда шудааст, ба каналҳои берунаи Интернет бошад дар як сония аз 64 Кб то 512 кб маҳдуд карда шудааст. Дар аксари ҳолатҳо нархи трафики дохилӣ дар Тоҷикистон муқаррар карда нашудааст. Ин ҳолат барои рушд кардани контенти провайдерон дар минтақаи Тоҷнет имкониятҳои васеъ фароҳам месозад. Нархи аз трафики муқарраргашта зиёд истифода бурдан ба ҳисоби миёна ба 0,02 долари ИМА дар вақти рӯзона ва 0,01 доллари ИМА дар вақти шабона баробар аст.
Провайдерони алоқаи мобилӣ инчунин аз рӯйи технологияҳои GPRS, EDGE, HSDPA/HSUPA намудҳои васеъдоманаи хизмати дастрасӣ ба Интернет мерасонанд. Нархҳо аз 20 доллари ИМА то 60 доллари ИМА мебошанд. Суръати пайвастшавӣ дар як сония аз 384 Кб то 7.2 Мб мерасад. Дар баробари он, аз трафик зиёд истифода бурдан ба ҳисоби миёна 0,10 доллари ИМА буда, тамоми трафик, аз ҷумла трафики дохили Тоҷикистон, нарх гузошта мешавад. Пайвастшавӣ дар вақти шабона комилан ройгон мебошад. Хизмати дастрасӣ ба Интернет ба воситаи технологияҳои мобилӣ дар бозори Тоҷикистон дар тӯли 2 соли охир босуръат рушд мекунад. То ин замон таҷҳизот барои пайвасткунӣ аз ҳад зиёд пурқимат буд ва ба аксари аҳолии мамлакат дастнорас буд.
Таҷҳизот барои пайвастшавӣ ба Интернет дар ҳолати xDSL аз 21 доллари ИМА, дар ҳолати WiMAX то 170 диллари ИМА, ва дар ҳолати 3G-модемҳо аз 50 доллари ИМА боло арзиш доранд.
Барои шахсони ҳуқуқӣ инчунин намудҳои гуногуни обунашавӣ бо назардошти трафик ва бе назардошти трафик пешниҳод карда мешавад. Нархҳо аз 25 то 200 доллари ИМА бо назардошти трафик ва аз 40 доллари ИМА то шартномавӣ бе назардошти трафик мерасанд. Нархи пайвастшавӣ ба Интернет барои ҳамаи ташкилотҳо, аз ҷумла бизнеси хурду миёна дастрас мебошад.
Аз тарафи дигар дастрасии васеъдомани Интернет то ҳол барои аксарияти аҳолии Тоҷикистон дастнорас мебошад. Ҳатто дар ҳолати мавҷуд будани нархҳои мазкур шумораи истифодабарандагони алоқаи васеъдомани Интернет бо суръат баланд мешавад. Одамон ба дарки аҳамияти истифодабарии технологияҳои муосир расида истодаанд.
Дар Тоҷикистон беш аз 90 фоизи стантсияҳои автоматии алоқаи телефонӣ бо рақамӣ иваз карда шудаанд, инчунин хатҳои асосии магистралӣ бо хатҳои нурӣ иваз карда шудаанд. Хатҳои нурӣ дар ҷойҳои пайвастшавии байни стантсияҳои автоматии алоқаи телефонҳо ҳам гузошта шудаанд. Бо ҳамин сабаб сифати хизматрасонӣ ба маротиб беҳтар гаштааст.
Илова бар ин, ширкатҳои хусусӣ ҳам коммуникатсияҳои иттилоотии худашонро ба вуҷуд овардаанд. Амалан ҳамаи ширкатҳои азим ва миёнаи Интернет-сервис провайдерон ҳоло дар шаҳрҳои калон дорои шабакаи худии нурӣ мебошанд. Дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ пайвандҳои нурӣ, инчунин чанд навбати Е1 (дар як сония 2 Мб ҳар як навбат) истифода мешаванд ё инфрасохтори бидуни ноқили дорои қобилияти мутобиқи интиқолдиҳӣ ба вуҷуд оварда мешавад.
