[b]Имрӯз дар Кохи Рӯдакии маркази вилояти Суғд ҷашни 20-солагии ТВ «Суғд» таҷлил мегардад. Дар ин бора аз Маркази иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи Раиси вилоят ба TojNews хабар доданд.[/b]
Бино ба иттилои манбаъ, телевизиони вилояти «Суғд» ҳамчун як бахши муҳими Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз соли 90 то ин ҷониб кору фаъолият дорад. Маҳз бо кӯшишу ғайрати кормандони телевизион баҳри таъмини фазои иттилоотии вилоят аз моҳи декабри соли 2007 бо дастгириву кӯмаки Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ТВ «Суғд» пахши барномаҳои худро тариқи шабакаи алоҳида дар ҳаҷми 8 соат ба роҳ монд, ки 34%-и аҳолии вилоятро дар бар мегирифт.
— Бо ин мақсад 1 адад мавҷпахшкунаки 5 кВт тариқи лизинг харидорӣ шуда, 2 адад мавҷпахшкунакҳои 1 кВт дар минтақаҳои Истаравшан ва Исфара насб карда шуданд, ки дар натиҷа 46%-и аҳолии сокинони шаҳру навоҳии вилоят аз барномаҳои телевизиони вилояти Суғд бархӯрдор гардиданд,- афзуд манбаъ.
Ҷоиз ба қайд аст, ки воқеан ҳам барои устуворона фаъолият намудани телевизиони вилоят чанд тан аз чеҳраҳои шинохта, амсоли Мирсаидова М., Ҷамолов И., Набиев О., Халилов А., Маъруфов У., Каримов Т. (Озарахш), Расулов Ҷ., Ҳасанов А., Ӯлмасов Х., Муҳаммадиев А., Аминзода А., Ғаффоров А. ва даҳҳо нафар бо барномаҳои «Ахбор», «Ҳафтранг», «Соядаст», «Ахтари субҳ», «Меҳргиёҳ», «Меҳрангез», «Ҷавонӣ», «Мерос» саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Ногуфта намонад, ки ба муносибати 20-солагии фаъолият телевизиони вилояти Суғд ҳамеша барномаҳои нави ташреҳиву фарҳангӣ, адабиву воқеӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватанпарвариву анъанаҳои неки ниёгон, рушди соҳаҳои иқтисодиву кишоварзӣ ва ҳуқуқиву рӯзмарраро инъикос намуда, пешкаши бинандагон кардааст.
— Бо назардошти хидматҳои зикргардида ин телевизион нахустин маротиба пирӯзии сулҳро ба мардуми ҷумҳурӣ расонида, аз ҷараёни Анҷумани 16-уми Шӯрои Олӣ, таъсиси Ҳукумати конститутсионӣ мустақиман гузоришҳо пахш намуд, ки ин сапедаи оғози тақдири тоҷикистониён дар қарни ХХ буд,- илова намуд манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки доир ба фаъолияти телевизиони вилоят 2 китоб — «Салом, азизони дил»-и А. Ҳасанов ва «Сиёсати иттилоотӣ ва телевизиони вилояти Суғд»-и Х. Ӯлмасов ба нашр расида буданд, ки дар ҷодаи васоити ахбори омма раҳнамо ва оинаи ибрат мебошанд.
TojNews
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=10062&Itemid=30