4 январи соли 2011. ш. Душанбе
[b]Эътилофи ВАО ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳимояи касбии ҳуқуқи журналистон («Комитети 29 сентябр») бинобар иҷрои вазифаҳои асосии дар пешаш гузошташуда, дар бораи парокандашавии худ қарор қабул кард.[/b]
Моҳи октябри соли 2010 гурўҳе аз роҳбарони ВАО, ташкилотҳои ҷамъиятии журналистӣ, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба он ки дар Тоҷикистон муқобили як гурўҳи матбуоти мустақил фишори бесобиқа оғоз шуд, муттаҳид гашта, иттиҳоди ғайрирасмии журналистӣ таъсис доданд, ки номи «Комитети 29 сентябр»-ро гирифт.
29 сентябри соли гузашта IP-суроғаҳои ду сомонаи маҳаллӣ (Avesta.Tj ва Tojnews.Tj) ва се сомонаҳои хориҷӣ (Tjknews.com, Ferghana.Ru, Centrasia.Ru) дастнорас шуда буд. Баъд аз чанд рўзи он, аз тарафи кумита андози ҶТ бо дастгирии телекамераҳои телевизиони давлатӣ тафтишот дар ҳама чопхонаҳои шахсии кишвар гузаронида шуд, ки баъди он ҳама чопхонаҳо аз чопи нашрияҳои хусусии «Фараж», «Нигоҳ» ва «Пайкон» даст кашиданд.
Ҳамаи ин амалҳо дар як вақт бо барномаи телевизионӣ ва муроҷиатномаи роҳбарияти вазорати мудофиаи кишвар, ки матбуоти хусусиро дар иғвоангезӣ ва ба ҳолати бўҳронӣ расонидани вазъияти ҳарбию-сиёсии кишвар гунаҳкор мекард, сурат гирифт. Ба таври алоҳида дар бораи оғози сензуракунонии мўҳтавои газетаҳо пеш аз чопи расонаҳо изҳор карда шуд.
Баъди ин аъзои «Комитети 29 сентябр» қарор доданд, ки фаъолияти худро дар доираи қонуни амалкунанда мутобиқ кунонида, ҳамаи имкониятҳоро барои барқарор кардани ҳолате, ки то 29 сентябр вуҷуд дошт ва кушодани фаъолияти ҳамаи ВАО-и мамнўъ эълоншуда ва барҳам додани сензура истифода хоҳанд бурд.
Бояд қайд кард, ки аъзоёни асосии намояндагони чор ВАО-и «муҳосирашуда» ва ассотсиатсияи АМВОМТ (НАНСМИТ), чораҳои якҷоя барои ҳалли масъалаҳои гузошташударо қабул кардаанд.
Иқдомоти мазкур дар шаклҳои зерин баён карда шуданд:
— ариза ба номи раиси ҷумҳур ва дигар масъулини Ҳукумат;
— ариза ба сохторҳои ҳуқуқии байналхалқӣ ва ҳукумат;
— ташкили васеи маъракаи иттилоотӣ дар бораи мушкилоти озодии баён (ташкили сомона-блог, саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷойгузин намудани баннерҳо дар сомонаҳои худӣ, додани мусоҳибаҳо дар сомонаҳои хориҷӣ ва ТВ;
— тайёр намудани эътирознома ва даъвоҳои судӣ дар муқобили мақомоте, ки кўшиш барои расонидани фишор ба матбуоти мустақилро доштанд ва онро пуштибонӣ мекарданд.
— гуфтушунид бо ҷонибҳои зиддахл.
Фаъолияти кумита таъсири зиёди байналхалқӣ, аксуламал дар доираҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ ба амал овард, Натиҷаҳо чунин шуд, ки оҳиста-оҳиста ба муҳосираи ВАО хотима дода шуда, сомонаҳои Avesta.Tj ва каме баъдтар Tojnews.Tj (ки дар ин давра домени худро ба Tojnews.Org иваз намуд) дастрас гардиданд, ҳафтаномаи «Нигоҳ» чоп шуд ва дар фарорасии соли нав чопи «Фараж» ҳам ба роҳ монда шуд.
Инак, то якуми январ, вазифаҳои асосии «Комитети 29 сентябр» иҷрошуда, ҳисоб мешавад. Кўшиши маҳдуднамоии озодии баён бо кўшиши аъзои комитет бартараф карда шуд, ВАО-и басташуда аз нав фаъолият мекунанд ва чоп мешаванд ва ба ин хотир кумитаи тадорукот дар бораи худбарҳамдиҳӣ қарор баровард.
Ҳамзамон, аъзоёни кумита қарор доданд, ки аз ин баъд низ дар ҳалли масоили гуногун дар дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот ва ахбор ҳамраъйӣ зоҳир мекунанд. Сомонаи эътилоф [url=http://tjk29.livejpurnal.com]http://tjk29.livejpurnal.com[/url] ва почтаи электронии кумита [url=komitet29@gmail.com]komitet29@gmail.com[/url] барҳам нахўрда, фаъолияташро қатъ накардааст ва доимо тайёр аст, дар ҳалли масоили гуногуни нақзи ҳуқуқи журналистон дар кишвар ҳамкорӣ намояд.
Фаъолияти эътилофи «Кумитаи 29 сентябр» нишон дод, ки эътилофи журналистӣ қувваи бузурги ҷамъиятӣ буда, дар ҳали масъалаҳои озодии баён ва ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ва ҷараёни рушди давлати дунявию демократӣ саҳми босазо дорад.
Источник: Кумитаи тадорукот.