Провайдерони алоқаи мобилӣ инчунин аз ибтидои солҳои 2000 шабакаҳои худии миллӣ сохта онро инкишоф медиҳанд. Ҳоло беш аз 90 фоизи ҳудудҳои аҳолинишин бо шабакаҳои алоқаи рақамии провайдерон фаро гирифта шудааст. Аз рӯйи технологияҳои истифодашавандаи алоқа провайдерони алоқаи рақамии Тоҷикистон на танҳо дар қаламрави собиқи шӯравӣ, инчунин дар сатҳи ҷаҳон оид ба ҷорӣ намудан ва истифодабарии технологияҳои навтарин пешқадам мебошанд. Мутобиқан, сифати хизматрасонии алоқаи рақамӣ ба аҳолӣ Тоҷикистон дар сатҳи хеле баланд қарор дорад. Танҳо гоҳ-гоҳ бо сабаби мавқеи номаълуми Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳои ҶТ, мизоҷони баъзе ширкатҳои рақамӣ чанд муддат имконияти ба рақамҳои шаҳрӣ занг задан ва баръакс, аз рақамҳои телефонҳои шаҳр ба рақами мизоҷони ширкати рақамӣ занг заданро аз даст медиҳанд. Дар ҳолати дилхоҳ ҳамаи баҳсҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳои ҶТ ҳам дар телефонҳои шаҳрӣ ҳам алоқаи рақамӣ барои мизоҷон безарар ҳаллу фасл карда шаванд.
Инфрасохтори дохилии интиқоли маълумот ҳам дар ширкати давлатии «Тоҷиктелеком», ҳам дар ширкатҳои хусусӣ ба таври дилхоҳ рушд кардааст. Имрӯз провайдерони пешқадам суръати дастрасӣ ба Тоҷнет маҳдуд намекунанд. Маҳдудиятҳои мавҷуда танҳо мутобиқи имконияти таҷҳизот барои пайвастшавӣ муайян карда мешавад. Масалан, ҳангоми истифодабарии ADSL дар як сония 8 Мб ахбор гирифтан ва дар як сония 1 Мб ба шабака ахбор загрузка кардан мумкин аст.
Дастрасӣ ба каналҳои берунаи алоқа маҳдуд карда мешавад ва нақшаҳои тарифии пешниҳоднамудаи Интернет сервер провайдерон маҳз бо суръати дастрасӣ ба каналҳои беруна муайян карда мешавад. Дар баробари он, то миёнаи соли 2009 каналҳои асосии беруна ба воситаи каналҳои алоқаи моҳвораӣ мегузаштанд. Бо ҳамин сабаб нархи дастрасӣ ба Интернет баланд буд. Тахмимнан дар нимаҳои соли гузашта ба воситаи Ӯзбекистон ба каналҳои нурии алоқа пайваст шуданд. Бо ҳамин сабаб нархи Интренет то 45 фоиз паст шуд. Дар асоси татқиқоти барпошуда дар байни Интернет сервер провайдерон нишондиҳандаи ҳадди ақали суръат барои гирифтани ахбор аз канали моҳвораӣ дар як сония ба 2400 kb, барои гирифтани азбор аз канали нурӣ дар як сония ба 4 000 kb, барои боргузорӣ ба шабака бо канали моҳвораӣ дар як сония 4 000 kb, барои боргузорӣ бо канали нурӣ дар як сония 4 000 kb ташкил медод. Нишондиҳандаҳои ҳадди аксар: барои боргирӣ дар як сония 162 868 kb, барои боргузорӣ ба шабака дар як сония 124 992 kb (Вавилон-Т) муқаррар гаштааст.
