Ш. Душанбе, 20 январи соли 2010
Созмони журналистии Медиа-Алянси Тоҷикистон аз зиддияти баамаломада миёни ҳайати эҷодӣ ва сохибмулки ҳафтаномаи маъруфи «Вечерний Душанбе», ки қариб боиси чоп нашудани шумораи навбати яке аз дарозумртарин нашрияҳои кишвар, аз кор рафтани ҳайати эҷодии он гардид, изҳори нигаронӣ намуда, ҷонибҳоро ба сари мизи музокирот даъват менамояд. Мушкил сари он аст, ки дар натиҷаи ин зиддияти баамаломада коллективи ҳайати эҷодӣ метавонад бекор монад ва ба андешаи мо пеш аз ҳама бояд ба он кӯшиш кард то ҳайати эҷодӣ тавонад ба журналистика машғул шавад ва имкони навиштану инъикоси воқеаҳои рӯз дошта бошад.
Ҳамагӣ чанд ҳафта пеш созмони ғайрирасмии «Кумитаи 29 сентябр», ки бо баста шудани се нашрияи кишвар ва маҳдуд шудани дастрасӣ ба панҷ сомонаи интернетӣ (минҷумла ду сайти дохилӣ) ба фаъолият оғоз карда буд, баъди муваффақона ҳал гардидани вазифаҳои дар назди худ гузошта, фаъолияти худро қатъ намуд. Таъсис ва дастоварди ин Кумита дар таърихи журналистикаи тоҷик беназир буд ва аз ҳамраъйӣ, ҳамдилии нашрияҳо, созмонҳои журналистӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муқими Тоҷикистон гувоҳӣ медод. Ин бори аввал буд, ки собит гардид журналистон дар якҷоягӣ ва ҳамдастӣ метавонанд мушкилҳои ҷиддитаринро мусбӣ ҳал кунанд. Аммо, муттаассифона, қазияи рухдода дар «Вечерний Душанбе», ки метавонад боиси бекор мондани ҳайати эҷодӣ шавад, сахт нигаронкунанда буда, баракси он ҳолат ва фазоеро инъикос менамояд, ки Кумита ба вуҷуд оварда буд.
Мо фикр мекунем, айни замон дар қазияи рухдода ҷустани гунаҳгор ва айбдоркуниҳои дуҷониба роҳи ҳалли масъала нест, аз ин рӯ ҷонибҳоро ба ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуда, изҳор медорем, ки Медиа-Алянси Тоҷикистон тайёр аст дар ин қазияи рухдода ба ҳайси миёнарав баромад кунад.
[b]ШАРҲИ АМВАОМТ:[/b] Шумораи навбатии ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» рӯзи 20 январи соли 2011, бо имзои ҳайати таҳрир бетанаффус ба табъ расид.
Источник: