[b]Дар Тоҷикистон парлумони кишвар ахиран ду моддаи Кодекси ҷиноиро, ки ба фаъолияти журналистон бештар монеа эҷод мекард, бекор кард. Гуфтанист ин тасмими бо кӯшишҳои зиёди созмонҳои журналистии ватаниву хориҷӣ ва супориши Президенти Тоҷикистон гирифта шуд.[/b]
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумхурии Тоҷикистон Исмоил Талбаков мегӯяд, ин лоиҳаи қонун аслан бо ташабуси Призиденти Ҷумхури Точикистон ба парлумон зери номи «Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст.
«Ин пешниҳоди Президенти кишвар ҳангоми суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ дар Рӯзи матбуоти тоҷик, 10-уми марти соли ҷорӣ шуда буд»,- гуфт вакили парлумон.
Хилватшоҳи Маҳмуд, Дабири кулли Шўрои Воситаи Ахбори Оммаи Тоҷикистон аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон хориҷ шудани моддаҳои 135 ва 136-ро истиқбол намуда, изҳор дошт, ки ба Кодекси шаҳрвандӣ гузаронидани ин ду модда талаботи давр аст.
Ба андешаи ӯ, ин боиси рушди матбуот дар кишвар хоҳад шуд. Тавре ӯ гуфт: «Мавҷуд будани ин ду модда дар Тоҷикистон журналистонро аз фошу бепардагӯӣ бозмедошт. Омилони аслии худсензура ҳам ҳамин ду банд шуда буданд».
Аммо ӯ мегӯяд, ки дар қабули ин тасмим саҳми созмонҳои журналистии ватанӣ ва байналмилалӣ зиёд аст. Зеро маҳз талошу кӯшишҳои даҳсолаи онҳо буд, ки ин масъала то президенти кишвар расид.
«Кӯшишу тасмимоти ҳамаи созмонҳои марбута имкон дод, ки ин мушкил то ба худи президент ва дастгоҳи иҷроия рафта расид. Билохира, дар мулоқоташ бо журналистон ин пешниҳод дастгирӣ ёфт», – гуфт ӯ.
Дар умум, ба қавли Х. Маҳмуд пофишории кулли созмонҳои журналистӣ ва ҷамъи хабарнигорон, мусоидати президент ва сохторҳои ҳукумативу ғайридавлати раванди ин амалро тезонид ва ба ин рўз иттифоқ афтод.
Дар ҳамин ҳол, бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон кам нестанд журналистоне, ки алайҳашон аз рӯи ду моддаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Аз ҷумла, соли 2007 баъди нашри як мақола алайҳи Фарангис Набиева ва Муҳайё Нозимова, собиқ кормандони ҳафтаномаи «Овоза» аз рӯи ин ду мода парвандаи ҷиноӣ кушода буданд.
Тавре Фарангис Набиева гуфт: «Хориҷ шудани моддаҳои 135-136 аз Кодекси ҷиноии ҶТ барои журналистон кори хуб шуд. Зеро журналистон барои ҳар як ҳарфашон гоҳҳо худсензура мекарданд. Баъзан ҳангоми навиштани мақолаи танқиди ҳарос мекунад, ки оё инро «таҳқир» ё «тӯҳмат» қабул накунанд».
Бо ин вуҷуд ӯ шубҳа дорад, ки баъди бекор кардани ин ду модда аз кодекси ҷиноӣ вазъ беҳтар шавад. Барои ҳамин ҳоло барвақт аст хушҳолӣ кардан. Зеро агар ғараз манъи фаъолияти журналистон бошад, дар асоси парвандаи шаҳрвандӣ журналистонро бо ин моддаҳо бо маблағи калон ҷарима мебанданд.
Журналисти дигар Муҳайё Нозимова ба он назар аст, ки барои гирифтани моддаҳои тӯҳмату таҳқир тайи чанд сол аст, ки журналистони кишвар талош доштанд ва билохира ба ин њадаф расиданд.
«Шахсан ман хеле шодам, ки сухани журналистон ҳам акнун ба қавле «вазн» пайдо карда истодааст.
Ба андешаи вакили Маҷлиси намояндагон низ, аслан мақсади асосии хориҷ намудан моддаҳои 135-136 фароҳам овардани шароити мусоиди демократӣ дар ҷомеъа мебошад.
Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси зимни сӯҳбат дар ин маврид ба хабарнигори kloop.tj чунин гуфт:
«Бояд инро тасмимро Маҷлиси намояндагон 15-сол пеш мегирифт. Ҳарчанд ин тағйиротро ҳанӯз Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, вале умедворем, ки Маҷлиси Олӣ ҳам ин қарорро қабул хоҳад кард».
Бояд гуфт, аз рӯи моддаи 135 ҷазои ҷинояти муқаррар шуда, бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешуд.
Аз рӯи моддаи 136 бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо муқаррар шуда буд.
Источник: http://kloop.tj/2012/06/12/aknun-t-mat-u-ta-ir-i-inoyat-ne-sha-rvandi-zhurnalistonro-ta-ib-mekunad/