Минбаъд рушд кардани шабакаҳо ва баромадан ба каналҳои байналмилалии алоқа ба таври иловагӣ ба воситаи Қирғизистон ва Хитой ба минбаъд паст шудани нархи Интернет ва афзоиши устувории каналҳои берунаи алоқа мусоидат мекунад. Рушди пайвастшавӣ ба шабакаҳои беруна, тавре дар боло зикр гардид, инчунин ба афзудани имкониятҳои трназитии мамлакад таъсири мусбат мерасонад.
Тибқи баҳои коршоносони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҳамаи нишондиҳандаҳои мазкур гувоҳи он мебошанд, ки дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон, агар сухан дар бораи суръати дастрасӣ равад, ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Ин ҳолат агар Тоҷнет ба қоидаи 80/20 ҷавобгӯ мешуд, қаноатбахш дониста мешуд. Дар ҳолати 80 фоиз будани захираҳо дар сатҳи маҳаллии ҳудуди Тоҷнет, ва 20 фоиз будани шабакаҳои беруна талаботи боло қаноатбахш ҳисобида мешуд. Ҳоло Тоҷнет аз рӯи контент (мундариҷа) ба талаботи мазкур ҷавобгӯ нест. Тавре пурсиш нишон дод, 90 фоизи дархостҳо оид ба контент, ки дар ҷавобҳои ширкаткунандагони пурсиш нишон дода шудаанд, ба шабакаҳои беруна рост меоянд. Аксарияти онҳоро шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳанд. Шавқу рағбат ба манбаъҳои беруна паст мебошад, онҳо асосан сомонаҳои агентиҳои иттилоотӣ, сомонаҳои фароғатӣ ва пойгоҳи бозиҳо мебошанд.
Аксарияти тоҷикистониён дар бораи ба кӣ тобеъ будани сомонаҳои интернетӣ ва ба сиёсати иттилоотии онҳо таъсир расондани кӣ маълумот надоранд. Дар ин маврид намояндагони зиёиён, ходимони давлатӣ ва журналистон, коршиносони ВАО ва мутахассисони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ огмебошанд.
Ҳамаи малумотро дар бораи сомонаҳои бақайд гирифташудаи минтақаи Тоҷнетро дар сервери www.nic.tj пайдо кардан мумкин аст. Дастрасӣ ба иттилоот дар бораи сомонаҳои минтақаҳои дигар — Рунет, Org, Сom, Net ва дигарон низ ба воситаи марказҳои бақайдгири доменҳо ва серверҳои ҷустуҷӯӣ мумкин аст. Бо вуҷуди дастрас будани иттилоот дар бораи соҳибони сомонаҳо, эҳтимоли бақайдгирии сомонаи Интернет бо номи шахсони номаълум мавҷуд аст ва аз ин усули бақайдгирӣ қувваҳои мухолифин метавонанд истифода баранд. Масалан, агар иттилоъ дар бораи соҳибони сомонаи Ҳаракати умумирусии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» http://tajmigrant.comдастрас ва озод бошад, пас иттилоъ дар бораи сомонаи «Ариана» http://www.ariana.su, ки дар бораи Тоҷикистон иттилоъ интишор медиҳад, ё сомонаи иттилоотии www.tjknews.com шарҳ дода нашуда, маҳдуд мебошад.
Ҳукумат дар симои хадамоти мутобиқ ва ҷузву томҳои тобеъи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳо ваколати мониторинг намудани соҳаи Интернет доранд, вале бо сабаби мавҷуд набудани имкониятҳои молиявӣ ва техникӣ онҳо трафик ва контентро пурра назорат карда наметавонанд. Ба андешаи коршиносон, инчунин СОРМ – системаи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ мавҷуд аст, ки эҳтимолан аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус бо мақсади пешгирӣ намудани экстремизм ва терроризм истифода бурда шавад.
Собиқ Вазорати алоқа ва ҳоло Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳо аз соли 2006 инҷониб талаб дорад, ки системаи нави танзимкунӣ ҷорӣ гардад, ки он имконият медиҳад давлат Интернет-сервис провайдерон ва дастрасӣ ба телекоммуникатсияҳои берунаро таҳти назорати худ қарор диҳад. Ба надешаи коршиносон, дар ҳолати қабул шудани чунин система дар мамлакат шароит барои фишор овардан ба озодӣ ба вуҷуд меояд. Таъсис ёфтани «Маркази коммутатсионӣ ва нуқтаи дастрасӣ ба манбаъҳои ҷаҳонии иттилоотӣ», ё ба таври дигар Маркази ягонаи коммутатсионӣ ҳамаи ширкатҳои теленкоммуникатсионӣ ва Интернет сервис провайдеронро маҷбур месозад, ки трафикашонро ба воситаи маркази мазкур ба роҳ монанд. Барои аксари ширкатҳои хусусие, ки дар ин соҳа садҳо ҳазор долларашонро барои харидани таҷҳизот масраф кардаанд, таҳия намудани «маркази» таҳти назорати давлат боиси фоҷеа мегардад. Аксари таҷҳизоти ширкатҳои хусусӣ корношоям гашта, нархи онҳо ҳатто дар ҳолати фурӯхтан ҳам эҳтимол ҷуброн нагардад. Аз он ҷумла, ширкати «Вавилон-М» бо мақсади ба «Тоҷиктелеком» вобаста набудан хатти нурии шаҳри Душанберо маблағгузорӣ намудааст. Соҳибкорон арз мекунанд, ки агар «маркази ягонаи коммутатсионӣ» созмон дода шавад, ҳукумат соҳаи телекоммуникатсияҳо ва хизматҳои Интернетро монополия менамояд.
Ҳоло мутобиқи маълумоти Муҳаммадӣ Ибодуллоев, директории Фонди ҷамъиятии «ГИПИ», лоиҳаи «маркази ягонаи коммутатсионӣ» бо сабаби асоснокии техникию иқтисодӣ надоштан барои мукаммал гардондан фиристода шудааст.
Интернет-сервер провайдерони Тоҷикистон бо мақсади техникӣ имкони мониторинг гузарондан доранд: онҳо мониторинги трафики ҳар сонияро гузаронда, трафикҳои воридотӣ ва содиротӣ, ҳаҷми трафик ва ғайраро месанҷанд. Провайдерон мониторинги трафики фурӯхташавандаро дар сонияи додашуда мегузаронанд. Онҳо фарқро назорат карда, ба ҳисоби миёна дар кадом марҳилаи вақт, рӯзона ё шабона, чанд нафар одамон аз Интернет истифода бурданро муайян мекунанд.
Бо вуҷуди таъкиди сохторҳои давлатӣ, ки гӯё мӯҳтавои (контент) сомонаҳои Интернет мониторинг карда намешавад, вале дар соли 2006 ва соли 2010 кӯшиши маҳдуд намудани дастрасии шаҳрвандон ба баъзе сомонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ анҷом дода шуд. Ба андешаи коршиносон, иқдоми мазкур бо қарори «омиронаи» мансабдорони давлатӣ ва бо мақсади ба роҳбарияти олимақоми мамлакат расондани хизмати «хирсона», ғайриқонунӣ анҷом дода шуд. Ҳамзамон, роҳбарияти олимақом ва намояндагони парламон вақти қабул кардани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии ҶТ дар соли 2007, ки Интернетро ба ВАО табдил доданд, арз намуданд, ки минбаъд сохторҳои махсус мӯҳтавои маводи Интернетро таҳти назорат гирифта, муаллифони маводро барои дифаматсия ба ҷавобгарӣ мекашанд. Вале баъд аз гузаштани се соли ворид кардани тағйироту иловаҳои мазкур то ҳол касеро барои дифаматсия дар Интернет ба ҷавобгарӣ накашидаанд.
Ҳарчанд, ки минтақаи домении .tj соли 1997 ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, вале рушди Тоҷнет аз соли 2004 оғоз гардид. Зеро дар ибтидо минтақаи .tj ба ширкати амрикоӣ тааллуқ дошт. Танҳо дар миёнаи соли 2003 ҳуқуқҳои он ба ихтиёри маркази иттилоотию техники Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ гузашт.
Сомонаҳои нисбатан машҳури Тоҷнет сомонаҳои агентиҳои иттилоотӣ мебошанд. Дар байнашон сомонаи агентии иттилоотии «Азия Плюс» — http://www.asiaplus.tj, минбаъд сомонаи радиои «Озодӣ» — http://www.ozodi.org, хадамоти иттилоотии «Авеста» — http://www.avesta.tj, сомонаи телевизиони давлатии «Сафина» — http://www.safina.tj ва ғайраҳо нисбатан машҳур мебошанд.
Аз сомонаҳои мазкур истифодабарандагон ҳам ахбори пулакӣ ва ҳам ахбори ройгон дастрас карда метавонанд. Категорияи мазкури Тоҷнет дар рейтингҳои сомонаҳои хонданбоб мудом ҷойҳои аввалро ишғол мекунанд. Агентиҳои иттилоотӣ нисбат ба дигарон афзалияти истифодабарии имкониятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро дарк кардаанд.
Ба қатори манбаъҳои махсусгардондашудаи веб-манбаъҳо қисми муайяни истифодабарандагони дорои манфатҳои якхела дохил мешаванд. Дар байни чунин манбаъҳо дар Тоҷнет манбаъҳои фароғатии шиносоӣ ва муошират, пойгоҳҳои мусиқӣ, сомонаҳои корҷӯӣ ва сомонаҳои бозиҳо нисбатан машҳур мебошанд.
Ба категорияи манбаъҳои ҷамъиятӣ сомонаҳои мақомоти давлатӣ ва муассисаҳо дохил мешаванд. Дар байнашон сомонаи Президенти ҶТ – http://www.president.tj, сомонаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд —http://www.khujand.tj ва сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ — http://www.mfa.tj нисбатан машҳур мебошанд. Сомонаи Вазорати корҳои хориҷа дар байни истифодабарандагони хориҷӣ бештар маъруф аст. Ду сомонаи аввал дар байни истифодабарангони тоҷик бо сабаби ба онҳо пешниҳод намудани робитаи мутақобила маъруф гаштаанд, зеро бо ҳамин восита шаҳрвандон масъалаҳои рӯзгорашонро ҳаллу фасл менамоянд.
Дар Тоҷикистон «блогсозӣ» ҳамчун зуҳурот рушд накардааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ даҳҳо блогҳо мавҷуданд, ки бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ фаъолият карда,дар бораи Тоҷикистон хабар интишор медиҳанд. Ба андешаи журналисти мустақил К.Паршин, табодули андешаҳо дар сомонаҳои маъруфи сиёсии амсоли www.centrasia.ru мавҷуд аст, вале он блог нест. Маъмулан, хонандагон «ёддошташонро» дар мавриди маводи ба табърасида мегузоранд. Аксар вақт, дар майдончаҳои мазкур худи журналистон байни ҳамдигар хархаша мекунанд. Баъзеҳо бо истифода аз «ник» (тахаллус) ҳатто паёмҳои таҳқиромез мегузоранд. «Блогҳо мавҷуданд, вале онҳо хеле камшуморанд», — мегӯяд К.Паршин. – Тибқи маълумоти дар дастбуда, чанд сол муқаддам «интернетҳои» хориҷӣ (журналистони таҷрибаомӯзи ҷавони TOL Transitions Online, a US online magazine based in Prague) барои барпо намудани семинарҳо бо мақсади дастгирии сохтани блогҳо ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд. Семинарҳо дар базаи Намояндагии Пажӯҳишгоҳи Британӣ оид ба инъикоси масоили ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон барпо карда шуданд. Аммо худи интернетҳо ба журналистони тоҷик ба таври содда чӣ будани блог, ба кӣ ва барои чӣ зарур будани онҳо ва кӣ будани фармоишгарони тарғиби блогро фаҳмонда натавонистанд
Сарчашмаи дигаре, ки худашро номбар кардан нахост, қайд намуд, ки блогҳо дар Тоҷикистон маъруф нестанд, онҳо танҳо дар муҳити журналистон маълуманд. Тахминан 10-12 нафар одамон блоги доимӣ доранд. Машҳуртаринашон дар байни онҳо блоги профессори факултети журналистикаи ДМТ Ҷовид Муқим аст, ки он бо ҳамкории Интернюс таъсис дода шудааст. Зеро ӯ маводи ҷолиб навишта, мудом блогашро нав мекунад. Эҳтимол ин ҳолат ба вазифаи ӯ алоқаманд бошад, зеро Интернюс барномае дошт, ки бахши калони блогҳоро дар бар мегирифт, вале он бенатиҷа анҷом ёфт. Созмондиҳандагони барнома одамонро ҷалб карда натавонистанд ва бартариҳои блогҳоро ба одамон фаҳмонда натавонистанд.
Дар бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» самти мукаммали блогҳо мавҷуд аст. Вале самти мазкур рушд намекунад. Дар блоги мазкури сомона асосан журналистон ба хотири онҳоро шинохтан ва ба таҳсил дар хориҷа даъват намудан 1-2 мавод менависанд.
Баъзе ҷавонони тоҷике, ки кайҳо боз дар хориҷа зиндагӣ доранд, дар бораи мамлакаташон менависанд. Аксар кӯшиш мекунанд, ки одамонро ба блогҳояшон ҷалб кунанд, вале блогсозӣ дар ҷумҳурӣ то ҳол маъруф нагаштааст. Ин ҳолат асосан ба маҳдуд будани дастрасӣ ба Интернет алоқаманд мебошад. Аҳолӣ чунин имконият надорад. Ба одамон ба хотири бо дӯстон ва ошноён сӯҳбат кардан нисбат ба блогҳои одамони ношинос ворид шудану мутолиаи маводи онҳо, ба шабакаҳои иҷтимоии амсоли «Ҳамсинфон» ё «Faсebook», воридь шудан осонтар мебошад. Блогбозҳои тоҷик асосан одамоне мебошанд, ки ба Интернет дастрасии ройгон доранд, — мегӯянд коршиносон.
Блогерҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон комилан вуҷуд надоранд. Ба андешаи коршиносон, сиёсатмадорон ва журналистони тоҷик, то ҳол блогро ҳамчун канали интишори иттилоот эътироф накардаанд.
Дар баробари он, дар қаламрави мамлакат ба якдигар фиристодани матнҳои хосияти табрикотидошта дар рӯзҳои идҳои миллӣ ба воситаи телефонҳои мобилӣ маъруф гаштааст. Хабарҳои ширкатҳои мобилӣ ҳамчун як намуди хизматрасонӣ ба истифодабарандагонашон, сабти мусиқӣ ва сигналҳои мусиқӣ, таруфаҳои нав/чорабиниҳои идона ва ғайра мебошанд, ки онҳо низ дар алоқаи мобилӣ маъруф гаштаанд.
Ба андешаи коршинос К.Паршин, паёмҳо (SMS) дар Тоҷикистон маъмул гаштаанд, махсусан дар байни ҷавонон. Дар мамлакат провайдерони зиёди алоқаи мобилӣ фаъолият мекунанд. Фиристодани паёми SMS нисбат ба занг задан бо телефон арзонтар мебошад. Дар баробари он, бо сабаби ҷорӣ гаштани формати 3G, имконияти истифодабарии телефонҳои мобилӣ ҳамчун воситаи иттилооти оммавӣ васеъ гаштааст. Ба истифодабарандагони хизмати 3G, ду сол пеш каналҳои ТВ «Сафина» ва «Шабакаи аввали» ТВТ дастрас буданд, вале имрӯз ин намуди хизматрасонӣ аз тарафи операторони алоқаи мобилии «Вавилон-М» қатъ карда шудааст.
Аз тарафи дигар, истифодабарии хабарҳои рақамӣ ҳамчун омили ба вуҷуд овардани афкори умум хизмат кунад. Масалан, зимистони соли 2009 интишор гаштани хабари бардурӯғ дар бораи заминларзаи эҳтимолӣ боис гардид, ки аҳолии пойтахти мамлакат ва дигар шаҳрҳои калони мамлакат як шаби дароз дар кӯчаҳо гашта, бедорхобӣ кашанд. Вале аз ҳамин гунна имконият, яхне бартарф намудани хабари бардурӯғ ба воситаи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро ҳукуматдорон самаранок истифода бурда натавонистанд.
Дар баробари он, амрҳои маъруфи ходимони маъруфи дин, ки дар наворҳо (DVD, CD, VCD, MP3 ва ғайра) , касетаҳои аудио ва видеоӣ сабт карда шудаанд, дар байни як қисми муайяни аҳолии Тоҷикистон маъруфияти хоса доранд. Амрҳои маъруфи мазкур баъзан дар Интернет ҳам пайдо мешаванд. Аз ҷумла, амри маъруфи Эшони Нуриддин ва Хоҷӣ Мирзо дар байни пайравонашон маъруфияти баланд касб карда, дар форумҳои Интернет (http://www.musulmanin.com/audio-na-tajikskom.html) васеъ муҳокима мегарданд. Муносибати шаҳрвандон ба мӯҳтавои амрҳои мъруф якхела набуда, баъзеҳо ҷонибдорашон мебошанд, баъзеҳои дигар онҳоро танқид мекунанд. Истифодабарандагони дискҳо ва касетаҳо қайд менамоянд, ки чунин амрҳои маъруф нисбат ба тарғибот аксаран бештар хосияти тарбиявӣ доранд ва ба сиёсати давлатӣ ягон таъсир расонда наметавонанд. Вале ҳукуматдорон чунин иқломи ходимони динро маъқул намедонанд. Дар робита ба мавзӯи амри маъруфи онҳо қайд намудан ҷоиз аст, ки бо вуҷуди яке аз одамони маъруфи дини Тоҷикистон будан – имом-хатиби масҷиди «Муҳаммадӣ» (ноҳияи Ваҳдат) Эшони Нуриддинҷон Тураҷонзода чанд муддат пештар арз намуд, ки ӯ бо ҳукуматдорон мушкилот дорад. «Бори сеюм аст, ки маро ба КАМ даъват мекунанд ва даъваташонро бо он асоснок месозанд, ки гӯё ман дар амрҳои маъруфам сиёсати давлатро зери танқид қарор медода бошам, — қайд намудааст Эшони Нуриддинҷон. – Ман одамонро ба роҳи рост даъват мекунам. Дар амрҳои маъруфам ман фоҳишагариро танқид карда, зидди он сухан мегӯям, ки мусулмонони тоҷик динҳои дигарро қабул мекунанд ва ғайра. Яъне ман танҳо дар бораи аз ҷиҳати равонӣ ислоҳ шудани ҷомеа сухан мегӯям» («ASIA-Plus» №49 (463), 03.12.2008, http://www.asiaplus.tj/news/21/43843.html).
Бо вуҷуди он, ба кӯшишҳои чандинкаратаи манъ кардани фурӯши сабтҳои амри маъруф, интишор ёфтани онҳо ба таври оммавӣ идома дорад.
Ҳоло дар минтақаи .tj 6219 домен сабти ном шудааст. Аксари сомонаҳои Тоҷнет бо забони русӣ ахбор интишор медиҳанд. Ба андешаи аксари коршиносон, рушди минтақаи .tj ба забони тоҷикӣ дар сатҳи ибтидоӣ қарор дорад, вале акнун рушд карда истодааст.